Ба ифтихори 140 – солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ

Айнӣ ва роҳҳои ҳифзи асолату такмили забони адабӣ

№46 (3840) 14.04.2018

38176194642_0654ba5637_oАйнӣ рушди забонро аз таҳаввулоти иҷтимоӣ ҷудо намекард. Ӯ моҳияти ҳассоси давру замон ва вазъи иҷтимоию сиёсиро хуб дарк карда, пайи ҷустуҷӯйи роҳҳои ҳифзи асолат ва такмили забони адабии тоҷик кору пайкори созанда намуд.

Муҳимтарин омили рушди забони тоҷикиро дар шароити нави иҷтимоӣ дар идомаи қоидаҳои дастурии забони адабиёти классикӣ медонист. «Модом ки классикони бузург, — навишта буд устод, — аз они мо буданд, мо бояд дар забони адабии имрӯзаи худ ҳам меросхӯрони ҳақиқии он классикҳо будани худро исбот кунем».

Ба ақидаи ӯ, дар даврони гузаш­та забони тоҷикӣ мавриди таҳқиқи амиқи илмӣ қарор нагирифта буд. Ба қавли эшон «муаллифони гузаштаи сарфу наҳв дар ҳуҷраи торик нишаста, на забони адабиёти классикиро, на забони халқро ҳеҷ тафтиш ва тадқиқ накарда, он қоидаи нестандарҷаҳонро вазъ кардаанд…».

Садриддин Айнӣ таъсиси Тоҷикис­тонро ба сифати ҷумҳурӣ дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамчун омили муҳими рушди забони адабии миллии халқи тоҷик ба ҳисоб мегирад: «Забони адабии тоҷик ҳарчанд таърихи ҳазорсола ва грамматикаи мустаҳкам дошта бошад ҳам, то Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр дар ин мавзӯъ асари дурусте ба майдон наомада буд. Чунки дар мактаб ва мадрасаҳои куҳнаи мо забони модарӣ ба сифати як дарс омӯхта намешуд. Баъд аз револютсияи мазкур, чунонки халқи тоҷик соҳиби ҳар гуна ҳуқуқ шуда, мисли як миллати сотсиалистӣ ташкил ёфта, ба давлати советии худ доро гардид, забони ӯ ҳам ҳуқуқи омӯзишро пайдо кард».

Забони адабии тоҷик дар давраи шӯравӣ роҳи ноҳамвори инкишофро тай намуда, ба гуфти устод, «бисёр моҷароҳо ва мунозираҳоро аз сар гузаронид». Дар идомаи сухан метавон гуфтаҳои зерини С. Айниро овард, ки дархӯри баҳсҳои имрӯза низ мебошад: «Ман дар ин ҷо тафсилоти он мунозираҳо ва моҷароҳоро нақл накарда, ҳамин қадарро гуфтан мехоҳам, ки забони адабии оммафаҳми тоҷик дар байни задухӯрдҳо роҳи худро гум накарда, инкишоф ёфтан гирифт, аммо ҳеҷ гоҳ аз ҳуҷумҳои «чап» ва «рост» тамоман халос нашуд».

Дар яке аз мактубҳояш устод ба Лоҳутӣ менависад: «Достони «Вахш»-и маро ба рафиқе барои таҳрири сиёсӣ додаанд. Вай дар қатори эътирозҳои сиёсии беасосаш эътирозҳои забонӣ ҳам кардааст ва ба ин далел овардааст,ки «автор» дар 72 саҳифа 124 эзоҳ додааст. Ва ҳол он ки он эзоҳҳои ман бештарин дар бораи «нешбанд», «навбур», «поёноб», «варғбанд» барин калимаҳо буд, ки онҳоро деҳқонони бесавод медонанд, аммо ҷавонони саводи «сиёсинок» намедонанд (таҳрири забонӣ карда, чанд мисраъро вайрон ҳам кардааст)».

Далелҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки забони тоҷикӣ ба сифати фанни алоҳида дар мактабҳо танҳо дар замони шӯравӣ ҷорӣ карда шуд. Ин иқдомро устод муҳимтарин омили рушди забон ва коҳиш додани тафовут миёни забони адабӣ ва гуфтугӯ мешуморад. Ба назари ӯ, забони адабӣ набояд ба ҳадди «забони кӯча» расад, балки омма бояд забони адабиро фаро гирад. Устод дар ин бора менависад: « Забони адабӣ дар ҳар миллат аз забони оммавӣ — зинда фарқ дорад….».

