Ҳама мехостанд, ки Одина Ҳошимро аз наздик бубинанд

№72 - 73 (3866 - 3867) 12.06.2018

Одина Хошим1Овозаи тӯй деҳаро пур кард. Гуфтанд, ки суратгири рӯзнома Мирзосафар писарашро тӯй мекунад, аммо ин хабар диққати мардумро ҷалб накард. Баъд овоза шуд, ки дар тӯи писараш ҳофизи номдор Одина Ҳошимро меорад. Дар деҳа касе ёфт намешуд, ки ин хабарро бо хушнудӣ пешвоз нагирад.

 

Мо — бачаҳои мактабхон аз дур ба ҳарфи калонсолон гӯш медодему сукут меварзидем, вале орзуи дидани дидори ин ҳофизи мумтоз  дар дилҳои кӯчаку дунёнадидаамон ҳамранги кабӯтари дар қафас гирифтор пар мезад…

Ёд дорам. Тирамоҳи соли 1973 буд. Мо бачаҳои синфи даҳ қатори калонсолон ба хонаи Мирзосафар омадем. Соли бобаракат буд. Дарахтони пурбор ба ҳусни деҳа ҳусн зам мекарданд. Он рӯз мардони деҳа қарор надоштанд. Суратгир Ризвонов дар маркази ноҳия зиндагӣ мекард, аммо ба хотири ҳамдеҳаҳо мехост маъракаашро дар зодгоҳаш гузаронад. Чанд меҳмонхонаро тозаву озода намуданд. Ҳар кас умед дошт, ки устод Одина Ҳошим лаҳзае меҳмони хонадони онҳо бошад.

Канори ҳавлии бародараш майдони васеъ буд. Ҳамон ҷоро тоза карданд. Палосу кӯрпача партофтанд. Дар як канори майдон чанд мизу курсӣ ва кат гузоштанд.

- Овозаи омадани ҳофизи номдорро шунида, меҳмони хондаву нохондаи бисёр меояд, — гуфт амаки Абдусаттор.

- Медонам, ки дар диёр шахсе ёфт намешавад, ки мухлиси овози ӯ набошад. Ҳаминро ба назар гирифта, ҷойи нишастро васеъ тайёр кунед.

Соатҳои даҳи рӯз буд, ки меҳмони деринтизор омад. Пешопеш як мошини дигар аз бачаҳои маҳаллӣ роҳбалад буд. Одина Ҳошим аз мошин берун омад. Аз мошини дуюм  ҳофизи маҳбуб Саймуддини Бурҳон фуромад. Ӯ аз шаҳраки Ғарм ба меҳмонон ҳамроҳ шудааст. Пешвозгирӣ хеле ботантана буд. Мардуми деҳа паси ҳам саф ороста, ба навбат бо ӯ вохӯрӣ мекарданд. Сафи пеши пешвозгирандагон мӯйсафедони номдори деҳа буданд. Баъди вохӯрии самимона меҳмонон вориди меҳмонхона шуданд.

Соате пас меҳмонон ҳамроҳи чанд тан аз пирони рӯзгордидаву барнодил аз меҳмонхона баромаданд. Гуфтанд, ки меҳмонон мехоҳанд деҳаро тамошо кунанд. Ману Абдулваҳҳоб ва боз ду — се бачаи кунҷков дунболи онҳо таноби роҳ кашидем…

Меҳмонҳо вориди боғи раҳматии Тоҷиддин шуданд. Он боғ дар баландӣ, дар танаи кӯҳ бунёд гардида буд. Замоне ки меҳмонон вориди боғ шуданд, зебогии он дилро тасхир мекард. Дарахтони пурбор мисли арӯсони шармгин дар ҳузури меҳмонон аз хиҷолат сар боло намекарданд. Хоса, дарахтони себи хубонӣ дилбару нозанин буданд. Ба устод ин мавзеъ хуш омад. Фаврӣ дар як ҷои қобили қабули меҳмон палосу кӯрпача партофта, дастархон кушоданд. Мо чобукона хизмат мекардем. Гоҳ чой меовардему гоҳ мева. Ба он хотир ки аз суҳбати ҳофизи мумтоз баҳра бардорем.

