Садои мардум - нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон » Президент

Бояд пайванди илм бо истеҳсолот ҳар чӣ бештар равнақ ёбад
Суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якуми Шӯрои илм, маориф ва инноватсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

шаҳри Душанбе, 15 апрели соли 2021

Муҳтарам аъзои Шӯрои илм, маориф ва инноватсия!

Ҳозирини гиромӣ!

Соли гузашта дар Рӯзи дониш доир ба таъсиси Шӯрои илм, маориф ва инноватсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода будем. Ҳадафи асосии мо аз таъсиси шӯрои мазкур баррасии мушкилоти дар соҳаҳои илм, маориф ва инноватсия ҷойдошта ва мусоидат кардан ба рушди ин бахшҳои ҳаётан муҳими ҷомеа мебошад.

Аз соли 2000 — ум инҷониб мо дар сиёсати давлатӣ соҳаҳои илму маорифро аз ҷумлаи самтҳои афзалиятнок эълон карда, ислоҳоти ҷиддии соҳаҳои зикршударо оғоз намудем. Дар ин муддат вобаста ба ислоҳоти соҳаҳои зикршуда як қатор санадҳои дахлдор қабул гардида, аз ҳисоби буҷети давлатӣ ҷиҳати ҳалли масъалаҳои илм ва маориф тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ карда шуданд.

Махсус мехоҳам хотиррасон намоям, ки қабули «Барномаи рушди илмҳои дақиқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2005 — 2008» қадами аввалин ва ҷиддӣ дар роҳи омӯзиши илмҳои бунёдӣ гардид ва барои ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба омӯзиши фанҳои табииву риёзӣ роҳи васеъ кушод.

Дар ин давра қарорҳои Ҳукумати мамлакат дар бораи «Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2007 — 2015», «Қоидаҳои ташаккул, экспертиза, тасдиқ, маблағгузорӣ ва иҷрои барномаву лоиҳаҳои илмӣ ва илмиву техникӣ» ва як силсила санадҳои дигар қабул гардиданд, ки ҳар кадоми онҳо ба рушди ин ё он бахши соҳаҳои илму маорифи кишвар мусоидат намуданд.

Мо дар ин раванд, ба пешрафти илм таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда, барои рушди он заминаҳои мусоид фароҳам овардем ва бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмиву таҳқиқотӣ «Барномаи ҳамгироии илм ва таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010 — 2015» — ро қабул намудем. Дар асоси ин санад дар сохтори муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмиву таҳқиқотӣ паркҳои технологӣ таъсис дода, муҳаққиқону омӯзгорони навовар ба корҳои илмиву истеҳсолӣ ҷалб карда шуданд. Дар натиҷаи фароҳам овардани шароити зарурӣ дар марказҳои истеҳсоливу таълимӣ ҷавонон ба корҳои илмӣ бештар ҷалб гардида, завқи онҳо ба ихтироъкорӣ тавсеа пайдо кард. Дар як муддати кӯтоҳ аз ҷониби олимону ихтироъкорон як қатор навгониҳо ва таҷҳизоту воситаҳои техникӣ ба вуҷуд оварда шуданд.

Дар баробари ин, таъкид месозам, ки сатҳи рушди илм, технологияҳо ва суръати пешрафти техникиву технологии кишварҳои рушдёфтаи дунё барои олимону ихтироъкорон ва махсусан, наврасону ҷавонони мо бояд намунаи ибрат ва омӯзиш бошад. Бинобар ин, мо бояд ба корҳои илмӣ бисёр ҷиддӣ машғул шавем ва аз равандҳои муосири илму технологияҳои ҷаҳонӣ қафо намонем.

Ҳукумати мамлакат маҳз бо дарназардошти талаботи замон ва аҳамияти бузурги илмҳои табиӣ, риёзӣ ва дақиқ дар ҷодаи таъмин намудани пешрафти кишвар, ҳамчунин, «Барномаи рушди неру ва моликияти зеҳнии инсон дар давраи то соли 2020», «Барномаи рушди илмҳои табиатшиносӣ, риёзию техникӣ барои солҳои 2010 — 2020», «Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таълимию илмии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ ва илмиву таҳқиқотӣ барои солҳои 2011 — 2015» — ро қабул намуда, барои амалисозии онҳо шароиту имкониятҳои зарурӣ, аз ҷумла маблағгузориро муҳайё кардааст.

Ҳоло кишвари мо дар марҳалаи рушди устувори иҷтимоиву иқтисодӣ қарор дорад. Мо тасмим гирифтаем, ки дар ин марҳала ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишварро амалӣ созем. Барои расидан ба ин ҳадаф, пеш аз ҳама, зарур аст, ки робитаи зичу самарабахши илм бо истеҳсолот таъмин гардида, технологияҳои муосир, дастовардҳои илму техника ва инноватсия дар истеҳсолоти кишвар ба таври васеъ истифода карда шаванд. Зеро фаъолияти самарабахши илмиву технологӣ ва инноватсионӣ шарти зарурии таъмин намудани рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба ҳисоб меравад.

Машғул шудан ба фаъолияти инноватсионӣ ва ба вуҷуд овардани маҳсулоти инноватсионӣ яке аз омилҳое мебошад, ки ба пайванди илм бо истеҳсолот мусоидат карда метавонад. Натиҷаи чунин фаъолият ба вуҷуд омадани донишҳои нави илмӣ ва амалисозии минбаъдаи онҳо дар технологияҳои нав ё маҳсулоти нави тавассути ин технологияҳо истеҳсолшуда мебошад.

Навъҳои муосири технология ва маҳсулот навовариҳое мебошанд, ки самараи иҷтимоиву иқтисодиро танҳо баъди татбиқи амалӣ, яъне дастрас гардидан ба истеъмолкунанда таъмин менамоянд.

Қобили зикр аст, ки тайи солҳои охир Ҳукумати Тоҷикистон барои пешрафти фаъолияти инноватсионӣ дар мамлакат, ташаккули низоми самараноки инноватсионӣ, ки ба баланд бардоштани сатҳи технологӣ ва рақобатнокии истеҳсолот, ба бозори дохиливу хориҷӣ баровардани маҳсулоти инноватсионӣ, истеҳсоли молҳои ивазкунандаи воридот, суръатбахшии рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва расидан ба ҳадафҳои стратегии миллӣ мусоидат менамояд, заминаҳои ҳуқуқӣ ва иқтисодиро фароҳам овардааст. Аз ҷумла, дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти инноватсионӣ», «Стратегияи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2020» ва «Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011 – 2020» асосҳои ҳуқуқии фаъолияти инноватсионӣ муҳайё гардидаанд. Масалан, имрӯз олимони соҳаҳои физика, химия, маводшиносӣ, биология ва дигар бахшҳои илмҳои табиӣ, дақиқ ва техникӣ дар доираи татбиқи «Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011 — 2020» ба таҳияву татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ, ки барои ба вуҷуд овардани технологияҳои истеҳсоли молу мавод нигаронида шудаанд, машғул мебошанд.

То имрӯз технологияи истеҳсоли нитрогени моеъ барои соҳаҳои кишоварзӣ ва тиб, технологияи истеҳсоли асбобҳои гуногуни криогенӣ барои ҷарроҳӣ, кристаллҳои сунъӣ, истеҳсоли пектин аз партовҳои саноати хӯрокворӣ, пектинҳо барои тиб ва дорусозӣ, маводи кимиёӣ (атсетат ва нитрати селлюлоза) аз партови коркарди пахта, малҳамҳои табобатии «Сино», «Фитосуман», «Ромит», технологияи коркарди тилло ва нуқра дар конҳои кишвар, истеҳсоли обгармкунакҳои офтобӣ аз алюминийи аввалия, истеҳсоли кремнийи техникӣ дар асоси ашёи хоми ватанӣ, ки барои сохтани коллекторҳои офтобӣ зарур аст, технологияи истеҳсоли инулин, пектин, селлюлоза, биоэтанол ва биогаз аз растании топинамбур, технологияҳои парвариши навъҳои нави картошкаи беҷурм ва гандуми ба сардӣ тобовар, инчунин, технологияи истеҳсоли маводи доруворӣ аз гиёҳҳои шифобахши маҳаллӣ таҳия шуда, барои татбиқ дар истеҳсолот ба вазорату идораҳои дахлдор пешниҳод гардидаанд.

Дар ин раванд, миқдори зиёди патент барои ихтироот ба даст оварда шудааст. Олимони соҳаи кишоварзӣ дар солҳои 2016 — 2020 — ум 87 навъи серҳосили зироатҳои кишоварзӣ ва дарахтони мевадиҳандаро ба вуҷуд овардаанд, ки 36 навъи онҳо минтақабоб ва ҷорӣ карда шудаанд. Олимони соҳа, инчунин, усулҳои беҳтар кардани ҳосилхезии хок, истифодаи самараноки нуриҳои минералию органикӣ, пешгирӣ намудани таназзулёбии хок ва шӯршавии дубораи заминҳои обёришавандаро таҳия намуда, дар истеҳсолот татбиқ кардаанд. Вале таъкид месозам, ки пешравиҳои то имрӯз ноилшудаи олимони мо дар муқоиса бо талаботи замон, алалхусус, барои таъмин намудани рушди устувори иқтисодиёти кишвар қонеъкунанда нестанд.

Аз ин лиҳоз, зарур мешуморем, ки таваҷҷуҳи олимонро ба вазифаҳои зерин ҷалб намоям:

1. Вобаста ба талаботи иқтисоди миллӣ олимони соҳаи физикаро зарур аст, ки фаъолияти илмии худро дар самти коркарди маводи нав ва кристаллҳои сунъӣ бо истифода аз ашёи хоми ватанӣ барои истифода дар соҳаҳои гуногуни техника ва технология, тақвият додани корҳои илмиву технологӣ дар соҳаи физикаи ҳастаӣ ва татбиқи технологияҳои ин соҳа дар иқтисодиёти кишвар, ҳамчунин, нанотехнология ба таври қатъӣ ҷоннок намоянд.

Инчунин, дар ҳамкорӣ бо вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, энергетика ва захираҳои об коркарди технологияҳои каммасраф, «энергетикаи сабз», технологияҳои коркарди партовҳо, аз ҷумла партовҳои радиоактивиро ҷиҳати рушди техника ва технологияҳои муосир вусъат бахшанд.

2. Вобаста ба ҳадафи чоруми стратегии кишвар — саноатикунонии босуръат олимони соҳаи математика вазифадор карда мешаванд, ки бо истифода аз имкониятҳои математикаи амалӣ моделсозии математикиро дар самти банақшагирии истеҳсолот, барномасозии компютерии ташкил ва идоракунии фаъолияти истеҳсолӣ таҳия ва ба саноатчиёни кишвар пешниҳод намуда, инчунин, таҳқиқотро дар самти лингвистикаи компютерӣ бо дарназардошти меъёрҳои забони адабии тоҷикӣ вусъат бахшанд.

3. Олимони соҳаи химияро зарур аст, ки минбаъд фаъолияти таҳқиқотии худро доир ба татбиқи технологияҳои коркардшуда дар соҳаи хӯрокворӣ ва дорусозӣ, омӯзиши васеи хосиятҳои амалии хӯлаҳои алюминӣ ва татбиқи онҳо дар соҳаи саноат, коркарди технологияҳои муосир оид ба истеҳсоли нуриҳои маъданӣ аз ашёи хоми ватанӣ, коркарди маводи кимиёӣ бар зидди ҳашароти зараррасон, коркарди металлҳои нодир якҷо бо олимони соҳаи физика, коркарди манбаъҳои захиракунандаи энергия дар асоси натрий ва калий бо дарназардошти захираҳои кишвар тақвият бахшанд.

Ба вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мудофиа ва дигар вазорату идораҳои дахлдор супориш дода мешавад, ки барои дар соҳаҳои саноат ва тиб татбиқ намудани технологияҳои бавуҷудовардаи олимони соҳаи химия оид ба истеҳсоли пектинҳо, фосфоритҳо, истеҳсоли маводи доруворӣ аз гиёҳҳои шифобахши ватанӣ ва дигар маҳсулоти воридотивазкунанда мусоидат намоянд.

4. Олимони соҳаи геология вазифадор карда мешаванд, ки дар ҳамкорӣ бо мутахассисони Саридораи геология ҷиҳати омӯзиши конҳои канданиҳои фоиданок дар минтақаҳои гуногуни кишвар, бо дарназардошти талабот ба ин ё он навъи ашёи минералӣ ва тартиб додани харитаҳои рақамии геологӣ барои арзёбии захираи конҳои канданиҳои фоиданок, чораҳои зарурӣ андешанд.

5. Вобаста ба тағйирёбии иқлим, болоравии ҳарорати миёнаи кураи замин ва коҳиш ёфтани ҳаҷми оби пиряхҳо, камборишӣ ва хушксолиҳои пайи ҳам олимони соҳаи масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология ҳолат ва дурнамои рушди энергетикаи умумӣ ва гидроэнергетикаи Тоҷикистонро таҳлил намуда, захираҳои барқароршавандаи энергетикаи кишварро ҳамаҷониба омӯхта, гидроэнергетикаи хурди Тоҷикистон, ҳолат, захираҳо ва нақшаву барномаҳои истифодабарии онҳоро таҳқиқ намоянд.

Инчунин, дар тарғиби чаҳор ташаббуси ҷаҳонии Тоҷикистон дар масъалаҳои вобаста ба об фаъолона иштирок намуда, доир ба масъалаи мазкур таҳқиқоти илмӣ анҷом диҳанд ва бо баргузор намудани конфронсу симпозиумҳои байналмилалӣ аҳамияти ташаббусҳои мазкурро ба ҷаҳониён ҳар чӣ бештар муаррифӣ намоянд.

6. Олимону мутахассисони соҳаи рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нав таҳқиқотро доир ба рушди инноватсионии илм ва технологияҳои сарфаи энергия вусъат бахшанд, инчунин, корро дар самти татбиқи натиҷаҳои илмӣ дар истеҳсолот ва коркарди ашёи хоми маҳаллӣ вусъат диҳанд.

7. Фаъолияти минбаъдаи олимони соҳаи биология, физиология ва генетикаи растаниҳо бояд ба омӯзиш, ҳифз ва идоракунии устувори гуногуннавъии биологии растаниҳо ва арзёбии захираҳои табиии онҳо дар шароити тағйирёбии иқлим ва таъсири омилҳои антропогенӣ равона карда шавад.

Олимону мутахассисони соҳа вазифадор карда мешаванд, ки бо истифодаи усулҳои биотехнологияи муосир ва роҳҳои маъмулии селексия роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзиро дарёфт намоянд.

Дар замони муосир масъалаи бехатарии биологӣ ва амнияти озуқаворӣ аҳамияти торафт бештар пайдо карда истодааст. Аз ин рӯ, олимони соҳаи биология бояд бо истифодаи усулҳои инноватсионӣ дар ин самт таҳқиқоти илмиву назариявӣ ва амалиро ҷоннок карда, роҳҳои ба ҷои ду ҳосил аз як замин дар як сол се — чор ҳосил рӯёниданро дарёфт ва пешниҳод намоянд.

8. Илова бар ин, доир ба истеҳсоли тухмиҳои аълосифати ба иқлими кишвар мутобиқ, ба вирусҳо ва касалиҳо тобовар, инчунин, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои боир, шӯршуда ва аз гардиши кишоварзӣ берунмонда таҳқиқот анҷом дода, якҷоя бо Вазорати кишоварзӣ хоҷагиҳои тухмипарварро барқарор намоянд ва дар самти офаридани чорвои хушзоти маҳаллӣ бо хоҷагиҳои деҳқонӣ ҳамкориро ба роҳ монанд.

Дар робита ба масъалаи робитаи илм ва истеҳсолот таъкид месозам, ки тибқи таҳлилҳо аз тарафи вазорату идораҳои дахлдор, корхонаҳои истеҳсолӣ ва соҳибкорон ҷиҳати татбиқ намудани технологияҳои пешниҳодшаванда ва тавассути онҳо ба роҳ мондани истеҳсоли молу маҳсулоти ватанӣ таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир карда намешавад.

Бо мақсади ислоҳи вазъ ва тақвият бахшидан ба неруи зеҳнии ҷомеа мо солҳои 2020-2040-ро «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон намуда, инчунин, ҷиҳати амалисозии ин иқдом доир ба гузаронидани озмуни ҳарсолаи «Илм — фурӯғи маърифат» қарор қабул кардем.

Ҳадафи асосӣ аз иқдоми зикршуда ташаккул додани ҷаҳонбинии илмии ҷомеа, рушди тафаккури техникӣ, пайванди илм бо истеҳсолот ва хусусан, ҷалб намудани ҷавонон ба ихтироъкорӣ ва навоварӣ ба шумор меравад.

Дирӯз Шабакаи телевизионии «Илм ва табиат», ки бо супориши мо таъсис дода шуда буд, ба фаъолият оғоз намуд. Бовар дорам, ки шабакаи зикршуда барои тарғиби илму инноватсия, дастовардҳои соҳаи маориф, ташвиқи табиати зебои Тоҷикистон ва сарватҳои табиии он, инчунин, амалӣ гардидани барномаи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» дар солҳои 2020 — 2040 саҳми арзишманд мегузорад.

Бояд гуфт, ки дар байни олимону муҳаққиқони кишвар ихтироъкорон ва навоварон кам нестанд, вале дастовардҳои онҳо дар истеҳсолот қариб, ки татбиқ намегарданд.

Ихтироот ва кашфиёти илмӣ дар шакли патенту шаҳодатномаҳои муаллифӣ дар Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба қайд гирифта мешаванд, вале аксари онҳо дар рӯи коғаз боқӣ мемонанд, зеро мо то ҳанӯз механизми татбиқи дастовардҳои илму техникаро дар истеҳсолот тарҳрезӣ ва дарёфт накардаем.

Аз ин лиҳоз, Маркази миллии патенту иттилоот вазифадор карда мешавад, ки бо ҷалби коршиносони касбӣ экспертизаи мустақили ихтирооту навовариро дар сатҳи баланд амалӣ гардонад ва дастовардҳои ихтироъкоронро барои дарёфт намудани фармоишгар ва татбиқ дар истеҳсолот мунтазам ташвиқу тарғиб намояд.

Барои рушди ояндаи навоварӣ ва ихтироъкорӣ, ҳамчунин зарур аст, ки заминаи моддиву техникии муассисаҳои илмӣ ва озмоишгоҳҳо таҳким бахшида шавад.

Ба ин мақсад бояд дар муассисаҳои илмӣ корхонаҳои хурди илмиву истеҳсолӣ ташкил карда шаванд, то ки ихтирооти муҳаққиқон ва навоварон дар марҳалаи аввал аз санҷиш, озмоиш ва таҷриба гузаронида, баъдан барои татбиқи васеъ ба истеҳсолот пешниҳод карда шаванд.

Вобаста ба ин, корхонаҳои истеҳсолии вазорату идораҳои дахлдор, хусусан вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, энергетика ва захираҳои об, кишоварзӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бояд бо ихтироъкорон ҳамкории зичро ба роҳ монанд, дастовардҳои онҳоро омӯзанд ва дар асоси шартнома бо муассисаҳои илмӣ барои татбиқ намудани натиҷаҳои илмӣ дар истеҳсолот тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Дар сурати ба роҳ мондани ҳамкории самараноки корхонаҳои саноатӣ бо муассисаҳои илмии ватанӣ бо харҷи кам ба натиҷаҳои баланди иқтисодӣ ноил шудан мумкин аст, зеро ворид намудани технологияҳои пешқадам аз хориҷи кишвар маблағгузории зиёдро талаб менамояд.

Инчунин, зарур аст, ки дар нақшаҳои солона ва панҷсолаи муассисаҳои илмиву таҳқиқотӣ, институтҳои соҳавӣ ва кафедраҳои дахлдори муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар қатори мавзӯъҳои бунёдӣ иҷрои мавзӯъҳои хусусияти амалидошта низ ба таври ҳатмӣ ба роҳ монда шавад.

Ба вуҷуд овардани инфрасохтори зарурии инноватсионӣ, яъне марказҳои инноватсиониву технологӣ, инкубаторҳои технологӣ, технопаркҳо, марказҳои таълимӣ ва дигар сохторҳои махсусгардонидашуда яке аз омилҳои пурзӯр намудани фаъолияти инноватсионӣ мебошад.

Таҷрибаи кишварҳои мутараққӣ нишон медиҳад, ки паркҳои технологӣ ҳамчун сохтори миёнарав бо ихтироъкорону навоварон, вазорату идораҳо ва сохторҳои марбута ҳамкории зичро ба роҳ монда, дар татбиқи дастовардҳои илму техника дар истеҳсолот нақши муҳим мебозанд. Вале чунин паркҳо дар кишвари мо ҳанӯз пурра ташаккул наёфтаанд, ки чунин вазъ андешидани чораҳои заруриро тақозо мекунад.

Яке аз мушкилоти асосӣ, ки парк­ҳои технологии муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар бо он рӯ ба рӯ мешаванд, масъалаи андозсупорӣ аз фоида мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки парки технологӣ шахси ҳуқуқии ғайритиҷоратӣ буда, ҳамчун муассиса дар ҳудуди махсус таъсис дода мешавад, ки бо мақсади рушди илм ва истифодаи самараноки технологияҳои баланд барои қонеъ гардонидани талаботи истеҳсолот дар самти истифодаи технологияҳои навтарин ва татбиқи лоиҳаҳои инноватсиониву инвеститсионӣ фаъолият менамояд. Яъне, имрӯз вақти он расидааст, ки масъалаи аз андозсупорӣ озод намудани паркҳои технологии муассисаҳои илмиву таълимӣ мавриди баррасӣ қарор дода шавад.

Бинобар ин, Вазорати молия ва Кумитаи андоз вазифадор карда мешаванд, ки ҷиҳати ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андоз ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи парки технологӣ» доир ба резидентҳои парки технологӣ ва имтиёзҳо дар соҳаи андозсупорӣ чораҷӯӣ намоянд.

Мо дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ барои рушди соҳаи маориф низ даҳҳо стратегия, консепсия ва барнома қабул намудем, ки дар асоси онҳо рушди соҳа ва амалигардонии ислоҳот дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бомаром таъмин шуда истодааст.

Ҳукумати мамлакат моҳи сентябри соли 2020 «Дар бораи самтҳои афзалиятноки таҳқиқоти илмӣ ва илмию техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 — 2025» қарор қабул намуд ва муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбиро вазифадор кард, ки корҳои илмиву таҳқиқотиро дар асоси ин ҳуҷҷати муҳим бо сатҳу сифати нав ба роҳ монда, тамоми неруи илмиву зеҳниро ба иҷрои мавзӯъҳои фармоишии фарогири масъалаҳои муҳими рушди иқтисоди миллӣ сафарбар намоянд.

Баробари эълон гардидани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиат­шиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» қарорҳои дахлдори Ҳукумати мамлакат ба тасвиб расида, Вазорати маориф ва илм вазифадор карда шуд, ки дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот стандарт, барнома ва нақшаҳои таълимиро таҷдиди назар карда, ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим диққати аввалиндараҷа диҳад. Зеро танҳо дуруст ба роҳ мондани таълими ин фанҳо ва рушди тафаккури техникӣ имкон медиҳад, ки зеҳни наврасону ҷавонони мо қавӣ гардад ва онҳо баробар бо талаботи замонаи пешрафту дигаргуниҳои имрӯзу фардо қадам гузоранд.

Бо вуҷуди қабули барномаву санадҳо барои рушди соҳаи маориф татбиқи на ҳамаи онҳо қаноатбахш мебошад. Гарчанде мо барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимиро бо компютер иҷро кардем, аммо ҳоло низ дар баъзе шаҳру ноҳияҳо омӯзгорони фанни мазкур намерасанд ва сифати азхудкунии технологияҳои иттилоотӣ ба талаботи рӯз ҷавобгӯ нест.

Ҳамчунин, ҳоло марҳалаи сеюми амалисозии «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» шурӯъ мешавад, вале дар ин самт то имрӯз натиҷаҳои назаррас кам ба мушоҳида мерасад. Масалан, норасоии омӯзгорони фанҳои забони русӣ ва англисӣ дар бисёр ноҳияҳои дурдаст аз масъалаҳои ҳалталаб ба шумор меравад.

Дар кишвар ҳанӯз аз соли 2004 ислоҳоти низоми маориф шурӯъ гардида, гузариш ба низоми таълими кредитӣ дар ду донишгоҳи пилотӣ — Донишгоҳи давлатии тиҷорат ва Донишгоҳи технологӣ амалӣ карда шуд. Имсол гузариш ба низоми кредитии таҳсилот дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба анҷом расид, вале тибқи назарсанҷиҳои Агентии назорат дар соҳаи маориф иқдоми зикршуда ҳанӯз натиҷаҳои зарурӣ ба бор наовардааст.

Бинобар ин, Вазорати маориф ва илмро зарур аст, ки вазъи иҷрои барномаҳои таълимӣ, стандартҳои давлатӣ ва дигар санадҳои қабулшударо таҳти назорати қатъӣ қарор дода, якҷо бо Шӯрои ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ масъалаи низоми кредитии таҳсилотро баррасӣ намояд ва доир ба беҳтар намудани сатҳу сифати таҳсилот дар ҳамаи зинаҳо чораҳои зарурӣ ва фавриро амалӣ созад.

Дӯстони азиз!

Бо дарназардошти ворид шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳалаи нави рушд, яъне давраи саноатикунонии босуръати кишвар талаботи ҷомеа ба соҳаҳои илм, маориф ва инноватсия, махсусан, ба робитаи илм бо истеҳсолот рӯз ба рӯз афзоиш меёбад. Ба хотири густариш бахшидани ин раванд солҳои охир аз ҷониби Роҳбари давлат як қатор тадбирҳои иловагӣ амалӣ шуданд. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Академияи илмҳо мақоми миллӣ дода шуд. Илова ба Шӯрои илм, маориф ва инноватсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президент шуъбаи илм ва инноватсия таъсис гардид.

Инчунин, дар Паёми навбатии Президенти кишвар бо мақсади рушди инфрасохтори иттилоотиву коммуникатсионӣ, рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ба Ҳукумати мамлакат супориш дода шуд, ки оид ба таъсиси Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҷӯӣ намояд.

Замони муосир талаб мекунад, ки тамоми равандҳои иқтисодӣ ва хизматрасонӣ тавассути истифода аз технологияҳои рақамӣ ва иттилоотиву иртиботӣ дар заминаи инфрасохтори иттилоотӣ роҳандозӣ карда шаванд.

Дар кишвари мо ташаккул додани инфрасохтори зарурӣ вазифаи асоситарин барои рақамикунонӣ мебошад, ки бояд дастрасии умум ба шабакаҳои баландсуръату бисёрхаттаи интернетӣ, ташаккули платформаҳои рақамӣ, ташкили инфрасохтор барои ҷамъоварӣ ва нигоҳдории иттилоот, истифода аз технологияҳои пешрафтаи коркарди «захираи бузурги маълумот», ташаккули фазои муътамади рақамӣ ва монанди инҳоро таъмин намояд.

Ҳамаи ин низ донишҳои муосир, пайванди илму истеҳсолот ва муносибати навоваронаву инноватсиониро тақозо мекунад, ки роҳандозии онҳо бе ҷалби олимону мутахассисони дорои сатҳи баланди касбият ғайриимкон аст.

Дар робита ба ин низ аз кормандони илму маориф фаъолияти боз ҳам бештар дар татбиқи технологияҳои инноватсионӣ ва тарбияи кадрҳои баландихтисос, инчунин, омодасозии сокинони кишвар барои истифодаи технологияҳои иттилоотиву иртиботӣ талаб карда мешавад.

Итминони комил дорам, ки ҳамаи ин ибтикорот на танҳо ба такмили ҷиддии низоми идораи соҳа ва пайвастани илми ватанӣ бо истеҳсолот, балки дар маҷмӯъ, ба рушди минбаъдаи илм, маориф ва инноватсия дар кишвари мо мусоидат хоҳад кард.

Дар ин ҷода ба ҳамаи шумо барору муваффақият мехоҳам.

Мулоқоти Пешвои миллат бо раиси амалкунандаи САҲА хонум Анн Линде
15 апрели соли 2021 дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат»-и Дастгоҳи иҷроияи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси амалкунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, вазири  корҳои хориҷии Подшоҳии Шветсия хонум Анн Линдеро ба ҳузур пазируфтанд.

Зимни вохӯрӣ масоили ҳамкории Тоҷикис­тону Подшоҳии Шветсия, ҳамчунин, робитаҳо дар доираи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки ба пешбурди ҳамкориҳо бо Шветсия ҳамчун шарики боэътимод дар Аврупо таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мегардад.

Ҷонибҳо таҳкиму густариши ҳамкории барои ҷонибҳо судмандро дар соҳаҳои сиёсӣ, робитаҳои байнипарлумонӣ, иқтисоду тиҷорат, маориф, амният ва тағйирёбии иқлим зарур шумурданд.

Ҳамчунин, вазъи кунунии робитаҳои Тоҷикис­тон бо САҲА дар доираи се ченаки фаъолияти созмон — сиёсию низомӣ, иқтисодию экологӣ ва инсонӣ баррасӣ гардид.

Вобаста ба паёмадҳои коронавирус пешниҳод гардид, ки дар доираи ҳамкорӣ САҲА барномаҳои марбутаро ба коҳиш додани пайомадҳои вируси нави сироятӣ равона сохта, кумакҳои амалӣ ва техникиро дар ин самт зиёд гардонад.

Зимни мулоқот ба ҳалли масъалаҳои доғи рӯз, пешгирӣ ва аз байн бурдани таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, аз қабили муқовимат ба терроризму экстремизм ва маблағгузории онҳо, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳи сабук, ҷиноятҳои киберӣ ва  ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ низ таваҷҷуҳ зоҳир шуд.

Вазири  корҳои хориҷии Подшоҳии Шветсия талошҳои ҷониби Тоҷикистонро ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳояш дар доираи созмон, ҳамчунин, нақши пешсафии кишварро дар пешбурди масъалаҳои глобалии вобаста ба об махсус таъкид карда, гуфт, ки аз ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати соли 2025-ро ҳамчун «Соли умумиҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо» эълон кардан ҷонибдорӣ мекунад.

www.president.tj

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи аз вазифаи судяи Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озод намудани Қурбоншозода Н. М.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Қурбоншозода Нозигул Мастоншо аз вазифаи судяи Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан озод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии

Тоҷикистон                         Эмомалӣ РАҲМОН

ш. Душанбе, 16 апрели соли 2021, № 159

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи озод намудани судяҳо
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Аҳтам Раҷабалӣ аз вазифаи судяи Суди шаҳри Душанбе бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан озод карда шавад.

2. Ҷаъфарзода Латофат Каландар аз вазифаи раиси Суди ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон бо сабаби ба охир расидани муҳлати ваколат озод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии

Тоҷикистон                         Эмомалӣ РАҲМОН

ш. Душанбе, 16 апрели соли 2021, № 158

Рамазон моҳи эҳсону накукорӣ аст
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон

шаҳри Душанбе, 12 апрели соли 2021

Ҳамватанони азиз!

Фардо моҳи шарифи Рамазон фаро мерасад. Ба ин муносибат кулли сокинони кишварро табрик гуфта, ба ҳамаи онҳо нури имону маърифат, хайру баракат ва тамоми хушиҳои зиндагиро орзу менамоям.

Моҳи шарифи Рамазон, дар баробари рӯзадорӣ, моҳи озодагии рӯҳ ва имондориву тақво ба шумор рафта, вуҷуди инсонро аз ҳусни адабу маърифат ороста мегардонад. Дар ин моҳ мусулмони комил фурӯтаниву шикастанафсиро пеша карда, хашму ғазабро аз худ дур месозад ва қалбашро ба макони меҳру муҳаббат табдил дода, бештар ба амали хайру савоб даст мезанад ва ба наздикону пайвандон, ҳамсояҳову дармондагон кумак расонида, мушкили онҳоро осон мегардонад.

Тоҷикон ин фаризаҳои дини мубини исломро то ба имрӯз идома дода, бо парҳезгорӣ, тоату ибодат, хайру саховат, некиву накукорӣ, эҳтироми падару модар ва хешовандону калонсолон шуҳрат пайдо кардаанд.

Мо фаризаҳои ин моҳи муборакро имсол дар айёми омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ, яъне 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ амалӣ месозем. Ин рӯйдоди таърихӣ, яъне истиқлолу озодӣ барои ҳар як шаҳрванди кишвар мояи ифтихору саодат ба шумор меравад, зеро он чароғи зиёбахши роҳи имрӯзу ояндаи мардуми мо мебошад.

Ба шарофати соҳибистиқлолӣ мо дар ҷодаи бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ бо қадамҳои устувор пеш меравем ва бовар дорем, ки бо азму талоши содиқонаи мардуми шарифи кишвар раванди ободкориву созандагиро вусъати бештар бахшида, дар ояндаи наздиктарин Ватани маҳбубамонро ба як мулки зебову пешрафта мубаддал мегардонем.

Воқеан, аз дидгоҳи дини мубини ислом муҳаббат ба халқу Ватан аз гӯшаи имон аст ва ҳифз кардану обод намудани он қарзи муқаддас ва вазифаи имонӣ ба шумор меравад.

Ҳамчунин, яке аз фазилатҳои дини мубини ислом покиву тозагӣ мебошад. Дар моҳи шарифи Рамазон ҳар як шахс бояд барои покии ҷисму рӯҳ, ба хотири тозаву озода нигоҳ доштани хонаву кошона ва маҳалли зисти худ саъю кӯшиш намояд. Зеро ободонии кӯчаву маҳалли зист аз замонҳои қадим хислати мардуми заҳматдӯст ва озодаву озодипарасти мо мебошад. Бахусус, имрӯзҳо, ки фасли баҳор аст, мо бояд аз ҳарвақта бештар кор кунем, рӯзии худ ва аҳли хонадонамонро бо заҳмати ҳалол муҳайё намоем ва дар ҳифзи амнияти озуқавории кишвар саҳми муносиб гузорем.

Дар асоси таъкиди уламои шариат ва фақеҳони дини мубини ислом шахсоне, ки дар шароити душвор кору фаъолият мекунанд, касбашон ба таъмини маҳсулоти озуқа вобаста аст ё дар соҳаҳои саноату истеҳсолоти вазнин машғул мебошанд, рӯзадорӣ барои онҳо боиси душвориву машаққат мегардад. Аз ин лиҳоз, хӯрдани рӯза барояшон иҷозат дода шудааст ва онҳо метавонанд дар вақти мусоиди дигар рӯзаи худро анҷом диҳанд. Саломатӣ сарвати бебаҳо ва умр неъмати бузургтарин барои ҳар як инсон мебошад ва ҳар як фарди солимфикр бояд ба қадри онҳо расад.

Соли 2021 бо тамоми аломатҳояш ва тибқи таҳлилу пешгӯиҳои коршиносон аз солҳои гузашта фарқи куллӣ дорад. Бар асари тағйирёбии иқлим, камобиву хушксолӣ, бемориҳои гуногуни сироятӣ, аз ҷумла COVID – 19 вазъи таъминоти аҳолии сайёра бо маҳсулоти ғизоӣ рӯз ба рӯз мураккабу печида гардида истодааст. Дар натиҷаи болоравии нархҳо ва камчинии озуқаворӣ, аллакай аҳолии 20 кишвари дунё дар ҳолати гуруснагӣ ва фақру қашшоқӣ қарор дорад.

Дар чунин шароит мо бояд тамоми саъю талош ва захираву имкониятҳоро барои ҳар чӣ бештар истеҳсол кардани маҳсулот ва захираи он сафарбар созем. Хусусан, ки Рамазони имсола ба мавсими авҷи киштукор ва гузоштани замина барои ҳосил рост омадааст, мо бояд, пеш аз ҳама, дар фикри истеҳсоли маҳсулот, таъминоти аҳли оилаи худ ва захираи маҳсулоти ғизоӣ бошем ва мушкилоти дар дунё бавуҷудомадаро ҳазл нашуморем.

Ҳамчунин, фаромӯш набояд кард, ки моҳи шарифи Рамазон моҳи эҳсону накукорӣ ва хайроту садақот мебошад. Яъне, шахсоне, ки имкони молиявии мусоид доранд, метавонанд ба хотири соҳиби савоб гардидан, алалхусус, дар моҳи Рамазон, ба ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоату ниёзмандон дасти хайру саховат дароз кунанд.

Ҳадяву подоши ҳар як инсон аз ҳиммати ӯ вобаста мебошад, зеро ҳиммати баланд доштану ба ниёзмандон дасти сахо дароз намудан, тибқи таълимоти ислом, ҳатман мавриди эҳсони Худованди бахшоянда қарор мегирад.

Бо қаноатмандӣ изҳор медорам, ки кумаку дастгирии ятимону маъюбон солҳои охир дар кишвари мо ба ҳукми анъанаи нек даромадааст.

Мувофиқи фармудаи дини ислом луқмаи ҳалол сабаби нозил гаштани баракати Худованд ба рӯзгор ва хонадон мегардад. Бахусус, сарватмандону тоҷирон, агар дар роҳи савоб кӯшиш намуда, дари хайру саховатро боз кунанд ва молу маҳсулоти худро бо нархи арзонтар ва бо риояи меъёрҳои инсофу инсондӯстӣ ба фурӯш гузоранд, ба ивази ин амали нек сазовори аҷри азим аз тарафи Худованд хоҳанд шуд. Дар акси ҳол, ба хотири фоидаи бештар гирифтан арзиши молро баланд бардоштан, махсусан, дар моҳи шарифи Рамазон гуноҳест, ки дар дини мубини ислом маҳкум карда мешавад.

Дар ин маврид Паёмбари ислом фармудааст: «Агар касе дар нархгузории ризқу рӯзии мусулмонон дахолате намояд, ки сабаби боло рафтани қимати онҳо шавад, Худованд ҳатман фардо рӯзи қиёмат ӯро дар оташи ҷаҳаннам қарор хоҳад дод».

Дигар зуҳуроте, ки амали носавоб шуморида мешавад, исрофкорӣ ва зоҳирпарастӣ мебошад.

Чордаҳ сол қабл мо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул кардем, ки самараву натиҷаҳои мусбати онро имрӯз ҳар як сокини мамлакат дар рӯзгори оилаи худ возеҳ дида истодааст.

Зарур аст, ки мардуми кишвар минбаъд низ ҳангоми баргузории маросиму маъракаҳо талаботи қонуни миллиро, ки фақат ба манфиати онҳо нигаронида шудааст, қатъӣ риоя намоянд.

Ба ҷойи баргузории маъракаҳои зоҳирпарастонаву намоишкорона ва пурдабдабаву серхароҷот мо бояд ба фароҳам овардани шароити хуби зиндагӣ барои оила ва фарзандони худ, амалҳои хайру эҳсонкорӣ, ободии маҳалли зист, бунёди муассисаҳои гуногуни иҷтимоӣ ва ободонии диёр иқдом намуда, саҳми шоистаи худро ба истиқболи ҷашни бузурги миллиамон – 30-солагии Истиқлолияти давлативу озодии Ватани маҳбубамон гузорем.

Бовар дорам, ки мардуми ҳимматбаланди мо, баробари риояи рукнҳои моҳи муборак, корҳои хайру савобро боз ҳам густариш бахшида, саҳми худро дар ободии Ватан, пешрафти давлат, оромии ҷомеа, таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ мегузоранд.

Бори дигар фарорасии моҳи шарифи Рамазонро ба тамоми мардуми кишвар таҳният гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаол ба ҳар хонавода саломатӣ, хушҳоливу хушрӯзӣ, ризқу рӯзии фаровон ва иқболи нек орзу менамоям.

Ҳамеша саломату сарфароз бошед, ҳамватанони азиз!

Масъалаи иваз кардани Ворух бо ягон ҳудуди дигар вуҷуд надошт ва вуҷуд дошта ҳам наметавонад
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо сокинони деҳоти «Ворух»-и шаҳри Исфара

9 апрели соли 2021

Муҳтарам намояндагони мардуми шарафманди шаҳри бостонии Исфара ва деҳоти «Ворух»!

Сафари навбатии мо ба шаҳри Исфара ва мулоқоти мову шумо дар рӯзҳои ҷашни бузурги Наврӯзи байналмилалӣ ва соли барои Тоҷикистони маҳбубамон воқеан таърихӣ, яъне 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ баргузор мегардад. Бинобар ин, кулли мардуми Исфараи бостонӣ, деҳоти «Ворух» ва ҳар яки шуморо ба ифтихори ҷашни Наврӯз самимона табрик гуфта, ба шумо барои заҳмати созандаву ватандӯстона ва истиқболи гарму самимиатон изҳори сипос менамоям.

Ҳамчунин, мехоҳам хотирнишон созам, ки дастоварду пешравиҳои шумо гувоҳи равшани ҳисси баланди миллӣ ва рӯҳияи ватандории мардуми сарбаланди шаҳри Исфара мебошанд.

Исфара бо имкониятҳои бузурги истеҳсолии худ яке аз шаҳрҳои асосии саноатии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар таъмини рушди иқтисоди миллӣ саҳми назаррас дорад. Саноати коркард, аз ҷумла, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, маъдан, нефту газ, истихроҷи ангишт, металлургия, электротехника ва истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ асоси иқтисодиёти шаҳрро ташкил медиҳад. Мувофиқи омори расмӣ, ҳоло дар шаҳр 51 корхонаи бахшҳои гуногуни саноат фаъолият дорад.

Вобаста ба ин, зарур аст, ки бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо доир ба рушди боз ҳам бештари саноат ва зиёд кардани маҳсулоти саноатӣ ва пеш аз ҳама, молу маҳсулоти содиротӣ тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.

Хотиррасон месозам, ки дар гузаштаи начандон дур маҳсулоти баъзе корхонаҳои саноатии Исфара ба даҳҳо кишвари минтақа ва ҷаҳон содирот мешуд. Аз ин лиҳоз, роҳбарони вазорату идораҳои марбута, вилоят ва шаҳри Исфара вазифадоранд, ки барои барқарор кардани иқтидорҳои содиротии шаҳр ҳамаи имконияту захираҳоро сафарбар намоянд.

Дар робита ба ин, таъкид месозам, ки яке аз роҳҳои асосии самаранок ва пурра истифода намудани иқтидорҳои мавҷуда тақвияти фаъолияти соҳибкорӣ ва рушди бахши хусусӣ мебошад. Ин масъала бо дарназардошти нақши муҳими он дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат қарор дошта, дар ин самт пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд ва барои соҳибкорон имтиёзу сабукиҳо пешниҳод мегарданд.

Дар натиҷаи дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат шумораи субъектҳои соҳибкорӣ дар шаҳри Исфара мунтазам афзуда, соли 2020–ум қариб ба 18000 расидааст, ки нисбат ба соли 2013 чоруним баробар зиёд мебошад.

Тибқи таҳлилҳо ҳамасола бо ташаббуси соҳибкорони бонангу номус дар шаҳри Исфара даҳҳо иншооту биноҳои таъиноти гуногун, аз ҷумла корхонаҳои истеҳсолӣ ба истифода дода мешаванд, ки ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагии сокинони шаҳр ва деҳоти он мусоидат мекунанд. Хусусан, солҳои охир дар шаҳр раванди ташкили корхонаҳои коркарди меваю сабзавот ва бандубасти он мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ ва дар ин замина афзоиш додани иқтидори содиротии кишвар густариш пайдо карда истодааст, ки шоистаи таҳсину дастгирӣ мебошад.

