Назари хос

Ахлоқи инсонӣ на модарзодӣ, балки касбӣ аст

№53 (3847) 01.05.2018

Кодекси одоби хизматчии давлатӣ, ки соли 2004   қабул гардида, соли 2010 ва охирин маротиба 3 декабри соли 2015 ба он  тағйиру иловаҳо ворид шуд, фаъолияти хизматчиёни давлатиро танзим менамояд. Яке аз муқаррароти он рафтори боодобонаи шахс маҳсуб меёбад, ки тавассути он эътимоди мардум нисбат ба раванди идоракунии давлатӣ қавӣ мегардад.

Аз мутолиаи осори гаронбаҳои шоирону нависандагони тоҷик бармеояд, ки шахси боадаб аз хислатҳои ҳамида, ба мисли бофазилатӣ, донишмандӣ, заковатмандӣ ва бофарҳанг бархӯрдор аст. Хислатҳои номбурда дар Кодекси одоби хизматчии давлатӣ  бо таҳаммулпазирӣ, эҳтиром ва дуруст дарк намудани фарҳангҳои мухталиф, эҳтиромона муносибат намудан ба ҳамкорон, муроҷиаткунандагон, тобеон тавъам буда, дар он принсипҳои асосии ахлоқ ҳамчун меъёри ҳуқуқ барои хизматчии давлатӣ муқаррар шудааст.

Тибқи муқаррароти боби 4, бояд дар мақомоти давлатие, ки дар онҳо хизматчиёни давлатӣ фаъолият менамоянд, комиссияҳо оид ба одоб  таъсис дода шавад. Ҳадаф аз таъсиси комиссияҳо дар ҷаласаҳои корӣ баррасии ҳолатҳои вайрон намудани муқаррароти Кодекси мазкур, гузаронидани рейдҳои ногаҳонӣ дар мақомоти давлатӣ, машварат додан ба хизматчии давлатӣ, гузаронидани чорабиниҳои омӯзишӣ, баррасии шикоятҳои хизматчиёни давлатӣ нисбат ба қарорҳои комиссия ва дигар масъалаҳои дахлдор мебошад. Мутаассифона дар баъзе аз мақомоти давлатӣ ҳастанд хизматчиёни давлатие, ки худ­писандона рафтор намуда, фикр намекунанд, ки зердастон аз суханронӣ ва рафтори онҳо хулосаи манфӣ  мебароранд. Ба ин маънӣ шоир мефармояд:

Манманиҳо пешаи шайтон бувад,

Ҳар кӣ худро кам донад, мард он бувад.

Насиҳати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи фаъолони шаҳри Душанбе ба раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ  бо зикри: «забони ширин дошта бош ва дар муомила ҳеҷ гоҳ ба дағалӣ роҳ надеҳ» ишора ба нафароне буд, ки дар муносибат  қоидаҳои одоби муоширатро риоя намекунанд. Чун сухан бобати одоби касбӣ меравад, лозим ба таъкид аст, ки дар адабиёти илмӣ  бештар ин масъаларо Абӯалӣ ибни Сино, Форобӣ, Арасту  ва дигарон шарҳ додаанд. Дар бештари андешаронӣ одобро ба маънои этика низ мегӯянд.

Этика аз калимаи юнонии қадим «этос»-еthоs гирифта шуда, дар «Илиада»-и Гомер ҷои истиқомати якҷояро дорад. Баъдан мафҳуми этика маъниҳои дигар гирифт: расму русум, мизоҷ, хулқ ва ё хислат. Дар яке аз порчаҳои асари Героклит гуфта мешавад, ки «этоси инсон ин илоҳиёти ӯст». Барои муайян кардани маҷмӯи некукории ахлоқӣ ҳамчун соҳаи махсуси дониш ва барои аз бар кардани худи ҳамин дониш ҳамчун илми махсус Арасту истилоҳи «этика»-ро ворид намуд.

Дар маҷмӯъ, ахлоқ илмест, ки шахсро ба созандаи таърих табдил медиҳад ва ба фармудаи И. Кант – «илмест доир ба қоидаҳое, ки инсон чӣ гуна амал бояд намояд». Ахлоқ зодаи ҷамъияти инсонӣ буда, василае барои таҳкими манфиатҳо ва амалкарди инсонҳо мебошад.

Бешубҳа, ҳар ҷо ки адаб аст, оромиву субот ва пешрафту нумӯъ низ ба миён меояд. Фарогирии адаб ба инсон вобаста аст. Дар ин бора қиссае ҳаст:

«Луқмони Ҳакимро пурсидаанд: Адаб аз кӣ омӯхтӣ? Гуфт: Аз беадабон. Ҳар чӣ аз эшон дар назарам нописанд омад, парҳез кардам».

Аз ин андешаи орифона чунин хулоса метавон кард, ки барои дарки моҳияти адаб зиндагӣ моро чун устоди сахтгир таълим медиҳад. Таҷрибаи зиндагӣ аз он ҳокист, ки як шахси боадаб бар сад беадаб пирӯз меояд, мисли он ки торикии шабро нури рӯз маҳв мекунад. Ба ин маънӣ Абулҳасани Фаррухӣ гуфтааст:

Зи нури рӯз гурезад ҳамеша зулмати шаб,

Чу фахр пайдо гардад, нуҳуфта гардад ор.

Сухани мутафаккири бузурги тоҷик Абӯалӣ Ибни Сино хулосаи ҳама гуфтаҳост: «Ахлоқи инсонӣ на модарзодӣ, балки касбӣ мебошад. Яъне, ақл ва рафтору атвори одам дар раванди ҳаёти ӯ рушду такомул меёбад».

Муминшо Хуррамзода,

магистранти Донишкадаи идоракунии

давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон