Ватан

№68 - 69 (4018 - 4019) 15.06.2019

Мирзо РУСТАМЗОДА, «Садои мардум»

(Достон)

ываываХалқ гардидем дар хоки Ватан,

Сабз дар боғу гулистону чаман.

 

Сабз андар пок домони Ватан,

Шод аз лутфу зи эҳсони Ватан.

 

Бӯсаҳо додем мо нони варо,

Кардаем обод мо хони варо.

 

Мард гардидем бо нони Ватан,

Фард гардидем бо хони Ватан.

 

Нӯш обашро намуда ширвор,

Хешро бахшидаем зӯру мадор.

 

Ҳаст моро нусхае он аз биҳишт,

Он биҳиште, ки бувад анбарсиришт.

 

Нест осон васфи ҳуснаш, дӯстон,

Ҳаст якто, чунки дар рӯи ҷаҳон.

 

Меҳани дар меҳру дар ҳусну ҷамол,

Дар назокат, файзу раҳмат бемисол.

 

Чор фасле дораду ҳар фасли он,

Чор фасли сол дорад бегумон.

 

Ганҷ афзун дорад он дар зеру бам,

Лоҷуварду ёқуту марҷон ҳам.

 

Кони лаълу гавҳару тиллост он,

Ҳаст боло, балки аз ганҷи ҷаҳон.

 

Не зи хуршеду ҳавою  нуру нор,

Не зи дарё, чашмаҳои нуқравор.

 

Не зи барфу не зи борони сахо,

Не зи гармию на сардӣ, не сафо.

 

Не зи сангу не зи хоку не зи қум,

Нест кам як заррае ин марзу бум.

 

Ҳаст беҳин нусха аз Боғи Ирам,

Тоҷикистони ҳама файзу карам.

 

Меҳани хуршеди тобон аст он,

Сарзамини покмардон аст он.

 

Субҳ бо шабнам бишӯяд дасту рӯ,

Сабзаву себаргаҳои нозбӯ.

 

Моҳтобаш дил мусаххар мекунад,

Хонаи дилро мунаввар мекунад.

 

Пур бошад осмонаш з — ахтарон,

Мушку анбар хок онро бегумон.

 

Кишваре озодаву ҳам диданист,

Балки хоки поки он бӯсиданист.

 

                      ***

Иттифоқ афтоду сайёҳе араб,

Дар Душанбе монд чандин рӯзу шаб.

 

Рафт Варзобу Ҳисори шодмон,

Рафт то Хатлону то Боми ҷаҳон.

 

Гашт чандин хонадонро меҳмон,

Меҳмони арҷманди тоҷикон.

 

Дид ангур хӯша — хӯша тори сар,

Себу олую анори  бар ба бар.

 

Дид гулҳои шукуфону қашанг,

Ҷорӣ оби сарди ҷӯи шӯхшанг.

 

Гуфт: — Валлаҳ, ки биҳишт ин ҷостӣ,

Дар биҳишт афтодаам аз ростӣ!

 

                           ***

Аз насиму в — аз ҳавои атри он,

Нур гирад чашму роҳат ҷисму ҷон.

 

Пос бояд ҳам гиромӣ доштан,

То ба гардун шуҳраташ бардоштан.

 

Гар зи мо бошад ризо Модар — Ватан,

Розӣ мебошад Худои ҷону тан.

 

Кӯр мегардад касе, хораш кунад,

Сӯзад онрову валангораш кунад.

 

Даст ҳар кӣ бар хиёнат мезанад,

Ӯ хиёнат бар амонат мезанад.

 

Хоҳ бошад ӯ сағир ё ки кабир,

Хоҳ бошад ӯ фақир ё ки амир.

 

Ояти меҳр аст ҳаққо, ки Ватан,

Миллати моро ба ҳар як анҷуман.

 

Моҳи мо хуршеди мо бошад Ватан.

Каъбаи уммед мо бошад Ватан,

 

Беҳтарин ганҷе барои мост он,

Давлати бедори ҳар пиру ҷавон.

 

Беҳуқуқу зор бошад беватан,

Хор бошад, хор бошад беватан.

 

Нағз андешеду ҳам огаҳ шавед,

Пеш з — оне  пой андар чаҳ шавед.

 

Пеш аз оне роҳро гум мекунед,

Фитна андар байни мардум мекунед.

 

Пеш аз оне, носипосӣ мекунед,

Хешро муҷриму осӣ мекунед.

 

Бо ғазаб ҳар лаҳза тезӣ мекунед,

Душманон аз хеш розӣ мекунед.