Соли 1991 дар шаҳри Исфара ҳамагӣ ду корхонаи истеҳсоли консерваи меваю сабзавот ва як корхонаи истеҳсоли спирти этилӣ мавҷуд буд. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ ин рақам афзоиш ёфта, соли 2020 шумораи корхонаҳои коркарди меваю сабзавот ва дигар корхонаҳои саноатӣ ба 20 расонида шудааст.

Бояд гуфт, ки дар натиҷаи таъмини рушди соҳибкориву сармоягузорӣ ва тадриҷан баланд гардидани нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ сатҳи зиндагии сокинон беҳтар шуда, даромади буҷети шаҳр торафт афзоиш ёфта истодааст. Масалан, агар соли 2006 ҳаҷми воридоти маблағ ба буҷети шаҳр ҳамагӣ ба 11 миллион сомонӣ баробар шуда бошад, пас ин нишондиҳанда соли 2020 ба 110 миллион сомонӣ расида, 10 баробар зиёд шудааст.

Ҳукумати мамлакат ба масъалаи беҳтар намудани шароити зиндагии сокинони шаҳру деҳоти Исфара ва пешрафту ободии он таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, дар давраи соҳибистиқлолӣ барои таъмини рушди иҷтимоиву иқтисодии он аз ҳисоби буҷети давлат як миллиарду 137 миллион сомонӣ равона кардааст. Дар баробари ин, дар ин давра дар шаҳри Исфара 24 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ дар соҳаҳои гуногун татбиқ гардида, дар доираи онҳо то имрӯз 330 миллион сомонӣ аз худ карда шудааст.

Дар натиҷаи тадбирҳои амалигардида ва ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат рушди бомароми ҳамаи соҳаҳои ин гӯшаи биҳиштосои Ватани азизамон таъмин шуда, ҳоло симои шаҳр ба куллӣ дигаргун ва шароити зиндагии сокинони он хеле беҳтар гардидааст.

Бо мақсади таъмин намудани рушди соҳаи кишоварзӣ, ки омили асосии таъминкунандаи яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат – ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасӣ ба ғизои босифат, манбаи таъмини корхонаҳои коркард бо ашёи хом, афзоиш додани ҳаҷми маҳсулоти содиротӣ ва муҳимтар аз ҳама, заминаи ташкили ҷойҳои нави корӣ ба ҳисоб меравад, солҳои охир як силсила тадбирҳои мушаххас андешида шудаанд.

Дар натиҷа, соли 2020 маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳама шаклҳои хоҷагидории шаҳр 560 миллион сомониро ташкил карда, нисбат ба соли 2015 беш аз 1,6 баробар зиёд гардидааст.

Соли 2020 дар шаҳри Исфара чор корхонаи саноатӣ бо таъсиси 100 ҷойи нави кор ба истифода супорида шудааст. Соли гузашта дар шаҳр 2480 ҷойи нави корӣ таъсис дода шудааст, ки қариб 6 фоизи шумораи умумии ҷойҳои нави кори соли 2020 дар вилояти Суғд таъсисгардидаро ташкил медиҳад.

Хотирнишон месозам, ки бо вуҷуди тамоюлҳои мусбат дар самти таъсиси ҷойҳои нави кор суръати рушди он ҳоло ҳам қонеъкунанда нест. Аз ин лиҳоз, роҳбарону масъулин вазифадоранд, ки барои боз ҳам зиёд намудани ҷойҳои нави кор, махсусан, ҷойҳои кории доимӣ ва бо ҳамин роҳ паст кардани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ чораҳои иловагиро роҳандозӣ намоянд. Субъектҳои соҳибкориро зарур аст, ки имтиёзҳо ва сабукиҳои пешниҳоднамудаи Ҳукумати мамлакатро самаранок истифода баранд ва дар таъсиси ҷойҳои нави корӣ фаъолтар бошанд.

Соли гузашта ва семоҳаи аввали соли 2021 аз ҷониби корхонаҳои шаҳр ва соҳибкорон ба хориҷи мамлакат беш аз 17000 тонна меваи хушк, зиёда аз 400 тонна консерва ва 320 тонна сабзавот содирот шудааст. Вале ин нишондиҳандаҳо нисбат ба имкониятҳои мавҷуда ҳоло ҳам каманд.

Дар асоси нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида то ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳр бунёди 457 иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ, хизматрасонӣ ва фарҳангӣ, аз ҷумла 9 корхонаву коргоҳи саноатӣ, 12 иншооти соҳаи тандурустӣ, 47 иншооти соҳаи маориф, 17 иншооти варзиш, 12 муассисаи истироҳатӣ ва фарҳангӣ, сохтмони роҳу пулҳо, биноҳои истиқомативу маъмурӣ ва иншооти дигар пешбинӣ шудааст, ки боиси боз ҳам ободу зебо шудани шаҳру деҳот ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум хоҳад гардид.

То якуми марти соли ҷорӣ дар шаҳр аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 411 иншооти дорои аҳамияти истеҳсоливу иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ сохта, ба истифода дода шудааст.

Ҳозирини гиромӣ!

Шаҳри бостонии Исфара на танҳо яке аз шаҳрҳои асосии саноативу кишоварзии мамлакат, балки яке аз шаҳрҳои бостонӣ ва як гӯшаи зебоманзари Тоҷикистони азизамон буда, бо мардуми соҳибмаърифату ҳунарманд ва меҳмондӯст, инчунин, табиати зебо, меваҳои шаҳдрез, меъмории ба худ хос ва ёдгориҳои бостониаш шуҳрат дорад.

Исфара дар таърихи халқи мо мақому манзалат ва ҷойгоҳи баланд дорад. Шаҳре, ки таърихи беш аз сеҳазорсола дошта, ба халқи тоҷик хизматҳои бузургро ба иҷро расонидааст, имрӯз низ, яъне дар марҳалаи навини давлатдории миллиамон бояд ҳамон рисолати хешро ба анҷом расонад.

Дар кишвари мо солҳои 2019 — 2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардида, Ҳукумати мамлакат тамоми имкониятҳоро барои пешрафти соҳаи сайёҳӣ ва ҷалби сармоягузориҳо дар ин самт фароҳам оварда истодааст. Бинобар ин, муҳим аст, ки ҷиҳати рушди соҳа, махсусан, муаррифии имкониятҳои шаҳри Исфара, ки яке аз гӯшаҳои ҷолиби сайёҳии кишвар ба шумор меравад, чораҳои муассир андешида шаванд.

Дар ин самт зарур аст, ки ба тақвияти имкониятҳои мавҷудаи шаҳр, рушди ҳунармандӣ, аз ҷумла ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили наққошӣ, кандакорӣ, кулолгарӣ, дӯзандагӣ ва соҳаи сайёҳӣ, бахусус, сайёҳии экологӣ, табобативу солимгардонӣ, таърихӣ ва этнографию фарҳангӣ, инчунин, таъсиси инфрасох­тори соҳа ва истифодаи воситаҳои муассири муаррифии мавзеъҳои таърихиву сайёҳӣ эътибори аввалиндараҷа дода шавад.

Наққошиву кандакории устоҳои Исфара, ки имрӯз беҳтарин биноҳои Тоҷикистонро зебу оро медиҳад, ҳоло берун аз кишвар низ ҳаводорони зиёд ва шуҳрати хоса дорад. Инчунин, осоишгоҳи «Зумрад», ки дар тӯли даҳсолаҳо ҳазорон ва даҳҳо ҳазор шаҳрвандони мо ва кишварҳои хориҷӣ дар он табобату истироҳат кардаанд, таваҷҷуҳи мардуми мо ва мамолики дигарро ба худ ҷалб мекунад.

Шаҳри Исфара, ки бо Ҷумҳурии Қирғизистон ҳаммарз мебошад, дар таҳкими муносибатҳои дӯстона ва равобити неки ҳамҷаворӣ байни ду миллат нақши муҳим дорад.

Дар робита ба ин, бояд гуфт, ки яке аз масъалаҳои асосӣ барои мардуми шаҳри Исфара, аз ҷумла, деҳоти «Ворух» ­масъалаи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон мебошад.

Ба маълумоти мардуми Тоҷикистон ва махсусан, сокинони шаҳри Исфара ва деҳоти «Ворух» мерасонам, ки Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз аз соли 2002 гуфтушунидҳоро бо ҷониби Қирғизис­тон оғоз карда, то имрӯз беш аз 100 мулоқот дар байни ҳайатҳои комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ сурат гирифтааст.

Илова бар ин, моҳи октябри соли 2019 дар музокироти сатҳи олӣ мо бо Президенти онвақтаи Ҷумҳурии Қирғизистон ба мувофиқа расида будем, ки фаъолияти комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ дар сатҳи муовинони сарвазирҳо тақвият бахшида шавад.

Дар натиҷаи 19 соли фаъолияти комиссия 519,9 километри сарҳад муайян ва мувофиқа карда шуда, лоиҳаи аҳднома дар бораи сарҳади давлатӣ барои имзо омода шуда буд. Тибқи мувофиқа бо ҷониби Қирғизистон аҳдномаи мазкур бояд моҳи майи соли 2016 аз тарафи сарони кишварҳо ба имзо мерасид. Бо пешниҳоди ҷониби Қирғизистон мо ин санадро дар Ҳукумати Тоҷикистон баррасӣ намудем ва расмиёти дохилидавлатии онро ба анҷом расонидем. Аммо бо сабабҳои аз ҷониби Тоҷикистон вобастанабуда имзои ин аҳднома доир ба қитъаи мувофиқашудаи сарҳад то ҳанӯз сурат нагирифтааст.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар чӣ зудтар анҷом додани расмиёти муайян кардани хатти сарҳади давлатӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон манфиатдор мебошад ва дар сурати ба имзо расидани санади зикршуда аз нисф зиёди хатти сарҳади давлатӣ делимитатсия мегардад.

Як нуктаи муҳими дигарро низ таъкид месозам, ки дар тамоми муддати гуфтушунидҳо, яъне тайи 19 сол масъалаи иваз кардани Ворух бо ягон ҳудуди дигар вуҷуд надошт ва вуҷуд дошта ҳам наметавонад.

Таҷрибаи муносибатҳои байналмилалӣ нишон медиҳад, ки робита бо ҳамсоякишварҳо бояд бо дарназардошти эҳтироми комили якдигар, таҳаммулгароӣ ва арҷгузорӣ ба манфиатҳои миллии ҷонибҳо ба роҳ монда шавад. Вобаста ба ин, бояд гуфт, ки масъалаҳои баҳси марзиву ҳудудӣ, мувофиқа намудани хатти сарҳади давлатӣ ва аломатгузории он раванди мураккаб буда, ҳалли онҳо муҳлат ва заҳмати зиёдро тақозо менамояд. Табиист, ки чунин баҳсҳо бояд бо дарназардошти манфиатҳои дуҷониба ва дар заминаи асосҳои ҳуқуқии тасдиқшудаи тарафҳо ҳаллу фасл шаванд.

Тоҷикистон бо мақсади ҳалли ­масъалаҳои мавҷуда қатъиян ҷонибдори гуфтушунид ва дарёфти роҳҳои ҳалли мутақобилан судманд бо дарназардошти манфиатҳои миллии ҳар ду тараф мебошад.

Бо истифода аз фурсат, бори дигар ба мардуми шаҳри Исфара ва деҳоти «Ворух» муроҷиат карда, онҳоро даъват менамоям, ки бо ҳамсояҳо дар фазои дӯс­тона ва ҳамсоягии нек зиндагӣ кунанд, босабру таҳаммул бошанд, ба эҳсосот дода нашаванд, зеро чунин масъалаҳо на бо эҳсосот, балки танҳо бо роҳи гуфтушунид ҳаллу фасл мегарданд. Дар ҳалли ин гуна масъалаҳо роҳи дигар вуҷуд надорад.

Ҳамдиёрони гиромӣ!

Ҳукумати мамлакат аз мушкилоти сокинони шаҳри Исфара ва махсусан, деҳоти «Ворух»-у «Чоркӯҳ» огоҳии комил дорад. Аз ҷумла, дар соҳаи маориф норасоии муассисаҳои таълимӣ, нарасидани технологияҳои муосири иттилоотиву коммуникатсионӣ, норасоии омӯзгорон ва масъалаҳои дигар вуҷуд доранд, ки доир ба ҳалли онҳо ба сохтору мақомоти дахлдор, аллакай, супоришҳо дода шудаанд.

Илова бар ин, ҳанӯз ҳам нокифоя будани шумораи корхонаҳои истеҳсолӣ, норасоии ҷойҳои корӣ, махсусан, барои занону духтарон, кам будани марказҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши касбу ихтисос барои ҷавонон ва муассисаҳои томактабӣ аз ҷумлаи мушкилоти сокинони шаҳр ва деҳоти он мебошанд.

Доир ба рафъи мушкилоти зикршуда низ ба роҳбарону масъулони вазоратҳои маориф ва илм, меҳнат ва шуғли аҳолӣ, саноат ва технологияҳои нав ва дигар сохтору мақомоти марбута дастуру супоришҳои дахлдор дода шудаанд. Вале дар баробари ин, мақомоти маҳаллӣ, соҳибкорону тоҷирони бонангу номус ва шахсони саховатпеша низ вазифадоранд, ки дар самти бартараф сохтани камбудиҳои мавҷуда дар шаҳри Исфара, хусусан, дар деҳоти «Ворух» ва «Чоркӯҳ» саҳми боз ҳам бештар гузоранд.

Дӯстони гиромӣ!

Дар ҳама гуна ободкориву созандагӣ ва ташаббусҳои неке, ки дар шаҳри Исфара дида мешаванд, пеш аз ҳама, нақши бисёр арзишманди ҷавонони ватандӯст ва бонангу номуси шаҳри Исфара возеҳ дида мешавад.

Мо имрӯз дилпурона изҳор менамоем, ки ҷавонони шаҳри Исфара ҳам дар самти созандагӣ ва ҳам дар ҳимояи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, таъмин намудани амнияти давлату ҷомеа ва волоияти қонун дар сафи ҷавонони фаъоли мамлакатамон қарор доранд. Сатҳи зиракии сиёсиву огоҳии онҳо дар самти амалисозии иқдомҳои давлат оид ба мубориза бо ифротгароӣ сол ба сол боло меравад.

Дар робита ба ин, такроран таъкид месозам, ки бо дарназардошти вазъи ноорому пуртазоди ҷаҳони муосир ҳар яки мову шумо бояд масъалаи зиракиву ҳушёрӣ ва эҳтирому ҳифз намудани манфиатҳои миллату давлатро ҳеҷ гоҳ аз мадди назар дур накунем.

Бо мақсади эмин нигоҳ доштани насли наврас аз таъсири ҳама гуна ғояҳои бегона ва гурӯҳҳои ифротгаро ҳамбастагии оила, мактаб, сохторҳои давлатӣ ва аҳли ҷомеа, аз ҷумла, шахсони обрӯманду рӯзгордида ва фаъолон зарур мебошад.

Ҳамзамон бо ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, сохторҳои марбутаи давлатӣ, аҳли зиё ва фаъолони шаҳрро зарур аст, ки дар байни ҷомеа, хусусан миёни ҷавонону наврасон корҳои фаҳмондадиҳиро ҷиҳати дарки дурусти ҳадафу ниятҳои неруҳои ифротгарову хурофотпараст ба таври ҷиддӣ тақвият бахшанд ва ташаббусҳои ватандӯстонаи онҳоро ҳаматарафа дастгирӣ намоянд.

Боиси қаноатмандист, ки солҳои охир шаҳри Исфара ва махсусан, деҳоти «Ворух» ва «Чоркӯҳ» яке аз аввалинҳо шуда, нақшаи даъвати наваскаронро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар иҷро менамоянд, ки ин низ аз сатҳи баланди ватандӯстии ҷавонони шаҳр ва деҳоти он гувоҳӣ медиҳад. Нақшаи даъвати баҳории соли ҷорӣ низ дар қатори аввалинҳо дар деҳоти «Ворух» ва «Чоркӯҳ» дар як муддати кӯтоҳ, яъне рӯзи 1 апрел иҷро гардид.

Ҳукумати мамлакат ба масъалаи тарбияи кадрҳо барои соҳаҳои гуногун аз байни ҷавонони минтақаҳои дурдасти кӯҳистон, аз ҷумла, «Ворух» ва «Чоркӯҳ» эътибори аввалиндараҷа медиҳад. Аз соли 1997 сар карда, то соли хониши 2020 – 2021–ум 350 нафар хатмкардагони мактабҳои шаҳри Исфара бо Квотаи президентӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар қабул карда шудаанд, ки 220 нафари онҳо духтарон мебошанд. Аз шумораи умумии зикршуда 80 нафарро ҷавонони деҳоти «Ворух» ва «Чоркӯҳ» ташкил медиҳанд.

Илова бар ин, мо ҳангоми сафари худ ба шаҳри Исфара 26 июли соли 2019 барои ҷавонони деҳоти «Ворух» 25 ҷой, «Чоркӯҳ» 18 ва Сурх 7 ҷойи иловагӣ ҷудо кардем.

Имрӯз дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат қариб 50 нафар фарзандони сокинони деҳоти «Ворух» ва «Чоркӯҳ» таҳсил карда истодаанд.

Ҳамдиёрони азиз!

Исфара таърихи ниҳоят бостонӣ ­дошта, сокинони он аз замонҳои хеле қадим ба заминдориву кишоварзӣ машғул будаанд. Аз сарчашмаҳои таърихӣ бармеояд, ки ин шаҳр ва атрофи он махсусан, дар замони Сомониён рушду тавсеа ёфта, ба як боғистон шабоҳат доштааст.

Мувофиқи маълумоти «Бобурнома»- и Заҳириддини Бобур «Исфара, аз ҷумла Ворух дорои обҳои равон ва боғчаҳои босафо будааст. Дарахтони босамараш бисёр ва бештари боғҳояш бодомзор мебошанд. Мардумаш тамом сарт ва кӯҳӣ, яъне тоҷик ва кӯҳистонӣ буда, форсигӯянд. Исфара аз чор қисм – яке Исфара, дигаре Ворух, сеюм Сух ва чорум Ҳушёр иборат аст».

Аз рӯи ин маълумот ва сарчашмаҳои дигар равшан мешавад, ки Исфара макони таърихии тоҷикон буда, ин масъала аз тарафи олимони маъруфи таърихшинос ва бостоншиносони номдор низ тасдиқ гардидааст.

Ёдгориҳои таърихие, ки дар ҳудуди шаҳр ва деҳоти он ҷойгир мебошанд, далели онанд, ки сокинони ин макон ҳазорҳо сол пеш бумӣ будаанд. Анъана ва расму оине, ки мардуми Исфара ва деҳоти он то ба имрӯз ҳифз кардаанд, бори дигар бостонӣ будани ин мавзеъро тасдиқ мекунанд. Аз ин рӯ, олимону муҳаққиқони кишварро зарур аст, ки дар ин қисмати мамлакат корҳои илмиву таҳқиқотиро ­вусъат бахшанд ва доир ба таъриху фарҳанги қадимаи сокинони ин диёр корҳои нави илмиро ба анҷом расонанд.

Исфара бо чунин таърихи куҳан маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ рушду тараққӣ кард ва ба як шаҳри пешрафтаи Тоҷикистон табдил ёфт. Дар даврони соҳибистиқлолӣ, яъне аз соли 1991 то ибтидои соли 2021 аҳолии шаҳри Исфара аз 118 ҳазор нафар ба 280 ҳазор расида, қариб дуюним баробар зиёд шудааст ва аҳолии деҳоти «Ворух» аз 20 ҳазор нафар ба зиёда аз 43 ҳазор расида, беш аз ду баробар афзудааст.

Имрӯз маҳсулоти корхонаҳои саноатии ин шаҳр на танҳо дар дохили мамлакат, балки дар бозорҳои ҷаҳонӣ ва кишварҳои ҳамсоя низ харидорони зиёд дорад. Маҳз соҳибкорони бонангу номуси исфарагӣ маҳсулоти мевагии Тоҷикистонро ба хориҷи кишвар содирот намуда, бисёр кишварҳои дунё, аз ҷумла мамолики гуногуни Осиё, Аврупо ва Амрикоро бо хушкмева ва зардолуи шаҳдбори Исфара ошно месозанд.

Бовар дорам, ки мардуми заҳматқарин ва соҳибкорони ватандӯсти шаҳри Исфара минбаъд низ таъсиси корхонаҳои саноатиро бо воридоти технологияҳои муосир вусъат бахшида, дар афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, содироти он ва муҳайё кардани ҷойҳои нави корӣ саҳми бештар мегузоранд.

Ҳамчунин, вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, кишоварзӣ ва дигар сохтору мақомоти дахлдорро вазифадор месозам, ки бо мақсади дар тамоми кишвар паҳн кардани таҷрибаи корхонаҳои саноатӣ ва кишоварзони шаҳри Исфара дар ин ҷо семинари омӯзишӣ гузаронанд.

Дар замони соҳибистиқлолӣ қисми зиёди кӯчаҳои шаҳр ва деҳоти он таъмиру таҷдид шуда, якчанд пулҳои нав бунёд ва қисми дигари онҳо таъмиру таҷдид гардидаанд.

Дар сафари қаблӣ мо беш аз 12 иншооти хурду калонро ба истифода додем, ки қисми зиёди онҳо аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бунёд ёфтаанд. Дар ин сафар низ маҳсули заҳмати соҳибкорон назаррас буда, бо саъю кӯшиши онҳо даҳҳо иншооту корхонаҳои замонавӣ мавриди истифода қарор гирифтанд.

