Шамъи хотира

Ҳаргиз намирад он, ки дилаш зинда шуд ба ишқ

№13 (3963) 02.02.2019

Ёде аз Тоҷиддин Муҳиддин, ки суруди тоҷикиро дар ИҶШС машҳур кард

Точиддин МухиддиновДар замони шӯравӣ аз Шабакаи якуми телевизиони марказӣ моҳе ду бор барномаи мусиқие зери унвони «Суруду рақсҳои халқҳои ИҶШС» намоиш дода мешуд. Таҳиягарон дар он аз ҳар ҷумҳурии иттифоқӣ тарона ва рақсеро нишон медоданд. Дар яке аз барномаҳои он рақси гурӯҳи ҳунарии «Зебо» зери навои суруди «Эй санам»- и Тоҷиддин Муҳиддин пахш шуд. Он бо рақси мавзуни гулдухтарони «Зебо» чунон  бинандагонро мафтун кард, ки дар чанд барномаи дигар мувофиқи талаби мухлисони сершумор такроран намоиш доданд.

Ҷавонони тоҷик, ки дар қисмҳои низомии ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ хизмати ҳарбӣ мекарданд, бо хоҳиши ҳамхизматони ғайритоҷик таронаро менавиштанд, то онҳо аз ёд кунанд. Дар тарабхонаҳои машҳури ИҶШС сарояндагон  бо хоҳиши мизоҷон «Эй санам»- ро месуруданд. Ҳарчанд оҳанги суруд тоҷикӣ набошад ҳам, Тоҷиддин Муҳиддин тавонист бо садои марғуладор бо танзими оҳангсоз Юрий Лядов онро дар ҷаҳон  машҳур гардонад. Иқрор бояд шуд, ки то суруди «Эй санам»-и Тоҷиддин ягон таронаи тоҷикӣ берун аз ҷумҳурӣ маъруф нашуда буд.

Солҳои ҳафтодум дар Радиои Афғонистон ҳар рӯз як соат барномае бо номи «Оҳангҳои фармоишии шумо» садо медод. Маҳбубтарин сарояндаи тоҷик дар ин барнома тайи чанд сол Тоҷиддин Муҳиддин буд.

Мухлисони радиои ҷумҳурӣ бо садои ин ромишгари нотакрор ҳанӯз аз охирҳои солҳои шастум — аввалҳои солҳои ҳафтодуми асри гузашта ошно буданд. То ба ансамбли эстрадии «Гулшан» омадан номбурда бо сурудҳои «Шоҳи шамшодқадон, хусрави шириндаҳанон», «Гул ба оби ҷӯй», «Дар кӯи бутон», «Ҳоҷат мабар ба хонаи ҳамсоя, эй рафиқ» ва ғайра шинохта шуд.

Соли 1974 Тоҷиддинро ба ансамбли эстрадии «Гулшан»- и назди Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ ба кор  даъват карданд. Омадани Тоҷиддину Муқаддас Набиева  боиси шуҳрат ёфтани «Гулшан» гардид. Ин ду ромишгари боистеъдод беҳтарин таронаҳои халқиро ба эстрада ворид карданд. Алалхусус, бадеҳаи «Дилдор ба ман гуфт», ки ин ду хунёгари мумтоз сурудаанд, то ҳол қалби ҳар шунавандаро тасхир месозад.

Аксар ҳунармандон то ёфтани сабки хос ба ягон сароянда тақлид мекунанд. Тоҷиддин ҳам дар оғози ба ансамбли «Гулшан» ба кор омадан таронаҳои «Ту гули нози ҳама», «Ошиқи рӯят ман», «Худат гул», «Ошиқ шудаӣ, эй дил»-и «Булбули Шарқ» — Аҳмад Зоҳирро бо андаке танзим суруд. Дарвоқеъ, ин сурудҳоро баъди Аҳмад Зоҳир ҳеҷ кас мисли Тоҷиддин Муҳиддин дилчаспу марғуб насурудааст.

Чанд сол пеш мусиқишиноси мумтоз Шаҳобиддин Ҳақназар дар ҳафтаномаи «Чархи гардун» гуфта буд: «Тоҷиддин сабки хос дошт. Сабки Тоҷиддин барои ҷавонон, махсусан барои онҳое, ки дилбохтаи санъат ҳастанд, равияи нав аст. Бурди Тоҷиддин дар интихоби шеъри олӣ буд, ки суруду оҳангҳои нотак­рораш ба мардум таъсир мерасонид».

Тоҷиддин нахустин сарояндаи тоҷик аст, ки дар таронаи «Оҳиста, оҳиста» фалакро бо асбобҳои барқӣ ва хеле форам сурудааст. Боре дар шабакаи дуюми радиои ҷумҳурӣ шодравон Бурҳон Раҳмонов дар бораи таърихи суруди «Зор чу парвона шуда меравӣ» барномае таҳия намуд. Дар он сарояндагони эронӣ, афғон ва як бонуи  тоҷик таронаи мазкурро суруданд. Миёни онҳо Тоҷиддин Муҳиддин таронаро аз ҳама беҳтар суруд.

Ҷанги шаҳрвандӣ тамоми соҳа, аз ҷумла соҳаи фарҳангро низ дар мамлакат фалаҷ гардонид. Бо ҳамин сабаб муддате Тоҷиддин Муҳиддин аз саҳна дур шуд. Ӯ барои беҳад беқадр шудани ҳунару истеъдод ғусса мехӯрд. Ғаму андуҳ дили нозуки Тоҷиддинро бемор сохт. Ӯ субҳи 9-уми январи соли 1997, дар рӯзи якуми  моҳи шарифи Рамазон аз олам  чашм пӯшид.

Ҳарчанд аз марги Тоҷиддин Муҳиддин 22 сол сипарӣ шуда бошад ҳам, номи неки  ромишгари  мумтоз абадист. Дуюми феврал ба зодрӯзи Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Тоҷиддин Муҳиддин 70 сол пур мешавад. Ба ин муносибат дар Қасри фарҳанги шаҳри Ҳисор маҳфили ёдбуд баргузор мегардад, ки иштирок дар он озод аст. Шоир дар ҳаққи ашхоси номи некгузошта фармудааст:

Ҳаргиз намирад он, ки дилаш зинда шуд ба ишқ,

Сабт аст дар ҷаридаи олам давоми мо.

С. АМИНИЁН, «Садои мардум»