 

Миллатеро мекунед аз ҳам ҷудо,

Кишвареро мекашед сӯи бало.

 

                        ***

Бепадар, яъне, ки беирқу нажод,

Нест маълум модар онро аз кӣ зод?

 

Бешараф, яъне, ки беору шараф,

Чоплусу пойбӯсу нохалаф.

 

Беҳаё, яъне, ки бешарму ҳаё,

Дур аз ахлоқу расво, бехудо.

 

Беадаб, яъне, надорад ӯ адаб,

Ҷонҳо оварда ӯ моро ба лаб.

 

Бекасу бечора, бепушту паноҳ,

Бепулу бечизу дар ҳоли табоҳ.

 

Ҳаст «бо» — ву ҳаст «бе» — ҳои зиёд,

Дар ғарибӣ нест бар кас эътимод.

 

Нест вазнинтар, валекин з — ин сухан,

Одамеро ном бурдан беватан.

 

Беватан зистан, ки кори саҳл нест,

Ёр ҳам андар бари ту аҳл нест.

 

Беватан — бе аслу авлоду насаб,

Турфа махлуқи тамоман булаҷаб.

 

Хор пеши пои ину пои он,

Не замин ӯро макон, не осмон.

 

Ҳаст ӯ сарсону зору дарбадар,

Нест ӯро ҳамдамеву бому дар.

 

Не ҳабибе, то ки дил холӣ кунад,

Суҳбату дидору хушҳолӣ кунад.

 

Не дари уммед, бар он ҷо равад,

Соате фориғ аз ғамҳо шавад.

 

Зиндагӣ бошад барои беватан,

Мурдае, ки хок гашта бекафан.

 

Беватан, яъне на одам будан аст,

Шӯрбахту зору сархам будан аст.

 

Беватанро бахт неву тахт нест,

Ҳеҷ кас монанди ӯ бадбахт нест.

 

Тамғае бошад, ки тафсираш бад аст,

Таънаву писханду таҳқираш бад аст.

 

Ранҷу озораш ба одам беҳад аст,

Беватан бадбахт сад андар сад аст.

 

                              ***

Миллате кам ҳаст мисли тоҷикон,

Бо Ватан пайванд бо ҷисму ба ҷон.

 

Ном онро доиман андар забон,

Чун асал, чун қанд, дар кому даҳон.

 

Шеър гуфта он қадар васфи Ватан,

Булбуле ногуфта бар гул дар чаман.

 

Метапад тоҷикро дил бо Ватан,

Ҳаст, балки мисли ҷон ӯро ба тан.

 

Дил ба ёдаш доимо гум мезанад,

Дар такопую талотум мезанад.

 

Аз Ватан гап сар кунӣ, хандон шавад,

Кӯдакосо боладу шодон шавад.

 

Мурда бошад, соҳиби ҷон мешавад,

Зинда гар бошад, шукуфон мешавад.

 

Сар варо хоҳад расад бар осмон,

Бо Ватан дар ҳар куҷо андар ҷаҳон.

 

                           ***

Зиндагонирост рангин корҳо,

Эҳтиёҷу  мушкилу асрорҳо.

 

Метавон бекор чанде зистан,

Ҳамчунон беёр чанде  зистан.

 

Орият дар манзиле ҳатто ки зист,

Дар хариди хона гар имкон нест.

 

Метавон бекарру бефар зистан,

Метавон беболу бепар зистан.

 

Метавон дар ину он дар зистан,

Осмон чун чатр бар сар зистан.

 

Метавон бо обу ноне зистан,

Бо қаноат як замоне зистан.

 

Ё ба мулки ғайр бинмудан сафар,

Бо зарурат, ҳоҷате, узре дигар.

 

Нест ҷоиз қаҳр кардан аз Ватан,

Тарк карда, рафтану ноомадан.

 

Одамиро бар Ватан бошад ниёз,

Бо Ватан инсон бигардад сарфароз.

 

                          ***

Турнаҳо ҳар сол ҳиҷрат мекунанд,

Тарк меҳан аз зарурат мекунанд.

 

Ҳар баҳор оянд, лекин бар Ватан,

Соз карда лонаҳои хештан.

 

Тухм бигзоранд бо садҳо умед,

Чӯҷаҳо оранд бар дунё падид…

 

Аз Ватан, аммо нагардонанд рӯ,

Аз Ватан доранд умре гуфтугӯ.

 

Шукр мегӯянд бо хушку таре,

Гарчӣ мебошанд як мушти паре.