Дар баробари ин, дар ҳар як деҳоти шаҳр корҳои ободониву созандагӣ идома ёфта, ҳусну намуди деҳаҳо ба куллӣ ­тағйир ёфтааст.

Қобили зикр аст, ки кишоварзони Исфара боғпарварӣ, чорводорӣ ва зироаткориро низ тараққӣ дода, хусусан, дар ғаллакорӣ ва картошкапарварӣ ба пешравиҳои назаррас ноил шуда истодаанд.

Маҳз бо дарназардошти маданияти баланди заминдории кишоварзони шаҳри Исфара мо моҳи июни соли 1993 дар ҷараёни аввалин сафари кории худ дар шаҳр семинари ҷумҳуриявии кишоварзони мамлакатро баргузор карда будем. Баъди ҳамон сафар дар мавзеи Моҳпарӣ беш аз 1000 гектар замин аз худ гардида, дар он парвариши боғҳои мевадиҳанда ва дигар зироатҳои кишоварзӣ ба роҳ монда шуд.

Қобили таҳсин аст, ки деҳқонони соҳибтаҷрибаи ин диёр дар заминҳои санглох боғҳои зардолу бунёд карда, инчунин, аз як гектар замин то 80 сентнер ғалла мерӯёнанд.

Дар баробари ин, таъкид менамоям, ки ҳоло ҳам дар соҳаи кишоварзии шаҳр имкониятҳо пурра истифода нашуда истодаанд.

Дар оянда барои рушди соҳаҳои боғпарварӣ, аз ҷумла боғҳои интенсивӣ, моҳипарварӣ махсусан, гулмоҳӣ, рушди саноати хӯрокворӣ ва истеҳсолоти саноатӣ, аз ҷумла коркарди маъдан, имкониятҳои зиёд мавҷуданд.

Бори дигар хотирнишон менамоям, ки шаҳри Исфара ва деҳоти он яке аз беҳтарин мавзеъҳои сайёҳӣ мебошад ва имконоти зиёде ҳаст, ки дар ин ҷо сайёҳии дохилӣ ва хориҷӣ бамаротиб рушд дода шавад. Ба ҳамин хотир, бо дастури мо як қисми иншооти осоишгоҳи «Зумрад» азнав­созӣ гардида, ба истифода супорида шуд ва ҳоло сохтмони иншооти иловагӣ дар ин осоишгоҳ идома дорад.

Баробари ба анҷом расидани корҳои сохтмон 1000 ҷойи нав муҳайё гардида, дар як вақт беш аз 1500 нафар табобат гирифта метавонанд ва ин осоишгоҳ дар миқёси Тоҷикистон ба яке аз мавзеъҳои асосии табобату истироҳат ва саёҳати шаҳрвандони кишвар, инчунин, меҳмонону сайёҳони хориҷӣ табдил меёбад ва садҳо ҷойи нави кор муҳайё мегардад.

Дар баробари ин, соҳибкорони маҳаллиро низ зарур аст, ки дар бунёди инфрасохтори сайёҳӣ, аз ҷумла меҳмонхонаҳо ва дигар иншооти хизматрасонӣ, фаъолона саҳм гузоранд.

Яке аз мушкилоти шаҳру деҳоти Исфара таъмин намудани аҳолӣ бо оби босифати нӯшокӣ ва полезӣ мебошад. Ҳукумати мамлакат барои ҳалли ин масъала тадбирҳои иловагӣ андешида истодааст.

Мо субҳи имрӯз хатти оби нӯшокии шаҳраки Шӯробро, ки барои бунёди он аз буҷети давлатӣ 12 миллион сомонӣ сарф гардида, беш аз 15 ҳазор аҳолӣ бо оби босифати ошомиданӣ таъмин мешаванд, ба истифода супоридем. Инчунин, хатти оби нӯшокӣ барои таъмин намудани 9 ҳазор нафар сокинони маҳаллаҳои Тоҷикон ва Сангтӯдаи деҳоти «Ворух» низ ифтитоҳ гардид.

Илова бар ин, маркази хизматрасонӣ бо майдончаҳои кушода ва болопӯшидаи варзиш, ҳавзи шиноварӣ ва маркази фароғат, боғи интенсивии Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии «Ворух», майдони Парчами давлатӣ, мактаби навбунёд дар деҳаи Сангтӯда барои 1000 нафар хонанда, биноҳои маъмурии шуъбаҳои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Вазорати корҳои дохилӣ ба истифода дода шуданд.

Дар маркази деҳоти «Ворух» боз якчанд иншооти дигар, аз ҷумла Қасри навбунёди фарҳанг бо хонаи ақди никоҳ, китобхона, инчунин, маркази муосири хизматрасонӣ бо корхонаи истеҳсоли либоси мактабӣ, ҳунарҳои дастӣ ва коргоҳи қаннодӣ, ба фаъолият оғоз карданд.

Бояд гуфт, ки барои ободиҳои зикршудаи имрӯза беш аз 45 миллион сомонӣ сарф гардида, барои садҳо нафар сокинони маҳаллӣ ҷойи корӣ муҳайё карда шудааст.

Ҳозирини арҷманд!

Мо бо иродаи мардуми Исфара ва нангу номуси сокинони деҳоти он ифтихор менамоем. Ин мардуми сарбаланд ва заҳматкаш аз қадим бо меҳмоннавозӣ ва ҳимматбаландии худ шуҳрат пайдо кардаанд.

Махсусан, дар замони соҳибис­тиқлолӣ сокинони сарбаланди Исфара сиёсати Роҳбари давлат ва Ҳукумати мамлакатро дастгирӣ намуда, барои ободии ҳар як гӯшаи шаҳр ва деҳаҳои он заҳмати зиёд кашида истодаанд. Алалхусус, ҷавонони бонангу номуси Исфара дар бунёдкорӣ ва боз ҳам обод гардидани шаҳр саҳми арзишманд мегузоранд.

Бо истифода аз иштироки намояндагони мардуми Исфара як масъалаи муҳимро, ки дар минтақаҳои гуногуни кишвар чандин маротиба изҳор доштам, бори дигар таъкид менамоям.

Тибқи хулосаи созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва мутахассисону коршиносони сатҳи ҷаҳонӣ соли 2021 дар таърихи садсолаи ҳаёти башарият бо сабаби тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксолӣ, камобӣ, пайомадҳои манфии паҳншавии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавирус, инчунин, авҷ гирифтани бекорӣ яке аз солҳои вазнинтарин ва ниҳоят душвор мегардад.

Мувофиқи изҳороти созмонҳои байналмилалӣ, аллакай, аҳолии бист кишвари сайёра аз болоравии нархҳо ва камчинии маводи ғизоӣ ба гуруснагӣ ва фақру қашшоқӣ гирифтор шудаанд.

Дар чунин шароит мо бояд аз тамоми имкониятҳо, аз ҷумла аз заминҳои наздиҳавлигӣ ва президентӣ самаранок истифода бурда, ҳар чӣ бештар маҳсулот истеҳсол кунем, дар ҳар як оила захираи озуқавориро таъмин намоем ва нагузорем, ки халқамон аз лиҳози таъминот бо маводи ғизоӣ танқисиву муҳтоҷӣ кашад.

Бо дарназардошти вазъи зикршуда тамоми мардуми кишвар ва ҳар як оила бояд талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»- ро қатъӣ риоя намоянд ва ҳангоми баргузории маъракаву тӯйҳо ба зоҳирпарастиву зиёдаравӣ ва исрофкорӣ, махсусан, исрофи маводи ғизоӣ роҳ надиҳанд.

Дар охир ба хар як сокини шаҳр ва деҳоти Исфара, аз ҷумла сокинони сарбаланди деҳоти «Ворух» барои заҳмати созанда ва истиқболи самимӣ изҳори сипос карда, бо эътимоди комил иброз менамоям, ки то ҷашни бузурги 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азизамон мардуми бонангу номуси ин шаҳри бостонӣ на танҳо корҳои ба уҳдаи худ гирифтаашонро сари вақт ва бо сифати баланд иҷро менамоянд, балки аз нақша зиёдтар корҳои ободониву созандагиро ба анҷом расонида, шаҳри Исфара ва деҳоти онро ба яке аз гӯшаҳои пешрафтаи кишвар ва макони зебои сайру саёҳат табдил медиҳанд.

Дар ин амали хайр ба ҳамаи сокинони ватандӯсту заҳматқарини Исфараи бос­тонӣ барори кор ва муваффақият орзу менамоям.

Ҳамчунин, таъкид месозам, ки мо бояд ҳисси баланди миллӣ дошта бошем, Ватани муқаддасамон — Тоҷикистони соҳибистиқлолро сидқан, самимона ва баробари ҷони худ дӯст дорем, онро обод кунем ва шукрона кунем, ки соҳиби давлати озод, Ватани обод ва сарзамини аҷдодии биҳиштосо ҳастем.

Ҳамеша саломату сарбаланд бошед, ҳамдиёрони азиз!

Барқияи тасаллият
10 апрели соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маликаи Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Елизаветаи II барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Улёҳазрат!

Хабари даргузашти ҳамсари арҷманди Шумо — Волоҳазрат, Шоҳзода Филипп, гертсоги Эдинбург боиси андуҳи амиқи мо гардид. Дар иртибот ба ин мусибати гарон бо ибрози тасаллӣ ва таъзияи самимии худ ба Шумо, Улёҳазрат, ҳамаи наздикону пайвандонатон, инчунин, ба мардуми дӯсти Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ сабри ҷамил хоҳонам».

www.president.tj

Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Суғд
7 апрели соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар тантанаҳои ҷашни Наврӯз, мулоқоту суҳбат бо сокинон ва ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун ба вилояти Суғд ташриф оварданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва дигар ­масъулону намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят истиқбол гирифтанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд марҳилаи якуми корхонаи истеҳсоли маҳсулоти полиэтилении Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Файзи Бӯстон» — ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Корхона дар минтақаи саноатии шаҳр дар майдони қариб як гектар бо харҷи зиёда аз се миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Муқаддас Қодирова ­бунёд ёфта, ба истеҳсоли халтаҳои гуногуни полиэтиленӣ ихтисос дода шудааст ва тибқи баҳогузории озмоишгоҳӣ маҳсулоташ аз лиҳози намуд ва сифат ба стандартҳои муосир ҷавобгӯ мебошад.

Дар корхона бештар аз 15 намуди халтаҳои полиэтилении ҳаҷму андозааш гуногун истеҳсол шуда, дар як моҳ наздики 12 тонна ашёи хом мавриди коркард қарор мегирад.

Иқтидори истеҳсолии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Файзи Бӯстон» дар як шабонарӯз ба 175 ҳазор ва дар як моҳ ба 5 миллиону 250 ҳазор дона халтаи полиэтиленӣ баробар аст. Ҳамчунин, ҳар шабонарӯз 11 ҳазор метри тӯлонӣ пардаи полиэтиленӣ барои маҳсулоти хӯрокворӣ истеҳсол карда мешавад, ки қаблан аз хориҷи мамлакат ворид мегардид.

Дар ҶДММ «Файзи Бӯстон», ки дар доираи ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат ва истиқболи шоиста аз 30 — юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шудааст, 50 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Аз рӯи маълумоти муассиси корхона, дар натиҷаи зиёд шудани талаботи бозор ба халтаҳои полиэтиленӣ имконияти аз ин ҳам бештар истеҳсол кардани маҳсулот мавҷуд мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз корхона ва суҳбат бо кормандон ба иқдоми соҳибкори ватанӣ баҳои баланд дода, таъкид намуданд, ки бунёду ба истифода додани корхонаву коргоҳҳо дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти хушсифату рақобатпазир ва ивазкунандаи воридот боис гардида, бо ин роҳ метавон оянда иқтидори содиротии мамлакатро ҳам афзоиш бахшид. Талабот ба маҳсулоти хушсифат на танҳо дар дохили кишвар, балки дар хориҷи он низ хеле зиёд аст. Бо ин мақсад роҳбарияти корхона тасмим гирифтааст, ки оянда халтаҳои полиэтилениро ба баъзе аз кишварҳои минтақа содирот намояд.

Дар оянда бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани марҳилаи дуюми корхонаи ҶДММ «Файзи Бӯстон» истеҳсоли плёнка барои истифода дар соҳаи кишоварзӣ, хусусан бунёди гармхонаҳо, ба роҳ монда мешавад.

Дар саҳни ҳавлии корхонаи нав маҳсулоти истеҳсолкардаи корхонаҳои саноатии шаҳри Бӯстон ба намоиш гузошта шуд. Айни замон дар шаҳри Бӯстон зиёда аз 30 корхонаи саноатӣ ба истеҳсоли орд, равғани растанӣ, оби маъданӣ, консерваҳо, рехтаи пӯлодӣ, шифер, қубурҳои асбестӣ, пластикӣ, арматура, халтаҳои полипропиленӣ, полиэтилению коғазӣ, мех, сангҳои ороишӣ, тахтасангҳои мармарӣ, ранги сохтмон, маснуоти заргарӣ ва дигар намуди молу маҳсулот машғул мебошанд.

Дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 23-ро мавриди истифода қарор доданд.

Он дар пайравӣ аз ташаббусҳои созандаи Сарвари давлат бо иқдоми соҳибкорони боҳиммату ватандӯст Абдухалил Розиқов, Абдуҷалил Розиқов, Ҷӯрабой Азимов, Муродҷон Ҷӯраев, Олим Азимов, Нозимҷон Иброҳимов, Мақсудҷон Эгамқулов ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёд гардида, аз ду ошёна ва 16 синфхонаи барҳаво, утоқҳои таълимии муҷаҳҳаз бо технологияи муосир ва шароити зарурӣ барои таълиму тарбияи насли ояндасози давлат ва барои 960 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.

Дар таҳхонаи бино кабинетҳои таълимии дӯзандагӣ, челонгарӣ, пазандагӣ ва маҳфилҳои рассомиву омӯзиши дигар ҳунарҳо ташкил гардида, наврасон ба омӯзиши касбу ҳунар ҷалб карда шудаанд. Дар саҳни муассиса ошхонаи барҳаво барои 120 нафар хонанда ва майдончаи варзишӣ бунёд карда шудааст.

Бо дарназардошти супоришҳои Президенти мамлакат ҷиҳати самаранок истифода намудани замини ёрирасон дар масоҳати 0,5 гектар боғи интенсивӣ бунёд гардидааст. Муассисаи таълимӣ дорои маркази гармидиҳӣ мебошад.

Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон  ба иқдоми соҳибкорони ватандӯст баҳои баланд дода, хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумиро ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ҳидоят намуда, бо боварӣ изҳор доштанд, ки насли наврас дар рӯҳияи ватандӯс­тиву хештаншиносӣ ба воя мерасанд, зеро барои амалӣ шудани ин иқдоми наҷиб дар муассисаҳои таълимии мамлакат ҳама шароит муҳайё мебошад. Илова бар ин, эълон гардидани солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» боис мегардад, ки омӯзиши фанҳо дар муассисаҳои таълимӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шавад.

Бунёди бинои наву замонавии муасссисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 23-и деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонов туҳфаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, дар деҳоти «Унҷӣ»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бинои нави маркази ташхисию табобатии «Тибби Сино» — ро ифтитоҳ намуданд.

Он аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст Иномҷон Тоҷибоев, Абдусалом Раҳимов ва Равза Мирзоева бунёд ёфта, 40 ҷойи нави кор фароҳам намуд, ки мутахассисони соҳибкасби маҳаллӣ бо маоши хуб таъмин гардиданд.

Корҳои сохтмонӣ дар иншооти зикршуда моҳи апрели соли 2015 оғоз гардида, моҳи апрели соли 2021 бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои милливу ҷаҳонӣ ба анҷом расид.

Он аз ду бинои чорошёна ва таҳхона иборат буда, бо таҷҳизоти замонавӣ, ки аз давлатҳои Туркия, Ҳиндустон ва Хитой дастрас гардидаанд, муҳайёст. Инчунин, дорои лаборатория ва 30 ҳуҷра бо 60 кат барои беморон мебошад.

Дар беморхона 22 ҳуҷраи корӣ, аз ҷумла утоқи бақайдгирӣ, гӯшаи гиёҳдармонӣ, ҳуҷраи ташхиси ултрасадо, ҳуҷраи гӯшу гулӯву бинӣ, асабшинос, бемориҳои даруна, табобати дандон ва урологӣ ҷойгир аст.

Ҳамчунин, дорои шуъбаи дилу рагҳо, шуъбаи бемориҳои занона ва даруна, шуъбаи асаб ва шуъбаи ҷарроҳӣ буда, дар он яке аз амалиётҳои нозуку мураккаб — ҷарроҳии гирифтани чурраи байнимуҳрагӣ ба таври эндоҷарроҳӣ гузаронида мешавад.

Сарвари давлат зимни шиносоии иншооти зикршуда баҳри ҳифзу нигоҳдошти солимии аҳолӣ ба табибон ва масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон дар деҳоти «Унҷӣ»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бинои маркази савдо ва тарабхонаи миллии «Файзулло»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд, ки сеошёна буда, аз тарафи соҳибкори ватанӣ Файзулло Абдуллоев дар доираи тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бунёд ёфтааст.

Пас аз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани маркази савдо, тарабхона ва сехи қаннодӣ 30 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.

Дар маркази савдо мағоза, тарабхона ва сехи қаннодӣ ҷойгир буда, барои кормандон ҳуҷраҳои корӣ бунёд шудааст.

Дар рафти бунёди иншоот ба сифати корҳои сохтмонӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, бино бо унсурҳои хоси миллӣ ва шаклу услуби хос қомат афрохтааст.

Ҳамчунин, бо мақсади зебову назаррабо намудани муҳит дар атрофи он гулу бутта ва ниҳолҳои ороишӣ шинонида шудааст.

Соҳибкори ватанӣ иқдом гирифтааст, ки дар маркази савдо бештар маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ, ки дорои сифати баланд ва аз ҷиҳати экологӣ тоза мебошад, ба фурӯш бароранд. Вобаста ба ин, бо дигар соҳибкорону хоҷагидорон шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шудааст.

Аснои шиносоӣ бо тарҳи бино ва сатҳи хизматрасонӣ дар он Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ ва иқдоми ватандӯстонаи соҳибкори маҳаллӣ баҳои баланд доданд.

Пас аз ифтитоҳи иншооти нави хизматрасонӣ дар ошёнаи дуюми бино Сарвари давлат бо ятимони кул аз вилояти Суғд вохӯрии самимӣ анҷом дода, ба онҳо сарулибос, китоб ва ширинӣ туҳфа намуданд.

Дар мулоқот 100 нафар ятим аз шаҳру ноҳияҳои Исфара, Гулистон, Бӯстон, Конибодом ва Бобоҷон Ғафуров аз туҳфаҳои Пешвои миллат баҳравар гаштанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон дар маркази деҳоти «Унҷӣ»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд майдони Парчами давлатиро ифтитоҳ карданд.

Баландии сутунпояи рамзи давлатдорӣ 50 метр буда, матои парчам 7 метр паҳноӣ ва 14 метр дарозӣ дорад. Масоҳати умумии майдони Парчами давлатӣ, ки дар маркази деҳот сохта шудааст, 6345 метри мураббаъ буда, ба ҳусни маҳал зебоии дигар зам мекунад. Майдони Парчами давлатӣ сафолакпӯш карда шуда, бо гулу буттаҳои ороишӣ зебу зинат ёфтааст.

Ба хотири таъмини истироҳату фароғати сокинону меҳмонон, дар майдони Парчами давлатӣ нишастгоҳҳои замонавӣ ва чароғпояҳои гуногунҳаҷму гуногуншакл насб гардида, фаввораҳо сохта шудааст.

Дар майдони парчам барои баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ шароит фароҳам буда, он барои сайругашт ва тамошои сокинон макони муносиб мебошад.

Иншоот дар доираи сиёсати созандаи роҳбарияти Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиқболи ҷашни умумимиллӣ — 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ бо маблағи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохта шудааст.

Зимни шиносоӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди майдони Парчами давлатиро дар маркази деҳоти «Унҷӣ» дар самти баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву худогоҳии ҷавонону наврасон ва гиромӣ доштани арзишҳои милливу давлатӣ муҳим арзёбӣ карданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маркази таълимии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд ифтитоҳ карда, бо шароити таълим дар он шинос шуданд.

Нахуст дар саҳни ҳавлӣ ба Сарвари давлат маҳсулоти кишоварзии хоҷагии ёрирасони Маркази таълимӣ ва намунаи сару­либоси мавсимии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот муаррифӣ гардид.

Масоҳати умумии заминҳои он 4,7 гектарро ташкил дода, дар 16 садяки он чор гармхонаи парвариши сабзавот, лимӯ ва дар майдони як гектар боғи дарахтони зардолу, олуча, олу ва себ бунёд шудааст.

Маркази таълимӣ ва заминҳои кишт дар соҳили «Баҳри тоҷик» дар яке аз мавзеъҳои дилфиреб ҷойгир мебошад. Дар хоҷагии ёрирасон 10 нафар машғули кор аст. Ҳосили бадастомада барои таъмини кормандони мақомот бо маҳсулоти ниёзи аввал равона карда мешавад.

Баъди шиносоӣ бо дастовардҳои хоҷагидорон ба Президенти мамлакат намунаи сару либоси мавсимии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, ки бо тарҳи миллӣ ва аврупоӣ тайёр карда мешавад, муаррифӣ гардид.

Бояд гуфт, ки бо дастгирии Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар замони соҳибис­тиқлолӣ сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботи мамлакат бо сарулибос, таҷҳизоти техникии низомӣ, манзили зист, ҷойҳои кор ва маҳсулоти ниёзи аввал пурра таъмин мебошанд.

Маркази таълимии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон аз чор ошёна, толор барои гузаронидани машғулиятҳо, ҳуҷраҳои корӣ, шаш ҳуҷраи истироҳатӣ, ошхона, инчунин майдончаи варзишӣ барои футбол иборат мебошад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи иншоотро ба кормандони мақомот муборакбод гуфта, онҳоро ба хизмати содиқона ба нафъи давлату миллат ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ҳидоят карданд.

8 апрели соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Истаравшан ташриф оварданд.

Сарвари давлат нахуст дар деҳоти «Зарҳалол» бинои нави Маркази дастгирии оила ва кӯдаки «Фарзанди Ватан»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо имкониятҳои таълиму тарбия дар он шинос шуданд.

Корҳои сохтмонӣ дар он соли 2020 оғоз ёфта, бахшида ба истиқболи шоистаи ҷашни бузурги миллӣ — 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар партави сиёсати ятимпарваронаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби фарзандони ҳамин диёр — академикҳои Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ӯлмас Мирсаидов ва Маҳмудзода Маҳкам Аъзам бунёд гардидааст.

Дар марказ барои зисту зиндагонӣ ва таҳсилу табобати 150 нафар кӯдаки ятиму бепарастор ва дорои бемории гуногун шароит фароҳам карда шудааст.

Тавре ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, бино бо ҷалби сохт­мончиён ва устоҳои маҳаллӣ сохта шуда, аз ду ошёна, таҳхона ва болохона иборат аст. Дар маҷмӯъ, масоҳати истифодашавандаи он зиёда аз 1200 метри мураббаъро ташкил дода, дорои долонҳои барҳаво, 5 ҳуҷраи корӣ, 4 ҳуҷраи хоб, 4 толор барои бозӣ ва машғулияти кӯдакон, 5 ҳуҷраи санитарӣ, ҳуҷраи қабули рӯзона барои хизмат­расонии иҷтимоӣ ва тавонбахшӣ ва ошхона мебошад.

Саҳни ҳавлӣ ва боғу дигар биноҳои ёрирасони муассиса бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва соҳибкорони саховатпешаи диёр ободу зебо гардонида шудааст.

Дар саҳни ҳавлии марказ 2 ҳавзи оби нӯшокӣ ва полезӣ бо ғунҷоиши 36 ва 12 метри мукааб, майдонча барои бозӣ дар рег, 2 суҳбаткадаи баҳорӣ ва таваққуфгоҳ мавҷуд аст. Инчунин, дар оянда сохтмони майдончаи варзишии болопӯшида низ дар назар дошта шудааст.

Айни замон дар марказ кӯдакон дар гурӯҳҳои рӯзона ва будубоши доимӣ нигоҳубин ва табобат карда мешаванд. Дар гурӯҳи рӯзона хизматрасонии иҷтимоӣ, ба монанди тандармонӣ, кордармонӣ, ташаккули малакаҳои худхизматрасонӣ, рушди нутқи кӯдакон ва омодагӣ ба мактаб ба роҳ монда шуда, айни ҳол ба 48 кӯдак хизмат расонида мешавад. Аз онҳо 26 нафар бо бемории гуногуни ба табобат ниёзманд ва 17 нафари дигар бо ақибмонии зеҳнӣ ва инкишофи нутқ дар марказ табобату таълим мегиранд.

Ба Пешвои миллат иттилоъ дода шуд, ки дар шуъбаи будубоши доимӣ 18 кӯдак тарбия мегирад, ки синну соли онҳо аз 1 то 7-сола мебошад. Гузашта аз ин, хизматрасонии «Ташриф ба хона» ба деҳаҳои гирду атроф ва кӯчаҳои шаҳри Истаравшан ба роҳ монда шудааст ва мутахассисони марказ бо оилаҳое, ки фарзанди носолим доранд, тарзи муносибат, машғулият ва анҷом додани корҳои табобатиро меомӯзонанд. Аз 48 нафар мутахассисе, ки айни ҳол дар Маркази дастгирии оила ва кӯдаки шаҳри Истаравшан фаъолият мекунанд, 18 нафар дар Пажӯҳишгоҳи экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон курси кӯтоҳмуддати такмили ихтисос гузаштаанд.

Дар гурӯҳи рӯзонаи дохили муассиса ва хонаҳое, ки бо хизмат­расонии иҷтимоӣ фаро гирифта шудаанд, барои модароне, ки дар ҳолати душвори зиндагӣ қарор доранд ё танҳоӣ мекашанд ва зарурати нигоҳубини кӯдак ба миён меояд, хизматрасонии «Дамгирӣ» ташкил карда шудааст.

Президенти мамлакат ҳангоми суҳбат бо мураббиён ва бошандагони марказ, маслиҳат доданд, ки имконоти фароҳамовардашударо самаранок истифода бурда, ҷиҳати тарбияи дурусти насли наврас, хусусан, кӯдакони маъюб, чораҳои муассир андешанд. Инчунин, маслиҳат дода шуд, ки дар оянда Маркази дастгирии оила ва кӯдаки шаҳри Истаравшан ҳамчун маркази байниноҳиявӣ истифода бурда шавад.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар Чойхонаи «Чаманоро»-и шаҳри Истаравшан ба 110 нафар кӯдаки ятиму бепарастор ва аз оилаҳои камбизоат туҳфаҳои идонаи наврӯзӣ тақдим намуда, бо онҳо суҳбати самимӣ оростанд.

Туҳфаҳои Роҳбари давлат аз сарулибоси маҷмӯии баҳорӣ, аз ҷумла шиму костюм, куртаҳои бачагонаву духтарона, пойафзол, боронӣ, ҳамчунин ширинӣ, китобҳои гуногун ва кумаки молии яквақта, дар ҳаҷми 1000 сомонӣ иборат буд. Кӯдакон ба Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ намуданд.

Зикр кардан бамаврид аст, ки дар шаҳри Истаравшан мактаб-интернат барои кӯдакони ятиму бепарастор фаъолият намуда, ҳоло 88 кӯдакро ба тарбия ва парасторӣ фаро гирифтааст. Аз 110 кӯдаке, ки соҳиби туҳфаҳои Пешвои миллат гардиданд, 88 нафар хонан­дагони ҳамин мактаб-интернат мебошанд.

Муассиса пурра аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ гардида, дар он шароити зарурӣ барои таҳсил, истиқомат ва тарбияи кӯдакону нав­расони ятиму бепарастор фароҳам оварда шудааст.

Ҳангоми суҳбат бо кӯдакон, Президенти мамлакат таъкид намуданд, ки ғамхорӣ ба ятимону бепарасторон аз муҳимтарин самтҳои сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, давлат барои беҳтар кардани шароити зисту зиндагонӣ, таълиму тарбия ва ба камол расонидани онҳо ҳама имконияту воситаро истифода менамояд, то ҳеҷ ятим ё бепарастор худро яккаву танҳо ҳис накунад.

Зимнан, аз наврасони ятим даъват ба амал оварда шуд, ки аз шароиту имкониятҳои мусоид самаранок истифода намуда, хонанд, соҳиби касб шаванд ва дар оянда зиндагии мустақилонаро ба таври матлуб ба роҳ монанд.

Кӯдакон аз дастгириҳои пайвастаи Давлату Ҳукумат, махсусан таваҷҷуҳи зиёд ва ғамхориҳои доимии Пешвои миллат, изҳори хушнудӣ намуда, ваъда доданд, ки маслиҳату машварат ва насиҳатҳои падаронаи Роҳбари давлатро сармашқи кору зиндагӣ қарор медиҳанд.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан ба фаъолияти Кӯдакистони хусусии «Хурсандӣ» оғоз бахшиданд, ки дар муддати кӯтоҳ ва бо сифати баланди меъмории шарқиёна аз ҷониби соҳибкор Аскар Эшонов бунёд гардидааст. Он дар масоҳати умумии 0,30 садяк замин доман густурда, аз ду ошёна иборат ва дорои толорҳо барои гузаронидани машғулият, бозии кӯдакон, мусиқӣ, ҳавзи шиноварӣ, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон буда, омӯзиш бо се забон-тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст.

Инчунин, «Хурсандӣ» барои 200 кӯдак пешбинӣ гардида, таълим мувофиқ ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ сурат гирифта, ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълим 30 мураббӣ аз тариқи озмун ба кор ҷалб гардиданд. Ҳамчунин, барои ба кӯдакистон овардан ва баъди машғулиятҳо ба хонаҳо баргардонидани онҳо се микроавтобус харидорӣ шудааст.

Пешвои миллат зимни боздид аз шароити таълим ва суҳбат бо мураббиёну тарбиятгирандагон, ба иқдоми соҳибкор баҳои баланд дода, маорифчиёнро ба тарбияи насли наврасу ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстию ифтихори миллӣ ҳидоят намуда, ба тарбиятгирандагон туҳфаҳои наврӯзӣ тақдим карданд.

Маорифчиёни Истаравшан ифтитоҳи иншооти нави соҳавиро дар самти рушди муассисаҳои томактабӣ дар шаҳр ва татбиқи амалии дастури Президенти мамлакат ҷиҳати то 30 фоиз фаро гирифтани кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ муассир арзёбӣ намуданд.

Намои дохилу берунаи бино бо санъати баланди меъмории миллӣ оро ёфта, барои истироҳату бозии кӯдакон ду суҳбаткада ва чатрҳои соядиҳанда насб гардидааст.

Раванди сабзкорию ободонӣ ва чароғонкунӣ дар иншоот ба таври доимӣ назорат гардида, атрофи он бо гулу дарахтони ҳамешасабзу мавсимӣ зебо гардонида шудааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан меҳмонхона ва Маркази хизматрасонии «Истаравшан»-ро ифтитоҳ намуданд, ки дар доираи татбиқи амалии «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар деҳоти «Зарҳалол»-и шаҳр бунёд гардида, 15 нафар сокини маҳаллиро бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин намуд.

Меҳмонхона аз 20 ҳуҷра иборат буда, имкони дар як вақт ба 40 нафар хизмат расониданро дорад. Тарҳу намои он ба талаботи меъмории муосир ҷавобгӯ буда, дар он унсурҳои миллӣ ба назар гирифта шудаанд. Атрофи бино чароғону сабзкорӣ шуда, ҳамчунин барои 50 нақлиёт таваққуфгоҳ бунёд гардидааст.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити хизматрасонӣ ва имкониятҳои мавҷудаи бино, ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, фаъолияти онро дар васеъгардонии инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ нек арзёбӣ намуданд. Инчунин, ҷиҳати муаррифии бештари таъриху фарҳанг, урфу одат, меҳмоннавозии тоҷикона, ҷалби мутахассисони касбӣ ва беҳтар кардани сатҳу сифати хизматрасонӣ  ба соҳибкорон дастуру супоришҳои муфид доданд.

Зикр кардан бамаврид аст, ки феълан дар шаҳри Истаравшан 5 меҳмонхона, 6 мавзеи сайёҳӣ, 8 тарабхона, 3 осорхона, 153 ёдгории таърихӣ ва боғҳои фарҳангӣ фаъолият доранд. Бунёди даҳҳо иншооти дигар идома дошта, то истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба истифода дода хоҳанд шуд, ки барои таъсиси ҷойҳои кор, беҳтар шудани инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ ва татбиқи сесолаи рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мусоидат менамоянд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан хати обрасонӣ барои обёрии 100 гектар замини хоҷагиҳои деҳқонии «Мазбут», «Маъмур С», «Ситодел»,  «Турсунбой-бобо»-ро низ ифтитоҳ намуда, ба бунёди токзори навъи кишмиш дар хоҷагии деҳқонии «Шукрулло» оғоз бахшиданд.

Барои обёрии заминҳои 4 хоҷагӣ чоҳи амудӣ аз чуқурии 120 метр канда шуда, масъалаи таъмини заминҳои он мавзеъ бо оби полезӣ ҳал шуд.

То ин дам дар 20 гектар замини мавзеи зикршуда танҳо ғалладонагии лалмӣ корида мешуд, ки ҳосили кам дошт. Бо ифтитоҳи хати обрасонӣ имконият фароҳам омад, ки дар он ҷо дигар навъи зироатҳои кишоварзӣ низ кишт карда шавад.

Замини хоҷагиҳои деҳқонии «Мазбут», «Маъмур С», «Ситодел» ва «Турсунбой-бобо» аз рӯи баҳогузории олимони соҳа серҳосил буда, бо дастрас гардидани оби полезӣ имконият аст, ки аз ҳар гектари он ба ҳисоби миёна то 700 сентнер пиёз, 300 сентнер картошка ва аз 20 то 40 сентнер ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шавад.

Обёрӣ гардидани заминҳо дар доираи дастуру супоришҳои Роҳбари давлат амалӣ гардида, хоҷагидорон азм доранд, ки бо риояи қоидаҳои агротехникӣ истеҳсолотро зиёд намуда, бо ҳамин васила дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми бештар гузоранд.

Иттилоъ дода шуд, ки ба хотири беҳтаргардонии ҳолати мелиоративии заминҳо дар бештар аз ду соли охир дар шаҳр 659 чоҳи амудӣ канда шудааст. Танҳо дар хоҷагиҳои деҳқонии деҳаи Ҷарқӯрғон 5 чоҳи амудӣ мавриди истифода қарор гирифтааст, ки ба ин васила заминҳои кишоварзӣ бо оби полезӣ таъмин гардиданд.

Пас аз ифтитоҳи хати обрасонӣ Роҳбари давлат дар ҳамон ҷо бо шинонидани ниҳоли ток ба фаъолияти токзори навъи кишмиш дар хоҷагии деҳқонии «Шукрулло» оғоз бахшиданд, ки дар масоҳати як гектар бунёд ёфтааст.

Он дар деҳоти «Зарҳалол» бунёд ёфтааст. Дар маҷмӯъ, майдони умумии ин навъи токзор дар деҳоти зикршуда 450 гектар аст.

Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки аз 1710 гектар токзори кишмиш, ки дар шаҳри Истаравшан мавҷуд аст, ҳар сол то 10 ҳазор тонна мавиз истеҳсол гардида, ба бозорҳои дохил ва хориҷи мамлакат содирот карда мешавад.

Зимни боздид Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои нигоҳубини дурус­ти токзори нав ба масъулину хоҷагидорон дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, дар шаҳри Истаравшан коргоҳи истеҳсоли бозичаҳои бачагонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Адл»-ро ба истифода дода, бо имкониятҳои корхонаи нави саноатӣ шинос шуданд.

Он аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Мансур Умаров бунёд ёфтааст. Дар маҷмӯъ, дар корхона 25 номгӯйи маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардида, ифтитоҳи он имконият медиҳад, ки воридоти ин намуди маҳсулот аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон коҳиш дода шавад.

Айни замон дар корхонаи «Адл» 70 сокини маҳаллӣ, асосан бонувон, соҳиби ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб гардиданд. Дар марҳилаи дуюм ин нишондод ба 180 нафар расонида мешавад.

ҶДММ «Адл» имконият дорад, ки дар як сол ба маблағи 12 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуда, ба бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ ба фурӯш барорад.

Тавре маълум гардид, ҳоло дар корхона 6 навъи мошинча барои бозии кӯдакон, 2 намуд фойтунча, 7 навъи гаҳвора ва 10 намуд сечархаи кӯдакона истеҳсол шуда, дар оянда ҳаҷм ва номгӯйи маҳсулот афзоиш дода мешавад. Аз ҷумла, масъулин нақша доранд, ки истеҳсоли дучарха ва бозичаҳои нисбатан калонҳаҷмро ба роҳ монанд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар корхона маҳсулот бо истифодаи ашёи хоми навъи аъло истеҳсол гардида, ба саломатии кӯдакон безарар мебошад.

Бояд зикр кард, ки соли 2020 аз ҷумҳурӣ ба маблағи 174,6 ҳазор доллари ИМА дучарха ба миқдорӣ 142 тонна ё 10 ҳазору 139 дона содирот ва ба маблағи 639,5 ҳазор доллари ИМА ба миқдори 551,7 тонна ё 39 ҳазору 406 дона дучарха ворид карда шудааст, яъне ифтитоҳи чунин корхонаҳо воридоти маҳсулотро ба кишвар коҳиш дода, содироти онро зиёд менамоянд.

Пас аз ифтитоҳи корхона Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар базми наврӯзии сокинони деҳаи Ҷарқӯрғони деҳоти «Зарҳалол» иштирок намуда, бо маҳсули даст­ранҷи аҳли заҳмат аз наздик ошно гардиданд.

Дар наврӯзгоҳ сокинони деҳот ва дигар деҳаҳои шаҳри Истаравшан дастархони идона ороста, намунаи ҳунарҳои миллиро ба намоиш гузоштанд. Аз ҷумла, бо ташкили хони ҳафтсин ва ҳафтшин иштирокчиён яке аз анъанаҳои қадимии ҷашни Наврӯзро инъикос намуданд. Ҳамчунин, аз ҷониби бонувони соҳибзавқи шаҳри Истаравшан суманак, навъҳои гуногуни нон, кулчақанд ва дигар анвои хӯрданӣ манзури иштирокчиён карда шуд.

Навъҳои гуногуни оши палав низ ба намоиш гузошта шуд, ки ҳар кадоми он бо шаклу услуби хоса ва маҳорати баланд омода гардида, дорои таъму лаззати махсус буданд.

Ҳунармандони маҳаллӣ санъати баланди оҳангарӣ ва чӯбтароширо муаррифӣ намуда, ба Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон барои таваҷҷуҳи доимияшон нисбат ба рушди ҳунарҳои миллӣ изҳори миннатдорӣ карданд. Аз ҷумла, вобаста ба имтиёзҳое, ки дар доираи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ба ҳунармандон дода шудааст, аҳли ҳунари шаҳри Истаравшан ба Пешвои миллат изҳори сипос намуда, ин тасмимро омили асосии рушди ҳунарҳои миллӣ дар мамлакат арзёбӣ намуданд.

Дар базмгоҳи наврӯзӣ, ҳамчунин, навъҳои гуногуни меваҳои хуштаъм, ки самараи ҳосили боғҳои шаҳри Истаравшан мебошанд, ба намоиш гузошта шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Нав­рӯзи ҷаҳониро ба иштирокчиёни базмгоҳи идона таҳният гуфта, ба онҳо маслиҳат доданд, ки ҳунару суннатҳои ниёгонро ба насли наврасу ҷавон ҳамаҷониба омӯзонанд.

Сипас, Сарвари давлат дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Адл» аз намоиши чорвои калони зотӣ ва шутурмурғ дидан намуданд.

Зикр гардид, ки ҷамъият фаъо­лияти чорвопарвариро ба тозагӣ роҳандозӣ намуда, асосан чорвои калони зотии барои истеҳсоли гӯшт пешбинишуда нигоҳубин менамояд. Айни замон дар хоҷагӣ 50 сар чорвои калони зотӣ парвариш меёбад. Гӯшти хушсифате, ки дар хоҷагӣ истеҳсол мегардад, дар бозорҳои дохилӣ ба фурӯш бароварда шуда, ба фаровонии маҳсулот ва танзими нарху наво мусоидат мекунад.

Иттилоъ дода шуд, ки чанд соли охир соҳаи чорвопарварӣ дар шаҳри Истаравшан рушд карда, ҳар сол саршумори чорвои хурду калон афзоиш меёбад. Аз ҷумла, дар доираи татбиқи «Барномаи рушди соҳаи чорвопарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022», саршумори чорвои хурд ба 105648 сар расида, саршумори чорвои калон 55439 сарро ташкил медиҳад.

Масъулини хоҷагӣ, ҳамчунин, ҳадаф доранд, ки дар кӯтоҳтарин фурсат фермаи нави чорвопарварӣ бунёд намуда, саршумори чорвову истеҳсоли гӯштро афзоиш диҳанд.

Хоҷагӣ парвариши шутурмурғро низ ба роҳ мондааст, ки айни замон саршумори он дар хоҷагӣ ба 100 сар баробар мебошад.

Парвариши ин навъи мурғ аз лиҳози даромаднокӣ манфиатовар буда, ҳар кадоми он метавонад аз 80 то 100 килограмм гӯшти парҳезӣ диҳад. Аз ин рӯ, марҳила ба марҳила дар ҷамъият парвариши шутурмурғ зиёд карда мешавад.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба хоҷагидорон барои рушду парвариши дурусти чорвои калон ва шутурмурғ маслиҳатҳои муфид ва дастур доданд, ки ҳар сол саршумори чорво ва истеҳсоли гӯштро афзоиш диҳанд.

9 апрели соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ аз ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ, мулоқот бо мардум ва ифтитоҳи як қатор иншоот ба шаҳри Исфара ташриф оварданд.

Дар фурудгоҳи муваққатии шаҳраки Шӯроб Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро самимона истиқбол гирифтанд.

Дар шаҳраки Шӯроби шаҳри Исфара Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст майдончаи варзиширо мавриди истифода қарор доданд. Он аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт» дар муҳлати кӯтоҳ бо сифати баланд бунёд шудааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои суҳбати озоду самимӣ бо варзишгарон ва ҷавонону наврасон ба онҳо дастур доданд, ки ҳар чӣ бештар дар тарғиби ташаккули тарзи ҳаёти солим ва оммавигардонии варзиш фаъолона саҳм гузоранд.

Дар шаҳраку деҳоти шаҳри Исфара дар доираи омодагӣ ба ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ, дар баробари бунёди иншооти таъиноти гуногун, ба сохтмони инфрасохтори варзишӣ низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мешавад.

Замони соҳибистиқлолии мамлакат дар шаҳри Исфара 210 толору майдончаи варзишӣ бунёд шудааст, ки дар ин замина, дастовардҳои варзишгарон беш аз пеш зиёд мегардад.

Таваҷҷуҳ ба бунёди майдончаҳои варзишӣ дар шаҳраку деҳоти шаҳри Исфара имкон фароҳам овард, ки ҷалби ҷавонону наврасон ба варзиш бештар гардида, онҳо дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гарданд.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Шӯроб хатти оби нӯшокиро, ки барои таъмини 15000 аҳолӣ бунёд шудааст, мавриди истифода қарор доданд.

Он  бо харҷи 13 миллион сомонӣ аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуда, дарозиаш 11 километру 200 метрро ташкил медиҳад.

Тавассути ду пойгоҳи обкашӣ ба ҳавзи асосӣ, ки ғунҷоиши ҳар яке 2000 метри мукааб мебошад, аз он бо қубури қутраш 273 миллиметра оби нӯшокӣ ба сокинони 56 бинои баландошёна ва 608 ҳавлии шаҳраки Шӯроб дастрас мешавад.

Иншооти мазкур дар асоси супориши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби коргарону мутахассисони Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» бунёд шуда, дар оянда барои вусъати корҳои ободонию созандагӣ тадбирҳои иловагӣ андешида мешавад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин, дар он ҷо ба 20 нафар калиди манзили истиқоматӣ тақдим карданд, ки аз онҳо 3 корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, 10 кас аз оилаҳои ниёзманд, ятиму маъюб ва 7 мутахассиси ҷавони ҶДММ «Ангишт» мебошанд. Манзилҳои истиқоматӣ аз ду ва се ҳуҷра иборат буда, дорои шароити мусоид ва ҷиҳози зарурӣ мебошанд.

Аз ин ғамхории Сарвари давлат, ки пайваста нисбат ба қишрҳои ниёзманди ҷомеа ва кормандони соҳаҳои буҷетӣ зоҳир карда мешавад, сокинони шаҳраки Шӯроб хушнудӣ карданд.

Мавриди таъкид аст, ки дар доираи маъракаи ободонӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳраки Шӯроб бунёди иншооти гуногун, тармим ва навсозии биноҳои истиқоматӣ, бунёди иншооти иҷтимоӣ, ба тартиб овардани роҳу роҳравҳо ва сабзкорию ниҳолшинонӣ босуръат идома дорад.

Дар шаҳраки Шӯроби шаҳри Исфара Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхонаҳои саноатӣ шинос шуданд.

Сокинони заҳматқарин ва ҳунарманди шаҳри Исфара, ки дар эҳёи анъанаҳои миллӣ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ саҳми назаррас доранд, офаридаҳоро ба намоиш гузоштанд, ки ҷолибу диданӣ ва қобили таваҷҷуҳ буд. Ҳунари кадбонуҳои шаҳри Исфара низ дар омода кардани маҳсулоти ғизоӣ, аз ҷумла, номгӯи васеи нону кулча, таомҳои миллӣ ва анвои гуногуни қаннодӣ шоистаи таҳсин аст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо намоиши маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхонаҳои саноатии шаҳри Исфара баҳои сазовор дода, таъкид намуданд, ки истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва ба содирот нигарондашударо зиёд намоянд.

Дар маҷмӯъ, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар шаҳри Исфара бо бунёди корхонаҳои хурду бузург сол то сол бештар гардида, дар ин замина ҷойҳои нави корӣ таъсис меёбад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин, дар деҳоти «Ворух»-и шаҳри Исфара Маркази фарҳангӣ-фароғатӣ ва варзишии «Ширин»-ро мавриди истифода қарор доданд.

Он бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаи роҳбарияти олии Давлату Ҳукумати мамлакат дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи соҳибкори ватанӣ Сорбон Савриддинов мутобиқ ба талаботи замони муосир сохта шудааст.

Маркази фарҳангӣ — фароғатӣ дар 2 гектар замин бунёд ёфта, дорои майдончаҳои варзишии замонавии кушодаю болопӯшида ва 2 ҳавзи шиноварӣ барои кӯдакону калонсолон мебошад. Майдончаҳои кушода ва болопӯшидаи маркази хизматрасонӣ барои футболи хурд, волейбол, баскетбол ва дигар намуди варзиш пешбинӣ шудааст.

Дар марказ 3 суҳбаткада ва боғи истироҳатӣ бо атраксионҳо бунёд шуда, он ҷо ба макони асосии истироҳату фароғати сокинони деҳоти «Ворух» табдил ёфтааст. Дар баробари иншооти варзишӣ, ҳамчунин, дар он меҳмонхона барои қабули 15 нафар дар як вақт, нуқтаи хӯроки умумӣ ва шустушӯи воситаҳои нақлиёт сохта шудааст. Лозим ба ёдоварист, ки «Ширин» бо харҷи беш аз 2 миллион сомонӣ бунёд гардидааст.

Дар доираи тадбирандешии Ҳукумати мамлакат ҷиҳати ба шуғли доимӣ фаро гирифтани аҳолӣ дар иншооти навбунёд беш аз 30 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд. Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур бо ҷалби беш аз 40 мутахассиси ҶДММ «Бинокор» бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замон ба анҷом расид.

Бо мақсади таъмини марказ аз масофаи қариб ду километр об оварда шуда, бо истифода аз таҷҳизоти муосир оби ҳавзҳои шиноварӣ тоза карда мешавад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо шароити фароҳамгардида дар маркази хизматрасонӣ ба соҳибкори ватанӣ барои бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва саҳм гузоштан дар татбиқи ҳадафҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуданд.

Майдончаҳои варзишӣ ва маркази номурда пурра чароғон карда шуда, шабонгоҳ барои машғул шудан ба варзиш ва истироҳату фароғати сокинону меҳмонон мувофиқ мебошад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ дар доираи татбиқи барномаҳои гуногун бо мақсади оммавигардонии варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар ҳама шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо бунёду мавриди истифода қарор додани чунин иншооти замонавӣ барои насли ҷавону ояндадори миллат шароити мусоид фароҳам овардааст.

Қобили зикр аст, ки Маркази фарҳангӣ — фароғатӣ ва варзишии «Ширин» дар замини бекорхобида бунёд карда шудааст. Бунёди иншооти муосири фарҳангӣ-фароғатӣ дар доираи эълони «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» туҳфаи арзандаи Ҳукумати мамлакат барои сокинони деҳоти «Ворух»-и шаҳри Исфара мебошад.

Соҳибкорони деҳоти «Ворух» бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаи роҳбарияти олии кишвар ҷиҳати дар сатҳи баландаи созандагӣ истиқбол гирифтани ҷашни умумимиллӣ — 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ободии диёр саҳм мегузоранд.

Аз ҷониби соҳибкор Сорбон Савриддинов, дар баробари бунёди Маркази фарҳангӣ-фароғатӣ ва варзишии «Ширин», қариб як километр роҳи маҳалла сангфарш ва пули мошингузар бо дарозии 6 ва паҳноии 5 метр сохта шуд.

Дар доираи корҳои ободонию созандагӣ дар «Ширин» беш аз 400 бех ниҳолҳои ороишию мевадиҳанда, аз ҷумла, себ, нок, гелос ва зиёда аз 30 ҳазор бех гулҳои рангоранг шинонда шудааст, ки ба ҳусни атроф зебоии дигар зам намудааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи боздиди корӣ аз шаҳри Исфара дар Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии деҳоти «Ворух» ба бунёди боғи интенсивӣ бо шинонидани ниҳолҳои себ оғоз бахшиданд.

Дар боғ дар як гектар 1250 бех ниҳол мувофиқи тавсияи мутахассисон шинонида шуда, дар маҷмӯъ ниҳолҳои он 3900 бехро ташкил медиҳад. Масоҳати боғ 2,4 гектарро дар бар гирифта, ташкили он дар ҷойи боғи куҳна бо истифода аз ниҳолҳои серҳосили себҳои навъи «Гала» ва «Стракримсон» ба роҳ монда шудааст.

Дар деҳоти «Ворух»-и шаҳри Исфара майдони боғҳо беш аз ҳазор гектарро дар бар гирифта, хоҷагидорон дар панҷ соли охир дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016 – 2020» бо истифода аз заминҳои бекорхобида ва талу теппаҳо 76 гектар боғ бунёд намудаанд.

Боғи зикршуда дар заминаи дастгирии давлатӣ ва ҳавасмандии кишоварзон дар самти сердаромад будани ин бахши хоҷагидорӣ ташкил гардида, оянда масоҳати он афзоиш дода мешавад.

Дар деҳоти «Ворух» соли 2020-ум 17,5 гектар ва соли 2021-ум 21 гектар боғи нав бунёд шуда, дар ин давра мутаносибан 16,5 ва 28 гектар боғи куҳна барқарор гардид.

Боғдорон ҳар сол дар асоси маслиҳати мутахассисон бо истифода аз имконоту иқтидори мавҷуда кӯшиш доранд, ки баробари ба гардиш даровардани заминҳои нав, барои таъмини амнияти озуқаворӣ саҳмгузор бошанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо боғпарварон ташаббуси хоҷагидоронро дар ин самт намуна арзёбӣ намуда, ҷиҳати бештар баҳрабардорӣ намудан аз имтиёзҳои фароҳамовардаи Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо маслиҳатҳои судманд доданд.

Бунёди боғҳои интенсивӣ дар шароити кунунӣ баробари таъмини бозори истеъмолӣ бо меваҳои хуштаъму лазизи ватанӣ ва аз ҷиҳати экологӣ тоза дар самти боло бурдани иқтидори содиротии мамлакат низ мусоидат мекунад.

Аҳли заҳмат баробари боғдорӣ дар кишту парвариши зироати гуногун низ таҷрибаи ғанӣ дошта, замини дар ихтиёрдоштаро мақсаднок истифода мекунанд. Шумораи умумии хоҷагиҳои инфиродӣ ва оилавӣ дар деҳоти мазкур ба 2196 адад расида, кишоварзон ҳар сол истеҳсоли маҳсулот, аз ҷумла, меваҳои содиротиро афзоиш медиҳанд.

Боғдорони деҳоти «Ворух» соли 2020 -ум 4400 тонна мева истеҳсол ва ба бозор бароварданд.

Саҳмдорони Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии деҳоти «Ворух» дар асоси ҳидоятҳои Роҳбари давлат дар байни қатори ниҳолҳои боғи интенсивӣ кишти картошкаи навъи «Санто» ва «Пикассо»-ро ба роҳ мондаанд. Ин иқдом бо мақсади истифодаи пурсамари заминҳои корам ва таъмини сокинони мамлакат бо маҳсулот дар вазъияти кунунии ҷаҳони муосир рӯи даст гирифта шудааст.

Деҳоти «Ворух» дорои обу иқлими мусоид барои рушди соҳаи кишоварзӣ буда, аҳли заҳмати он барои таъмини амнияти озуқаворӣ пайваста талош мекунанд.

Соли гузашта хоҷагидорони он дар майдони 221,8 гектар замин картошка кишт намуда, 5545 тонна ҳосил ба даст оварданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он ҷо аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумии шаҳри Исфара боздид намуданд. Дар он аҳли заҳмати шаҳр анвои гуногуни маҳсулоти кишоварзиро, ки аз заминҳои ҳосилхези дар ихтиёрдошта рӯёнидаанд, муаррифӣ карданд.

Кишоварзони шаҳри Исфара дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вобаста ба таъмини амнияти озуқаворӣ, самараноку оқилона истифода бурдани ҳар як қитъа замини корам сармашқи кор қарор дода, ҳар сол бо гирифтани ҳосили фаровон дар ғановати бозори истеъмолӣ саҳми шоиста мегузоранд.

Дар шаҳри Исфара 13 ҳазору 538 хоҷагии деҳқонӣ фаъолият дошта, ҳар сол кишоварзон бо истифода аз тухмиҳои серҳосили зироат ҳосили фаровон ба даст меоранд. Дар намоиш беҳтарин навъҳои маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла, сабзавот, анвои гуногуни мева дар шакли тару хушк, ғалладонагию лубиёӣ муаррифӣ шуд.

Зикр шуд, ки соли 2020 хоҷагидорони шаҳр ба маблағи беш аз 253 миллиону 88 ҳазор сомонӣ маҳсулоти умумии кишоварзӣ истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба соли 2019-ум 11,2 фоиз зиёд мебошад.

Дар намоишгоҳ ҳунари занону кадбонувони шаҳр дар самти пухтани анвои гуногуни маҳсулоти нонӣ ва таомҳои миллӣ муаррифӣ гардид.

Ҷоиз ба зикр аст, ки соли гузаш­та дар ҳама шакли хоҷагидории шаҳр 11 ҳазору 435 тонна ғалладона, 27 ҳазору 20 тонна картошка, 45 ҳазору 598 тонна сабзавот ва 24 ҳазору 195 тонна мева истеҳсол шудааст.

Исфара дар истеҳсоли зардолу на танҳо дар миқёси мамлакат, балки минтақа шуҳрат дошта, боғдорон ҳар сол майдони ин навъи меваи болаззату содиротиро бештар менамоянд ва дар ин самт ба дастоварди зиёд ноил мегарданд.

Масоҳати боғҳо дар шаҳри Исфара 13 ҳазору 300 гектарро дар бар мегирад, ки 11 ҳазор гектарашро зардолу ташкил медиҳад.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз гӯшаи намоиши анвои гуногуни зардолуи хушки боғпарварон, таҷрибаи хоҷагидорони шаҳри Исфараро дар самти истеҳсоли маҳсулоти истеъмолӣ ва содиротӣ намуна арзёбӣ карда, ҷиҳати истифодаи бештар аз имконоти мавҷуда, роҳандозии усулҳои муосири бандубасти он ва боло бурдани иқтидори содиротӣ ба масъулон дастуру ҳидоятҳо доданд.

Ба рушди ҳунармандӣ ва эҳёи анъанаҳои миллӣ низ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мешавад. Ҳунармандони шаҳр дар доираи солҳои 2019 — 2021, «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» талош мекунанд, ки бо истифода аз имтиёзҳои пешниҳодкардаи Ҳукумати мамлакат дар ҳифзу ташаккули ҳунарҳои мардумӣ саҳмгузор бошанд.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз гӯшаи намоиши ҳунарҳои мардумӣ барои ҳифз ва эҳёи ҳунарҳои қадимаи миллӣ ба ҳунармандон маслиҳатҳои судманд доданд.

Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла, сабзавоту ғалладонагӣ ва меваҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза дар шаҳри Исфара ба таҷрибаи заҳматкашон ва эҳсоси баланди масъулиятшиносии онҳо дар самти истифодаи оқилонаю пурсамари замин марбут буда, хоҷагидорон бо мақсади саҳм гузош­тан дар таъмини амнияти озуқаворӣ, ки яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад, талош меварзанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Исфара дар деҳоти «Ворух» майдони Парчами давлатии Тоҷикис­тонро мавриди истифода қарор дода, онро дар вазъияти тантанавӣ парафшон намуданд.

Майдони Парчами давлатӣ дар деҳоти «Ворух» дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» сохта, дар он барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонон шароити мусоид муҳайё шудааст.

Майдони мазкур дар масоҳати 1200 метри мураббаъ бо ҷалби мутахассисони ватанӣ ва бо истифода аз масолеҳи сохтмонии аълосифат бо тарҳи муосир бунёд гардидааст.

Баландии пояи Парчами давлатии Тоҷикистон бо таҳкурсӣ 50 метр буда, он 7 метр паҳноӣ ва 14 метр дарозӣ дорад.

Атрофи иншоот дар масоҳати 190 метри мураббаъ гулкорӣ ва сабзкорӣ карда шуда, гулҳои рангоранги мавсимӣ ва ниҳолҳои ороишӣ онро зинат бахшидаанд.

Роҳравҳои майдони Парчами давлатии Тоҷикистон дар масофаи зиёда аз 800 метри мураббаъ сафолакпӯш шуда, 12 курсӣ барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонон ва сайёҳон гузошта шудааст. Инчунин, он ҷо ду фаввора низ бунёд гардидааст.

Бо мақсади таъмини рӯшноӣ 12 чароғак насб гардида, шабонгоҳ ба зебоии мавзеъ ҳусни дигар мебахшанд.

Майдони Парчами давлатӣ дар деҳоти «Ворух»-и шаҳри Исфара барои баргузории чорабиниҳои гуногуни ватандӯстона бо ҷалби ҷавонону наврасон хеле мувофиқ мебошад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифтани майдони Парчами давлатии Тоҷикис­тон дар деҳоти «Ворух»-и шаҳри Исфара ва парафшон гардидани ин рамзи миллиро дар доираи омодагиҳо ба ҷашни бузурги миллӣ — 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ барои сокинон, махсусан ҷавонону наврасон, туҳфаи арзишманди Давлату Ҳукумати мамлакат маънидод намуда, барои истифодаи пурсамар аз имконоти фароҳамгардида ба масъулон дастуру маслиҳатҳои судманд доданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти «Ворух»-и шаҳри Исфара, ҳамчунин, Маркази хизматрасонии «Нав­рӯз»-ро мавриди истифода қарор доданд.

Он аз таҳхона ва ду ошёна иборат буда, дар масоҳати беш аз 360 метри мураббаъ, дар доираи дастгириҳои ҳамешагии Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Зиёваддин Зокиров сохта шуда, дорои коргоҳҳои қаннодию дӯзандагӣ ва мағозаи фурӯши маҳсулоти ниёзи аввал мебошад. Дар мағозаи фурӯши маркази хизматрасонӣ истеҳсолоти корхонаҳои саноатии шаҳри Исфара, ки дар асоси талаботи байналмилалӣ бо сифати баланд истеҳсол мегарданд, пешниҳоди сокинону меҳмонон мешаванд.

Иншоот дар асоси талаботи мавҷуда бо тарҳи муосир сохта шуда, барои сокинон хизмат мерасонад.

Дар коргоҳи қаннодӣ 8 ҷавондухтари деҳоти «Ворух», ки қаблан хонашин буданд, ба кор ҷалб гардида, шириниҳои гуногун, аз ҷумла, торт, кулчақанд ва дигар намуди маҳсулот, дар асоси талаботи мавҷуда бо риояи меъёрҳои пазандагию кадбонугӣ омода мешавад. Коргоҳи истеҳсолӣ бо мақсади соҳибкасб намудани занону духтарони хонашин, бо шуғл таъмин намудани онҳо ва бо ин роҳ беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолии деҳоти дурдасти мамлакат таъсис дода шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавондухтарон суҳбати самимӣ анҷом дода, оид ба тадбирҳои ҳамешагии Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти соҳибкасбу соҳибҳунар намудани занону бонувони минтақаҳои дурдасти кишвар андешаронӣ карданд.

Масъулин иттилоъ доданд, ки оянда дар коргоҳ курсҳои омӯзишӣ низ таъсис меёбанд. Коргоҳи нави дӯзандагӣ дар деҳоти «Ворух»-и шаҳри Исфара бо дастгоҳҳои муосири дӯзандагӣ таъмин буда, бо ҳадафи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, фаро гирифтани духтарону бонувони хонашини деҳот бо шуғли доимӣ ташкил ва дар он 20 нафар бо кори доимӣ таъмин шуданд. Дар он либоси мактабӣ, либосҳои миллии занона ва дигар ашёи зарурии рӯзгор омода мешавад.

Таъсис ва ба фаъолият пардохтани коргоҳҳои дӯзандагӣ дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ дар деҳоти дурдасти мамлакат баробари мусоидат ба соҳибкасбу соҳибҳунар намудани занону бонувон, барои қонеъ намудани талаботи аҳолии мамлакат бо истеҳсолоти худӣ замина низ фароҳам овард.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ аз намоишгоҳи либосҳои истеҳсолии коргоҳи зикршуда ба иқдоми соҳибкори ватанӣ баҳои баланд дода, ҷиҳати тарғибу ташвиқи ҳар чӣ бештари ҳунару либоси миллӣ ва ҷалби занону духтарон ба касбомӯзӣ ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Тайи солҳои охир дастгириҳои ҳамешагии роҳбарияти олии Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон имкон дод, ки дар мамлакат теъдоди чунин бинову иншооти хуштарҳу замонавии хизматрасонӣ бештар гардад.

Тадбирҳои созандагиву бунёдкорӣ дар деҳоти «Ворух»-и шаҳри Исфара бо мақсади истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон босуръат идома дорад ва ҷиҳати фароҳам овардани шароити хуби зисту зиндагонӣ барои сокинони ин гӯшаи зебоманзари мамлакат тадбирҳои муҳим амалӣ мешавад.

Дар деҳоти мазкур барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни бузурги миллӣ бунёд, таъмир ва навсозии 48 иншоот дар соҳаҳои гуногун ба нақша гирифта шудааст, ки аллакай 45-тои он бо таъсиси ҷойҳои нави корӣ барои сокинон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.

Деҳоти «Ворух» дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ дар доираи вусъати тадбирҳои ободонию созандагӣ бо пуштибонии ҳамаҷониба аз сиёсати бунёдкоронаи Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле ободу зебо шуда, сатҳу сифати зиндагии сокинон бамаротиб беҳтар гардид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти «Ворух» қасри фарҳангро низ пас аз таҷдиду навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ карор доданд.

Иншоот дар масоҳати 2 ҳазор метри мураббаъ бунёд шуда, майдони сохтмони зери бинои асосӣ 1100 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Он бо фармоиши Идораи сохт­мони асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз тарафи кормандони ҶДММ «Нарзулло-2008» бунёд шудааст. Барои иҷрои корҳои сохтмонӣ 30 сохтмончии маҳаллӣ ҷалб гардиданд.

