Ҷамшед Ғанизода: «Нафаре, ки ба даст мӯқалам мегирад, зиндагиро ба гунае дигар мебинад»

№38 (3675) 11.04.2017

DSC_0016

Санъати тасвирӣ ва дизайн дар кишвар чӣ роҳеро паймудаасту аз кадом сарчашмаҳо об мехӯрад? Ҳунарҳои наққошӣ, кулолгарӣ, заргарӣ, кандакорӣ ва амсоли инҳо то куҷо рушд кардааст? Омӯхтани ин пешаҳо чӣ аҳамият дорад?

Бо ин ва чанд пурсиши дигар ба ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат муроҷиат намудем.

- Чӣ зарурат барои таъсиси  Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн пеш омад ва он то чӣ андоза метавонад ба тафаккури мардум таъсиргузор бошад?

- Тамаддуни мардуми тоҷик аз панҷ ҳазор сол пеш сарчашма мегирад ва дар тӯли таърих рушд ёфтааст. Ин нукта мусаллам аст, пеш аз сухан одамон эҳсосу андешаи худро бо кашидани расм дар сангу девори ғорҳо, ки макони зисташон буд, ифода менамуданд ва ҳамин тавр рӯзгорашонро бозгӯ месохтанд. Яъне, санъати тасвирӣ аз ҳамон замон арзи ҳастӣ карда, ба зиндагии башар ворид шуд. Ин маънои онро дорад, ки ташкил намудани чунин донишкада дар кишвари мо зарурат дошт. Бинобар ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таъсиси Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн чор сол пеш иқдом намуданд. Дар ин муддат бо дарназардошти ҳунарҳои мардумӣ ихтисосҳое, ки ба талаботи бозори меҳнати мо посухгӯ ҳастанд, рӯи кор омаданд ва  баҳри тарғиби санъати тасвирӣ низ корҳо ба анҷом расид.

- Алҳол кадом тахассусҳо омӯхта мешаванд?

- Донишкада айни ҳол аз се факултет иборат аст: факултети санъати тас­вирӣ, факултети дизайн, факултети тайёрӣ ва такмили ихтисос.

Дар онҳо ихтисосҳои рассомӣ, манзаранависӣ, рассоми монументалӣ, ҳайкалтарошӣ, рассоми театр, кино ва телевизион, рассоми графикӣ таълим дода мешаванд. Ҳамчунин, барои мактабҳо муаллим ва санъатшинос тайёр мекунем. Дар маҷмӯъ, аз рӯи ҳафт ихтисос донишҷӯён дарс мехонанд.

Ин нуктаро низ ёдрас мешавам, ки соли гузашта аз тариқи квота чордаҳ нафар ба донишкада қабул шуданд. Имсол 21 ҷой пешбинӣ шудааст. Ба ғайр аз ин, ду нафар аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва як толибилм аз Қазоқис­тон муҳассили донишкадаи мо ҳастанд.

- Таълимгоҳ бо омӯзгорони соҳибтахассус таъмин аст?

- Чун донишкада навтаъсис аст ва солҳои пеш ин гуна ихтисосҳо дар ҷумҳурӣ тайёр карда намешуд, камбуди соҳибтахассусон ҳис мешавад. Бо вуҷуди ин, кӯшиш мекунем ба соҳибкасбоне, ки дорем, такя карда, раванди таълимро пеш барем.

- Дар Аврупо кишварҳое ҳастанд, ки сокинонаш аз овони тифлӣ дар оғӯши санъати тасвирӣ ва муҷассамасозӣ ба воя мерасанд. Дар мо чӣ гуна аст? Оё донишкада метавонад ин ҳавасмандиро дар вуҷуди шавқмандон тарбият ё бедор созад?

- Таърихи қариб садсолаи санъати тасвирии муосири тоҷик хеле тановар аст, аммо он аз санъати Аврупо фарқ дорад. Мо ҳунари худро шарқиёна меофарем. Хусусиятҳои тоҷикии санъати тасвирӣ дар корҳои рассомони мо барҷаставу намоён аст.