 

З-он, ки месозанд аз хас  лонаҳо,

Бар дарахту бурҷу боми хонаҳо.

 

Шукр бо хору хаси он мекунанд,

Шукр бо обу сари дон мекунанд.

 

Ҳаст одамро, вале омода рахт,

Каҷ намояд ҷон андар рӯзи сахт.

 

Оҳу афғонаш расад то бар фалак,

Кай дигар ёд орад  аз нону намак?

 

Нест ҷои шубҳаеву саҳву шак,

Кӯрнамакро мезанад охир намак.

 

Аз Ватан танҳо талаб дорад, талаб,

Ҷуз талаб чизе надорад рӯзу шаб.

 

Рӯзу шаб кардан талаб ҳам хуб нест,

Ки гадоӣ шеваи матлуб нест.

 

Хоҳ Қорун бошаду хоҳе амир,

Мешавад танҳо зи хоки гӯр сер.

 

Дод бояд бар Ватан чизе зи худ,

Монд бояд дар Ватан изе зи худ.

 

Бо бадӣ кардан касе ҳамхӯ шавад,

Кай миёни мардумон дилҷӯ шавад.

 

Ҳазм андар ҷисму дар хун мешавад,

Ҳар ғизову баъд берун мешавад.

 

Кард одат ҳар касе, ки бар ҳаром,

Талх ӯро мешавад, албатта ком.

 

Пушт бошад гушна, дунё ҳаст кам,

Чашм бошад гушна, дарё ҳаст нам.

 

                               ***

Бе падар ҳам мешавад одам калон,

Дар насибаш ҳаст гар як бурда нон.

 

Рӯз ҳам бо ҳар тариқе  бигзарад,

Мисли обе к — аз ариқе бигзарад.

 

Соф бошад гоҳу гоҳе тирагун,

Гоҳ мегардад каму гоҳе фузун.

 

Беҳавою об яъне ногузир,

Одамиро марг бошад мунтазир.

 

Он чӣ чун обу ҳаво бошад зарур,

Он чӣ созад зиндагониро булӯр.

 

Он чӣ созад гарм дилҳо чун танӯр,

Одамиро оварад бар шавқу шӯр.

 

Он чӣ бошад сабз чун боғу чаман,

Фораму роҳат барои ҷону тан.

 

Ном бошад он маконеро Ватан,

Беҳтарин андар забони мо сухан.

 

Он Худованде, ки дунё офарид,

Ҷинсу инсонро биёвард ӯ падид.

 

Дод бар мо меҳане мисли биҳишт,

Давлату дунёву хати сарнавишт.

 

Ҷаннате, бемисл дар чархи барин,

Офтобу файзбахш обу замин. 

 

Кӯҳҳои қуллаҳо бар осмон,

Чашмаву дарёи серобу равон.

 

Кишваре мақбул аз ҳар бобате,

Дода осоишу ҳам офияте.

 

Дашту водиҳои сабзу босахо,

Пур зи файзу ганҷҳои бебаҳо.

 

Чор унсури бақои зиндагӣ,

Зиннату нуру сафои зиндагӣ.

 

                           ***

Меҳр моро то ба манзил мебарад,

Азм моро то ба соҳил мебарад.

 

Ҷаҳл моро пой бар гил  мебарад,

Аз ҳақиқат сӯи ботил мебарад.

 

Фаҳш ботил менамояд покро,

Шӯра фосид менамояд хокро.

Ҳирс барҳам мезанад инсофро,

Ончуноне лой оби софро.

 

Ҳаст оқи миллату оқи Ватан,

Он ки хоин аст чун зоғу заған.

 

Мекунад вақте хиёнат хоине,

Нокасе, бе мазҳабе, бе оине.

 

Миллате хушбахт, дорад сарзамин,

Мазҳабу кешеву ойиневу дин.

 

Бо табар, шамшер битвон сар бурид,

Синаҳо бишкофт, дилҳо бардарид.

 

Боғу гулшанҳо тавон кардан хароб,

Халқро афканда дар ранҷу азоб.

 

Мулкҳоро метавон тасхир кард,

Одамонро пой дар занҷир кард.

 

Шаҳрҳоро метавон нобуд сохт,

Баҳрҳоро метавон нобуд сохт.

 

Шаҳрҳоро ҳам бадал  бар дуд сохт,

Чун Арал аз баҳрҳое рӯд сохт.

 

Метавон зоҳирро тағйир дод,

Метавон таҳмил додан эътиқод.

 

Бутҳоро метавон садпора сохт,

Одамиро метавон бечора сохт.

 

Баргирифтан пеши роҳи офтоб,

Корҳои носавоби беҳисоб.

