Нақши охирини актёр

№4 - 5 (3798 - 3799) 09.01.2018

(Ҳикоя)

Актёри пир хеле хаста буд. Рӯи саҳна қадам мезаду пайкари наҳифаш меларзид. Мадори пойҳояш намонда буд, гоҳ — гоҳ сар боло мекарду ба толори холӣ бо чашмони ҳайратзада менигарист. Тахмин 65 — 66 сол дошт, аммо каси бори аввал ба ӯ рӯ ба рӯ омада, синнашро аз ҳафтод боло мегуфт. Солхӯрда набуд, ғам ӯро хӯрда буд ва пеш аз муҳлат дар пайкари наҳифу хаста нишони пириро эҳсос кард. Дар пешонааш ожангҳо пайдо шуд ва бидуни фурсат дар пайкар хастагӣ ва дар рӯҳи ҳамеша болида шикастагиро дарк намуд. Ғам буд, ки пайкари ӯро пеши назари мардум оҳиста-оҳиста мебалъамид.

Солиёни зиёд рӯйи саҳна буд. Гоҳ  аз рӯзгори қаҳрамонон ба тамошобин қисса мекарду гоҳ дар симои марди таррор нуқсони ҷомеаро барои бинанда фош менамуд. Суруд мехонду рақс мекард. Як марде буд, ки Офаридгор ба ӯ тамоми ҳунарро дода буд. Мухлисони зиёд пайдо намуд. Гоҳе ки ба саҳна мебаромад, зону мезаду ҷабинашро рӯйи саҳна соида, саҷда менамуд. Шукрона мекард, ки Парвардигор барояш истеъдод додаву метавонад то нафаси охир дар хизмати мардум бошад. Сиву ҳафт сол он қадар нақш офарид, ки байни онҳо симои аслӣ гум кард…

Чанде пеш тасмим гирифт, ки намоишнома нависад. Ин орзу набуд. Аслан  ҳеҷ гоҳ нияти эҷод кардани асаре надошт. Мехост ба ҳайси актёр болои саҳна ҷон диҳад. Лекин рӯҳи инсон дар қолаби вай ба як сурату ҳолат намемондааст. Чун соа­таш фаро расид, қасди навиштани намоишнома кард. Мехост дар бораи вазоифи волидайн дар тарбияи атфол асар эҷод кунад. Онҳоро ҳушдор диҳад, ки тарбияи фарзанд аз лаҳзаи тавлид оғоз мегардад.

Актёр гӯшаи саҳна лаҳзае қарор гирифт ва нигоҳи хаёлолудаш коҳилона то охири толори холӣ давид. Аз ёди хотирае дар лабони парсингбастааш нумое табассум пайдо шуд. Баланд хандид, хандааш гиряро мемонд.

Соле, ки қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қабул гардид, вай бепарвоёна даст афшонду табассуми малеҳ дар лаб:

- Аҷаб дунёе, гӯё мо масъулиятро намедониста бошем. Фарзанд, ки ба дунё омад, бе гуфтани каси дигар тарбияташ ба зимма аст, зарурати қабули қонун нест, — баъди таваққуфи кӯтоҳ садо баланд кард ӯ.

Касе аз ҳамкорон ба андешаи ӯ зид набаромад ва посух ҳам нагуфт. Аммо бо гузашти солҳо ақидааш тағйир хӯрд. Аз ҳарфҳои пешин пушаймон шуд. Бовар кард, ки аз боло ба поин нигоҳ кардан осонтар будааст. Аз баландӣ инсон ақлу фаросат ва чашми тезбин дошта бошад, ҳама нуқсонро мебинад ва пайи ислоҳ чора меандешад.

Соле, ки писари калониаш Шараф синфи панҷ мехонд, бо бачаи ҳамсоя даст ба гиребон шуд. Аз мактаб бо сару рӯйи кафида хона омад. Рӯйи хуншори писарашро дида, ба мактаб рафту роҳбари синф ва ҷонишини бахши тарбияро сарзаниш кард. Пасту баланд гуфт. Баъд ба ҳавлии ҳамсоя рафт. То ба худ омад, ки аз сури дамидааш чанд танро ранҷонд. Бегоҳ сари дастархон падари деҳқонаш бо тамкину нармии ҳамешагӣ лаб ба насиҳат кушод.

- Кори хуб накардӣ, бачам, — гуфт мӯйсафед. Кӯдаку саг як феъл доранд. Имрӯз ҷанг мекунанду пагоҳ ҷӯраи ҷонӣ мешаванд. Пуштибонӣ накун аз бача. Эрка мешавад. Фардо эркагӣ карда, балои сари ту мегардад.

- Не, або, — сухани падарро бурид актёр. Писари ман фарзанди кӣ буданашро медонад. Вай мисли бачаҳои дигар намешавад.

- Фарзанд агарчӣ кафи хокистар аст, сурмаи чашми падару модар аст, — гуфтаанд гузаштаҳо. Барои ҳар кас кӯдаки худаш азизу бегуноҳ аст.

- Ман фарзандонамро худам тарбия мекунам, — мағрурона садо баланд кард актёр. Агар зинда бошем мебинед, ки онҳо барои миллату Ватан чӣ хизматҳое мекунанд.

Мӯйсафед дигар ҳарф ба забон наовард. Пиёлаи чойро ба лаб бурд. Дастони пуробилаву бақувваташ дар он лаҳза меларзиданд.

Он ҳолат баъд ҳам такрор шуд. Ба хотири фарзанд бо ҳамсояҳо ҳарфи бад гуфт. Шарафи аз пуштибонии падар бархӯрдор майдони «корнома»-ҳоро васеъ мекард.

Актёри пир васати саҳна сари зону нишаст. Дигар маҷоли гом партофтан надошт. Пешорӯяш чеҳраи фарзанди дуюмаш Муҳаммад пайдо шуд. Рангаш заҳиру табъаш хира. Фақат як лаҳза дид чеҳраи ӯро ва баъд садои поездро шуниду Муҳаммад пушти пардаи хотир рафт.

- Эй фалаки номард, — фиғон кашид актёри солор.

Даст ба пешонӣ бурд ва чаккаҳои арақкардаашро молиш дод. Дар он лаҳза дунё барояш ранг надошт.

Падар орзу дошт, ки фарзанди калонӣ ба мактаби олӣ дохил мешаваду касб омӯхта, ба халқу Ватан хизмат мекунад, вале Шараф хоҳиши хондан надошт. Ба муздурӣ рафтан мехост. Садди роҳ нашуд. Замоне ки писараш ба номи вай пул фиристод, аз хурсандӣ ҷойи нишаст наёфт. Каму кости рӯзгорро буд карду бо пули фиристодаи фарзанд як деги калон оши палав пухт. Дастархон орост ва ба ҳамдиёрон зиёфати шукрона дод. Шукронаи онро, ки писари ӯ пулёб шудааст…

Охири ҳамон сол Шараф ба хона баргашт. Пули бисёр овард. Барои падар мошин харид, ба модару додаракону хоҳарон сару либос. Гоҳи видоъ ба дасти падар як баста пул дод. Актёри пир гӯё хурсанд буд. Лаҳзае фикр накард, ки писари ӯ дар мулки бегона пулро аз куҷо ёфтааст? Хеле баъд ин андеша ба сараш омад, вақте ки Шараф 5-6 моҳ бедарак шуд. На ба занги телефон ҷавоб гуфт, на барои падар тангае фиристод.

Аз Шараф ду — се сол дарак нашуд. Баъд овоза омад, ки ӯ ба дастаи  авбошону шӯрапуштон пайваста, ҳамдиёронро ғорат мекунад.  Дар деҳа шӯру валвала шуд.

Бовар накард, ки фарзанди парвардаи ӯ ба озори ҳамдиёрон даст мезанад. «Мардум аз бекорӣ ба ғайбат машғуланд», — тасаллӣ дод худро.

Як бегоҳ аз ноҳияи ҳамсоя чанд марди ношинос ба хонааш меҳмон шуданд. Сари дастархон нафаре аз меҳмонҳо садо баланд кард, ки аз Шарафи ӯ шикоят дорад. Нороҳат шуд актёр.  Ба тори дилаш чанг зад меҳмон. Ҳеҷ умед надошт, ки рӯзе барои тифли дар оғӯши ҷон парвардааш мардони ноошно меоянду аз гиребонаш мегиранд. Як зум симои раҳматии падар пеши рӯяш ҷилвагар шуд. Шабаҳи пирамард бо ангуштони бақувват риши сафеди кулутаашро сила мекарду механдид. Ба ҳоли падари худписанд механдид. Овози пурдарди меҳмон ӯро ба олами ҳастӣ хонд.

-Шумо аз мо хафа нашавед, бародар. Як аз пеши назаратон гузарем, гуфтем. Шукр кишвар тинҷу обод аст. Соҳиб дорад ва роҳбарон ба доди дармондагон мерасанд. Ҳақро ба ҳақдор мерасонанд.

Ҳарфҳои меҳмонро аз дуриҳо мешунид. Ба назараш намуд, ки касе барои вай саргузашти ғамангезро қисса мекунад. Пеши чашмонашро пардаи сиёҳ баст.

- Омадем, ки ҷилави писаратро ба даст бигирӣ, — илова кард нафари дувум. Наход дар мулки бегона ҳам бачаҳои мо аз дасти ӯ зулму ситам бинанд. Магар азоби ғарибӣ кам аст? Бо азоб чор танга кор мекунанд ва аз тарси ҷон бо ду дасти адаб ба писари ту месупоранд. Магар ноне, ки ту «бисмиллоҳ» гуфта мехӯрӣ, ҳалол аст?  Наход андешаи рӯзи ҷазоро накунӣ?

Ӯ идомаи қиссаро шунида натавонист. Вақте ба худ омад, аз меҳмонон дарак набуд.

Чанд рӯз ба худ омада натавонист. Дар ангора медид, ки Шараф дар ҳалқаи ҷавонони маст ба муҳоҷирони бепушту паноҳ ҳуҷум мекунад ва кордро ба гулӯи нафаре мегузорад. Муҳоҷирон аз тарс ба хотири наҷоти ҳамдиёри бадбахт тамоми дороӣ болои миз мегузоранд. Шараф бо ишораи марди миёнсол, ки дар даст таппонча дошт, бо дастаи вазнини корд асирро аз по меафканад ва пулҳоро мегираду аз ҳуҷраи иҷораи муҳоҷирон берун меравад. Ин саҳнаи мудҳиш гаштаву баргашта пеши чашмони хирагаштааш ҷилва мекард ва актёри пир дигарбора атрофу акнофро ба канори фаромӯшӣ раҳо мекард.

Он субҳ аз навҳаи ҷонкоҳи ҳамсараш лаҳзае ба худ омад.

- Ба гапҳои бачаат гӯш деҳ, мардак, — телефонро бо дастони ларзон ҷониби шавҳар дароз карда, пас бо овози гиря­олуд фиғон баровард. Падар дар ибтидо ҷуръат накард, аммо баъди чанд лаҳза тамоми тавонро ғундошту бо дасти ларзон телефонро гирифт. Аз гӯшӣ овози гиряолуди Муҳаммадро шуниду дилаш дар қафаси сина ба бозӣ даромад.

- Або, аз дасти бародарам ба дод омадем, ба гӯши ӯ мерехт ҳарфҳои писар. Бо азоб аз чанги ӯ халос хӯрдам.

Муҳаммад ҳамроҳи додараш Аҳмад дар як корхона кор мекарданд. Намехӯрду намепӯшид. Ёфтагиро ҷамъ мекард. Орзу дошт, ки тирамоҳ ба Ватан бармегардад, оиладор мешавад. Аз меҳнати дасти худ хона обод кардан мехост. «Баъд якҷоя барои ту кор мекунем, — мегуфт ба Аҳмад. — Ту ҳам соҳиби хонаву дар мешавӣ. Соҳиби арӯси нозанин мешавӣ».  Шараф аз орзуҳои ширини бародарон дарак дошт. Пайт мекофт.  Шабҳангом ҳамроҳи ҳамдастон ба хобгоҳи онҳо ҳамла овард. Аҳмад чолокӣ карду аз чанги авбошон раҳид, аммо Муҳаммад, ки баъди кори вазнин хеле хаста шуда буд, гирифтор шуд. Ибтидо роҳзанҳои ниқобпӯшро нашинохт. Баъди он ки Шараф садо баланд кард, аз овозаш шинохт. Беинсоф пули бо арақи ҷабин ғундоштаи додаронашро рабуд. Онҳо Муҳаммадро ҳамроҳ бурданд ва хеле дур аз ободӣ, дар байни ҷангал аз мошин берун карданд. Муҳаммад чаҳор рӯз паҳлуи роҳи оҳан шабу рӯз роҳ гашта, билохира ба шаҳри Москва расид. Тасодуф тоҷикписаре ӯро пайдо кард. Лаҳзае пайдо кард, ки ӯ дигар аз хастагӣ ва гуруснагӣ мадори аз ҷо бархостан надошт. Гоҳи фирор Муҳаммад, барои он ки роҳро гум накунад, аз роҳи оҳан дур нарафтааст. Гоҳе ки қатора аз роҳ мегузашт, ӯ ҳарфҳои калон-калонро мехонду самти ҳаракаташро аниқ мекард…

- Лаънат ба он соати наҳс, ки ин нохалаф ба дунё омад.

Меравам, илоҷе карда меравам ва ӯро пайдо мекунаму ба дасти қонун месупорам. Бигзор барои кирдорҳои носавоб ҷавоб гӯяд. Бигзор барои аламҳои ба ману ба модар дода ҷавоб гӯяд. Аз ҳафтод маҳаллаи фарзанди бад безорам, зери лаб бо алам такрор мекард падар.

Ӯ рафта натавонист. Барои ба мулки Россия рафтан маблағ лозим буд, вале музди маоши актёри пир имкон намедод. Фурсате нагузашта, хабари нав расид. Дастаи ғоратгарон ҳангоми дуздӣ дар фурӯшгоҳе наздики яке аз шаҳрҳои Москва ба даст афтодаанд. Шараф низ шомили он гурӯҳ буд…

Актёри пир оҳи сабук кашид, аммо  ғами дилаш кам нагашт, балки дарди дигареро дар қалби худ эҳсос кард. Ғами фарзандро. Ӯ панди падарро ба ёд овард; «фарзанд агарчӣ кафи хокистар аст…». Ба хулоса омад, ки асаре эҷод мекунад ва рӯзгори хешро рӯйи саҳна мегузорад, то ибрати дигарон шавад.

Актёри пир бо азоб аз ҷо баланд шуд. Девонавор даври саҳна чарх зад. Бо муштони кӯчак ба сараш мезаду мечархид. Билохира аз мадор рафт ва фарёд ҷонкоҳ кашида, рӯ ба рӯйи тамошобини хаёлӣ пайкараш аз ҳаракат бозмонд. Ин нақши охирини ӯ дар саҳнаи зиндагӣ буд.

 Диловари МИРЗО,

«Садои мардум»