Аз таърихи матбуот

Анҷумани нахустини журналистони Тоҷикистон кай ва дар куҷо баргузор гардидааст?

№31 (4137) 12.03.2020

Б.Каримов5 марти соли 1959 дар шаҳри Душанбе Анҷумани нахус­тини журналистони ҶШС  Тоҷикистон баргузор шуд. Онро яке аз куҳансолтарин журналистони ҷумҳурӣ, муҳаррири ҳамонвақтаи маҷаллаи «Маданияти Тоҷикистон» Н. Примқулов ифтитоҳ карда, дар назди ҳозирон котиби КМ ҲК Тоҷикистон Низорамоҳ Зарипова суханронӣ кард.

Раиси Бюрои ташкилии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон А. Ҳоҷибоев роҷеъ ба фаъолияти Бюро ва вазифаҳои журналистон маърӯза намуд. Бино ба иттилои вай, дар он давра (соли 1959) дар Тоҷикистон 7 нашрияи ҷумҳуриявӣ, чор вилоятӣ, 47 шаҳрӣ ва ноҳиявӣ, 16 маҷалла, беш аз 10 нашрияи бисёртиражаи корхонаю муассиса, колхозу совхозҳо, муассисаҳои таълимӣ бо тиражи умумии ним миллион нусха чоп мешуд.

Дар маърӯзаи А. Ҳоҷибоев қайд шудааст, ки дар охири соли 1957 Бюрои ташкилии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон таъсис ёфта, соли 1959 теъдоди аъзои Иттифоқи журналистони кишвар ба 273 нафар расид.

Дар Анҷумани нахустини журналистони ҶШС Тоҷикистон ходимони ҳамонвақтаи нашрияҳо ва Иттифоқи нависандагон, аз ҷумла, К. Маъруфӣ, М. Миршакар, А. Сонин, Р. Болтаев, А. Ашуров, В. Ширкин, В. Чернявский, С. Ашуров, Ҳ. Содиқ, У. Қурбонов, М. Зафран ва М. Тулқунов баромад карданд.

Сипас, вакилони Анҷумани  журналистон маърӯзаи пурмуҳтавои Котиби аввали КМ ҲК Тоҷикистон Турсун Улҷабоевро шунида, дар охир вобаста ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул карданд.

Таҳияи Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»

(Маълумот аз маҷаллаи «Журналист», №1 январ — марти соли 1959)