Қадрдонии аҳли қалам бахшида ба Рӯзи матбуот

№33 (3827) 13.03.2018

DSC_728812 марти соли 2018 дар Театри давлатии академии драмаи Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ Рӯзи матбуоти тоҷик  таҷлил гардид.

Дар он вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Шамсиддин Орумбекзода кормандони соҳаи матбуотро табрик гуфта, аз  дастовардҳои солҳои охир ва ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  мухтасар маълумот дод.

Сипас, ба собиқадорони матбуоти тоҷик Раҷаб Мардон, Нурулло Исобоев, Алиризо Раҳмонқулов, Ҷамоли Абдулҳай, Муҳаммад Ғоиб, Ғанӣ Раҳматов, Адҳам Ҳайдаров, Олим Неъматуллоев, Гулчеҳра Фозилова ва ғолибони  озмун бахшида ба  140 — солагии устод Садриддин Айнӣ — Муҳаммад Ғоиб, Абдураҳмон Абдуманонов, Абдулҳамид Самад ва маҷаллаи «Илм ва ҳаёт» туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Шамсиддин Орумбекзода, инчунин, як қатор журналис­тонро бо унвонҳои Аълочии матбуоти Тоҷикистон, Аълочии фарҳанги Тоҷикистон ва Ифтихорнома сарфароз гардонид.

Ҳамчунин, раиси  Иттифоқи журналис­тони Тоҷикистон Зинатуллоҳи Исмоилзода аҳли қаламро табрику таҳният гуфта, дастовардҳои солро дар соҳаи матбуот бозгӯйӣ кард.

Ҳамин тариқ, «Озодагон» -нашрияи беҳтарини сол», «Варзиш» — Телевизиони сол», «Имрӯз» -  Радиои сол», «Ховар»- «Агентии иттилоотии сол», «Нуралӣ Давлат – коршиноси сол», «Садои Шарқ» -  маҷаллаи сол», «Суғднюс» — Агентии иттилоотии сол», «Омӯзгор» — Нашрияи соҳавии сол», «Нашриёти «Шарқи озод» — нашриёти сол» ва «Марди роҳ» — и Носир Саидов — филми сол» эътироф шуданд.

Ба дарёфти Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ Бахтиёри Сафар (баъд аз марг), Баҳринисо Маҷидова, Махфират Носирзода, Абдулмӯъмин Қутбиддинов, Ҷамила Раҳмонова, Фахриддини Холбек, Абдуқодири Раҳим, Карим Шариф, Асалмоҳ Сафарова ва Ҳотами Ҳомид мушарраф гардиданд.

Инчунин, донишҷӯёни фаъол бо Ҷоизаи ба номи Воҳид Асрорӣ ва аксар нашрияҳо, аз ҷумла рӯзномаҳои «Садои мардум», «Ҷумҳурият», «Народная газета», «Халқ овози» ва ғайра бо Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.

Тиллои НЕКҚАДАМ,

«Садои мардум»