Анҷумани меҳр

№129 (3766) 02.11.2017

logo_xvi_pngХалқи тоҷик дар тӯли таърих бо монеаҳои бузург ва номеҳрубониҳои замон борҳо рӯ ба рӯ шудааст. Воқеаҳои охири асри ХХ, ки дар мамлакат рух доданд, аз ҷумлаи нақшаҳои рақибони таърихист, ки дар бойгониҳо рӯи рафҳо зери гарди бухлу кин хуфта буданду бо вазидани боди рашку ҳасад рӯйи кор омаданд.

Истиқлолияте, ки ормону орзуи аҷдодон буду баъди ҳазор соли аз даст рафтан онро боз ба даст овардем, зери хатар монд. Аз собиқ вилояти Қӯрғонтеппа, ки маркази даргириҳо буд, мардум аз тарсу ҳарос ба ноҳияи нисбатан амнтар, қисмате ба берун аз марз фирор карданд. Модарони хаста, хоҳарону арӯсони навбахт аз хонаву дар ва пайвандон ҷудо гашта, бо қалби афгор аз Ватан дур шуданд. Алангаи оташ рӯз аз рӯз васеъ мешуд. Хатар на танҳо ба ҷисму ҷони инсонҳо, балки ба марзу буми аҷдодӣ низ таҳдид дошт. Пирони рӯзгордида, гурӯҳе, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок дош­танд, дар қиёс ба низои дохилӣ ангушти ҳайрат мегазиданд. Аз он дар шигифт буданд, ки бародарони ҳамхун, ҳамзабон, якмазҳаб дар сарзамини хеш пушти сангар ба қасди ҷони якдигар дар даст силоҳу ханҷар қарор гирифтаанд. Ҳукумати вақт иқтидори идоракунии давлатро аз даст доду инони давлату қонун зери итоати ханҷару силоҳ буд. Агар дар ҳамон айём қувваҳое, ки ба пуштибонӣ ва ҳимояи ҳокимияти конститутсионӣ муттаҳид шуда, сару садо баланд намекарданд, сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ногузир таназзул меёфт.

Авзо печидаву гиреҳхӯрда, мураккаб боқӣ мемонд. Қадами номубораки кину пархош аз водии Вахш ба Душанбе, Ҳисор, Кофарниҳон ва Ғарм расид. Дар ин набарди таҳмилӣ қаҳрамон ҷустану ғолиб омадан чандон ба назар намерасид. Зеро рақибон бародаронро ба майдони муқовимат кашида буданду сулҳфурӯшӣ мекарданд.

Ба иқболи баланди миллат хиради азалӣ раҳнамои ақл гашт. Вакилони халқ барои доир намудани ҷаласа пайти муносиб ва минтақаи осоишта меҷустанд. Шукр, ки қисмати шимолии ҷумҳурӣ нисбат ба дигар қисматҳо босубот буд ва шаҳри Хуҷанд макони баргузории иҷлосия интихоб шуд. Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо талоши вакилони халқ ва бо мушкилию зери фишору таҳдид ба кор оғоз кард. Аз лиҳози моҳият онро метавон анҷумани меҳр номид. Баргузории он ба сони ахтари раҳнамое дар шаби тираву тори мардуми раҳгуму ғамдор буд. Пайки иҷлосия на танҳо фазои иттилоотии Тоҷикистон, балки оламро фаро гирифт. Ҳушу гӯш ва чашмҳо ба радиову телевизион ва расонаҳои хабарӣ буд.

Ҳама интизори он буданд, ки дар иҷлосия тақдири миллат ба дасти кӣ меафтад ва чӣ гуна ҷараён мегирад? Ҳазорон саволи бепосух мағзҳоро фишор медод. Раванди иҷлосияро хурду калон баррасӣ мекарданд. Ҳар кас вобаста ба сатҳи донишу огоҳии хеш ҷараёни иҷлосияро баҳогузорӣ менамуд. Масъалаи мубрам ва муҳиме, ки халқ бо умед интизор буданд, интихоби роҳбар буд.

Баъди баҳсу талош ҷавонмарди худогоҳу хирадманд Эмомалӣ Раҳмонро вакилон ба сарварӣ муносиб донистанд. Нахустсуханаш бо арзи эҳтирому самимият нисбат ба халқу Ватан, пирони рӯзгордида буд, ки чунин садо дод:

«Агарчӣ ман вакили халқам, аз сиёсат хуб огаҳӣ дорам, вале дар ҷодаи сиёсати давлатсозӣ ҳанӯз ҷавонам, пирони рӯзгордидаю кордон дар ҷумҳурӣ хеле зиёданд, биёед, онҳоро интихоб намоем, барои сазовор донистан ба ин мансаби баланд ва интихобатон миннатдорам».

Аксари вакилон ба ҷонибдории ӯ раъй дода буданд ва халқу Ватан низ ин интихобро хуб истиқбол кард. Роҳбари тозаинтихоб аз нахуст нафас, аз нахуст қадам ва нахустин ҳарфу ҳиҷое, ки аз минбари баланд ба ҳайси роҳбар иброз дошт, «Ман ба шумо сулҳ меоварам» буд.

Донишу маҳорат, омӯзиш, истеъдоди баланди роҳбарӣ Сардори давлат Эмомалӣ ­Раҳмонро ба муваффақиятҳо наздик мекард. Кордонию маҳораташ буд, ки дар идоракунии давлатӣ мухолифинеро, ки дар ноамнию бесуботӣ ва табаддулоти сохти давлатӣ даст доштанд, дар паҳлу шинонида, ҳамроҳашон қадам зад.

Коршиносон ин амали некро хуб пазируфта, онро беназир хонданд. Раванди барқарории сулҳу ваҳдат аз 5 апрели соли 1994 то 27 июли соли 1997 идома ёфт. Солҳои минбаъда низ масъалаи расидан ба сулҳи комил ҳамеша дар маркази диққати Президенти кишвар буд. Ҷиҳати расидан ба суботи сиёсӣ кишварҳои дӯст дасти кумак дароз намуданд, зеро амнияти Тоҷикис­тонро амнияти худ медонистанд. Гурӯҳе ба ин раванд монеа эҷод мекарданд. Зумрае ҷараёни ваҳдатофарии халқи Тоҷикистонро бо чашми ақлу хирад нигариста, аз дастовардҳо хушнуд мешуданд.

Собиқ Президенти Ҳиндустон Кочерил Раман Нараянан соли 2001 чунин иброз дошта буд: «Моро кӯшишҳои хастагинопазири Ҷаноби Олӣ, Президент Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати барқарорсозии сулҳ, оштии миллӣ ва раванди созанда дар Тоҷикистон, ки ҷомеаи муосири озод месозад, ба ҳайрат гузошт. Боварӣ дорем, ки ин кӯшишҳои халқи боистеъдод ва меҳнатдӯсти Тоҷикистон самараи нек хоҳанд овард».

Оғӯш кушодан ба истиқболи мухолифин, баргардонидани гурезаҳо, бунёд кардани ҳазорон хонаи сӯхтаву валангор, таъмини амният, бунёди роҳу шоҳроҳҳо, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ боис шуданд, ки зиндагии осоиштаи мардум муҳайё гашта, Ватан бо талошҳои рӯзафзуни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар сафи мамлакатҳои рӯ ба тараққӣ ҷо гирифт.

 Саидраҳмон ДАВЛАТЗОДА,

раиси Суди ноҳияи Бохтар