Нафаре, ки эҷод мекунад, ба даст мӯқалам мегирад, тафаккури равшан дорад. Вай зиндагиро, табиатро, дунё­ро ба гунае дигар мебинад. Расми кашидааш, пайкараи тарошидааш, дизайни сохтааш ба дили бинанда таъсири фавқулода мегузорад. Фит­рати инсонро бедор мекунад, ҳисси зебоишиносиро тақвият мебахшад. Тибқи нақшаи таълимӣ донишҷӯёни мо аз фанҳои таърихи санъати халқи тоҷик, таърихи санъати ҷаҳон, таърихи меъморӣ дарс мехонанд. Одаме, ки аз таърих бохабар бошад, тафаккуру фарҳангаш баланд мешавад. Яке аз роҳҳои ҷавононро ба фарҳанг, ба тамаддун ҳидоят кардан ҳамин аст.

- Имсол Соли ҷавонон аст. Дастгирӣ кардани ҷавонони соҳибистеъдодро Ҳукумати Тоҷикистон низ дар авлавият қарор додааст. Дар ин замина чӣ корҳое дар донишкада анҷом дода мешавад?

- Барои мо ҷои ифтихор аст, ки дар Соли ҷавонон нахустин хатмкунандагони донишкада қадам ба истеҳсолот, ба фаъолияти эҷодӣ мегузоранд.

Тибқи нақшаи таълимӣ ҳар моҳ озмунҳо, семинарҳо, намоишҳо гузаронида мешаванд. Дар Наврӯз ҳам маҷмӯи корҳои донишҷӯёнро ба намоиш гузоштем.

Охири моҳи апрел доир кардани конференсияи илмӣ-назариявӣ байни донишҷӯён, намоиши асарҳои муаллимони ҷавон ва толибилмон дар назар аст. Ба ҷуз ин, бо Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, бо шуъбаи Иттифоқи дизайнерони он ба мувофиқа расидем, ки моҳи май дар он ҷо намоиши асарҳои муаллимони ҷавони донишкадаро баргузор созем.

- Оё донишҷӯён аз таърихи либоси миллӣ, шаклу намудҳои он, урфу одати либоспӯшӣ ва мувофиқ кунонидани он ба тарҳҳои замонавӣ дарс мехонанд?

- Бисёр муҳим аст, ки барои тарғиби либоси миллӣ ҷомеаи шаҳрвандӣ бетараф нест. Мақсади мо ҳам равнақу ривоҷ бахшидан ва тарғиби либоси миллӣ дар шаклҳои замонавӣ аст. Корҳои курсӣ, семестрӣ, мавзӯъҳои алоҳида дар ин замина амалӣ мешаванд. Донишҷӯёне, ки дар бахши дизайни либос мехонанд, аз таърихи костюми миллӣ сабақ мегиранд ва бо ҳидояти муаллимон онро дар шаклу намудҳои замонавӣ баррасӣ мекунанд.

Дар донишкада ихтисоси меъмори манзаравӣ вуҷуд дорад. Он ба шак­лу намуди дизайни меъморӣ, яъне лоиҳакашӣ, дахл дорад. Шогирдон аз тарҳ ва ороиши дохили хонаҳо дарс мехонанд. Дар ин замина мо бо вазорату идора ва донишкадаҳое, ки ба ин кор рабт доранд, ҳамкорӣ дорем. Дар дизайни меъморӣ ба унсурҳои миллӣ такя мекунем.

- Ҳамкорӣ бо донишгоҳу донишкадаҳои хориҷӣ дар кадом сатҳ қарор дорад? 

- Дар доираи санаду меъёрҳои қабулнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мо бо донишкадаҳои тахассусии Федератсияи Россия, Донишгоҳи ҳунари Теҳрон, Донишгоҳи рассомии шаҳри Алмаатои Қазоқистон  ҳамкорӣ дорем.

- Гузаштагон дар офаридани асарҳои минётура завқу салиқаи хос доштанд. Намунаи барҷастаи он осорест, ки аз  Камолиддин Беҳзод ба ёдгор мондааст. Оё ин навъи санъати тасвирӣ дар донишкада омӯхта мешавад?

- Чор ҳунари мардумӣ: наққошӣ, кулолгарӣ, заргарӣ ва кандакорӣ дар донишкада таълим дода мешавад. Донишҷӯёне, ки дар ин бахшҳо таҳсил мекунанд, санъати минётураро низ меомӯзанд. Ба ғайр аз ин, ихтисоси графикаи дастгоҳӣ дорем, ки омӯхтану донистани санъати минётура барояшон чун обу ҳаво зарур мебошад. Мо барои бештар омӯхтани ин ҳунар семинарҳо мегузаронем, ҳамчунин, муаллимҳои соҳибстудия дорем, ки хоҳишмандонро дарс медиҳанд.

Суҳбаторо ВОРИС,

«Садои мардум»