Ҳайрати мо дар камоли санъати гуфтори ӯст

№137 (4243) 06.11.2020

АБДУРАШИД ХУЧАМКУЛОВКайҳо боз мехостам дар борааш нависам. Бо ин мақсад сӯи коргоҳаш роҳ пеш гирифтам. Вале шумо фикр накунед, ки аз ин пеш бароям вақт даст намедод. Баръакс, баҳри ифодаи дурусти андешаҳо сухани равону суфта намеёфтам, ки лоиқи ӯ бошанд. Ҳамчунин, меандешидам: он чизе, ки медонам, баҳри навиштан кам асту дар васфаш дилам аз нигоштан тар нахоҳад шуд.

Ӯро ҳамкорон ситоиш карда, дар ҳаққаш суханони нек гуфтанд.

- Аммо имрӯз ӯро пайдо карданатон ба гумон аст, — мақсадамро пай бурда, гуфт яке аз онҳо. — Ба идораи телевизион барои сабти барномаи адабие даъваташ карданд.

Рӯзи баъдӣ дар дафтари кориаш вохӯрдем. Суҳбатамон тафсид. Ӯ сухан меронд кӯтоҳ, пурмазмун, самимӣ. Пичаҳои сафеду чинҳои ҷабинаш аз софдилию кордонӣ ва меҳнатдӯстию накӯкориаш дарак медоданд. Воқеияти ҳаётро бо нигоҳи тоза баҳогузорӣ мекард. Ва ҳар як андешаро бо қатъият ва дилпурӣ баён медошт. Пай бурдан душвор набуд, ки иродаи мустаҳкам дорад. Кору зиндагиро дӯст дошта, хислатҳои ҳамидаи инсониро мепарастад.

Дафтари кориаш боргоҳи илму маърифатро мемонад. Рӯи мизу дохили ҷевонҳо моломоли китобу дастурҳои соҳавист. Аз миёни онҳо, бахусус, асарҳои нобиғагони адабиёти классикӣ бештар барояш азизанд, ки гаштаю баргашта мутолиа менамояд. Аксар китобҳои қаламфарсоёни муосир бо соядаст барояш тақдим гардидаанд. Бастаи рӯзномаю маҷаллаҳои даврӣ низ мизи канористодаеро зеб медиҳанд, ки солҳои гуногунро дар бар мегиранд. Яке аз онҳоро варақ мезанаму байти Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ба чашм мехӯрад, ки мақоми ӯ барин шахсонро бо ҳисси ифтихору қаноатмандӣ тасвир кардааст:

Бандаям некраверо, ки дар ин дайри куҳан,

Гар зияд, пок зияд, гар биравад, пок равад.

Ҳангоме ки ӯ китоби хотироташро варақгардон мекард, дар дафтари қайдҳоям сатрҳои зерин нақш бастанд…

Ализода Абдурашид Хӯҷамқул зодаи диёри Балҷувон аст. 7 ноябри соли 1950 дар оилаи ҳунарманди номдор, усто Хӯҷамқул ба дунё омадааст. Миёнаи солҳои 50-уми асри пешин кӯчонидани мардуми кӯҳистони Ховалингу Балҷувон ба таҳдашт оғоз ёфт. Обу ҳавою нону намак насиб карда будааст, ки аҳли оилаи Абдурашидино ба ноҳияи бостонии Фархор рахти сафар бастанд. Ҳамин тариқ, даврони шубоби пур аз фараҳу шодмонии кӯдакиаш дар домани талу теппаҳои деҳаи «Тоҷикистон»-и Ҷамоати деҳоти «Ғайрат» (дар гузашта хоҷагии ба номи Карл Маркс ва ба номи Холаҳмад Давлатов) чун нақш болои санганд. Рӯз мешуд, то бегоҳ бо ҳамсолон беғамона мегашту посе шаб аз шунидани нақлу ривоятҳои волидон ба хоби ширин мерафт. Ва ниҳоят шӯху зирак ва бофаҳму қавизеҳнӣ, қиссаю афсонаҳои падарро, ки мадрасаҳои Бухороро хонда, ҳофизхону бедилхон буд, шунида, дар хотир нигоҳ медошту гоҳо ба ҳамсолон ҳикоят мекард. Ин ҳама ҳангоми таҳсил дар мактаб аз назари муаллимон дур намонд. Аз ин лиҳоз, ба вай таваҷҷуҳ зоҳир мекарданд. Иштирокаш ҳама гуна чорабинии таълимгоҳро рангин месохт. Борҳо дар озмунҳои ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ ширкат намуда, шуҳрати таълимгоҳро боло бардошт. Унвонии падару модар на як бору ду бор раҳматномаҳои роҳбарияти шуъбаи маорифи ноҳия расид, ки мазмуни зайлро доштанд: «Раҳмат, барои тарбияи чунин фарзанд».

