Айнӣ ва масъалаҳои рушди адабиёти тоҷик

№45 (3839) 12.04.2018

3Таҳти ин унвон дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи ­Бобоҷон Ғафуров бахшида ба 140-умин солгарди Асосгузори адабиёти мусоири тоҷик устод Садриддин Айнӣ конфронси ҷумҳуриявии илмӣ — назариявӣ баргузор шуд.

Он бо суханронии узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода оғоз ёфта, сипас, маърӯзаҳои доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи адабиёти муосири тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Матлубаи Мирзоюнус дар мавзӯи «Омилҳои шуҳрати ҷаҳонии Садриддин Айнӣ», номзади илмҳои филологӣ,  мудири кафедраи назария ва  адабиёти навини форсӣ — тоҷикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Муртазо Зайниддинов оид ба «Робитаҳои адабии халқҳои тоҷику тотор дар қаринаи матбуоти даврӣ», декани факултети филологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Абдусамад Муллоев доир ба «Нақши Аҳмади Дониш дар ташаккули шахсият ва эҷодиёти Садриддин Айнӣ» шунида шуд.

Ҳамоиш дар 8 бахш ду рӯз идома ёфта, масоили «Сиёсат, таърих ва ҳунарҳои мардумии замони Садриддин Айнӣ», «Садриддин Айнӣ ва таҳаввули адабиёти навини тоҷик», «Мероси илмӣ – адабии Сад­риддин Айнӣ», «Садриддин Айнӣ ва пайвандакҳои забони адабии халқи тоҷик», «Айнишиносӣ, масъалаҳои нақди адабӣ, матншиносӣ ва мероси адабӣ дар асарҳои Садриддин Айнӣ», «Нақши Садриддин Айнӣ дар ташаккули забони тоҷикӣ ва забоншиносӣ», «Садриддин Айнӣ ва ташаккули матбуоти миллии тоҷик», «Ақидаҳои педагогӣ ва маорифпарварии Садриддин Айнӣ» ва ғайраро дар бар гирифт.

Ба иштирокчиён маҷмӯи мақолаҳои илмии конфронс, ки дар китоби алоҳида мураттаб гардидааст, тақдим шуд. Дар он мақолаи хабарнигори «Садои мардум» Тиллои Некқадам таҳти унвони «Симои ҷовидонаи устод Айнӣ дар кинои ҳуҷҷатӣ» («Садои мардум», №29 аз 6 марти соли 2018) низ ҷой дода шудааст.

Мирзоаъзам Мақсудов,

«Садои мардум»