Ба «Садои мардум» ҷавоб омад

«Ҳайкалҳо бояд зербино дошта бошанд»

№41 (3991) 13.04.2019

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи «Ҳайкалҳо бояд зербино дошта бошанд» — ро, ки дар рӯзномаи «Садои мардум» аз 16 феврали соли 2019, №19 (3969) бо имзои Абдухолиқ Мирзозода нашр шудааст, мавриди таҳлилу баррасии ҳамаҷониба қарор дод.

Бояд қайд кард, ки нигориши композитсияи ҳайкалу муҷассамаҳо ба донишу малака ва касбияти ҳайкалсозон, муҷассамасозон вобастагии зич дорад. Дар ҳолати аз ҷониби мутахассисони касбии соҳавӣ муроҷиат намудани мақомоти маҳаллӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ Комиссияи экспертизаи бадеии назди Вазорати фарҳанг омода аст, ки дархосту пешниҳодҳои мазкурро баррасӣ ва хулосаи заруриро пешниҳод намояд.

Вазорат пешниҳодҳои муаллифи мақоларо оид ба симои қаҳрамон ва композитсияҳои монументалии ҳайкалҳо ҷонибдорӣ мекунад.

Ш. ОРУМБЕКЗОДА,

вазири фарҳанги Ҷумҳурии  Тоҷикистон