 

Мушкил аммо раҳ ба дилҳо ёфтан,

Саҳл бошад гарчӣ дил бишкофтан.

 

Фатҳ дилҳо бо муҳаббат мешавад,

Нарм дилҳо бо адолат мешавад.

 

Сабз гулҳо бо ҳарорат мешавад,

Соз пулҳо бо ҷамоат мешавад.

 

Умр, вақте ботароват мешавад,

Дар Ватан ҳам сулҳу ваҳдат мешавад.

 

Зулм бошад, зулм меорад ба бор,

Раҳму шафқатро гузорад он канор.

 

Боз гардад санг сӯи золимон,

Нест, хунхоре абад андар амон.

 

Аслро, ки туҳфа аз сӯи Худост,

Сохтан аз нав на аз ақли расост.

 

Метавонад саҷда ҳам бошад дурӯғ,

Бе сафою сидқу бе нуру фурӯғ.

 

Ҳаст пинҳон ончуноне шармгоҳ,

Сахт пӯшад хешро ғарқи гуноҳ.

 

Ӯ ниҳон дар пушти оин мешавад,

Зоҳиран бисёр мӯмин мешавад.

 

Ё зи номи халқ мегӯяд сухан,

Пош дода чор сӯ оби даҳан.

 

Метарошад Ҳотами Тойе зи худ,

Пеши мардум одами бойе зи худ.

 

Метарошад авлиё аз хештан,

Қотилею фосидею роҳзан.

 

Ғофил аз чашмони ҳақбин аст лек,

Ё ки огоҳ асту худбин аст лек.

 

Ҳаст ҳар сарро сару савдои худ.

Ҳаст ҳар дилро ғами дунёи худ.

 

Чист дар дилҳо, ки месӯзад нафас

Қулф бошад  ончуноне ки қафас.

 

Маккаю Бағдод битвон сохтан,

Парчами исломро афрохтан.

 

Метавон масҷидҳо кардан қатор,

Хонд Қуръонро чу қорӣ тӯтивор.

 

Метавон садҳо китобе нашр кард,

Қисса аз ранҷу азоби ҳашр кард.

 

Бар Худо он кӣ надорад эътиқод,

Бозмонад ҳамчуноне дар ниҳод.

 

Ҳар чӣ андар зиндагӣ мепарварӣ,

Баҳра рӯзе хеш аз он мебарӣ.

 

Менагирад Макка ҳам ҷои Ватан,

Нест, ҷое ҳеҷ ҳамтои Ватан.

 

Хоки меҳан хок неву кимиёст,

Зар ҳамон хоке бигардад, хоки мост.

 

Чашмҳоро беҳтар ӯ аз тӯтиёст,

Ҷисмҳоро беҳтар ӯ аз мӯмиёст.

 

Боядо кам гашт аз пушти ҳавас,

Боядо кам шишт бо ҳар хору хас.

 

Гӯш бар афсона бояд дод кам,

Гиҷ созад майнарову ақл ҳам.

 

Ҷумлаи манқуртҳо ифротианд,

Бехабар аз хешу ҳиси зотианд.

 

Бехабар ҳар ҷой дар доманду бас,

Нафс андар гӯр ороманду бас мешавад.

 

Ганҷи беранҷ хоб бошад ё  хаёл,

Файз моро ояд аз ризқи ҳалол.

 

Нест андар ҳеҷ ҷое нони  муфт,

Деҳқонро то насозад хок ҷуфт.

 

Ку диёре, дар раҳаш пул рехта,

Нон гандум кай шавад нобехта?

 

Аз Худованд аст моёнро Ватан,

Хоҳ бошад он биёбон ё чаман.

 

Ҷойгоҳе ҳаст меҳанро дигар,

Ҳаст меҳан баҳри мо ҷону ҷигар.

 

Арҷ бояд ки бар он бигзоштан,

Дӯст бояд, дӯст онро доштан.

 

Иддае бо як ҷиҳоди бофта,

Рӯй аз миллат, Ватан бартофта.

 

Рафтаву дар мулкҳои дигаре,

Бесарӣ доранду бедодигарӣ.

                      

                   ***

Ғасб оне мекунад, ғосиб бувад,

Ҷаҳл ӯро куштаю ғолиб бувад.

 

Нафс охир мекушад баднафсро,

Тоб дода рӯдаҳои ғафсро.

 

Мекушад баднафсро нони даҳон,

Мекушад, аммо ба вақту ногаҳон.

 

Наҳс пайдо менамояд наҳсро,

Нест радде ҳикмати бебаҳсро.

