Агар ба қадри забонам нарасӣ…

№16 (3810) 06.02.2018

Чун сухан аз боби забон меравад, беихтиёр бузургон ба ёд меоянд, ки мартабаи суханро то чӣ андоза баланд гуфтаанд ва пайваста кӯшиш намудаанд, ки забони асарҳои эҷоднамудаашон равон  ва фасеҳ бошад.

Чун боди истиқлол вазидан гирифт, забон дар кишвар мақоми давлатӣ пайдо кард. Вақте ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои баланд бо забони модарӣ хеле ширину гуворо суҳбат мекунанд, ифтихор аз соҳибдавлатию соҳибзабонӣ бештар мегардад.

Набояд фаромӯш кард, ки забони ноби тоҷикӣ тӯли асрҳо бо вуҷуди эҷоди даҳҳо садд аз ҷониби душманон, бегазанд ва бо фонди ғании луғавӣ то замони мо омада расид. Саҳми Рӯдакӣ дар инкишофи забони тоҷикӣ бузург буда, пайравони бохираду маърифатпарвараш ашъори ҷовидонаи худро маҳз ба забони тоҷикӣ офаридаанд. Агар ниёгон ин мероси гаронбаҳоро чун гаҳвараки чашм эҳтиёт карда, то мо оварда бошанд, пас мо низ онро барои ояндагонамон амонатдорӣ хоҳем кард. Ба ин маънӣ Пешвои миллат дар як суханрониашон фармудаанд:

«Забон барои як давраи муайяни таърихӣ ва ё танҳо барои як насл хизмат намерасонад, балки забон худ таърихи зиндагии миллат ва пайвандгари наслҳои дирӯзу имрӯзу фардо мебошад. Аз ин рӯ, забон дар ҳамаи давру замонҳо ба эҳтирому эҳтиёт ва инкишоф ниёз дорад. Борҳо таъкид шудааст, ки забон омили асосии рушди миллат аст ва миллату давлату забон пуштибони ҳамдигаранд».

Ҳамчунин, мушоҳида мегардад, ки забони давлатӣ аз ҷониби баъзеҳо эҳтиром намешавад ва бо истифодаи вожаву ибораҳои бегона  фасоҳати онро коҳиш медиҳанд. Калимаҳоро аз забони дигар тарҷумаи таҳтуллафз намуда, дар коргузорӣ ва ё дар матбуот истифода мебаранд.

Надонистани забон аз ҷониби кормандони масъули давлатӣ бештар боиси вайрон шудани таркиби луғавии он мегардад. «Як калима сесаду шаст паҳлу дорад» ё «гапатро хоида гӯй» — таъкид мекарданд  пирони дунёбохабар. Зарур аст аз маънии калимае, ки аз даҳон мебарояд, худи гӯянда огоҳ бошад. Имрӯз дар суҳбатҳо мешунавем, ки мегӯянд: «Ба шумо дар ин кори хайр бурдборӣ мехоҳам». Вожаи «бурдборӣ»-ро ба маънои барори кор, комёбӣ ва дастовард истифода мебаранд. Ҳол он ки маънои ин калима «сабр, бардошт, таҳаммул» аст.

Дар ҳоле ки дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи забон ва истилоҳот таъсис ёфта, иҷрои қонуни соҳаро назорат мекунад, он бояд заволи ҳама гуна иштибоҳу зиёдаравӣ дар забон бошад.

Барои дар ҳаёт татбиқ намудани Қонуни забони давлатӣ вазифадор ҳастем, ки ҳар кадом ба қадри тавон кӯшиш ба харҷ диҳем, то барои тоза нигоҳ доштани забони Ҳофизу Саъдӣ, Фирдавсию Айнӣ, Бозору Лоиқ саҳм дошта бошем.

Масъалаи дигар оид ба номҳои топонимикии диёр мебошад. Ҳанӯз замони мактабхон буданам як олими маъруф дар деҳаи мо меҳмон шуд ва пирони дар суҳбати ӯ нишаста маънии  вожаи «Нимич»-ро пурсон шуданд. Он олим хулоса баровард, ки Нимич аз забони туркӣ пайдо шудааст ва шакли дурусташ «нима ич» — «чӣ нӯшам?» мебошад. Баъди гузашти солиёни зиёд маълум шуд, ки маънои топонимикаи «Нимич, Шингилич, Ялдамич, Ярхич…»  ибодатгоҳ будааст.

Ёд дорам, кампири Ситора, як зани таҳсилнадида панду андарзи бисёр мегуфт. «Шоҳнома»-ро қисса мекард ва духтаракони ҳанӯз ба балоғатнарасидаро сабақ меомӯхт. Боре шоҳиди суҳбати ӯ будам.

- Чаро модар пеш аз он ки пистон ба даҳони фарзанд гузорад, нӯги забонашро ба даҳони тифл мемонад, — суол кард кампир.

Дар он суҳбат ҷавонзанҳо низ ҳузур доштанд, касе ба суоли ӯ посух нагуфт.

Табассуми дардолуд дар лабони кампир ях кард. Бо алам хеле сукут кард. Баъд овози шикастаи ӯ оромии фазои хонаро дигар кард.

- Урфу одати ниёгонро фаромӯш накунед, духтарои ҷон. Ба даҳони кӯдак мондани нӯги забони модар маънӣ дорад. Ягон кори дунё бемақсад намешавад. Бо ин ишора модар ба тифли ҳанӯз аз дунё бехабар аз рӯзи нахуст таъкид мекунад, ки «агар ба қадри забонам нарасӣ, шири сафедамро биҳилат намекунам». Сад ҳайф, ки баъзе аз модарони ҷавон дар даврони мо ба ин маънӣ сарфаҳм намераванд…

Диловари МИРЗО, 

«Садои мардум»