Суҳбати калонсолон дар боғ, ки таъна ба фирдавси барин мезад, гарм шуд. Амаки Абдусаттор буду падарам, бобои Фозил, Киромиддини Маҳмад, Муқимҷони Саид, Қутбиддини Саймуҳиддин, Шарофи Шокир, Мустафои Раҳмон, Муҳаммадсолеҳи Абдулло ва дигарон.  Сад дареғ, ки нафаре аз онҳо имрӯз дар ҳаёт нест. Директори мактаби мо Меъроҷиддин Тоҷиддинов, ки аз ҷумлаи мардони донишманд буд, низ ҳузур дошт. Суҳбат атрофи маънии шеър мерафт.

- Аслан вазифаи ҳофизон тарбияи мардум аст. Агар ба ашъори бузургон назар афканем, мебинем, ки мавзӯе аз назари онҳо дур намондааст. Дар интихоби шеър ҳофиз бояд бодиққат ва серталаб бошад. Сурудеро барои мухлисон пешниҳод кунад, ки аз шунидан баҳра баранд, — шунидем устод Одинаро.

Устод Одина ҳарф мезаду гоҳе Саймуддини Бурҳон суруд мехонд. Дигарҳо кам мегуфтанд, мехостанд бештар аз ҳунарпешаҳо бишнаванд.

Намедонам амаки Абдусаттор ва падарам пештар устодро мешинохтанд ё не, аммо дар он лаҳзаҳо чунон муносибат доштанд, ки бинанда гумон мекард онҳо дӯстони деринанд. Падарам чормағзҳои калон — калонро ҷудо карда, пеши меҳмон мегузошт. Устод Одина гирудори ӯро диду ҳалимона гуфт:

- Акаи Талабшоҳ, чормағзам медиҳӣ, ки бегоҳ маъракаро гарм нагирам?

- Чормағзи деҳаи мо овозро хаста намекунад. Агар онро бо асал хӯред, баръакс овозро тозаву баланд мегардонад, — гуфт дар посух падарам.

Устод табассуми малеҳ дар лаб чанд чормағзро ба косаи асал тар карда хӯрд ва суханашро идома дод.

- Агар рафту зарар кард, бегоҳ ҷавобашро мегӯӣ…

- Худо хоҳад, фоида мекунад, — гапи падарамро қувват дод бобои Фозил.

- Акаи Талабшоҳ аз ободиҳои Ҳоит гап зан, — ба падарам рӯ оварда гуфт устод.

Шояд дар бораи падарам аз касе пурсида буд ва барояш рӯзгори ӯро қисса карда буданд.

- Одинаи ҷон, — бо овози гиряолуд гуфт падарам. — Ҳоити мо шаҳр буд. Мардони далеру ҷавонмард дошт,  падарам қисса мегуфту мегирист ва он лаҳза дидам, ки устод Одина аз ҷайб рӯймолча бароварду ашки чашмонашро пок кард. Лаҳзае аҳли маҷлис сукут ихтиёр карданд. Худораҳматии Саймуддини Бурҳон сеторашро ба даст гирифт ва суруди машҳури Ҳофизи халқии ҷумҳурӣ Муддин Бадриддинро хонд:

Оби Ҳоит кабутай,

Ҳаждаҳ ҳазор нобутай,

Боқиш дар зовутай,

Зилзила шуд дар Ҳоит…

То намози аср меҳмонону мизбонон дар боғ суҳбат карданд. Он рӯз пай бурдам, ки устод Одина Ҳошим  на танҳо ҳофизи номдор, балки донандаи хуби адабиёт ва маҳфилоро ҳам будааст.

Пешгӯии амаки Абдусаттор рост баромад. Бегоҳ он қадар меҳмон омад, ки дар маърака ҷои погузорӣ намонд. Бегоҳ ҳаво вайрон шуд. Абри сиёҳ болои деҳаро пӯшонд ва ҳанӯз  ҳофиз ду — се суруд нахонда буд, ки борон ба боридан сар кард. Борон мебориду овози ширадори устоди зиндаёд ба нағмаи хушоянди борон печида фазои деҳаро пур мекард. Сарулибоси меҳмонон тар шуд, нӯшу неъмати болои дастархонҳо таги борон монд, вале касе аз ҷо нахест. Ҳама орому андешаманд гӯш ба овози ҳофиз сукут варзида буданд. Гӯё Одина Ҳошим мардумро афсун карда буд.