 

Ҷабр оне кард, бар худ мекунад,

Каппааш як рӯзаке дуд мекунад.

 

Одамӣ бошад дар ин чархи барин,

Гоҳ рӯи зину гаҳ дар зери зин.

 

Накҳати гулҳост дар бӯи Ватан,

Лолаю райҳону ҳулбӯи Ватан,

 

Хайрию садбаргу қоқуи Ватан,

Наргиси ҷодуи бонуи Ватан.

 

Ҳаст анбар, мушк ин хоки Ватан,

Мазраи бисёр ҳам поки Ватан.

 

Тамъ дигар ҳаст дар оби Ватан,

Ҳаст дигар низ меҳроби Ватан.

                          

                         ***

Дӯстон доранд ҳар ҷо душманон,

Қаҳрамон хонанд онон қаҳрамон.

 

Дар ҳама давру замону ҳар макон,

Дар ҳама кунҷу канори ин ҷаҳон.

 

Зишттар моро чу хоин хасм нест,

Нест хоин бод, хоин нест, нест!

 

Аз даруни хеш мепӯсад дарахт,

Аз дарун иллат кунад танро карахт.

 

Хавф дорад беш мори дар бағал,

Хавф дорад зери по сангу шағал.

 

Хасм пинҳон дар ҳиҷоби дӯстӣ,

Кор, аммо мебарад бар нестӣ.

 

Дӯстон ҳам нониянду ҳам забон,

Қасд дорандӣ, вале моро ба ҷон.

 

Ҳаст душман миллати моро касе,

Нест нафъаш баҳри ин меҳан хасе.

 

Суд меҷӯяд фақат ӯ суд, суд,

Суд танҳо ӯ барои нафъи худ.

 

Нест ӯро ҳеҷ арзише дигар,

Ғайр аз ин андешаи хоме ба сар.

 

Ғарқ, оне ҳаст дар фисқу фасод,

Дур аз фаҳмею донишу савод.

 

Лек соҳиб мансаберо ҳаст ӯ,

Ҳукм дорад, муҳр андар даст ӯ.

 

Фаҳм афзунтар зи гову меш нест,

Ҷуз ғулому хокпоше  беш нест.

 

Дӯстдори «Урра» — ҳову «Зинда бод!»,

Чун хасе, ки меравад ҳамроҳи бод.

 

Қавмбозу хешбозу ҳуққабоз,

Чоплусу пойбӯсу корсоз.

 

Гӯрсӯзу шӯрапушти зиштрӯ,

Гушначашму гушнапуште ҳаст ӯ.

 

Душмани қаттол ин тоифаанд,

Чун шабушке руст андар лифаанд.

 

Тоҷ бар сар хоҳад оне, рӯи тахт,

Андар умри хеш нашнонда дарахт.

 

Лек даъвии ҳукумат мекунад,

Кинадорию хусумат мекунад.

 

Вазъҳо гӯянд аз Қуръону дин,

Ҳамчунон аз номи Рабул — оламин.

 

Нест эшонро муқаддас ҳеҷ чиз,

Қиблагоҳу модару фарзанд низ.

 

Не Худо, не миллату не кешу дин,

Не ҳавою обу нони  сарзамин.

 

Ошкоро душманони миллатанд,

Хасмҳои беамони миллатанд.

 

Дӯстони душманони мостанд,

Хоросо доимо, ҳарҷостанд.

 

Шукр, аммо ҳаст меҳанро зиёд,

Родмардоне, ки бо адланду дод.

 

Ҳифз месозанд зебо сарзамин,

Ҳифз миллатро зи ҳар хасми лаин.

 

Ҳифз аз қасди бади безотҳо,

Ҳифз аз бӯи бади ахлотҳо.

 

Хасм моро ин маҳалбозии мост,

Хасм моро ин мағалбозии мост.

 

Хасм моро ин дағалбозони мост,

Хасм моро ин бағалдозони мост.

 

Борҳо қисмат намуданд ин Ватан,

Борҳо сӯхтанд ин боғу чаман.

 

Борҳо бурданд он чӣ дошт он,

Гушнаҳои кӯчии беобу нон.

 

Ҳифз онро боядо, эй ҳамватан,

Ҳифз онро боядо, чун ҷону тан.

 

Кеҳу меҳу пиру барно, марду зан,

То даме морост ҷон андар бадан.

 

Чашми хасмон кӯр созад то Худо,

Дур созад аз сари мо ҳар бало!

 Шаҳри Душанбе,

феврали соли 2018