29 дастоварди бузург дар 29 соли соҳибистиқлолӣ

№109 - 110 (4215-4216) 09.09.2020

518124Истиқлолияти давлатӣ роҳи ояндаро мунаввар сохт. Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳила ба марҳила ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Дар зер 29 дастовардеро, ки ба рушду инкишофи кишвар замина гузоштанд, пешкаш менамоем:

1) 24 августи соли 1990 Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон қабул гардид, ки тибқи он 9 сентябри соли 1991 Тоҷикистон истиқлолияти комил ба даст овард.

2) Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 марти соли 1992 узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид гардид.

3) 16 ноябри соли 1992 Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар «Қасри Арбоб»-и шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардида, унвони «Иҷлосияи тақдирсоз»-ро гирифт. Зеро ба сарнавишти талхе, ки ба сари мардуми тоҷик омада буду миллатро хавфи нобудшавӣ таҳдид мекард, нуқта гузошт.

4) 24 ноябри соли 1992 аз ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид, ки рамзи бақои давлату миллати тоҷик ва яке аз муқаддасоти миллӣ ба ҳисоб меравад.

5) Дар Иҷлосияи ҳаждаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дигаргунӣ  ворид карда шуд, ки он аз тоҷдорию давлатдории навини тоҷикон шаҳодат медиҳад.

6) 23 феврали соли 1993 Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт.

7) 7 сентябри соли 1994 дар Иҷлосияи XIX Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Бо дархости мардуми кишвар оҳанги пешина, ки ба бастакори машҳури Тоҷикистон Сулаймон Юдаков тааллуқ дошт, монда шуда, матни он иваз гардид. Оҳангро ҳанӯз соли 1964 Сулаймон Юдаков ба матни Абулқосим Лоҳутӣ эҷод карда буд. Бо ҳамин оҳанг Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ матни мувофиқ офарид ва ҳайати доварон онро маъқул донистанд.

8) 6 ноябри соли 1994 бори нахуст бо тарзи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд, ки аз 10 боб ва 100 модда иборат аст.

9) Бо талошҳои ҷоннисоронаву пайгиронаи Пешвои миллат 27 июни соли 1997 «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ» қабул гардид ва кишвар аз нав ба ошёни сулҳу ваҳдат табдил ёфт.

10) Соли 1999 -ум 1100 — солагии аввалин давлати мутамаркази тоҷикон – давлати Сомониён ва 90 — солагии муаллифи китоби «Тоҷикон», Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров таҷлил гардид.

11) Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз 26 октябри соли 2000 таҳти №415, 30 октябри соли 2000 воҳиди нави пули миллии кишвар – сомонӣ, ки ба ифтихори бунёдгузори нахустин давлати мутамаркази тоҷикон Исмоили Сомонӣ (849–907) номгузорӣ шудааст, ба муомилот баромад.

12) Дар даврони давлатдории навин арҷгузорӣ ба солгарди шаҳрҳои таърихӣ ба ҳукми анъана даромад. Аз ҷумла, 2500 — солагии шаҳри Истаравшан, 2700 — солагии шаҳри Кӯлоб ва 3000 — солагии Ҳисори шодмон ҷашн гирифта шуданд. Баргузории ҷашни 5500 — солагии Саразм соли 2020 ба нақша гирифта шудааст.

13) Бо ташаббусҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид соли 2003 «Соли байналхалқии оби тоза», соли 2013 — «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об», солҳои 2005-2015- Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт» ва солҳои 2018-2028- Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор» эълон гардид.

14) Ба хотири гиромидошти симоҳои барҷастаи илму адаб ва сиёсат солгарди мавлуди онҳо пайваста ҷашн гирифта мешавад. Аз ҷумла, 1150 — солагии Сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс, Малик — уш — шуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, 1000 — солагии шоир ва мутафаккири бузурги тоҷик Носири Хусрав, 800 — солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, 700 — солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, 600 — солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ, 400-солагии ситоишгари фарҳанги шаҳрдорӣ, суханвари бузурги тоҷик Миробид Сайидои Насафӣ, 700 — солагии шоири ширинкалом Камоли Хуҷандӣ таҷлил гардиданд.

15) Соли 2009 — Соли бузургдошти пешвои мазҳаби ҳанафӣ Имоми Аъзам – Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит эълон шуд, ки дар доираи он Конфронси сатҳи баланди байналмилалӣ ва дигар чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ доир шуданд. Ба ин муносибат, китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо номи «Имоми Аъзам. Рӯзгор, осор ва афкор» ба табъ расид.

16) Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири нав қабул гардид, ки шаҳодати ба таъриху забон ва адабиёту фарҳанги миллӣ арҷ гузоштани Давлату Ҳукумат ва халқи Тоҷикистон аст.

