Ҷаҳоне пур зи мақсуд аст, роҳе равшану пайдо…

№34-35 (3335-3336) 10.03.2015

Ба шарофати истиқлолияти давлатӣ, матбуоти тоҷик дар радифи даҳҳо соҳаҳои ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакатамон, рӯ ба рушду таҳаввул ниҳод. Дар баробари воситаҳои ахбори оммаи расмӣ даҳҳо рӯзномаю маҷалла, радиову телевизион ва дигар шабакаҳои ҷамъиятиву хусусӣ арзи вуҷуд карданд.

Яке аз рӯзномаҳое, ки дар даврони истиқлолият арзи ҳастӣ намуд, ин «Корвони умед» мебошад. Понздаҳ сол аст, ки ин рӯзнома ба рӯзгори тифлакону бачагон ва мактабиёну ҷавонони на танҳо вилояти Суғд, балки пойтахту навоҳии тобеи марказ, водии Рашту вилояти Хатлон ва ВМКБ ворид гардида, ба яке аз рӯзномаҳои дӯстдоштаниву хондании онҳо мубаддал гаштааст.

«Корвони умед» ҳафтае ду маротиба чоп мешавад ва сари вақт ба дасти муштариёни худ мерасад.

Таърихи таъсисёбии ин рӯзнома хеле аҷиб аст.

- Охири солҳои навадуми асри гузашта ва ибтидои қарни XXI дар вилояти Суғд фазои иттилоотӣ барои кӯдакону наврасон ва мактабиёну ҷавонон билкул холӣ буд, — ба ёд меорад сармуҳаррири «Корвони умед», рӯзноманигори шинохта, барандаи Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ Сайфулло Маҳкамов. -Мо — рӯзноманигорон — Ҳусейн Назруллоев ва Бахтиёр Ӯлмасов бо дастгирии мудири ҳамонвақтаи шуъбаи маорифи шаҳри Ӯротеппа (ҳоло Истаравшан) Раҳимҷон Фозилов ва собиқ директори кулли ҶСК «Матбуоти Ӯротеппа» Носирҷон Азизов ният кардем, ки рӯзномае барои кӯдакону наврасон ва мактабиён нашр намоем. Гарчанде маблағе надоштем, оинномаро дар Вазорати фарҳанг ва ҳам Нотариуси давлатии шаҳри Ӯротеппа, аз қайд гузаронидем. Нахустин шумораи «Корвони умед»-ро 27 декабри соли 2000 ройгон бо теъдоди 700 нусха дар матбааи ҶСК «Матбуоти  Ӯротеппа» аз чоп баровардем. Дар бадали се рӯз рӯзнома дар мактабҳои шаҳру ноҳияҳои Ӯротеппа, Ғончӣ ва Хуҷанд паҳн шуд ва як миқдори онро ба фурӯш баровардем. Шумораи дуюмашро моҳи январи соли 2001 бо ҳамон маблағи аз фурӯш бадастомада 1500 нусха чоп кардем. Он дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят паҳн шуд. Аз шумораи сеюм обуна эълон кардем. Дар бадали 15-20 рӯз бо дастгирии шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва бевосита дастгирӣ ва кумаки собиқ сардорони Идораи маорифи вилояти Суғд Хайринисо Темирова ва Наим Маликисломов теъдоди обуна ба 3000 нусха расид. Дар бадали 15 сол теъдоди обуна аз 3000 то 8000 нусха расид.

Имрӯз рӯзнома муштариёни худро дар шаҳру навоҳии ҷануби кишвар низ пайдо кардааст. Ҳайати эҷодии «Корвони умед» борҳо ба шаҳру навоҳии Бохтар, Шаҳритуз, Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Данғара, Рашт, Сарбанд, Нуробод, Ҳисору Ваҳдат сафар карда, бо хонандагони мактабҳо мулоқоту вохӯриҳо доир намудаанд.

- Худам шахсан борҳо бо хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №1 ва №6-и ноҳияи Шаҳритуз, №43-и ноҳияи Бохтар, кормандони Раёсати маорифи вилояти Хатлон дар шаҳри Қӯрғонтеппа, шаҳру ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Мастчоҳ, Конибодом, Исфара, Хуҷанд, Кӯҳистони Мастчоҳ вохӯрда, суҳбатҳо гузаронидам, — мегӯяд сармуҳаррири рӯзнома Сайфулло Маҳкамов.

Дар таҳияву ороиш ва чопи рӯзнома саҳми кормандони он Фирӯзаи Асрор, Нигораи Аслон, Насибаи Мазбут, Фарзонаи Вайдулло, Маҳинаи Ислом, Султонмуроди Ҳоҷибой, Абдуллоҷони Ғанӣ, Мирзоэргаш Урунов, Саъдуллои Сайфулло хеле калон аст.

- Мо аз раисони собиқ ва имрӯзаи вилояти Суғд хеле миннатдорем, зеро онҳо тайи 15 сол идораи рӯзномаи «Корвони умед»-ро бо бастаҳои компютер, принтер ва дигар лавозимоти зарурӣ таъмин намуданд.

Соли ҳафтум аст, ки дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ғамхорӣ фаро гирифтани кӯдакони бекасу бепарастор ва аз оилаҳои камбизоат дастрасии 500 нафар тарбиятгирандагони мактаб-интернат ва парваришгоҳҳоро бо 500 нусха рӯзнома ройгон ба роҳ мондаем, — иброз медорад сармуҳаррир С. Маҳкамов.

Рӯзноманигорони «Корвони умед» дар ин муддат дар аксари озмунҳои ҷумҳуриявию вилоятӣ ва шаҳриву ноҳиявии рӯзномаҳо ва маҷаллаҳо ширкат варзида, соҳиби ҷоизаҳо гардидаанд. Аз ҷумла ду рӯзноманигорони он соҳиби Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ва рӯзноманигорони вилояти Суғд ба номи Ҳоҷӣ Содиқ гардиданд. Худи рӯзнома соҳиби се диплом ва чандин ифтихорномаю сипосномаҳо мебошад.

«Корвони умед» матни мисраеро аз як ғазали Хоҷа Камоли Хуҷандӣ сармашқи кори хеш қарор додааст: «Ҷаҳоне пур зи мақсуд аст, роҳе равшану пайдо…», ки имрӯз роҳнамои кори ҳайати эҷодист.

Мо дар Рӯзи матбуоти тоҷик аҳли заҳмати «Корвони умед»-ро аз самими дил шодбош гуфта, барояшон «ҷаҳони пур зи мақсуду роҳи равшану пайдо»-ро таманно мекунем.

Ҳусейни Назрулло,  «Садои мардум»