Адлу инсоф, виҷдони пок асоси муваффақият дар ҳама кор аст

№135 (3929) 10.11.2018

Дар тӯли чанд соли охир бори аввал аст, ки роҳбарии Кумитаи заминсозии шаҳри Кӯлоб­ро ба уҳдаи мутахассиси соҳа мегузоранд. Баъзеҳо интизор буданд, ки роҳбари нав ҳамагӣ чанд рӯз кор мекунаду аз баҳраш мегузарад, зеро, ба андешаи онҳо, касе дар ин ҷо кор карда метавонад, ки аз мактаби заминсозии шаҳри Кӯлоб гузашта, ҳолати воқеии заминҳоро хуб донад. Вале онҳо хато карданд. Шамсимад Мирзохонзода бо кору фаъолияти худ собит сохт, ки аз уҳдаи ин вазифаи пур­масъулият ба хубӣ мебарояд.

- Дар аввали фаъолият каме мушкилӣ эҳсос кардам, — иброз медорад  Шамсимад Мирзохонзода, — хуб медонис­там, ки ин кор дар шаҳри Кӯлоб махсусиятҳои худро дорад. Мушкилоти асосии шаҳри Кӯлоб ин дар сернуфус буданаш мебошад. Ҳоло он аз лиҳози зичии аҳолӣ дар ҷумҳурӣ яке аз ҷойҳои аввалро ишғол мекунад. Замини кам, аҳолӣ зиёд. Ин чиз боиси нигаронист, албатта.

- Ҳоло аҳолии шаҳру ноҳияи Кӯлоб 208 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Шумораи онҳое, ки мехоҳанд соҳиби замин барои бунёди манзили зист гарданд, ба 14 ҳазор нафар мерасад, — мегӯяд ӯ.

Ӯ чун мутахассиси соҳа нисбат ба мушкилоти мавҷуда бетараф буда наметавонад. Муътақид аст, ки дар ин ҷода касе дилсӯз, ботадбир ва собитқадам бошад, комёб мегардад.

- Адлу инсоф, андеша ва виҷдони пок асоси муваффақият дар ҳама кор аст, — андеша дорад мавсуф.

Шамсимад Мирзохонзода бештар аз сӣ соли умри худро ба соҳаи замину заминсозӣ бахшида, дар ин ҷода таҷрибаи зиёд андӯхтааст.

Баъди хатми Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон бо ихтисоси кишоварз — заминсоз бо роҳхати донишкада ба хоҷагии ба номи Фрунзеи он замон овозадори собиқ ноҳияи Шӯрообод (ҳоло Ш. Шоҳин) ба кор омад. Хоҷагии мазкур дар ҷумҳурӣ яке аз калонтарин хоҷагиҳои тухмипарварӣ маҳсуб мешуд. Ҳамчун кишоварз — зироатшинос ба кор оғоз кард. Ба маслиҳату насиҳати падараш — Мирзохон Сангов, ки аз ҷумлаи раисони номдори собиқ ноҳияи Шӯрообод ва яке аз собиқадорони соҳаи зироаткории ин диёр буд, гӯш медоду амал мекард.

- Падарам шахси ҷиддӣ ва сахтгир буданд, — ба хотир меорад ӯ. — Дар кори хоҷагию роҳбарӣ таҷрибаи калон доштанд. Ҳама чизро аз он кас мепурсидам ва ин ба пешрафти кори ман мусоидат кард.

Бобои Мирзохон ба тарбияи фарзандон таваҷҷуҳи хос зоҳир мекарданд. Ҳоло фарзандони дигари ӯ Сафармаду Файзимад — кишоварз, Шермад — табиби рӯҳшинос , Ҷамшед — генерали адлия, Бахтиёр — соҳибкор ва Нуриддин — роҳбари хоҷагии деҳқонӣ шуда кор мекунанд.

- Падар барои мо махзани дониш маҳсуб мешуд, кору пайкораш намунаи ибрат буд. Шахсан барои ман рӯзгори падар роҳнамои зиндагист, — мегӯяд ҳамсуҳбатам.

Абдухолиқ Мирзозода, «Садои мардум»