Афғонистон. захмҳо оё илтиём меёбанд?

№56 (3536) 28.04.2016

4(Идома аз шумораи гузашта)

Ҷое, ки ман аз БТР фуруд омада, таваққуф намудам, кулбаҳои дуошёнаи низомисохти хоксорона ва дар канори онҳо чанд бех дарахтони сояафкани аврупоӣ дошт. Зери дарахтон ду-се ҳавзчаи лабрези обро дидам. Дар саҳни намояндагӣ чанд тан сарбози афғонӣ силоҳи Калашников дар китф адои вазифа мекарданд. Аз канори онҳо ягон-ягон шаҳрвандони мулкӣ ва низомӣ дар  рафтуо буданд. Садои тирпаронӣ ва вазиши тунди шамол лаҳзае қатъ намешуд.

Дар фосилаи бист-сӣ метр дуртар аз чашми ман ду ҷавони сияҳҷурдаи паканаи лоғар дар тан  либоси варзишӣ бо шӯру шавқи хосе теннисбозӣ мекарданд. Ба ғариби танҳову музтар ва анҷомҳои сафарии ӯ он ду тан заррае эътиборе надоданд. Ночор аз посбоне пурсидам:

- Ҷони бародар, бигӯ, ки манзили сармушовири шӯравӣ куҷост?

Сарбози афғонӣ маро аз саҳни ҳавлӣ то дами дари хонаи дуошёна, ба масофаи 50-60 қадам бурд. Он ҷо посбони дигаре моро истиқбол кард:

- Фикр мекунам, дар ҳамин вурудӣ манзили мушовирон, аз ҷумла сармушовири ҳизбӣ – рафиқ Купратий воқеъ аст, — гуфт ӯ.

Чанд дарро кӯфта, дар ниҳояти кор дари хонаи рафиқ Купратийро ёфта, боэҳтиёт нохун задам.

- Заходите!, — гуфт сармушовир.

Ворид шудам ва дидам, ки ӯ рӯи кати хоб бо либоси хонагӣ дароз кашида, китоб мехонд ва ба эҳтироми ман аз ҷой хест.

Марде тахминан чиҳилсола, тануманду болобаланд, чашмонаш обӣ, сафедпӯсту каме фарбеҳ, хеле хушсимо даст сӯи ман дароз карда, худро муаррифӣ намуд:

- Купратий Владимир Иванович – зональный партийный  советник.

Камина низ дасти ӯро фишурдам ва худро муаррифӣ кардам.

Купратий фавран сухани маро бурид ва гуфт, ки мо ғоибона ошноем: ту мутарҷими мушовири ҳизбии вилояти Бодғис – Шматок Николай Алексеевич ҳастӣ. Ба фармуди Купратий,  Шматок як моҳ боз дар маркази Бодғис, шаҳри Қалъаи Нав интизори ман будааст.

Баъдан фаҳмидам, ки хабари омадани маро маъмурини сафорат аз Кобул ба ӯ расондаанд. Купратий дубора худро болои кат партофт ва маро бо ишора ба курсӣ даъват ба нишастан намуда, пурсид:

- Ман медонам, ки ту, рафиқ Шукуров тоҷик ва журналист ҳастӣ, аммо бигӯй, ки тоҷики шимолӣ ё ҷануб?

Гӯё як сатил оби ях ногаҳон ба фарқи сарам рехт. Ин суоли ошно ва дилхарош гаронтар аз зарбаи путк буд. Ба ӯ бо садои ғазаболуди ларзон гуфтам, ки воқеан ман тоҷикам, аммо фарқе надорад, ки шимолиям ё ҷанубӣ: «таджик, есть таджик». Ӯ омирона ва бовиқору  ришханд ба идомаи суҳбат пардохт ва гуфт, ки як сол ба ин тараф дар Афғонистон машғули кор аст. Бо хӯю хислати тарҷумонҳо ошност: тоҷикон сахт маҳалгароянд. Якдигарро чашми дидан надоранд. Русидонишон ҳам заиф аст.

- Самый недружный народ, — гапро кӯтоҳ кард Купратий.

Маълум шуд, ки Купратий «ҳунари воло»-и ба намоиш гузоштаи бародарони моро нағз омӯхтааст. Мавзӯи суҳбатро ба дигар сӯ кашонда пурсид:

- У тебя есть оружия?

- Никак нет, — посух додам ман бо дами димоғат ва эҳсос кардам, ки суоли сармушовир аз рӯи мантиқ нест.