Фориғ аз машғулиятҳо Абдурашид, инчунин, баҳри огаҳии бештар пайдо кардан аз шуғли бобоӣ, ба кори падар зеҳн мемонд. Дере нагузашта, нозукиҳои аз чӯбу тахта тарошидани шонаю китобмонак, дару тиреза, гаҳвораю асбобҳои мусиқӣ, оҳангарию хонасозиро аз бар кард. Бар замми ин, бобои Хӯҷамқул, ки донандаи хуби шеъру достонҳои халқӣ буд, иродатмандию кунҷкобии писарро ба хубӣ пай бурда, тарзи дурусти қироату бори маънӣ бардоштанро ба ӯ омӯзонд. Маҳз ҳамин ҳунарҳои қиблагоҳ дар интихоби касб роҳнамояш гардиданд, ки баъди хатми мактаби миёнаи рақами 6, соли 1967 ба факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (он замон УДТ ба номи В. И. Ленин) дохил шуд. Ва айёми донишҷӯӣ давраи сабзишу камолоти маънавию болиғназарии ӯ маҳсуб мегардад.

Шабҳои бехобӣ, таҳсил, санҷишу имтиҳонот… Ба ҳамааш вақт меёфт. Баҳри такмили донишу истеъдоди воло доимо кӯшиши зиёд мекард. Боре ба ман яке аз шарикдарсони айёми донишҷӯиаш нақл кард, ки «ҳар гоҳе Абдурашидро фориғ аз дарс пурсон мешудем, ҳатман аз Китобхонаи ба номи Абулқосим Фирдавсӣ меёфтем. Борҳо шуда, ки ӯро кормандони ин махзани дониш вақти ба охир расидани рӯзи корӣ интизор шудаанд, то адабиётҳои писандидаашро батамом хонад. Зеро вай хонандаи доимии ин боргоҳи илму маърифат ба ҳисоб мерафт».

Ҷустуҷӯю бедорхобиҳо кашидан бори ширин оварданд. Ҳангоми дар курси сеюм хонданаш (1970) дар озмуни ровиёни ҷумҳурӣ, ки бо ибтикори Кумитаи давлатии телевизион ва радиои кишвар баргузор гардид, ғолиб дониста шуда, ба ҳайси наттоқи таҷрибаомӯзи радио ба кор қабул гардид.

Ҳарчанд миёни бахтозмоён истеъдодҳои хушзавқ кам набуданд, лекин тавонист ҳунари волояшро бо маҳорати баланд нишон диҳад. Ҳаргиз аз ёд намебарорад, ки дар муваффақияти бадастовардааш саҳми устодони мушфиқу шарикдарсони қадрдон хеле калон аст. Чун одати дерина, фориғ аз дарсҳо, Абдурашид соатҳои дароз таҳти роҳбарии устодон Соҳиб Табаров, Худойназар Асозода (равонашон шод бод!) маҳораташро сайқал дод. Лаҳзаи дилпурона ба саҳна баромадан ваҷоҳаташро тағйир надода, аз дил гузаронид, ки ҳаяҷони бемавқеъ метавонад шахсро аз доираи ғолибият берун кашад. Аз ин рӯ, худро ба даст гирифта, шартҳои озмунро бе ҳеҷ дудилагӣ иҷро кард. Комёбии ӯ устодону ҳамдарсонро ба ваҷд овард. Ҳакамон ба хулоса омаданд, ки ҷои аввалро ба Абдурашид лоиқ дониста, унвони ифтихории озмун ва туҳфаҳои хотиравии кумитаи ташкилиро ба ӯ супоранд. Аз муваффақияти бадастовардааш ҳозирин кафкӯбӣ мекарданду наздикону дӯстон ба табрику таҳният мешитофтанд. Хурсандии устод Соҳиб Табаровро ҳадду канор набуд. Гаштаю баргашта, дасти шогирд мефишурду аҳсант мехонд. Лабони Абдурашиди ҷавон моили табассум буданд…

Ҳамчунин, дар сабзиши эҷодии ӯ устодони сухан Абдуқодир Маниёзов, Раҳим Ҳошим, Турақул Зеҳнӣ ёрию мадад дареғ надоштаанд.

