Ислом ба зоти худ надорад айбе…

№40 (3677) 15.04.2017

Терроризм ва экстремизм (ифротгаройӣ) аз ҷумлаи амалҳоеанд, ки теша ба решаи дарахти сабзи суботу амният ва сулҳу ваҳдат мезананд. Ин амалҳои номатлуб садҳо кӯдакро дучори хушунату бепарасторӣ, гуруснагию дарбадарӣ гардонида, садҳо модарро доғи фарзанд дар дил монда, кишвару миллатҳоро ба вартаи ноамнӣ кашидааст.

Ба ин хотир, соли 2003 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди ифротгароӣ» қабул шуд, ки мақсад аз он, пеш аз ҳама, риоя ва ҳимоя намудани ҳуқуқ, озодиҳои инсон, асосҳои сохти конститутсионӣ, таъмини якпорчагӣ ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар моддаи 3-юми ин қонун мафҳуми ифротгаройӣ чунин шарҳ ёфтааст: «Ифротгароӣ зуҳуроти аз ҷониби ашхоси ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар шакли амалҳои воқеан чапгаро инъикосёфтае мебошад, ки ба бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои наҷодӣ, миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ даъват мекунад».

Бино ба маълумоти мақомоти интизомии вилояти Хатлон, нимаи якуми соли 2016 зиёда аз 210 нафар (аз ҷумла 59 ноболиғ) ба гурӯҳи тундрави ба ном «Давлати исломӣ» пайвастаанд. Феълан, 46 оила (ҷамъ 160 нафар) дар Сурия истиқомат доранд.

То имрӯз 31 сокини вилоят дар ҷангҳо ба ҳалокат расидаанд. Синну соли миёнаи онҳое, ки ба ДИИШ пайвастаанд, тибқи иттилои Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон, аз 20 то 36 солро ташкил медиҳад.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят дар нимаи якуми соли 2016 пайравӣ ё узвияти 31 сокини минтақаи Қӯрғонтеппаро дар созмони мамнӯи «Гурӯҳи 24» ошкор карданд, ки бо пайравони ҷараёни салафия ва «Давлати исломӣ» робита доштаанд.

То нимаи якуми соли 2016 дар вилоят, ҳамчунин мансубияти 190 нафар ба ҷараёни мамнӯи салафия муайян шудааст, ки ба тарғиби мазҳаби бегона ва ақидаҳои ифротӣ дар масҷидҳо, паҳннамоии диску фиттаҳо шуғл меварзиданд. Дар миёни онҳое, ки бо иттиҳоми пайравӣ ба ҷараёни салафия боздошт шудаанд, 12 нафар имомхатиб ва муовинони онҳо низ будаанд.

Мақомоти ҳифзи  ҳуқуқ муайян кардаанд, ки 240 сокини вилояти Хатлон ба сафи гурӯҳи ба ном «Давлати исломӣ»  ба воситаи шабакаҳои интернет ташвиқ ва шомил шудаанд. То имрӯз 133 пайрави «ДИ» дар дохил ва 107 нафар дар хориҷ боздошт шудаанд. 77 сокини вилоят аз кишварҳои ҷангзада ба Ватан бозгардонида шуда, бинобар пушаймон будан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод гардиданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ин зуҳуроти номатлуб дар яке аз баромадҳояшон чунин изҳори андеша карда буданд: «Ифротгаройӣ ва терроризм дин, мазҳаб ва миллат надорад ва ба ин зуҳуроти нангин омехта кардани ислом кори нодуруст аст. Мубориза бо экстремизму терроризм ва ҷинояткориро ҳаргиз чун мубориза бар зидди дин муаррифӣ набояд кард.

Зарур аст, ки бо истифодаи ислом ба чунин мақсадҳои зишт роҳ дода нашавад ва ҷинояткорону ифротгароён барои амалҳои ҷинояткоронаашон дар назди қонун ҷавоб гӯянд».

Аммо боиси ташвиш ва нигаронист, ки имрӯз дар ҷангҳои Сурияю Ироқ баъзе ҷавонони содаю ноогоҳ падару модари пир ва зану фарзандонро ба ҳукми тақдир ҳавола намуда, ширкат варзида истодаанд. Онҳо худро бо он тасаллӣ медиҳанд, ки гӯё дар роҳи Худо меҷанганд. Қатлу хунрезӣ на танҳо барои паҳншавии ислом хидмат намекунад, балки мардуми ҷаҳонро водор месозад, ки барои пешрафти ислом монеа эҷод кунанд. Ба ибораи дигар, чунин «муҷоҳиддин» ба осиёби душманони ислом об мерезанд. Ҳамин гуна фатвоҳои нодуруст буд, ки ҷомеаи исломӣ пешрафт накард ва чеҳраи аслии ислом пӯшида монд.

Ҳақ ба ҷониби шоир Ҷалолиддини Афғонӣ аст, ки гуфтааст:

 Ислом ба зоти худ надорад айбе,

Ҳар айб, ки ҳаст, дар мусулмонии мост.

Аз ин рӯ, барои аз байн бурдани чунин зуҳуроти номатлуб зарур аст, ки бо иштироки кормандони ҳифзи ҳуқуқ, шахсони рӯзгордида ва собиқадорони меҳнат зуд-зуд вохӯрию ҷамъомадҳо ташкил шаванд. Дар муассисаҳои таълимӣ вақти муайян барои шарҳу тафсири воқеаҳои ҷаҳон ҷудо гардад. Ин гуна  чорабиниҳо имконият медиҳанд, ки ҳисси худшиносии ҷавононро тақвият бахшем ва онҳоро дар рӯҳияи инсондӯстӣ тарбия карда, анъанаҳои падарони шуҳратманди  худро содиқона давом диҳем.  

Сулаймон СУЛТОНОВ,

«Садои мардум»