Нигаронӣ

Акси тифл дар рӯйи торт чӣ маънӣ дорад?

№8 (4428) 08.01.2022

торт1Базми оилавӣ ба хотири яксолагии тифли хонадон бо хушию хурсандӣ идома дошт. Ин лаҳза соҳибҷашнро, ки сарулибоси зебою чеҳраи хандон дошт, модараш ба назди меҳмонон овард ва яке аз наздиконаш кордро ба дасти кӯдак дод. Кӯдак, ки ӯро болои торти бо аксаш орододашуда хам карда буданд, каме ваҷоҳаташ тағйир ёфт, зеро маҷбур мекарданд, ки бо ханҷари дасташ ба «худаш» зарба занад. Аҳли базм, ки ҳама пайвандон буданд, чапакзанону шодикунон ӯро ба ин «кор» талқин мекарданд. Корд аввал «сари тифл»-ро аз тан ҷудо кард, сипас танро пора — пора намуд…

Чунин лаҳзаҳоро вақтҳои охир дар баъзе аз оилаҳо дучор омадан мумкин аст. Ҳангоми омодагӣ ба зодрӯзи наздиконамон, мо ба ҷустуҷӯи «ширинии бологузар» — торт меравему зимни фармоиш талаб мекунем, ки акси «соҳибҷашн», бахусус, тифлакони ширинро дар болои он ҷой диҳанду номи муборакашонро низ нависанд. Рӯзи базм ботантана он аксро пора — пора, номро ба ҳарфҳо ҷудо кардаю нӯши ҷон менамоем. Мантиқ куҷост?

Намедонам ба ин амалҳо чӣ гуна баҳо диҳам. Наход, ки ҳамин кор нишони «сивилизатсия» бошад? Ба ин монанд ҳангоми маъракаҳои хурсандию мотам корҳоеро ба анҷом мерасонем, ки худамон дар «ҳайрат» мемонем. Чанд мисол меорам.

Рӯзҳои шанбе ва якшанбе мағозаю дӯконҳои шираворӣ аз бонувони дастархону «табақбадаст» пур мешавад. Ҳар кадоми онҳо дастархонашонро аз шириниҳои арзон пур мекунанд ва ба маърака мераванд. Баъзан мушоҳида мешавад, ки бисёр шириниҳое, ки занҳо ба тӯй ва маъракаҳои азодорӣ мебаранд, лаззат надоранд ва чунин ширавориҳо дар ниҳоят ба хӯроки чорво ва ё партов табдил меёбанд.

Торт 2Дар ҳоле ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» татбиқ мегардаду моро ба сарфаю сариштакорӣ, истифодаи оқилонаи неъматҳо даъват ва ба беҳбудии рӯзгор мусоидат мекунад, чунин кор ба ҳеҷ ваҷҳ қобили қабул нест. Пештар маросими никоҳ бо иштироки наздикон ва ду ҷӯраи домоду дугонаҳои арӯс доир мешуд. Айни ҳол, маъракаи никоҳ шабона, бо иштироки гурӯҳи калони ҷавонон ва сурнаю карнайнавозону таблакчиҳо аввал дар хонаи домод мегузарад ва сипас якҷоя ба хонаи арӯс «ҳуҷум» мекунанд. Чунин «базму тараб» рӯзи арӯсбиёрон низ идома меёбад. Ҳоло боз ҷавонони «базморо» дар қатори дигар асбобҳои мусиқӣ ҳатман бо худ «табли ҷангӣ» (нақораи калон) ҳам мегиранд. Ин «асбоби мусиқӣ» — ро дар филмҳои ҳунарӣ зимни ҷангҳои тан ба тани қарнҳои пеш медидем. Дар баъзе аз кишварҳои Аврупо турбати марҳумро бо садои чунин табли «рӯҳнавоз» то ба қабристон мебаранд…

Мо беҳтарин асбобҳои мусиқӣ дорем. Бо сурнаю карнай, доираю таблак ва дигар асбобҳои мусиқии миллӣ беҳтарин базм оростан мумкин аст. Мутаассифона, бо тақлидкориҳои кӯр-кӯрона ва садоҳои ниҳоят баланду гӯшхароши савту наво ҳангоми базму тараб, асабию нороҳат мешавем. Чаро чунин бенизомӣ ­анъана шудаасту пеши роҳи онро гирифта наметавонем?

Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»