Он рӯзу он вақту он ҳангом, ки ба сиёсат дода шуда будему ҳама ҷо сухан дар ин боб мерафт, ҳеҷ аз лавҳи хотирам зудуда намегардад. Ҳамроҳи дӯстону наздикон ва меҳмонони раҳдурӣ, назди оинаи нилгун нишаста, суҳбат доштем. Овози тасхиркунандае пахш гардид. Овози шинос, хушу гуворо. Гарчанде онро борҳо шунидаем, вале наметавон аз он дил канд. Шеър бо чунин мисраъҳо оғоз гардид:

Чун чароғи лола сӯзам, дар хиёбони шумо,

Эй ҷавонони Аҷам, ҷони ману ҷони шумо…

Ин пораи шеър ба хомаи шоири бузург Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ тааллуқ дорад. Ва боз кайфияту лаззатеро молик мегардад, дар қироати Ализода Абдурашид Хӯҷамқул. Дил мехоҳад ҳар лаҳза онро шунаваду шунавад…

Ба дастам яке аз шумораҳои пешинаи рӯзномаи «Ҷумҳурият» афтод, ки дар мақолае бо унвони «Маъқул мешуморам» нигошта шудааст: «Ман ӯзбекам. Аммо гуфторҳои родиё ва телевизиони ҷумҳуриро бо шавқ гӯш мекунам. Дар миёни гуфторҳо садои Абдурашидро интизорӣ мекашам. Овози ӯ дар байни дигар наттоқон фарқ мекунад. Шеърҳоро бо тамоми маҳорат ва истеъдоди табиии наттоқӣ чунон қироат мекунад, ки кас ҳушу гӯш мешавад. Вақте ки вай сухан мегӯяд, корҳоямро як сӯ монда, то анҷоми монолог овози ӯро гӯш мекунам. Банда ба ҷаҳони маънавии бисёр шоирон аз тариқи шеърхонии Абдурашид ошно шудаам. Гоҳо ба вай тақлид ҳам мекунам. Ӯро шахсан намешиносам, аммо мехостам бо ӯ дӯсти қарин шавам ва санъати шеърхониро ёд гирам. Эътирофи мардум ин худ унвони баланд аст. Вале мехостам он аз ҷониби мақомоти кишвар расман эҳтиром шавад.

Толмас Бӯриев, омӯзгори мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 11-и ноҳияи Қубодиён.».

Кунун беш аз 50 баҳори гулрезу гулбез пушти сар мешавад, ки Ализода Абдурашид Хӯҷамқул дар Хонаи радиои кишвар аз коромӯзи одӣ, то ба зинаҳои ровии дараҷаи олӣ, мудири шуъбаи наттоқон, муовини сардор ва ниҳоят, сардори даргоҳ сабзида, камол ёфтааст.

Гузашта аз ин, ба маънии ину он офарида, ба тамом сарфаҳм рафтану аз маънии дарёфта ҷаҳони маънавиро боз ҳам ғаниву музайянтар гардонидан на кори ҳар кас аст. Ғайр аз ин, имкони бори маъниро дар вуҷуд арзи ҳастӣ бахшидану бо ин кор ба қутби мурод беосеб расидан низ. Ба чунин тавфиқу авҷу барор, ки ба амалҳои неку асос ёфтаанд, танҳо он афрод муваффақ шуда метавонанд, ки заҳмати воқеиву бебаркашро сарчашмаи зиндагӣ қарор додаанд. Дар ҳеҷ гуна ҳолат, хоҳ садду монеаҳо пеш оянду хоҳ сафинаҳои бухлу ҳасад дар соҳили орзуҳо лангар партоянд ҳам, аз раъй нагаштаанд. Баръакс, талош варзидаанд, ки ниятҳои некро пиёда созанд.