Баъди ним соат борон монд.

Аз пушти шиғдеворҳо садои гиряи тифлон ба гӯш мерасид. Маълум буд, ки занону духтарон, ҳатто заноне, ки кӯдакони хурдсол доштанд, бо умеди дидани ҳофизу шунидани сурудҳояш омада буданд.

Падарам ба кате, ки устод Одина нишаста буд, наздик шуду бо овози баланд гуфт:

- Садқаи овози ширинат шавум, Одинаи ҷон, ҳамун қиссаи «Ғарибӣ»-ра мехондӣ.

Бо алам менолид думбра дар дасти марди ҳунар ва овози устод деҳаро пур кард:

Ғарибӣ кӯҳи сахт аст, эй бародар,

Ғарибонро накӯ дору маёзор.

Саҳар хестам дари хона кушодам,

Бидидам як ҷавоне хуфта бемор.

Сарашро бар сари зону ниҳодам,

Лабонашро бибӯсидам падарвор…

Дидам, ки мардум мегиристанд. Барои ҷавони дар ғурбат беморгаштаву  дар ҷавонӣ зиндагиро падрудгуфта.

Ақрабаки соат яку сӣ дақиқаи шабро нишон медод, лекин касе маъракаро тарк кардан намехост. Ҳама аз нашъаи  овози ҳофизи мумтоз масту мадҳуш буданд. Ташна буданд ва ҳар қадар ки аз ин чашма менӯшиданд, ташнагиашон намешикаст. Билохира, амаки Абдусаттор аз ҷо баланд шуд ва рӯ ба меҳмонон овард:

- Хуш омадед, хешу табор. Ҳазор раҳмат, ки қадрдонӣ кардеду ба маърака омадед. Аз номи ҳамаи шумо ба ҳофизи дӯстдоштаамон акаи Одина ташаккур мегӯям. Маъракаро ҷамъбаст мекунем. Ба ҳунармандҳо ҳам раҳм кардан даркор. Аз соати шаш хонданд…

Устод Ҷонибек Акобир гуфтанд, ки ҳамроҳ ба аёдати Зафар Нозим меравем. Мехоҳам аз рӯзгори вай барои рӯзнома мақола нависам. Ин хеле баъд буд, солаш дар ёдам нест. Он рӯзҳо устод Ҷонибек дар рӯзномаи «Маданияти Тоҷикистон» кор мекард.  Саҳарӣ ҳамроҳи ӯ ва олими варзида Сулаймон Анварӣ ба хонаи Зафар рафтем. Зафар он солҳо дар ноҳияи Рӯдакӣ зиндагӣ мекард. Рӯзи якшанбе буд. Назди дарвоза моро бо чеҳраи кушод пешвоз гирифт. Сари дастархон суҳбат хеле тӯл кашид. Дар омади гап гуфт, ки дина аз Кӯлоб Одина Ҳошим омада буд. Аз сари субҳ то шом суҳбат тафсид. Ҷавониро ёд кардем. Маҷбураш кардам, ки шабро ҳамроҳам рӯз кунад, розӣ нашуд. Ба маъракае даъват шуда будааст. Шаш фитаи сурудҳои навашро овард. Шаби дароз гӯш кардам. Дасташ дардро набинаду овозаш хаста нашавад. Кони ғазалу қисса аст…

Устод ҳарф мезаду ба ёди ман суханҳои худораҳматии бобои Фозил омад:

«Э, бар падару модарат ҳазор раҳмате. Ба назарам чунин намуд, ки андаруни ин мардак як ҷуволи аз пашми шутурбофта ҳас­ту он ҷувол пур аз қиссаву ғазал. Худованд саодати ҳар ду дунёро насибаш гардонад».

Диловари МИРЗО,

«Садои мардум»