Ӯ бо ҳамон оҳанги пурғуруру мутакаббирона дағдағаро идома дод ва ҳайрон шуд, ки ман ба ин кишвари ҷангзада чаро бе туфанг омадаам? Асабӣ буд Купратий. Мушаххас аст, ки фазои ғурбат ва дур аз хонаву зан ва муҳити олудаи ҷанг ва садои шабонарӯзии мусалсалу фиғони боди тундрави Ҳирот сахт хастааш кардааст. Ман дар ин гуфтугӯи кӯтоҳ, бар хилофи афсарони рус, ки дар фурудгоҳи Кобулу Шиндант дида будам, ягон ҳарфи самимие аз ӯ нашунидам.

Купратий дастур дод, ки берун равам ва дар саҳни ҳавлӣ интизори ӯ бошам.

- Машварат мекунем, ки туро кай ва аз чӣ тариқ ба Қалъаи Нав равон кунем, – суҳбатро ҷамъбасткунон тараддуди либоспӯшӣ кард ӯ.

Дубора ба саҳни ҳавлӣ – дафтари намояндагии Шӯравӣ баромадам: ҳавлие, ки дар канори рости шоҳроҳи пурсарусадои Шиндант – Ҳирот – Кушка (Туркманистон) воқеъ аст ва анбӯҳи дарахтони тановар соябони сарҳоянд. Афсарону сарбозони афғониву шӯравӣ, ҳатто се тан бонувони гулчеҳраи русӣ ҳамоно равуо доштанд. Садои пай дар пайи тирпаронӣ ва ғурриши боди тунд лаҳзае қатъ намешуд. Аз он бар «душман» — муҷоҳидони афғонӣ борони тирҳои дайду ва ҳавоӣ мепаронданд ба ин сӯ ва аз ин самт посбонон – сарбозони афғонӣ тариқи автомати Калашников «посух» медоданд. Яъне, фақат ту майдондор нестӣ, мо ҳам ҳастем, ака!

Ман дар канори ҳамон ҷомадони пурбор ва кифи китфиям дар саҳне, ки тасвираш дар боло омад, дуду сигори «Винстон»-ро дам кашида, ба ёди сафари фардову пасфардои Қалъаи Нав ва дастуроти  мубҳаму номаълуми Купратий ин бар он бар қадам задам. Посбонон – пайраҳадорони афғонӣ аз банда ҳолу аҳвол пурсиданд. Аммо ҳамон ду ҷавони сияҳҷурда ҳамоно пурзарбу бошаст машғули бозии теннис буданд ва ҳар гоҳ ки саққошон вархато мерафту меафтод, давида онро аз замин мебардоштанду дуздона нигоҳи муғулонае ба мани мустаманд меафканданд.

Ақрабаки соат панҷи зуҳрро нишон медод. Ин дам гӯё муъҷизае аз ҷониби Худо пеш омад: вазиши боди ваҳшатбори ҳиравӣ ва тавъам бо он садои тирпаронӣ якбора қатъ шуду зиреҳпӯше ҳузарбу  боҳайбат вориди ҳавлӣ гардид ва дар канори банда сахт тормуз дод.

Сарпӯши зиреҳпӯш чолокона боз ва бардошта шуд. Аз даруни он аввал марде қоматбаланду пуррапайкар, сипас ҷавоне миёнақаду нозукандому сабзина ва пас аз он ду ҷавонаки бурранги дигар, ки ронандагони зиреҳпӯш буданашон баъдан маълум шуд, чолокона берун омаданд. Ҳамон ҷавон, ки миёнақаду нозукандомаш ном бурдам, рост назди ман омад ва салом дода, тоҷикона вохӯрӣ карда, гуфт:

- Тарҷумони Бодғис шумоед?

- Оре, манам, — мухтасар посух додам ва сигори нимкашидаамро ба як сӯ партофтам.

- Номатон?

- Мирзо Шукуров…

- Журналистӣ-а?, – бо ҳаяҷон пурсид ӯ ва чеҳрааш зуд офтобӣ шуду дар идомаи сухан афзуд, — ман худатро ғоибона мешиносам, чандин мақолаатро аз «Тоҷикистони Советӣ» хондаам. Ҳамин ҳоло дар утоқам ду-се шумораи нави ин газетаро дорам…

- Ташаккур, бародар, ман корманди ҳамин рӯзномаам, — изҳор кард банда ва маро эҳсоси танҳоӣ ва ғурбату андӯҳи талх, ки ҳанӯз аз фурудгоҳи Кобулу Шиндант гиребонгир буд, дар як лаҳза раҳо сохт.

 (Давом дорад)

 Мирзо Шукурзода, Нависанда