Қаҳрамони мо низ аз зумраи чунин нафаронест. То ҷое медонам, шояд онҳоеро ёфтан душвор бошад, ки садои ширадори ин марди суханро нашунидаю аз тарзи қироату суханронии дилписандаш аз тариқи садо ва симо ба ваҷд наомада бошанд. Ҳамаи ин натиҷаи он аст, ки ӯ дар пешаи интихобкарда ба он кӯшида, ки ба дилҳо роҳ ёбад. Ин аз барномаҳои сиёсӣ — ҷамъиятӣ, ки он ҷо ба ҳайси яке аз ширкатгирандагон аст, барномаҳои алоҳида, ки он ҷо баранда аст, аз озмуну ҷашнвораву ҷамъомаду маъракаҳо, ки дар онҳо шахси пешбар аст, ба кас рӯшан аён мегарданд. Қироати ашъори шоирони дирӯзу имрӯз, порчаҳои мансури нависандагони гуногун, ки аз ҷониби ӯ анҷом пазируфтаанд, таъсирбахшу муассиру ба дилҳо наздиканд. Лаҳни ширин, садои хушу форами ширадор, тарзи қироату баёни дилнишин ва услуби хониши дилангез дорад. Ҳар як офаридааш бо пурмаъноӣ шуълаи меҳру муҳаб­бату садоқату одамгариро дар дили шунаванда фурӯзонтар мегардонад. Маҳз ҳамин саъю кӯшиши пайваста, меҳнатдӯстию ҳалолкорӣ, эҷодкорӣ ва истеъдоди табиию маҳорати баланд имкон дод, ки ба ровии дараҷаи олӣ сабзида расад.

Раво нест, агар аз барномаи машҳури «Хоки Ватан»-и садои кишвар ёдовар нашавем. Аз рӯзи пахш гардидани он дар тарҳрезии ҳар як қисмати гуфтор, таҳия ва ба шунавандагон пешкаш намудан Ализода Абдурашид Хӯҷамқул саҳми муносиб мегузошт. Мекӯшид, то ҳар ҳарфу ҳиҷои пахшшуда аз либоси маънӣ орӣ набошанд. Ва дар амри ба Меҳан баргардонидани ҳамватанон, ки бо айби чанд тан «дӯстдору дилсӯзи миллат» дар гӯшаҳои дури олам шаҳди ғарибиву зиндаҷудоӣ мекашиданд, кумак карда тавонад. Хушбахтона, чунин талошу ҷаҳд ва кӯшишҳои ӯву ҳамкоронаш, ки дар таҳияи барнома ширкат доштанд, самар оварданд. Ба Тоҷикистон фирориён пурра баргаштанд. Зеро байти пурмаънои зерини Мавлои Балхӣ, ки аз ҷониби Ализода Абдурашид Хӯҷамқул таъсирбахшу самимӣ садо медиҳад, ба дили ғарибон бетаъсир намонд:

Ҳар кӣ ӯ аз ҳамзабоне шуд ҷудо,

Безабон шуд, гарчӣ дорад сад наво.

Маҳз барои қироати барномаи «Хоки Ватан»  ва туфайли кори хубу пурмаҳсул ӯ ба дарёфти Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ (соли 1994) мушарраф гардид.

Ализода Абдурашид Хӯҷамқул гуфторҳои идораи сиёсию байналмилалии «Афкор», «Саодат», «Хоки Ватан»-ро бо сабку услуби хос ба шунавандагон расонида метавонист ва бо самимияту эҳтироси қалбӣ, хеле нишонрасу таъсирбахш қироат намуда, дар тарғибу ташвиқу фаҳмонидани қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ, Ҳукумати кишвар саҳми арзанда гузошта меояд. Маҳорату истеъдоди волояш дар қироати гуфторҳои гуногунжанри идораҳои адабиёту ҳунар ва мусиқӣ чун «Сафина», «Манзари адаб», «Чароғи ҳунар», «Суруди зиндагӣ», «Ёднома», «Паёми рӯз», «Кишоварз» ва ғайра, ки аз тариқи садо мешунавему ба воситаи оинаи нилгун тамошо мекунем, бештар зоҳир мегардад. То ба ҳол бо овози форамаш зиёда аз панҷсад номгӯи гуфторҳои гуногуни таърихӣ, фарҳангӣ, адабӣ, мусиқӣ маҳфузанд. 30 китоби калонҳаҷми таърихӣ ва бадеиро барои «Хазинаи тиллоӣ»-и Радиои Тоҷикистон қироат кардааст. Ӯ аз даврони донишҷӯӣ чун шеърхону ровии варзида шинохта ва эътироф шудааст, ки барандаи Озмуни умумиҷумҳуриявии шеърхонон гардиданаш (соли 1976) далели гуфтаҳои болост.

