Пойтахт. Чаро сокинони он бояд намунаи ибрат бошанд?

№41 (3678) 18.04.2017

OLYMPUS DIGITAL CAMERAШаҳр, хусусан пойтахт, маркази тамаддуни ҳар халқу миллат буда, таҷассумгари симои кишвар дар назди ҷаҳониён мебошад. Аввалин натиҷагирии мардуми  хориҷӣ аз симои зоҳири бошандагони он ва таърихи шаҳр оғоз мегардад. Биноан, маданияту маърифати сокинони шаҳр бояд баланд ва намуна бошад. 

Тайи солҳои охир шаҳри Душанбе ба куллӣ тағйир ёфта, биноҳои зиёди ҳозиразамони маъмурӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, боғу гулгаштҳо ба ҳусни он ҳусни нав зам кардааст. Аз ҷумла, Боғи устод Рӯдакӣ, боғҳои Парчам ва Нишони давлатӣ, «Наврӯзгоҳи пойтахт», Китобхонаи миллӣ, Осорхонаи миллӣ ва дигар иншооти бузурги фарҳангӣ дар ҷаҳон камназиранд. Ин аз як тараф Душанберо ба як шаҳри зебо табдил дода бошад, аз ҷониби дигар барои рушд кардани маданияти шаҳрнишинӣ ва фарҳанги сокинони пойтахт бояд мусоидат кунад. Вале бо як нигоҳи сатҳӣ дармеёбем, ки дар маданияту фарҳанги шаҳрнишинӣ камбудиҳои зиёде дида мешавад. Иддае аз сокинон монанди мусофиранд, ки гӯё барои чанд рӯз ба шаҳр меҳмонӣ омада бошанд.

Ҷаъфари Ҷалол, ҳунарманди тоҷик, оид ба ахлоқу рафтори аксари сокинони пойтахт изҳори нигаронӣ кард ва маданияту фарҳанги шаҳршинонро дар муқоиса ба шаҳрҳои бузурги ҷаҳон хеле паст арзёбӣ намуда, минҷумла гуфт, ки «Дар Маскаву баъзе шаҳрҳои аврупоӣ будам. Нахустин чизе, ки ба назар мерасид, андаруни мошинҳо, автобусу метро дар дасти одамон китобу маҷалла буд. Яъне, мардуми он ҷо ҳатто дохили нақлиётро барои як зарра афзудани дарку фаҳмашон истифода мебаранд. Дар мо чӣ? Ё офтобпараст хӯрда, дохили нақлиётро ифлос мекунем ё бо суханҳои дағалу фаҳш атрофиёнро малол месозем».

Боиси фараҳмандист, ки дар кишвар бо ташаббус ва супориши бевоситаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба китобу китобдорӣ аҳамияти хос зоҳир мегардад. Ҳоло Китобхонаи миллӣ, китобхонаҳои шаҳрӣ ва ноҳиявӣ, инчунин мағозаҳои китобфурӯшӣ фаъолият намуда, теъдоди китобҳои нашршуда низ афзудааст. Мутаассифона, таваҷҷуҳи мардум ба китобхонӣ хеле кам аст. Дидан мумкин аст, ки қисмати аъзами китобҳо дар рафҳо чанг гирифта хобанд. Дар дохили нақлиёт ва нишастгоҳҳои хиёбону боғҳои фарҳангию фароғатӣ аҳён-аҳён дар дасти касе рӯзнома, маҷалла ва китоб ба назар мерасад.

Имрӯз ягона «машғулият»-и ҷавонписарон ба духтарҳо гап партофтану бо суханони ноҷо онҳоро озурда намудан ё бо телефонҳои дастиашон гуфтугӯ кардан аст.

Вақте бо сокинони шаҳр доир ба маданияти ҷавонон ҳамсуҳбат шудем, аксар аз бадзабониву бемаърифатии онҳо изҳори норозигӣ карданд.

Қурбоналӣ Бобоев, сокини пойтахт гуфт:

- Рафтори бархе аз ҷавонон дар боғҳои истироҳатӣ ва хиёбонҳои пойтахт бемаърифатии онҳоро нишон медиҳад. Онҳо баробари дидани зан ё духтари танҳо, беҳудагӯиҳояшонро сар мекунанд. Ҳатто фикр намекунанд, ки шояд бародар ё шавҳараш дар ҳамон ҷост.

Рӯзе бо рафиқам аз назди Кохи Борбад  гузар мекардем. Ҷавонписаре ду духтарро бо барф зад. Ӯ ба нороҳатии онҳо нигоҳ накарда, аз кори худ лаззат мебурд. Вақте ба ҷавон нодуруст будани рафторашро фаҳмондам, ӯ ба ман гуфт: «Чӣ инҳо ба ту ягон хешовандӣ доранд? Агар не, ба роҳат рафтан гир. Мардак ай болои духтар ҷанг намекунад».

20 марти соли 2017 қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ «Дар бораи таъсис додани гурӯҳи муштараки таблиғотӣ оид ба тарғиби маданияту масъулияти шаҳрнишинӣ, густариши корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар шаҳри Душанбе» ба тасвиб расид. Тибқи ин қарор, аъзои гурӯҳ бояд дар маҳаллаҳои Душанбе бо мардум вохӯрда, роҷеъ ба маданияти шаҳрнишинӣ суҳбат кунанд.

Дар робита ба гуфтаҳои боло, директори Китобхонаи шаҳрии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ Абдулқодир Талбаков омӯзиши фарҳангу оини шаҳрнишиниро яке аз аркони асосӣ дар ҷомеа арзёбӣ кард. Ӯ сабаби паст будани ахлоқи бархе аз маскунони пойтахтро ба пайомадҳои ҷанги шаҳрвандӣ марбут медонад: «Ҳодисаҳои солҳои 1992-1995 ҷараёни «урбанизатсия» (кӯчиши деҳотиён ба шаҳр ва шаҳришавӣ)-ро тезонид. Дар натиҷа, қисмате аз сокинони аз маданияти шаҳрнишинӣ бехабар, маърифати шаҳрдорию шаҳрнишиниро коста карданд. Ҳамчунин, солҳои 1992-1998 заиф гардидани таълиму тарбия низ дар ин раванд нақши манфӣ гузошт.

Ҳис мешавад, ки даҳ соли охир вазъият рӯ ба беҳбудӣ ниҳода, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрдорӣ ва фаъолони шаҳр низ кӯшиши зиёд карда истодаанд, то маърифату маданияти шаҳрнишинӣ болотар равад. Ин иқдом бояд аз ҳар сокини шаҳр ва ҳар хонавода сарчашма гирад».

Ҳарчанд роҳҳои пойтахти кишвар азнавсозӣ шуданд, дар чунин роҳҳои бонизом ҳам бенизомӣ ба назар мерасад. Боиси нигаронист, ки ронандагони мусофиркаш нақлиётро дар қаторҳои дуюм ва ҳатто сеюм нигоҳ медоранд. Аз теъдоди муайяншуда бештар мусофир мегиранд, ки ин сабаби норозигии мусофирон мегардад.

Пиёдагардон низ аз камбудӣ орӣ нестанд. Дар ҳоле ки гузаргоҳҳои махсус ва роҳҳои зеризаминӣ ҳаст, онҳо аз ҷои хостаашон роҳро убур  мекунанд. Ин ҳолатро ҳар рӯз дар назди бинои Сирки давлатӣ ва фурӯшгоҳи Садбаргу Боғи ҳайвонот дидан мумкин аст.

Дар баробари ин, аксари сокинони пойтахт, махсусан ҷавонон, ба ҷойи калимаҳои ноби тоҷикӣ бештар вожаҳои  лаҳҷавиро мавриди истифода қарор медиҳанд.

Яке аз оинҳои шаҳршинӣ риоя кардани меъёри забони адабӣ ба ҳисоб меравад, ки мутаассифона «бо ҳар ду по мелангад».

Хуллас, ҳар як фард бояд барои ободу зебо нигоҳ доштани пойтахт — шаҳри Душанбе саҳм гузорад. Ин рисолати инсонист, на чизи дигар.

Ҷамшеди Сабоҳиддин,

«Садои мардум»