№109 (3903) 06.09.2018

ХОтами Ахтам

Ҳотами Аҳтам иқтисодчӣ аст, аммо меҳри шеъру шоирӣ ӯро ором намегузорад. Каломи мавзун ҳамеша равшангари дили ӯст. Порае аз чакидаҳои хомаи ӯро манзури хонандагон мегардонем.

Душанбе

 

Эй қалби меҳри бар ҷисми меҳан,

Эй тоҷи миллат, эй тахти миллат,

Ман сарфарозам, ман бахтиёрам,

Аз он ки ҳастӣ, бар бахти миллат.

 

Эй набзи меҳан, шаҳри Душанбе

Эй сабзгулшан, шаҳри Душанбе.

 

Эй зодаи нанг, эй зодаи меҳр,

Ҳар кӯчаи ту, як ҷодаи меҳр.

Саршори ишқат, ман по гузорам,

Дилдодаи ту, дилдодаи меҳр.

 

Эй набзи меҳан, шаҳри Душанбе,

Эй сабзгулшан, шаҳри Душанбе.

 

Эй шаҳри дилҳо, эй шаҳри гулҳо,

Ҷовид монӣ, ободу зебо.

Эй хонаи бахт, эй кони умед,

Ҳам баҳри имрӯз, ҳам баҳри фардо.

 

Эй набзи меҳан, шаҳри Душанбе,

Эй сабзгулшан, шаҳри Душанбе.

 

Сайдон

 

Аҷаб кӯҳу камар дорад Сайдон,

Аҷаб шому саҳар дорад Сайдон.

Зимистон сар ба по барф асту пурях,

Баҳори гулбасар дорад Сайдон.

Ту гӯӣ чашмаҳояш чашмҳоянд.

Ба атрофаш назар дорад Сайдон.

Мазоронаш зи шаш сӯ посбонанд,

Касони муътабар дорад Сайдон.

Биё, Ҳотам сухан аз меҳри дил гӯ,

Ки аз қалбат хабар дорад Сайдон.