Истеъдоди фавқулодаю табиӣ, дониши мукаммал ба вай имкон медиҳад, ки на фақат душвортарин барномаҳои радиоро қироат намояд, балки тайи зиёда аз чоряк аср дар намоишҳои адабию мусиқии телевизиони тоҷик низ фаъолона ширкат варзад. Ӯ барандаи доимии Фестивали ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Бӯстон-2» ва «Бӯстон-3» буд. Иштирокаш ҳар гуна сафару вохӯриҳои адибону ҳунармандонро рангину шавқовар менамояд. Инро ман борҳо аз забони мухлисонаш шунидаю бо чашмонам низ дидаам. Вақте ба қироати дилхоҳ шеъру порчаи насрӣ мепардозад, шунаванда ба маънии аслии он сарфаҳм рафта, дилбастаи осори бойи адабиёт мегардад. Шеършиносӣ ва шеърсанҷию шеърхонӣ кори саҳлу осон нест. Алалхусус, миёни аҳли зиё ва шунидани овози хушу форам, аз ҷонибе дигар, лаҳзае бошад ҳам, касро болидарӯҳ мегардонад. Ба дунёи рангорангу пурнақшу нигор мебарад. Аммо гуфтан ҷоиз аст, ки на ҳар сухан ба дили шунаванда роҳ меёбад. Аз уҳдаи ин ҳама Абдурашид ба хубӣ баромада метавонад. Ҷамъомаде, ки чанд сол пеш баҳри поси хотири чанд тан аз ҷавонмардони ҷавонмарг дар Ҷамоати деҳоти «Ватан»-и ноҳияи Фархор бо ибтикори мардони фарзонаи ин диёр доир шуд, ҳеҷ гоҳ аз лавҳи хотирам зудуда намегардад. Чун дигар иштироккунандагоне, ки аз ҳар гӯшаву канори кишвар ташриф оварданд, Ализода Абдурашид Хӯҷамқул низ ба ҳайси меҳмон даъватӣ буд. Вале дархосту хоҳиши ҳамдиёронро рад накард. Дақиқтараш, ин хислат хоси ӯ нест. Ва бори гарон – пешбарии ҷамъомадро бар дӯш гирифт. Бале, бе омодагии пешакӣ. Бо вуҷуди ин тавонист бо ибрози суханҳои пурмазмуну намакин ҳозиринро ба ваҷд орад. Аз бодиққатона лаззат бурдани ҳама он лаҳза байти зерин хотиротамро рангин сохт:

Панд, ки талх аст ба барнову пир,

Гуфтани ширин кунадаш дилпазир.

Ализода Абдурашид Хӯҷамқул тӯли солҳои корӣ дар радио, телевизион, Маркази миллии санъатҳои аудиовизуалии телевизион, радио ва кино, бо вуҷуди серкорӣ, ба тарбияи журналистони соҳа, аз ҷумла, тайёр кардани наттоқону барандагон низ машғул шуд ва чун ровии соҳибмактаб эътироф гардид. Мунира Ҳакимова (ёдаш ба хайр!), Санавбар Раҳимзода, Мунира Раҳимова, Дилафрӯз Комилова, Дилафрӯз Давлатова, Фаррух Муҳаммадқулов, Малика Юсуфова, Мағфират Зарифӣ ва чанде дигарон дарси маҳорату суханрониро аз ӯ омӯхтаанд ва бархе то ҳол паҳлуи устоди мушфиқ кору фаъолият доранд. Ҷамоатчии фаъол низ ҳаст. Мунтазам байни мардум ашъори дар мавзӯъҳои дӯстӣ, рафоқат, одаму одамгарӣ, сулҳу меҳнат, эҳтироми забон, падару модар ва ғайра офаридаи адибони классику муосирро тарғиб мекунаду мешунавонад. Ҳамчунин, китобхонаи шахсӣ ташкил карда, ки теъдоди адабиётҳои он беш аз 5 ҳазор нусха аст. Чун узви Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон мунтазам дар матбуоти даврӣ оид ба ҳаёти маданию адабии мамлакат мақолаҳои пурарзиш нигошта, ба табъ мерасонад, ки на як бору ду бор баҳсу андешаронии зиёдро ба миён овардаанд.

Фаъолияти густурдаи Ализода Абдурашид Хӯҷамқул қироати  хонишҳои бадеӣ, адабӣ, адабӣ — бадеиро дар шакли аудиовизуалӣ низ дар бар мегирад. То кунун ӯ беш аз 30 асари назмию насрӣ ва илмию таърихиро аз тариқи гуфторҳои адабию бадеии радио хондааст, ки асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён» (иборат аз чор китоб — 127 гуфтор), «Чеҳраҳои мондагор» (58 гуфтор) ва «Уфуқҳои истиқлол» (23 гуфтор) аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Инчунин, осори дигар қаҳрамонҳои Тоҷикистон – Садриддин Айнӣ («Ёддоштҳо» (139 гуфтор), «Марги судхӯр» (19 гуфтор), Бобоҷон Ғафуров («Тоҷикон»(124 гуфтор) ва Мирзо Турсунзода («Дар ошёни дилҳо» (баргузидаи ашъор)-ро пешкаши алоқамандон ва ҳаводорони каломи бадеъ гардонидааст.