Бинои мазкур аз таҳхона ва ду ошёна иборат аст. Дар таҳхона утоқҳои либосивазкунӣ барои ҳунармандон ташкил шудааст. Дар ошёнаи якум толори асосӣ бо 460 ҷойи нишаст, толори сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, нуқтаи назорати бехатарӣ ҷой дода шуда, ошёнаи дуюм аз утоқҳои корӣ, маҳфилҳои ҳунармандӣ, аз қабили навозандагию сарояндагӣ, рақс, ҳунарҳои мардумӣ, толори шашкаю шоҳмот ва китобхонаи электронию анъанавӣ, иборат мебошад. Китобхона дорои 3 ҳазор нусха китоб аст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо шароити мавҷуда ва суҳбат бо кормандону мутахассисони соҳа таъкид намуданд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳаи фарҳанг таваҷҷуҳи хоса зоҳир ва барои ҷалби ҷавонони лаёқатманд ба ҳунармандӣ иқдомҳои судмандро амалӣ менамояд. Ин аст, ки соҳаи фарҳанг дар кишвар ба таври назаррас рушд намуда, мутахассисони лаёқатманд ба камол мерасанд.

Дар доираи эълон гардидани «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», ки солҳои 2019-2021-ро фаро мегирад, корҳои созандагию ободонӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат вусъат пайдо намуда, дар ин замина, барои мардум шароити созгори зиндагӣ фароҳам омад. Бунёди иншооти таъиноти гуногун, мумфаршкунии роҳҳо, ташкили боғҳои фарҳангии замонавӣ ва дигар тадбирҳои шоиста дар деҳаҳои дурдасти кишвар бар он боис гардид, ки барои сокинони бешуғл ҷои кори доимӣ ташкил гардад. Дар қасри фарҳанг 20 нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин шуда, теъдоди иштирокчиёни маҳфилҳо ба 70 нафар расид.

Ин иншоот бо тарҳи ҷадид сохта шуда, намои берунии он ба зебоии маркази деҳот ҳусн зам мекунад. Девораҳо ва сутунпояҳо бо истифода аз санъати меъмории миллӣ оро ёфта, дар саҳни он ниҳолҳои ороишии ҳамешасабз ва гулҳои рангоранг шинонида шудааст.

Хотиррасон бояд шуд, ки бинои қасри фарҳанг дар деҳоти «Ворух»-и шаҳри Исфара соли 1971 сохта шуда, бо сабаби фарсуда шудан зарурат ба миён омад, ки пурра таҷдиду навсозӣ шавад. Ин иқдом бо дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади сазовор истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардид.

Мавриди зикр аст, ки дар доираи сиёсати фарҳангпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои охир дар шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Ашт, Зафаробод, Ҷаббор Расулов, Спитамен, Бобоҷон Ғафуров, Мастчоҳ ва Шаҳристони вилояти Суғд қасрҳои бошукӯҳи фарҳанг бунёд гардида, барои баланд бардоштани маърифати аҳолӣ ва рушди фарҳанг замина гузоштанд.

Дар он ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли ҳунар 18 адад сози мусиқӣ тақдим намуданд, ки он барои рушди соҳа ва пешниҳоди барномаҳои рангини фарҳангӣ таҳрик мебахшад.

Дар толори ақди никоҳ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба чанде аз навхонадорон шаҳодатномаҳои сабти асноди шаҳрвандӣ ва туҳфаҳои арзишманд супориданд.

Дар толори бошукӯҳи қасри фарҳанг ҳунармандони ҷавон барномаи ҷолибу тамошобоб пешниҳод карданд. Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба барномаи фарҳангии аҳли ҳунар, ки таҷассумгари дастовардҳои истиқлолияту озодӣ, ваҳдату ҳамдилӣ ва пешрафту шукуфоӣ буд, баҳои баланд доданд.

9 апрели соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти «Ворух» бинои нави Пойгоҳи воҳиди таъиноти махсуси зиддитеррористии «Алфа»-и Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, воқеъ дар деҳоти «Ворух» — ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншооти нав аз се ошёнаи дорои қисми навбатдорӣ, утоқҳои кории муҷаҳҳаз бо лавозимоти зарурӣ, синфхонаи таълимӣ ва ҳуҷраҳои зист иборат мебошад. Корҳои сохтмонӣ дар он моҳи сентябри соли 2019 оғоз гардида, дар се сол бо ҷалби қариб 100 бинокори маҳаллӣ бо сифати баланд ба анҷом расид.

Пойгоҳи зикршуда, ҳамчунин, дорои таваққуфгоҳ барои воситаҳои нақлиёт, нуқтаи тиббӣ, ошхона, китобхона ва маҷлисгоҳ мебошад.

Мавриди зикр аст, ки дар даврони Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар бо дастгирӣ ва дар заминаи таваҷҷуҳи рӯзафзуни роҳбарияти олии Давлату Ҳукумати мамлакат барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шароити арзандаи кору фаъолият фароҳам шудааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо шароити фароҳамгардида дар иншооти замонавӣ кормандони соҳаро ба хизмати софдилонаву содиқона ба нафъи халқу Ватан ва саҳми бештар гузоштан дар пойдории сулҳу субот даъват намуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Сангтӯдаи деҳоти «Ворух»-и шаҳри Исфара муассисаи нави таҳсилоти миёнаи умумии рақами 74-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд, ки барои 840 хонанда дар ду баст пешбинӣ шуда, масоҳати он як гектарро ташкил медиҳад. Бинои таълимӣ аз се ошёна бо 14 синфхона, аз ҷумла, синф­хонаҳои умумӣ ва фаннии таълимӣ, инчунин утоқҳои корӣ барои омӯзгорон, иборат мебошад.

Синфхонаҳои фаннии физика, химия, математика, биология, технологияи иттилоотӣ, таълими меҳнат бо таҷҳизоту аёнияти замонавӣ, аз ҷумла, тахтаи электронӣ ва дастгоҳҳои озмоишӣ, таъмин буда, барои хонандагон шароити мусоиди аз бар кардани дониш мавҷуд мебошад.

Дар ду синфхонаи технологияи иттилоотӣ 16 компютери муосир насб гардидааст. Дар китобхонаи анъанавӣ ва электронӣ асосан адабиёти фаннӣ ва бадеӣ мавҷуд мебошад. Китобхона дар ошёнаи дуюми бинои дигари иншооти навбунёд ҷой дода шудааст. Дар ошёнаи якуми бино толори варзиш ташкил гардида, бо лавозимот барои футболи хурд, волейбол, баскетбол ва мусобиқаҳои тан ба тан таъмин мебошад.

Гармӣ дар муассиса тавассути дегхонаи алоҳида ва таҷҳизоти замонавӣ таъмин карда мешавад. Дар долон, синфхонаҳо ва атрофи муассисаи таълимӣ камераҳои мушоҳидавӣ насб шудааст ва раванди таълим пурра таҳти назорат қарор дода мешавад.

Атрофи иншоот дар масоҳати 400 метри мураббаъ бо гулу ниҳолҳои ороишӣ оро ёфта, роҳравҳо пурра сафолакпӯш гардидааст.

Сокинони деҳа иброз доштанд, ки қаблан аз сабаби дур будани муассисаи таълимӣ хонандагон душворӣ мекашиданд. Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ин боргоҳи муҳташами таълимӣ мушкили онҳо ҳал гардид.

Ба Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар марҳилаи дуюми сохтмон бунёди бинои дигар ба нақша гирифта шуда, дар он ҷойгир намудани маҷлисгоҳ бо 200 ҷои нишаст ва ошхона барои 80 нафар дар назар аст.

Муассисаи навбунёди таълимӣ бо хати алоҳидаи барқ таъмин мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, аз сохтмончиён иҷрои пурраи корҳои боқимондаи сохтмониро дар асоси лоиҳаи пешбинишуда талаб намуданд.

Омӯзгорону хонандагон барои бунёди муассисаи таълимии зебову замонавӣ дар доираи таҷлили ҷашни бузургу муқаддаси умумимиллӣ — 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Роҳбари давлат изҳори сипос карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти «Ворух»-и шаҳри Исфара хати нави оби нӯшокиро ба истифода доданд.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бо гардиш додани мурвати шоҳқубури асосии таъминоти оби нӯшокӣ ба аҳолии маҳаллаҳои «Тоҷикон» ва «Сангтӯда»-и деҳоти «Ворух» боз як пайки шодию нишот ва муждаи ободонӣ оварданд.

Оби нӯшокӣ аз деҳоти «Ворух» тавассути қубури қут­раш 530 миллиметра аз масофаи 7 километр ҷорӣ мегардад.

Иттилоъ дода шуд, ки аз қубури асосии оби нӯшокӣ ба масофаи як километр бо қубури қутраш 315 миллиметра ба тарафи чапи дарёи Исфара хати оби нӯшокӣ гузаронида шуда, ба ду маҳаллаи деҳоти «Ворух» дар ҳаҷми 300 метри мукааб об дар як соат интиқол дода мешавад.

Маҳаллаҳои «Тоҷикон» ва «Сангтӯда» — и деҳоти «Ворух»-и шаҳри Исфара дорои 8 ҳазор нафар аҳолӣ буда, дар доираи амалӣ гардидани ин тадбири муҳим 340 хонавода бо оби нӯшокӣ пурра таъмин шуданд.

Ин иқдом дар асоси дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолии деҳоти дурдасти мамлакат бо харҷи беш аз 500 ҳазор сомонии Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва Корхонаи сохтмону барқарорсозии системаҳои обтаъминкунии чарогоҳ ва деҳоти шаҳри Исфараи Муассисаи давлатии сарраёсати «Тоҷикобдеҳот» амалӣ шуд.

Корҳои сохтмонӣ дар иншоот моҳи январи соли ҷорӣ оғоз гардида, барои дар муҳлати муайяншуда анҷом ёфтани он 50 мутахассис ҷалб шуд.

Сарвари давлат аз масъулони соҳа талаб намуданд, ки баҳри беҳтар гардонидани сатҳи обрасонӣ ба аҳолии деҳот тадбирҳои бетаъхир андешида, фаҳмондадиҳӣ вобаста ба фарҳанги волои истифодаи об дар байни сокинонро тақвият бахшанд.

Дар доираи татбиқи лоиҳа аҳолии ду маҳалла, се муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва корхонаву муассисаҳои маъмуриву фарҳангии деҳоти «Ворух» бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин мегарданд.

Дар доираи иқдомҳои созандагии «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва омодагӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мушкили чандинсолаи аҳолии ду маҳаллаи аҳолинишини деҳоти «Ворух» ҳал гардид.

Дар деҳоти «Ворух»-и шаҳри Исфара Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон, инчунин, бинои шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикис­тонро ифтитоҳ намуданд.

Он аз таҳхона ва се ошёна иборат буда, дорои утоқҳои корӣ, хобгоҳ барои 200 нафар, утоқи тиббӣ, толори маҷлис ва китобхона мебошад.

Дар ошёнаи якуми бино, ки асосан қисми навбатдорию утоқҳои корӣ ҷой доранд, шароити мусоиди иҷрои уҳдадорӣ барои роҳбарият ва ҳайати шахсии шуъба фароҳам аст.

Хобгоҳҳо барои ҳайати шахсии шуъба дорои рахтҳои хоб, ҷевон ва дигар ҷиҳози зарурӣ мебошад.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар китобхонаи иншоот 4 ҳазор нусха адабиёти илмии соҳавӣ ва бадеӣ мавҷуд аст. Он дорои толори хониш низ ҳаст ва барои кормандон шароити хуби мутолиа фароҳам мебошад.

Маҷлисгоҳ ва синфхонаи таълимии иншоот барои 100 нафар пешбинӣ шуда, дар он лавҳаю овезаҳои дастурамали кормандони сохторҳои қудратӣ, инчунин, технологияи ҷадид барои гузаронидани ҷаласаҳои корӣ ва дарс васлу насб шудааст.

Дар таҳхонаи бино толори тамрин ва обутоби бадан ташкил карда шудааст ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ имкон доранд бо истифода аз таҷҳизоти замонавии варзишӣ малакаи хешро тақвият бахшанд.

Ҳудуди иншоот бо камераҳои мушоҳидавӣ пурра назорат карда мешавад. Барои таъмини бехатарӣ аз сӯхтор бино бо таҷҳизоти худкори огоҳикунанда ҷиҳозонида шуда, бо ҳамин мақсад дар саҳни ҳавлӣ ҳавзи об бунёд гардидааст.

Ошхона барои 100 нафар дар бинои алоҳида ташкил гардида, бо таҷҳизот ва лавозимоти зарурии хӯрокпазию хизматрасонӣ муҷаҳҳаз мебошад. Дар он утоқи алоҳидаи нонпазӣ ва анборхона бо яхдони замонавӣ барои нигоҳдории маҳсулоти хӯрокворӣ низ мавҷуд аст. Дар атрофаш 100 бех ниҳоли ороишии ҳамешасабз шинонида шуда, барои таъмини фароғати кормандон суҳбаткада бунёд гардидааст.

Иншоот бо фармоиши Идораи сохтмони асосии вилояти Суғд аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ширкати сохтмони Исфара» сохта шудааст.

Президенти мамлакат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бо сифати баланд бунёд намудани иншоот ба сохтмончиён баҳои баланд дода, ҳайати шахсии шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳисси масъулият дар иҷрои садоқатмандонаи уҳдадории ҳарбӣ ҳидоят намуданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон, ҳамчунин, бо сокинони шаҳри Исфараи вилояти Суғд мулоқот намуданд.

Сарвари давлат нахуст ҳозиринро бо фарорасии Наврӯзи байналмилалӣ таҳният гуфта, ба сокинони шаҳр дар роҳи рушду пешрафти кишвар, татбиқи сиёсати бунёдкорона ва амалисозии нақшаҳои созанда ба ифтихори ҷашни бузурги 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ барору комёбиҳои беназир орзу карданд.

Президенти мамлакат тараққиёти бомароми шаҳри Исфара ва ноил гардидан ба дастоварду пешравиҳо дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиётро аз ҳисси баланди миллӣ ва рӯҳияи ватандории мардуми сарбаланди шаҳр маънидод намуданд.

Исфара бо имкониятҳои бузурги истеҳсолӣ дар самти саноати коркард, аз ҷумла, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, маъдан, нефту газ, истихроҷи ангишт, металлургия, электротехника ва истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ, яке аз шаҳрҳои асосии саноатии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар таъмини рушди иқтисоди миллӣ саҳми назаррас дорад. Дар гузаштаи начандон дур маҳсулоти баъзе аз корхонаҳои саноатии он ба даҳҳо кишвари минтақа ва ҷаҳон содирот мешуд. Аз ин лиҳоз, роҳбарони вазорату идораҳои марбута, вилоят ва шаҳри Исфара вазифадор шуданд, ки барои барқарор кардани иқтидорҳои содиротии шаҳр ҳама имконияту захираро сафарбар намоянд.

Таъкид гардид, ки дар натиҷаи дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат шумораи субъектҳои соҳибкорӣ дар шаҳри Исфара мунтазам афзуда, соли 2020-ум қариб ба 18000 расидааст, ки нисбат ба соли 2013 чоруним баробар зиёд мебошад.

Ҳукумати мамлакат ба масъалаи беҳтар намудани шароити зиндагии сокинони шаҳру деҳоти Исфара ва пешрафту ободии он таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, дар давраи соҳибистиқлолӣ барои таъмини рушди иҷтимоиву иқтисодии он аз ҳисоби буҷети давлат як миллиарду 137 миллион сомонӣ равона кардааст. Инчунин, тайи ин муддат дар шаҳри Исфара 24 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ дар соҳаҳои гуногун татбиқ гардида, то ҳол 330 миллион сомонӣ аз худ карда шудааст.

Тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида то ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳр бунёди 457 иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ, хизматрасонӣ ва фарҳангӣ, аз ҷумла 9 корхонаву коргоҳи саноатӣ, 12 иншооти соҳаи тандурустӣ, 47 иншооти соҳаи маориф, 17 иншооти варзиш, 12 муассисаи истироҳатӣ ва фарҳангӣ, сохтмони роҳу пулҳо, биноҳои истиқомативу маъмурӣ ва иншооти дигар, пешбинӣ шудааст, ки боиси боз ҳам ободу зебо шудани шаҳру деҳот ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум хоҳад гардид. То якуми марти соли ҷорӣ дар шаҳр аз ҳисоби ҳама сарчашмаи маблағгузорӣ 411 иншооти дорои аҳамияти истеҳсоливу иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ сохта, ба истифода дода шудааст.

Ҷиҳати рушди соҳа, махсусан, муаррифии имкониятҳои шаҳри Исфара, ки яке аз гӯшаҳои ҷолиби сайёҳии кишвар ба шумор меравад, масъулини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳр барои андешидани чораҳои муассир вазифадор шуданд.

Шаҳри Исфара, ки бо Ҷумҳурии Қирғизистон ҳаммарз мебошад, дар таҳкими муносибатҳои дӯстона ва равобити неки ҳамҷаворӣ байни ду миллат нақши муҳим дорад.

Баъди таҳлили вазъи иҷтимоии шаҳр вобаста ба рушди бахшҳои иқтисодиёт Президенти мамлакат супориш доданд, ки дар соҳаи кишоварзии шаҳр имкониятҳо пурра истифода гардида, дар оянда барои рушди соҳаҳои боғпарварӣ, аз ҷумла боғҳои интенсивӣ, моҳипарварӣ махсусан, гулмоҳӣ, рушди саноати хӯрокворӣ ва истеҳсолоти саноатӣ, аз ҷумла коркарди маъдан, тадбирҳои мушаххас амалӣ карда шавад.

Вобаста ба тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он — хушксолӣ, камобӣ, пайомадҳои манфии паҳншавии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавирус, инчунин, авҷ гирифтани бекорӣ  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардумро ба истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва президентӣ, ҳар чӣ бештар истеҳсол кардани маҳсулоти ниёзи аввал, дар ҳар як оила таъмин намудани захираи озуқаворӣ, ҳидоят карданд. Инчунин, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардумро ба риояи ­қатъии талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», роҳ надодан ба зоҳирпарастиву зиёдаравӣ ва исрофкорӣ, тарбияи фарзандон дар роҳи ватандӯстӣ, раҳнамун сохтанд.

Дар охир Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки ҳар як сокини шаҳр ва деҳоти Исфара ҷашни бузурги 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикис­тонро бо заҳмати созанда ва дастовардҳои назаррас самимона истиқбол мегиранд ва онро ба яке аз гӯшаҳои пешрафтаи кишвар ва макони зебои сайру саёҳат табдил медиҳанд.

10 апрели соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд ба фаъолияти Маркази фурӯши гулҳо ва ду гармхонаи нави Корхонаи давлатии «Кабудизоркунӣ ва гулпарварӣ» оғоз бахшиданд.

Фаъолияти коргарону мутахассисони корхона асосан ба парвариши қаламча, ниҳол, гулҳои мавсимӣ ва буттаҳои ҳамешасабзу ороишии нодир равона гардида, ҳадаф аз таҷдиду навсозии он вусъат бахшидани корҳои ободонию хуррамгардонӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, аз ҷумла маркази маъмурии он, ба ҳисоб меравад.

Зимни шиносоӣ бо фаъолияти Маркази фурӯши гулҳо ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар ин ҷо намунаи зиёди дарахтони сояафкану ҳамешасабзи нодир, гулу буттаҳои ороишӣ ва асбобу зарфҳои гуногун барои парвариш ва нигоҳубини ниҳол ва гулҳо ба фурӯш гузошта шудааст.

Маркази зебову барҳавои фурӯши ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва гулу буттаҳои ороишӣ тибқи дас­турҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба тақвияти корҳои ободонию кабудизоркунӣ дар масоҳати 150 метри мураббаъ бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо мақсади фароҳам овардани шароит ба нафарони дорои завқи баланди зебоипарастӣ бунёд шудааст.

Дар он мутахассисони соҳа, дар баробари фурӯши ниҳоли дарахтони нодири сояафкану ҳамешасабз ва гулу буттаҳои ороишӣ, инчунин имкон доранд барои парвариш ва роҳҳои дурусти нигоҳубини ниҳолу гулҳо ба аҳолӣ маслиҳатҳои муфид диҳанд.

Айни замон шумораи ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ дар корхона наздики 12 ҳазор бехро ташкил медиҳад. Ду гарм­хонаи наве, ки мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд, барои парвариши зиёда аз 10 намуди гулҳои мавсимӣ пешбинӣ гардида, масоҳати умумии он 1600 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Тибқи маълумоти масъулони Корхонаи давлатии «Кабудизоркунӣ ва гулпарварӣ» давоми сол дар ҳар ду гармхона имкони парвариши то 6 миллион дона гули мавсимӣ мавҷуд буда, дар асоси дархосту талаботи аҳолӣ ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва ноҳияҳои атрофи он метавон ин нишондодро зиёд намуд. Дар гармхонаҳои нав танҳо дар як мавсим зиёда аз 2 миллион дона гул парвариш кардан имкон дорад.

То ин замон дар корхона 5 гарм­хона фаъолият мекард, ки коргарону мутахассисон дар як мавсим имконияти парвариши 700 ҳазор гулро доштанд. Ҳоло дар як мавсим наздики се миллион гули гуногунранг парвариш карда мешавад.

Сарвари давлат зимни шиносоӣ ба кори мутахассисон баҳои баланд дода, барои боз ҳам ­вусъат бахшидани корҳои ободонӣ дар шаҳр, зиёд намудани майдони парвариши ниҳоли дарахтони ороишию ҳамешасабз ва таъсиси гармхонаҳои гулпарварӣ масъулони соҳаро муваззаф намуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини соҳа супориш доданд, ки бо истифода аз заминаи мусоид барои иҷрои корҳои ободонӣ ва боз ҳам зебову дилнишин гардонидани боғу гулгаштҳо, кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Хуҷанд ва ноҳияҳои атрофи он аз шароиту имконоти мавҷуда самаранок истифода баранд.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд чун анъанаи нек ба 100 нафар ятим туҳфаҳои идонаи наврӯзӣ тақдим намуданд.

