Дастрасӣ ба бойгонии миллӣ беҳтар хоҳад шуд

№27 (4133) 29.02.2020

Ҳукумати Ҷопон лои­ҳаи «Азнав­созии асосҳои технологӣ ва бунёди захираҳои иттилоотии Хонаи китоби Тоҷикистон (барои солҳои 2020 – 2021)-ро, ки аз ҷониби Муассисаи давлатии «Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб — Хонаи китоби Тоҷикистон» (АМСБРСК — ХКТ) пешниҳод гардид, дастгирӣ намуд.

- Ҳадафи лоиҳаи мазкур таъминот бо таҷҳизоти замонавии рақамигардонии захираи анъанавии Бойгонии нодири миллӣ, ҳифзи он аз нобудшавӣ ва тавассути дастгоҳҳои замонавӣ манзури ҳаводорон гардонидан мебошад. Мавриди зикр аст, ки ­бисёр кишварҳои мутараққии дунё захоири иттилоотии рақамии маҷозиро бо истифода аз шабакаи интернет ба хонандагон манзур менамоянд ва бо ин роҳ як қисми хароҷоте, ки китобхонаҳо дар бунёди пойгоҳҳои электронӣ сарф кардаанд, ҷуброн менамоянд. Муҳимияти ин пойгоҳҳо дар он аст, ки китобхонаҳои хурду бузурги кишвар ба он пайваст мебошанд, — шарҳ дод директори АМСБРСК – ХКТ, номзади илмҳои таърих Қурбоналӣ Буризода.

Чанде пеш ба муассиса меҳмонон аз намояндагии Агентии Ҷопон ва ҳамкориҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон ҶАЙКА (JICA) ташриф оварданд. Ба ин ҳайат Хидеки Танабе, раиси Намояндагии Агентии Ҷопон ва ҳамкориҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон, мушовир оид ба таҳияи лоиҳа Кавабата Шохей ва ҳамоҳангсози барномаҳои таълимӣ Парвина Қурбонова шомил буданд.

Зимни суҳбат ҷонибҳо аз шароити ҳамкории ду кишвар, хусусан равобити дӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҳукумати Ҷопон Синдзо Аббе ёдовар шуда, саҳми онҳоро дар тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба бориз арзёбӣ карданд. Сипас, барномаи пешниҳодгардидаи МД «Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон» зери унвони «Азнавсозии асосҳои технологӣ ва бунёди захираҳои иттилоотии Хонаи китоби Тоҷикистон (барои солҳои 2020 – 2021)»  баррасӣ шуд.

- Баъд аз суҳбат ва шиносоӣ аз бинои бойгонӣ меҳмонон изҳори қаноатмандӣ ва зикр карданд, ки бо анҷоми баъзе расмиёт барои ҳар чӣ зудтар ҷудо кардани маблағ мусоидат хоҳанд намуд. Моҳи майи соли ҷорӣ ташрифи намояндагони воломақоми сармоягузори лоиҳа аз Ҷопон дар назар аст, — гуфт Қурбоналӣ Буризода.

Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»