Нигаронӣ

Ҳадиси Носири Хусрав ҳамин аст?

№ 27.05.2017

осор 2Дар китоби баландарзиши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Чеҳраҳои мондагор» дар қатори 25 чеҳраи миллати тоҷик оид ба мутафаккир ва адиб Носири Хусрави Қубодиёнӣ (1004 – 1088) низ суханони пур аз эҳтиром дарҷ шудааст.

Маҳз бо ташаббуси Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар зодгоҳи шоир — ноҳияи имрӯзаи Қубодиён дар рӯзҳои таҷлили 1000 — солагиаш муҷассамаи ӯ гузошта шуд.

Зимни сафари хизматӣ хостем аз осорхонаи таъриху кишваршиносии ноҳия, ки ҳанӯз соли 1988 таъсис ёфтааст, дидан намоем. Аммо боздид аз осорхона ҳам моро шод гардонду ҳам маҳзун. Шод аз он, ки ба хотири ба ояндагон ёдгор гузоштани осори гаронбаҳо дар Қубодиёни бостонӣ он кушода шудааст. Маҳзун аз он, ки бинои осорхона, ҳолати нигоҳдории нигораҳои камёфту қадима ба одитарин талабот ҷавобгӯ нест.

Бахусус, ҳуҷраи таърих ва ҳунари ин осорхона дар ҳолати басо ногувор қарор дорад. Ҳуҷраҳои барои нигоҳдории ашёи ба Носири Хусрави Қубодиёнӣ ва мардумшиносӣ пешбинишуда ҳам бо сабаби хурду танг будан наметавонанд ҳама бозёфту нигораҳоро ғунҷонанд. Ҳолати басо ногувору ҳузновар он буд, ки дар ҳуҷраи таърих ва ҳунари осорхона фарши тахтаӣ пӯсидаю ҷо-ҷо сӯрох гардидааст. Дар ин ҳуҷра ҳангоми тамошои нигораҳо пои яке аз ҳамсафарони мо ба фарши пӯсида фурӯ рафту ҷароҳат бардошт.

Корманди осорхона Аъзамҷон Ҳайитов, ки 26 сол боз дар ин даргоҳ кор мекунад, ёдрас шуд, ки ҳангоми ҷашнгирии 1000 — солагии Носири Хусрав осорхона каме таъмиру тармим шуду халос. Маъмурияти осорхона имконияти молиявӣ надорад, ки фарши фарсудашуда ва дигар ҷойҳои таъмирталаби осорхонаро ба ҳолати хуб орад. Ҳамчунин, номбурда иброз намуд, ки масъулин аз мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, вилоят ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон борҳо ваъда намуданд, ки кумак менамоянд, вале, афсӯс ки солҳо мегузарад, аммо ваъдаҳо амалӣ намегарданд.

Бо ин сабаб аз 1149 адад нигораҳои нодиру камёфти қадима танҳо нисфи онҳо ба маъраз гузошта шудаанду боқимонда зери чангу хок дар анбор нигоҳ дошта мешаванд.

Вақти он расидааст, ки барои бунёди бинои нави осорхона ва ё ақаллан васеъ ва азнавсозии бинои мавҷуда чораҳои таъхирнопазир андешида шавад. Ҳамон тавре ки Носири Хусрав фармудааст:

Бикун дар гӯш, к – ин дурри самин аст,

Ҳадиси Носири Хусрав ҳамин аст.

Сулаймон СУЛТОНОВ,

«Садои мардум»