Туҳфаҳои Сарвари давлат аз маҷмӯи сарулибоси баҳорӣ, аз қабили шиму костюм, куртаҳои бачагонаву духтарона, пойафзол, ҳамчунин, ширинӣ, китобҳои гуногун ва кумаки молии яквақта дар ҳаҷми 1000 сомонӣ иборат буданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон наврасони ятимро, ки аз шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Истиқлол, Панҷакент, Ҷаб­бор Расулов, Деваштич, Спитамен, Зафаробод, Ашт ва Мастчоҳ ҷамъ омада буданд, ба ҷашни зебои эҳёи табиат — Нав­рӯзи олам­афрӯз табрику таҳният гуфта, ба онҳо саломатӣ, хониши хубу аъло ва одоби ҳамида орзу карданд.

Инчунин, таъкид намуданд, ки таваҷҷуҳи Давлату Ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба таълиму тарбияи насли наврас, бахусус ятимону бепарасторон ва фарзандони оилаҳои ниёзманд, сол то сол зиёд гардида, ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил, кору фаъолият ва зиндагии мустақилонаи онҳо тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.

Марҳила ба марҳила таҳким бахшидан ба фаъолияти муассисаҳои таълимӣ барои ятимону бепарасторон имкон дод, ки сифати нигоҳубин ва таълиму тарбия дар онҳо беҳтар гардида, кӯдакону наврасони бо амри тақдир бесаробонмонда таҳти ғамхории Давлату Ҳукумати мамлакат қарор дода шаванд ва дар оянда ҳамчун шахсони фаъолу комилҳуқуқи ҷомеа ба камол расанд.

Ятимон барои дастгириҳои доимии Ҳукумати мамлакат ба Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон изҳори миннатдорӣ намуда, иброз доштанд, ки бо баҳои хубу аъло таҳсил мекунанд ва оянда дар пешрафти ҷомеа саҳм мегузоранд.

Қобили зикр аст, ки дар вилояти Суғд 463 нафар ятим зери таваҷҷуҳи бевоситаи роҳбарияти олии сиёсии мамлакат қарор доранд ва барои онҳо шароити мусоиди зисту таълим муҳайё гардидааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд, ҳамчунин, маркази савдо ва хизматрасонии «Амид»-ро ба истифода супориданд, ки аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Саидамон Исомаддинов бунёд карда шудааст.

Он дуошёна буда, аз маркази савдо ва хизматрасонӣ иборат мебошад. Дар доираи тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ бахшида ба истиқболи ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» таъсису ба истифодадиҳии иншоот, дар баробари дастрасӣ ба маҳсулоти босифат, ҳамчунин, барои таъсиси ҷойҳои нави кор, хусусан ба шуғли доимӣ фаро гирифтани 50 сокини маҳаллӣ низ имконият фароҳам овард.

Ба хотири ҳар чӣ бештар таъмин намудани занону духтарон бо ҷойи кор масъулин иқдом гирифтанд, ки нақшаҳои мушаххасро амалӣ созанд. Ҳамин тавр, аз шумораи умумии кормандон 40 нафарро занону духтарон ташкил медиҳанд.

Зимни ба истифода супоридани иншоот ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар маркази савдо аслан маҳсулоти истеҳсоли коргоҳу корхонаҳои ватанӣ, аз ҷумла маҳсулоти гӯштӣ, ширӣ, қаннодӣ, кишоварзӣ ва нонӣ, ки дорои сифати баланду аз ҷиҳати экологӣ тоза мебошанд, ба фурӯш бароварда мешаванд.

«Амид» бо тарҳи муосир ва шаклу услуби хоси меъморӣ бунёд гардида, дар назди он таваққуфгоҳи нақлиёт бо 90 ҷой таъсис ва атрофи бино ободу зебо карда шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта ва иқдоми созандаи соҳибкори ватанӣ баҳои баланд дода, масъулонро вазифадор намуданд, ки бо истифода аз имкониятҳои ҷойдошта тадбирҳои ободонию созандагиро вусъат бахшанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд, инчунин, кӯдакистони «30-солагии Истиқлол»-ро ки бо тарҳи хеле зебо дар масоҳати як гектар бунёд ва навсозӣ гардидааст, ифтитоҳ намуданд.

Он имкон дорад 400 кӯдакро ба таълиму тарбия фаро гирад. Бо ифтитоҳи муассиса 60 нафар мутахассисону мураббиён имкон пайдо намуданд, ки дар шароити хубу муосири корӣ, ба тарбияи кӯдакони синни томактабӣ машғул шаванд.

Кӯдакистон дорои хонаи қабули кӯдакон, толорҳои васеи таълимӣ, ҳуҷраҳои барҳаво барои хоби кӯдакон, нуқтаи санитарӣ, толори мусиқӣ, толори баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, ҳуҷраҳои тиббӣ, ошхона ва анборҳои хӯрок­ворӣ мебошад. Инчунин, дар саҳни ҳавлии кӯдакистон 7 айвонча, майдончаи варзишӣ барои бозии футбол, ду ҳавзи шиноварӣ бунёд гардидааст. Дар муассиса омӯзиш бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити таълиму тарбияи кӯдакон, ба корҳои навсозӣ ва шароити муассиса баҳои баланд доданд.

Сокинони шаҳри Хуҷанд муассисаи томактабии муосирро туҳфаи арзандаи Ҳукумати Тоҷикистон барои насли ояндасози миллат арзёбӣ карда, ба Пешвои миллат барои ғамхориҳояшон миннатдорӣ изҳор намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон омӯзгоронро барои тарбияи кӯдакон дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ ва омӯхтани илмҳои муосир ҳидоят намуда, ба кӯдакону наврасон туҳфаҳои наврӯзӣ тақдим карданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази муосири хизматрасониро низ ифтитоҳ карда, дар базмгоҳи нав­рӯзии сокинони маҳаллаи Мевағул иштирок карданд.

Сарвари давлатро сокинони шаҳри Хуҷанд бо барномаи идонаи наврӯзӣ гарму самимӣ истиқбол гирифта, барои хотирнишин гузаштани тадбирҳои фарҳангӣ дастархони пурнози наврӯзӣ ­ороста, дар як гӯша таомҳои миллӣ омода карданд. Бахши дигари чорабинии наврӯзӣ аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии дастовези ҳунармандони чирадаст ва бозиҳои варзишӣ иборат буд.

Маркази нави хизматрасонӣ аз тарафи сокини ватандӯст Камолҷон Юсупов дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бунёд шуда, аз чойхонаи миллӣ, нонвойхона, сартарошхона, дорухона, коргоҳи дӯзандагӣ ва маркази ҳунарҳои миллӣ иборат мебошад, ки 20 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ шуданд.

Дар саҳни ҳавлии маҳалла барои ҷалби ҷавонону наврасон ба варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим майдончаи муосири варзишӣ оид ба футбол бунёд шудааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сокинони ватанпарвари шаҳри Хуҷанд барои пазироии самимӣ, ҷонибдории амиқ аз сиёсати созандаи Ҳукумати мамлакат, эҳёву гиромидошти расму оини аҷдодӣ ва иҷрои амалҳои бунёдкорона баҳри ободии диёр изҳори сипос карда, онҳоро ба муносибати фарорасии Наврӯзи ҷаҳонӣ табрик намуданд.

Мардуми меҳмоннавози шаҳри Хуҷанд пешравию ободониро аз баракати сулҳу ваҳдат, Истиқлолияти давлатӣ ва бо шарофати Пешвои миллат медонанд.

10 апрели соли 2021 дар шаҳри Гулистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир карданд.

Зимни он натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии вилояти Суғд дар ду моҳи аввали соли 2021 ҷамъбаст гардида, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вусъати корҳои ободонӣ, рушди соҳаҳои саноат ва кишоварзӣ дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Гулистон, Бӯстон, Бобоҷон Ғафуров, Истаравшан ва Исфараро натиҷагирӣ карда, ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои Суғд вобаста ба ҳалли масъалаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Имсол дар мамлакат 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ таҷлил мегардад. То ба ҳол дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба ифтихори ин ҷашни умумимиллӣ бунёду таҷдиди 6231 иншоот ба анҷом расид, ки 82,2 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он, хусусан, шаҳру ноҳияҳое, ки нақшаро ба таври кофӣ иҷро накардаанд, вазифадор шуданд, ки ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои боқимонда ва то ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ ба итмом расонидани онҳо чораҳои бетаъхир андешанд.

Тайи панҷ соли охир дар вилоят 479 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ бунёд ва ба фаъолият оғоз карданд, ки дар онҳо 8500 нафар шаҳрванд бо ҷойи кори доимӣ таъмин шудаанд.

Дар зарфи 10 соли охир ба иқтисодиёти вилоят барои амалисозии 50 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ зиёда аз 25 миллиард сомонӣ, аз ҷумла дар солҳои 2016 – 2020 беш аз 11 миллиард сомонӣ ҷалб гардидааст.

Ҳоло дар вилоят татбиқи 16 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ, бунёду муҷаҳҳазгардонии иншооти соҳаи маориф, барқарорсозии шабакаҳои обёрӣ ва обрасонӣ, сохтмону барқарорсозии инфрасохтори нақлиёт ва иншооти энергетикӣ, рушди кишоварзӣ ва дигар самтҳо идома дошта, маблағи умумии дар доираи онҳо азхудшуда 2,5 миллиард сомониро ташкил медиҳад.

Соли 2020 ба соҳаҳои афзалиятноки вилоят ба маблағи 2,6 миллиард сомонӣ сармояи ватаниву хориҷӣ ҷалб гардидааст, ки 900 миллион сомонии онро сармояи мустақими хориҷӣ ташкил медиҳад. Роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор шуданд, ки барои ҷалби сармояи мустақими хориҷиву ватанӣ ва густариши шарикии давлат ва бахши хусусӣ, ҳамчун яке аз самтҳои муҳими фаъолияти онҳо, бо масъулияти баланд муносибат намоянд.

Тибқи маълумот, тайи ду моҳи соли ҷорӣ нақшаи даромади буҷети давлатӣ дар вилоят 100 фоиз иҷро шудааст, вале иҷрои нақшаи панҷ намуди андоз таъмин нагардидааст. Бақияи қарзи андоз низ ташвишовар буда, ҳаҷми он то аввали моҳи марти соли 2021 бо дарназардошти андози иҷтимоӣ 78,2 миллион сомониро ташкил додааст. Қисми асосии бақияи қарзи андоз, яъне 76 фоизи он ба шаҳрҳои Хуҷанд, Исфара, Панҷакент, Истаравшан ва ноҳияҳои Зафаробод, Мастчоҳ ва Бобоҷон Ғафуров рост меояд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, масъулини вазорату идораҳои дахлдор супориш доданд, ки вобаста ба камбудиҳои мавҷуда дар самти иҷрои нақшаи қисми даромади буҷет, баланд бардоштани самаранокии хароҷоти маблағҳои буҷетӣ ва риояи қатъии интизоми молиявӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.

Мувофиқи маълумоти оморӣ, дар вилоят тайи ду моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 2 миллиарду 920 миллион сомонӣ расонида шуда, суръати афзоиш 130,6 фоизро ташкил додааст.

Давоми ду моҳи соли 2021 дар вилоят 21 корхонаву коргоҳи нав бо таъсиси 176 ҷойи кор ба истифода дода шудааст. Ҳамчунин, дар ин давра 11 корхона бо 157 ҷойи кор барҳам хӯрда ё самти фаъолиятро иваз намудаанд.

Президенти мамлакат дас­тур доданд, ки бо мақсади ба кор андохтани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда Ҳукумати мамлакат, вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳрҳои Гулис­тону Панҷакент ҷиҳати ҳалли масъалаҳои додани иҷозатнома, ҷудо намудани қитъаҳои замин, ҷалби сармоя ва ба роҳ мондани коркарди ниҳоии маҳсулоти соҳа чораҳои зарурӣ андешанд.

Бо мақсади фаъол намудани иқтидори мавҷудаи корхонаҳои саноатии кишвар, инчунин, самаранок истифода намудани имкониятҳои мавҷудаи онҳо ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав супориш дода шуд, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор нақшаи чорабиниҳоро оид ба тақвияти самаранокии фаъолияти корхонаҳои саноатии кишвар таҳия намуда, ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд.

Бояд гуфт, ки тибқи ҳисобҳои пешакӣ захираҳои умумии ояндадори ангишт дар Тоҷикистон зиёда аз 4 миллиард тоннаро ташкил медиҳад ва аз ин ҳаҷм тибқи омӯзиши геологӣ 314 миллион тоннаи он ангишти саноатӣ буда, 93 фоизи захираи мавҷуда, ки 300 миллион тоннаро ташкил медиҳад, ба вилояти Суғд рост меояд. Дар конҳои ангишти вилоят панҷ корхона фаъолият дошта, соли 2020-ум 1 миллиону 761 ҳазор тонна ангишт истихроҷ кардаанд, ки 87 фоизи ҳаҷми умумии истихроҷи ангишти кишварро ташкил медиҳад. Аммо то ба ҳол истифодаи самараноки конҳои мавҷудаи ангишт ба талабот ҷавобгӯ нест.

Бинобар ин, бо мақсади таъсиси ҷойҳои нави кор, барқарорсозии иқтидори корхонаҳои аз фаъолият бозмонда, афзоиши корҳои истихроҷ, таъмини талаботи мамлакат бо ангишт ва ба роҳ мондани содироти он ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав якҷо бо вазоратҳои молия, энергетика ва захираҳои об, Кумитаи андоз ва дигар мақомоти дахлдор супориш дода шуд, ки нақшаи чорабиниҳои рушди истихроҷи ангишти кишварро бо дарназардошти ҳаллу фасл намудани мушкилиҳои ҷойдошта, пардохти қарзи ангишти истифодашуда аз тарафи корхонаҳои энергетикӣ ва муассисаҳои давлатӣ, инчунин, содагардонии механизми андозбандӣ – бонуси обунавӣ чораҳои қатъӣ андешанд.

Дар асоси супоришҳои қаблӣ бо мақсади амалисозии ҳадафи саноатикунонии босуръати кишвар ва таъсиси ҷойҳои кории нав, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд вазифадор гардид, ки якҷо бо вазорату идораҳои марбута дар самти таъсиси маҷмааҳои саноатии илмӣ, аз ҷумла, парк­ҳои инноватсиониву технологӣ дар ҳар як шаҳру ноҳияи вилоят чораҳои заруриро амалӣ намояд.

Дар ду моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии вилоят 428,3 миллион сомониро ташкил кардааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020-ум 6,6 фоиз зиёд аст.

Роҳбарону мутахассисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадор шуданд, ки дар ҳамкорӣ бо Вазорати кишоварзӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ҷиҳати истифодаи самараноки заминҳо, беҳтар намудани ҳолати мелиоративии онҳо, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ ва ба ин васила гирифтани то се ҳосил тадбирҳои мушаххас андешанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои онро вазифадор карданд, ки ташаббусҳои соҳибкоронро ҷиҳати бунёди корхонаҳои парандапарварӣ ва моҳипарварӣ минбаъд низ ҳамаҷониба дастгирӣ намоянд.

Зимни таҳлили вазъи соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маорифу тандурустӣ, Сарвари давлат роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, шаҳру ноҳияҳои он ва Вазорати маориф ва илмро вазифадор карданд, ки ҳалли мушкилоту масъалаҳои вобаста ба бун­ёди муассисаҳои таълимӣ, ҳавасмандгардонии омӯзгорони ҷавон, иҷрои босифати барномаҳои соҳавӣ ва баланд бардош­тани сатҳу сифати таълимро таъмин намоянд.

Барои пешгирии ҷинояткорӣ дар байни наврасону ҷавонон дастур дода шуд, ки Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят, Вазорати маориф ва илм якҷо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва бо ҷалби васеи сохторҳои кор бо ҷавонон, занон, падару модарон ва фаъолон ҷиҳати пешгирии ин ҳолати нангин чораҳои мушаххас андешанд.

Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар вилояти Суғд 316 иншооти соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла 56 беморхонаву марказ ва шуъбаҳои табобатӣ барои 3100 кат сохта, ба истифода дода шудаанд.

Вобаста ба норасоии мутахассисони бахшҳои эҳё, силшиносӣ, тибби оилавӣ ва сироятшиносӣ дар баъзе аз шаҳру ноҳияҳо ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят супориш дода шуд, ки якҷо бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои бартараф намудани мушкилоти зикршуда тадбир андешанд.

Масъалаи ташкил ва нигоҳдории ҷойҳои кор омили муҳими ҳалли мушкилоти иқтисодиву иҷтимоии аҳолӣ ва паст кардани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ буда, соли 2020 дар ин самт беш аз 47 ҳазор ҷойи нави кори доимӣ ва мавсимӣ таъсис дода шудааст.

Раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор шуданд, ки бо роҳи бунёди иқтидори нави истеҳсолӣ, дастгириву ҳавасманд намудани фаъолияти соҳибкорӣ ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои нав барои таъсиси ҷойҳои нави кор, паст кардани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ, инчунин, пардохти саривақтии музди меҳнат тадбирҳои мушаххас андешанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кори машварат, ҳамчунин, баъзе аз масъалаҳои муҳими вобаста ба риояи қонуният, интизоми молиявӣ ва хизматӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоятро таҳлил карда, барои пешгирии ҷиноят ва қонуншиканиҳо дар ин самт роҳбарони вилоят, шаҳру ноҳияҳо, шаҳраку деҳот, мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барои ислоҳи онҳо вазифадор карданд.

Дар охир Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки вилояти Суғд дорои имконияту захираҳои калон буда, истифодаи самараноки онҳо ва таъмин намудани рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии вилоят, дар навбати аввал, ба қобилияти кордониву ташкилотчигии роҳбарону фаъолон, заҳмати содиқона ва азму талоши ватандӯстонаи ҳар як сокини вилоят вобаста мебошад.

Сипас, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раисони як қатор шаҳру ноҳияҳои вилоят доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ дар ду моҳи соли 2021 ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ҳисобот доданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаб­бой Аҳмадзода аз номи мардуми заҳматдӯсти вилоят ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иқдому ташаббус ва дастгириву ғамхориҳояшон изҳори миннатдорӣ карданд.

Ҳамин тавр, 11 апрели соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди анҷоми сафари корӣ аз вилояти Суғд ба шаҳри Душанбе баргаштанд.

www.president.tj

Барқияи табрикӣ
6 апрели соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Сотсиалистии Вйет­нам Нгуен Суан Фук барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ!

Бо камоли мамнуният Шуморо ба муносибати интихоб шуданатон ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Вйетнам табрик ва муборакбод менамоям.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори густаришу таҳкими ҳар чӣ бештари робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои суд­манд бо Вйетнам буда, нисбат ба дурнамои онҳо назари бисёр нек дорад.

Умед дорам, ки дар давраи фаъолияти Шумо дар ин маснади олӣ бо саъю эҳтимоми муштарак ҳамкориҳои байни давлатҳоямонро ба сатҳи сифатан нав бардошта, мазмуну мундариҷаи онҳоро боз ҳам ғанитар хоҳем гардонид. Дар ин самт мо омодаем, ки тамосҳои анъанавии сатҳи олии байни Тоҷикистон ва Вйетнамро идома дода, тамоми имконияти мавҷударо мавриди истифодаи самарабахш қарор диҳем.

Ба Шумо, ҷаноби Президент, сиҳатмандиву комёбӣ ва барои кишвари дӯсти Вйетнам ва мардуми он рифоҳу шукуфоии бештар орзумандам».

www.president.tj

Пешвои миллат Пак Бён Сокро ба ҳузур пазируфтанд
Якуми апрели соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Маҷлиси миллӣ (Парламент)-и Ҷумҳурии Корея Пак Бён Сокро ба ҳузур пазируфтанд.

Зимни суҳбат вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории ҳар ду кишвар дар бахшҳои тиҷоративу иқтисодӣ, саноат, илмӣ-техникӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Таъкид гардид, ки фаъолияти минбаъдаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва густариши равобит бо Фонди рушди ҳамкории иқтисодӣ метавонад омили таҳкими муносибатҳо дар ин самт ва афзоиши ҳаҷми сармоягузорӣ байни тарафҳо шавад. Истифодаи иқтидори бойи захираҳои табиии Тоҷикистон, таъсиси марказҳои логистикию тиҷоратӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи бонкдорӣ, ҷудо кардани қарзҳои имтиёзнок ба иқтисодиёти Тоҷикистон аз самтҳои ояндадори ҳамкории ҳар ду кишвар маънидод гардид.

Аз сатҳи ҳамкории байни ҳукуматҳо, аз ҷумла фаъолияти пурсамари Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Корея (KOIKA), изҳори қаноатмандӣ карда, ҳамчунин, дурнамои муносибот дар соҳаҳои барои ҷонибҳо судманди туризм, ташкили парвозҳои мустақим байни кишварҳо, муҳоҷирати меҳнатӣ, робитаҳои илмӣ, фарҳангию гуманитарӣ, таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ дар давраи пандемия баррасӣ гардид.

Айни ҳол дар доираи ҳамкорӣ дар соҳаҳои илм ва маориф беш аз 200 донишҷӯйи тоҷик дар муассисаҳои олии таълимии Корея таҳсил доранд. Инчунин, масъалаи зиёд кардани бурсияҳо барои Тоҷикистон ба миён гузошта шуд.

Ҷонибҳо, ҳамчунин, масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи амният ва вазъи сиёсии Афғонистонро баррасӣ карда, оид ба мубориза бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, аз қабили терроризм, экстремизм, радикализм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар шаклҳои ҷинояткории муташаккилонаи фаромиллӣ табодули андеша намуданд.

www.president.tj