Садриддин Айнӣ таъкид кардаанд, ки забони адабӣ бояд ба забони омма таъсир расонад. Оммаро бояд ба забони адабӣ наздик намоем. Аз сӯйи дигар нависандагон бояд аз лаҳҷаҳои маҳали худ самаранок истифода бурда, забони адабиро ғанӣ гардонанд. Вале ин маънои онро надорад, ки вижагиҳои лаҳҷаи худро умумӣ гардонанд. Дар ин бора суханони С. Айнӣ ҳоло ва дар оянда низ роҳнамунсози эҷодгарони мо хоҳанд буд: «…..бояд инро қайд кард, ки маънии роҳбарӣ кардани забони адабӣ ба забони омма ин нест, ки нависанда чизҳои душворфаҳм навишта, зимнан аз хонандагон омӯхтани забони худашро талаб кунад, балки маънии ин сухан он аст, ки нависанда ба дараҷае сода ва оммафаҳм нависад, ки ҳар хонанда гуфтаҳои ӯро равшан фаҳмад ва дар айни замон навиштаҳои ӯ мувофиқи қоидаҳои забон буда, дилчасп ва шавқангез бароянд» .

Садриддин Айнӣ амали доираҳои муайяни илмӣ ва сиёсии охири солҳои сиюмро дар мавриди «забонро ба халқ наздик кардан» зери тозиёнаи танқид гирифта, таъкид кардаанд, ки унсурҳои вайрони луғавию наҳвиро аз лаҳҷаҳо гирифта, асолати сарфию наҳвии забони адабии тоҷикиро, ки асрҳо шакл гирифта, устувор гардидааст, «мехостанд, ки бо грамматикаи қисман нав як «забони нави адабӣ созанд». Маҳз кору пайкор ва саъю талоши устод Айнӣ буд, ки асолати дастурии забони тоҷикӣ дар меҳвари забони адабиёти классикӣ боқӣ монд. Ӯ дар бораи ин хатари забонвайронкунӣ, ки метавонист забони адабии тоҷикро аз забони адабиёти классикӣ тамоман ҷудо  кунад, ҳушдор дода буд: «Ҳарчанд шоирон ва нависандагони забондон ин гуна вайрониҳоро кор нафармоянд ҳам, баъзе ҷавонони камтаҷриба ва баъзе нависандагони маҳалчӣ дар асоси он лоиҳа ҳанӯз ин гуна чизҳоро дар асарҳои адабии худ дароварда, ба хонанда тақдим мекунанд».

С. Айнӣ вайрон шудани забони адабиро дар тарҷумаҳо зери тозиёнаи танқид гирифта, ҳушдор додаанд, ки пеши роҳи забонвайронкуниҳо гирифта шавад. Тарҷумаҳои вайрон бештар дар матбуот пайдо шуда, умумӣ мегарданд. Устод таъкид кардаанд, ки матбуот ба хонандагон забони адабиро меомӯзад ва «забони вайрони адабӣ»-ро дар байни омма умумӣ мегардонад.

Дар ин бора С. Айнӣ дар мактубаш ба сармуҳаррири рӯзномаи «Тоҷикистони Сурх» аз 21 апрели соли 1941 изҳор намудаанд: «Ман пештар қариб дар маъюсӣ ва ноумедӣ афтода будам ва дар дили худ мегуфтам: Бо ин гуна тарҷума ва таҳрирҳо на танҳо забони тарҷумаҳо, балки забони нависандагони ҷавон ва хонандагон ҳам вайрон хоҳад шуд. Ман дар ин гуна ба навмедӣ афтодани худ ҳақ доштам. Чунки нависандагони ҷавон ва хонандагон забони адабиро аз матбуот меомӯзанд. Азбаски бештарини чизҳо чопӣ аст, нависандагони ҷавон ва хонандагон аз матбуот забонвайронкуниро меомӯхтанд» .

Дар идома мисолеро меорад, ки дар шароити имрӯза низ арзишманд хоҳад буд: «Дар наздикӣ ба як нависандае, ки 10-11 сол «стаж» дорад, дар ин бора гап задам. Ӯ дар асарҳои «оргиналии» худ ҷумлаҳои вайрон ва луғатҳои ночаспонро оварда буд. Ман аз ӯ пурсидам: «Ту ин ҷумлаҳои вайрон ва луғати бемаъниро аз кӣ омӯхтӣ?» Ва ҳол он ки модарат, модаркалонат ва модарарӯсат ба ин забон гап намезананд-ку».  Ӯ ҷавоб дод: «Ман мисли ин ҷумларо ва ин гуна луғатро дар ин навъ мавридҳо дар тарҷумаҳо ва дар матбуот бисёр дидаам ва хондаам».

Устод забонвайронкунандагонро ба зоғе монанд кардааст, ки «ба равиши кабки хушрафтор тақлид карда, қадампартоии табиии худро гум карда буд».

Ҳамин тариқ, осори устод Садриддин Айнӣ масъалаҳои муҳими амалӣ ва назариявии забоншиносии тоҷикро дар бар гирифтааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти ин зикр кардаанд: «Мехоҳам таъкид кунам, ки мо дар сиёсати забон, қабл аз ҳама, дар мавриди забони тоҷикии меъёрӣ, аз мерос ва андешаҳои устод Сад­риддин Айнӣ истифода ­мекунем».

Назрӣ ОФАРИДАЕВ, доктори илмҳои филологӣ, устоди Донишгоҳи давлатии Хоруғ  ба номи М. Назаршоев