Ҷамъбасти «Кашшофи падидаҳои наврас»

№40 (3990) 11.04.2019

9 апрели соли равон Фестивали анъанавии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» таҳти унвони «Кашшофи падидаҳои наврас», ки 2 апрел оғоз ёфт, дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ҷамъбаст гардид.

Тавре зимни суҳбат сардори Раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ — фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ғуломзода иброз дошт, дар он намоиши китобҳои тозанашр, вохӯрӣ бо адибон, маҳфилҳои гуногуни адабию ҳунарӣ, барномаҳои ҷолиби консертӣ, ташкили озмуни расмҳо аз рӯи асарҳои кӯдакона, озмуни хабарнигорон барои беҳтарин инъикоси таҷрибаи коллективи меҳнатӣ оид ба тарғиби китоб ва рушди хониш дар ВАО, сабқатҳои «Фурӯхташавандатарин китоб», «Фаъолтарин хонандаи ҷавон», «Машҳуртарин нависандаи кӯдакон» ва озмуни ровиён доир шуд.

Ҳадафи асосии чорабинӣ ҷалби насли наврас ба мутолиаи китоб, ташаккул ва такомули беҳтарин малакаҳои хониш, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи фарҳанги иттилоотии кӯдакону наврасон, ҷавонон ва ба ин восита дар замири онҳо тарбия намудани ҳисси ифтихори миллӣ, ватандӯстӣ, гиромидошти арзишҳои милливу умумибашарӣ маънидод шуд.

«Садои мардум»

DSC_0066DSC_9880Лаҳзаҳо аз маҳфили муаррифии асарҳои тозанашри нависанда ва журналист Сад­риддин Ҳасанзода дар деҳаи Кадучии ноҳияи Восеъ, ки 6 апрели соли равон дар доираи Фес­тивали анъанавии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» баргузор гашт.

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