Ба туфайли рушди воситаҳои техникӣ шунидани радиои тоҷик ҳоло дар берун аз кишвар имконпазир аст. Ёд дорам, вақте боре ба яке аз дӯстон дар хориҷи кишвар занг задам, гуфт, ки  тавассути радиои «Фарҳанг» бо фарзандон «Ёддоштҳо»-и Садриддин Айниро дар қироати Ализода Абдурашид Хуҷамқул гӯш карда истодаанд.

- Фарзандонро бо ин роҳ мехоҳам бо адабиёти бойи тоҷикӣ бештар шинос кунам, то забонро гум накунанд, — афзуд ӯ.

Бинобар ин, метавон гуфт, ки чун ҷомеаи муосир ба «подкастинг» (Podcasting – раванди пахши барнома ё матнҳо дар шакли радиоӣ ва тасвирӣ дар интернет) рӯ овардааст, хонишҳои радиоӣ аҳамияти бештар пайдо кардаанд. Яъне, фаъолияти Ализода Абдурашид Хӯҷамқул (дар шакли аудиовизуалӣ сабт ва таҳия гардидани хонишҳо) бе ягон таҳаввулу дигаргунсозӣ бо навгониҳои замон мувофиқ аст.

Тавре медонем, бемории сироятиии коронавирус ҳам ба низоми таълим маҳдудият ворид кард ва усулҳои анъанавии таълим дар ҳоли ивазшавианд. Ҷои онҳоро воситаҳои нав — маъхазҳои электронӣ, китобҳои таълимӣ дар режими онлайн, дарсҳои аудиовизуалӣ ва ғайра гирифта истодаанд.  Инчунин, мусаллам аст, ки дар таълиму тарбия ва омӯзиши забони тоҷикӣ, баробари аз бар кардани хат, дарки нутқи иброзшуда ва талаффузи дурусти он низ мавқеи хос дорад.  Бинобар ин, боварии комил аст, ки он ҳама заҳмати Ализода Абдурашид Хуҷамқул дар самти сабт кардани намунаҳои беҳтарини адабиёти тоҷик ояндаи наздик шунавандагони боз ҳам бештар пайдо хоҳанд кард ва ҷузъе аз таркиби дастурҳои таълимии макотиб хоҳанд шуд.

Номзади илмҳои филологӣ Ализода Абдурашид Хӯҷамқул аз соли 2002 дар факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамчун омӯзгор ва аз соли 2015 ба ҳайси дотсенти кафедраи телевизион ва радиошунавонӣ фаъолият дошта, аз фанҳои «Асосҳои ҳунари нотиқӣ», «Нақши баранда дар таҳияи барномаҳои радио ва телевизион» ва «Махсусияти эфири мустақим дар воситаҳои электронии ахбор» дарс мегӯяд. Муаллифи китобҳои «Махсусияти жанрҳои радиоӣ» (дар ҳаммуаллифӣ бо Саймуроди Хоҷазод, соли 2017) ва «Нақши баранда дар таҳияи барномаҳои радио ва телевизион» (2019) мебошад.

Хизмати софдилонааш бо унвони ифтихории Корманди шоистаи Тоҷикистон (1994), ордени «Дӯстӣ» (2006) ва мукофотҳои соҳавӣ қадр гардидаанд. Инсони хоксору одӣ ва фурӯтан буда, орӣ аз бухлу ҳасаду тамаллуқкорист. Ва пайваста шукр мегӯяд: шукри зиндагӣ, шукри замони орому осоишта, шукри панҷ фарзанди дилбанду дилосояш, ки қуввату дармони падар буда, дар рӯҳияи беҳтарин хислатҳои ҳамидаи инсонӣ камол ёфтаанд.

…Бале, китоби хотироти Ализода Абдурашид Хӯҷамқул рангину гуворост, ки ҳар бобаш нақши зиндагии пуршебу фарози ӯро монад. Ва ин ҳаёти ибратбахш сазовори қадрдонию омӯзиши ­фарохест…

Самариддин АСОЗОДА,

«Садои мардум»