17) Нақбҳои «Истиқлол», «Шаҳристон», «Хатлон», «Дӯстӣ», «Озодӣ»  сохта, ба истифода дода шуданд, ки дастовардҳои беназир дар самти роҳсозианд.

18) Роҳҳои мошингарди «Душанбе — Хуҷанд — Чаноқ», «Айнӣ — Панҷакент», «Кулма — Қароқурум», «Душанбе — Қӯрғонтеппа — Кӯлоб», роҳи оҳани «Душанбе — Бохтар» баъди бозсозӣ ва таъмиру таҷдид ба истифода дода шуданд, ки барои баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва баланд бардоштани сатҳи иқтисодиёти минтақаҳои кишвар заминаи боэътимод гузоштанд.

19) Баъди ба истифода додани ду агрегати Неругоҳи барқи обии «Роғун», неругоҳҳои хурду бузурги дигар дар ҷумҳурӣ яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар — расидан ба истиқлолияти энергетикӣ пурра амалӣ гардид.

20) Сохтмону бунёди иншооти фарҳангиву фароғатӣ, таълимиву варзишӣ ва тиббию истироҳатӣ, аз ҷумла, биноҳои истиқоматӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, мактабу боғчаҳои кӯдакон, беморхонаю марказҳои саломатӣ, китобхонаю осорхонаҳо, театру филармонияҳои халқӣ, боғҳои фарҳангию фароғатӣ, варзишгоҳу майдону маҷмааҳои варзишӣ ва дигар иншоот аз дастовардҳои дигари назарраси даврони соҳибистиқлолии кишвар мебошанд.

21) Қабули қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» низ аз дастовардҳои арзишманди давраи истиқлолият ба ҳисоб мераванд.

22) Ҷумҳурии Тоҷикистон узви созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ – Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони умумиҷаҳонии савдо, Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони амният ва ҳамкории Аврупо, Созмони давлатҳои исломӣ ва ғайра шуд, ки дар доираи онҳо мизбони якчанд конфронсу симпозиум ва форумҳои сатҳи ҷаҳонӣ гардид.

23) Шаҳри Душанбе – пойтахти Тоҷикистон, шаҳри сулҳу дӯстӣ, маскани фарҳангу маърифат, хонаи умеди ҳар тоҷику тоҷикистонӣ, узви Ассамблеяи байналхалқии пойтахтҳо ва бузургшаҳрҳо (МАГ), Ташкилоти байналхалқии бародаршаҳрҳо (МОГП), Ташкилоти Боулдер-Душанбе бародаршаҳрҳо (БДГП), Ташкилоти умумиҷаҳонии шаҳрҳои муттаҳида ва ҳокимиятҳои маҳаллӣ (ВО ОГМВ) шуд ва айни замон бо 18 шаҳри калонтарину пешрафтаи Осиё, Африқо, Аврупо, Амрико ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил паймони бародаршаҳрӣ дорад.

24) Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо содир намудани қатънома ҷашни миллии тоҷикон – Наврӯзи Аҷамро ҷашни байналмилалӣ эълон кард.

25) Бо ташаббуси Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷмааи фарҳангии «Кохи Наврӯз» ба рӯйхати «8 муъҷизаи Созмони ҳамкории Шанхай» ворид гардид, ки боиси ифтихору сарфарозии мардум мебошад.

26) Соли 2018 — «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва солҳои 2019-2021 — «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон шуданд, ки рушди инфрасохтори сайёҳӣ, муаррифии имкониятҳои сайёҳию фарҳангӣ, ёдгориҳои таърихии меъморию табиӣ, эҳёву инкишофи ҳунарҳои бадеии халқӣ, дар маҷмӯъ, рушди маҳал, заминаи мусоид фароҳам оварданд.

27) Номи аксар шаҳру ноҳияҳо ва маҳалҳои аҳолинишин иваз ва ба номи қаҳрамонони Тоҷикистон, чеҳраҳои мондагори илму адаб ва сиёсати тоҷик гузошта шуд ё номи таърихии онҳо барқарор гардид, ки нишонаи миллати тамаддунофар мебошад.

28) Аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саноатикунонии босуръати кишвар ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии мамлакат эълон гардид, ки мақсад аз он пешрафти ҳар чӣ бештари соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ аст.

29) Ниҳоят, омодагӣ ба таҷлили ҷашни 30 — юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки ба ин муносибат амалисозии корҳои ободониву шукуфоӣ ва бунёдкорию созандагӣ ба роҳ монда шудааст.

Зимнан, ҳар як фарди бонангу номусро зарур аст, ки ба қадри сарзамини аҷдодӣ, неъматҳои гаронбаҳои ваҳдату истиқлолият бирасад.

Таҳияи Озар БАҲРОМЗОДА,

корманди Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон