Афғонистон. захмҳо оё илтиём меёбанд?

№67 (3547) 24.05.2016

Афганистан(Идома аз шумораҳои гузашта)

- Гена, Гена! Мы почти месяц неполучили письмо. Ты почему так медленно ходишь?

Купратий аз зинаи чархбол поён омада, пеш аз мо ба издиҳом хабар дод, ки хаткашон имрӯз Калуженко аст. Аммо номаҳоро ду рӯз пеш Георгий Александрович ҳамроҳ бо тарҷумонаш Қиёмиддин Абдуллоев аз почтаи Кушка оварданд. Ба онҳо ҳам раҳмат гӯед, – таъкид кард Купратий.

Ман чунин манзараи девонавор ба дару паланди чархбол часпидани инсонҳоро пас аз Бодғис, баъд аз гузашти 12 сол, дар яке аз рӯзҳои тобистони соли 1993 тариқи филми мустанади видеоӣ дар шаҳри Имом Соҳиби вилояти Тахор дида будам. Дар Бодғис ғарибони мусофир дар талоши нома, ки қуввати дил аст, ба чархбол ҳамлавар шуданд. Аммо дар Тахор оворагони гуруснаву нагунбахти тоҷик барои дарёфти як луқма нони хушк, ки қути тан шуда, аз деви марг наҷоташон бахшид, девонавор дарафтоданд. (Умр боқӣ бошад, дар китоби дувуми ёддоштҳо ба тафсири муфассали он ҳодиса ва ҷанги нангини шаҳрвандии тоҷикон (1992-1997) хоҳам пардохт).

Номаҳо – кӯдакони муштоқи рӯю бӯйи модар кабӯтарвор дар дилу дидаи соҳибонашон ҷо гирифтанд. Дар миёни ин муштоқон, ки ҳама афсар, мушовир ё тарҷумони шӯравӣ буданд, мушовири ҳизбӣ Шматок Николай Алексеевич низ ҳузур дошт.

Пас аз салому алейк бо меҳмонон ҷаноби Купратий маро бо ӯ шиносонд ва аъзои ҳайатро бо сарварии генерал Бобинский, волии вилояти Бодғис Алиоқои Родмеҳр, ки ӯро губернатор мегуфтанд, ба ҳутал бурд ва пас аз фароғати андак ва сарфи чою «куку пепс», яъне кокаколаву пепсикола ҷаласа шурӯъ шуд: айнан ҳамон ҷаласаи «таърифие», ки як ҳафта пеш дар вилояти Ҳирот шоҳидаш будем, яъне сарони ҳамон ҳизбҳо, ҳамон сорандуйҳо, ҳамон амниятиҳову бонувону ҷавонони инқилобӣ ва як мушт мушовири шӯравӣ ҷамъ омаданд, то таҳаввулоти ҷаҳон, кишвар ва вилоятро баррасӣ кунанд ва…

Бо ҳамон шиори наҷотбахши «молчание золото» ва бо сабаби «новичок» будан Геннадий Калуженко – сармушовири Созмони ҷавонон ба банда боз ҳам тараҳҳум карда, маро аз бозӣ баровард. Дар ҷаласа ба ҷуз Рашид Собиров тарҷумонҳои шӯравии муқими Қалъаи Нав – Саттор Сангов, Раҳматуллоҳи Ҳабиб, Марат Акилов (аз тоторҳои шаҳри Бухоро) ҳамроҳ бо даҳ мушовиру ҳамин қадар афғони мансабдор иштирок доштанд.

Ман дар рафти маҷлис тамоми истилоҳу вожаҳои паштуасоси дарии бароям комилан ноошно, амсоли: сорандуй, ход, мутар, древар, кандак, файр, сарак, фомил, тикет, убуру мурур, чуру чаповул, мошиндор, рокетандоз ва ғайраро, ки афғонҳо ё мутарҷимон ба забон мебурданд, бошитоб ба дафтарчаам кӯчондам, якчанд истилоҳоти русиро ҳамчунин. Бар хилофи ҷаласаи Ҳирот, ки дар он шаҳр садои андохт (тирпаронӣ) мудом дар авҷ аст, дар Қалъаи Нав он рӯз овози як тир набаромад. Ҷаласаи камтар аз дусоатаи мо дар Бодғис орому осуда сипарӣ шуд. Ҳини аз маҷлисгоҳ берун омадан Купратий даст бар камар бурд.

- Я тебе наверно долго буду помнить, Рашид! – бо нолиш гуфт ӯ.

Мазмун: сӯзиши ҷароҳати лагаде, ки аз Рашид Собиров хӯрда буд, ҳанӯз дар мағзи ҷони ӯ боқист.

Ошноии ману Шматок тибқи мақоли кӯзаи наву оби хунук хушӣ ба хушӣ оғоз гардид. Ӯ як моҳ бо кумаки як тарҷумон – сарбози тоҷик, ки аз баталиони шӯравии воқеъ дар Қалъаи Нав дархост карда буд, умури мушовири ҳизбиро анҷом дод. Аз карахтии тарҷумони собиқаш бисёр нолид.

Гурӯҳи меҳмонони ҳиротӣ – Куп­ратий, Бобинский, Калуженкову Рашид пас аз анҷоми маъмурияти дурӯзаи хеш дар андешаи бозгашт ба Ҳирот афтоданд. Ману Рашид як рӯз қабл аз сафари онҳо дар ҳутали Бодғис пайи суҳбат нишастем ва банда аз наҷобати олишони Қиёмиддин Абдуллозода ёд карда, дар омади гап гуфтам:

- Рашид, дидӣ, ӯ маро аз марги сад дар сад наҷот дод. Охир, некӣ аз ин зиёд мешавад?

- Э-ҳа, ако, Киё дар Афғонистон на фақат шумо, балки аз бачаҳои шӯравӣ то афғонҳо чандин касро аз марг наҷот додааст.

- Чӣ тавр? – кунҷковиям афзуд.

- Дар замони ҳукумати Зоҳиршоҳу Довуд ҳам тарҷумон буд Киё. Вай, яке аз рӯзҳои тобистони соли 1976 дар минтақаи Дашти Маргзои Балх ҷони худро дар хатар монда, Шайдо ном духтар ва бародараш Замонро аз зери сангу чӯбкориҳои ваҳшиёнаи кӯчиёни дузд ва сарбур наҷот дод.

- Чӣ тавр? – Боз ҳамон суоли клешаии худро бо даҳони воз так­рор кардам ман, то ки Рашид ба шарҳи муфассали қисса пардозад. Аммо ӯ ин ҳикоятро нотамом монд ва сари риштаи достони дигаро аз корнамоиҳои Киё боз карда, гуфт:

- Бори дувум, тобистони соли 1980 дар яке аз гардишҳои роҳи ноамни Ҳирот – Кушка ҷони чаҳор афсари шӯравӣ: яке майор, се тан полковникро аз ҳамлаи ногаҳонии ашрор раҳо сохт. Бисёр зирак ва ҷасур аст Киё. Биллои азим, аз бало наметарсад ин мардак.

- Боз як ҳодисаро гӯям?

- Бигӯ, Рашид.

- Тобистони ҳамон соли 1980 дар наздикии вулусволии Инҷил мошини ГАЗ-24-и Киё ва мушовири ҳизбӣ Задоя Николай Кузмич дар натиҷаи ҳамлаи ногаҳонии чирикҳо зери борони тир монд. Киё дар ин бархӯрди ногаҳонӣ низ шуҷоати рустамона нишон дод, захмӣ шуд, лекин ҷони мушовирро харид ва аз забонаи алангаи оташ як даста асноди сириро солим берун овард. Барои чунин мардонагӣ моҳи июли соли 1982 бо нишони шоистаи ҳукуматӣ – медали «Барои шуҷоат» сарфароз гардид…

Мехостам, қиссаҳои Рашид роҷеъ ба шуҷоату наҷобати Абдуллозода ва фурӯтаниву одамияти Калуженко беохир идома дошта бошанд… Аммо чӣ чора? Таноби чарх кай дар дасти мо, бандагони зери ин осиёи бемурувват буд?

Бо Рашиди ҷавон аз ҳамон айёми ҷанг – чанд соати ҳамкорӣ дар тобистони соли 1981 дар Бодғис ва Ҳирот то имрӯз -  тобистони соли 2015 боре ҳам дидор муяссар нашуд.

Рашид он рӯз дар ҳутали фартуту қадимисохти Қалъаи Нав, дар канори Геннадий Калуженко нишаста, қиссаҳои мардонагии Қиёмиддинро ончунон бо муҳаббат васф кард, ки мани журналист лол гаштам ва то имрӯз дар банди ҳайратам.

Тафсилоти ҳамон қиссаҳо, ки мухтасар гуфтам, дидори Киё бо булбули хушилҳони Шарқ Аҳмад Зоҳир дар тобистони соли 1976 дар ҳамон Ҳироти худамон ва чанд ривояту ҳикояти ошиқонаву зеботар аз достонҳои «Ҳазору як шаб» аст, ки аз забони худаш хоҳед шунид, акои ҷон!  Он рӯз дар Қалъаи Нав бо шавқу завқи ҷавонӣ мегуфту механдид тарҷумон-себ Рашид Собирови Панҷрӯдии ба қавли худаш, набераи Одамушшуаро устод Рӯдакӣ.

(Давом дорад)

Мирзо Шукурзода, нависанда