Тирамоҳ буд. Дар муассисаҳои таълимӣ машғулият шурӯъ шуда бошад ҳам, Махсум Олимӣ дар Душанбе қарор дошт ва тамоми рӯз аз кабинет ба кабинет, аз долон ба долони Иттиҳодияи нависандагон гаштугузор мекард.
Вай дар Донишкадаи адабии ба номи Горкийи Маскав таҳсил мекард ва низоми тадрис дар ин таълимгоҳ озодтар буд.
Ӯро дар долони иттиҳодия Мӯъмин Қаноат дида мегӯяд:
- Махсум, ту бекор мегардӣ? Агар хоҳӣ, туро ба Хуҷанд равон мекунам, устод Боқӣ Раҳимзода дар табобатгоҳи вилоятӣ пойҳои дардмандашро табобат мекунад. Худат медонӣ, ки мухлисонаш бешуморанд, зиёфату пазироӣ беҳисоб. Рав, бо устод кайфу сафо кун.
- Бисёр хуб, — хурсанд мешавад шоири ҷавон.
Устод Қаноат изофа мекунад:
- Вазифаи ту он аст, ки ба устод чун писар хидмат ва ҳар эҳтиёҷашон, ки пайдо шуд, рафъ намоӣ.
Рӯзи дигар Махсум Олимӣ ба Хуҷанд сафар мекунад.
Ҳар рӯз зиёфат барои устод тайёр. Фақат иштиҳо даркор, ки хӯрӣ. Устод парҳез мекарданд ва Махсум Олимии тансиҳатро Худо дода буд. Устод бо меҳрубонӣ ӯро навозиш мекарданд, мутоиба мегуфтанд, аз саргузаштҳои аҷоибу ғароиби худу ҳамқаламонашон қиссаҳо менамуданд. Хулоса, рӯзҳои Махсум шоҳона мегузашт.
Як саҳар устод барвақт аз хоб бархостанд. Мушаввашхотир буданд.
Бо табъи хира субҳона хӯрда, гуфтанд:
- Махсумҷон, Хуҷандро хуб медонӣ?
- Медонам.
- Бозори Панҷшанберо дидаӣ?
- Дидаам, борҳо.
- Харбузаи Мирзочӯлро мешиносӣ?
- Мешиносам.
Устод аз ҷайбашон пул бароварда, ҳисоб мекунанд ва ба Махсум дароз карда мегӯянд:
- Ин пул барои рафтуомади ту ба Душанбеву Хуҷанд кифоят мекунад. Ба пули боқимонда аз бозори Панҷшанбе ду харбузаи Мирзочӯл мехарӣ, ба Душанбе меравию ба аҳли оилаам дода, бармегардӣ.
Махсум чиптаи рафтуомадро мехараду ба бозор меравад. Дар он ҷо бо ҷӯраи бачагиаш рӯ ба рӯ меояд ва ин дидорро «қайд» мекунанд.
Баъд, ду тӯрхалта харида, ба онҳо ду харбузаи калони хушбӯйи Мирзочӯлро ҷой мекунаду роҳи фурудгоҳро пеш мегирад.
Вақте ки аз зинаҳои ҳавопаймо мастона ба боло мебарояд, яке аз тӯрхалтаҳо меканад ва харбуза ба замин афтода пора – пора мешавад. «Ба хайр аст, — мегӯяд Махсум ба худ, — яктои дигарашро сиҳат бурда расонам, давлати калон».
Рӯзи дигар, чун Махсум ба табобатгоҳ бармегардад, мебинад, ки устод бесаброна омадани ӯро интизоранд.
Ҳамдигарро ба оғӯш мегиранд. Махсум салому дуруди аҳли оилаи устодро мерасонад.
Устод бо беқарорӣ мепурсанд:
- Харбузаҳоро бурдӣ?
Махсум хиҷолатзада мегӯяд:
- Лаънат ба ҳамин тӯрхалтаҳо. Аз риштаи пӯсида бофта шудаанд. Вақте аз зинаҳои ҳавопаймо боло мешудам, яке аз онҳо дарид ва харбуза ба замин афтода пора-пора шуд.
- Оҳ! — мегӯянд устод.
- Маро бубахшед, устод. Дигарашро сиҳату саломат бурда ба дасти янга супоридам.
Устод дигар чизе намегӯянд. Хомӯш ба хонаи истироҳатӣ медароянд. Тамоми рӯз бедимоғ мегарданд. Махсум худро сарзаниш мекунад, ки беэҳтиётӣ кард ва дар айни замон бовар надошт, ки пири хирад барои як харбуза ин қадар ғамзада мешаванд.
Саҳар, ки аз хоб хестанд, ҳангоми чойнӯшӣ гуфтанд:
- Афсӯс, ки паймона пур шудааст!
Маънии ин гуфтаро Махсум баъдтар, 30 январи соли 1980, вақте ки пас аз чанд ҳафтаи ин воқеа устод аз олам даргузаштанд, фаҳмид.
Кӣ медонад? Шояд устод хоб дида бошанд, хобе, ки ба ҳақиқати пурасроре ишора мекард:
Дил аз ғами рафтагон дуним афтода,
Дар бодияи дарди азим афтода.
Бе марҳамати Боқию Турсунзода,
Шеъри мани чилсола ятим афтода.
Гулназар КЕЛДӢ, Шоири халқии Тоҷикистон