Андешаҳои нав «ақидаҳои ботил»-ро эҳё карданист

№109 (3589) 20.08.2016

Иддае аз олимони солҳои 80-уми асри гузашта ба ҳарфи «ӯ» «ҳамла» оварданд, вале забоншиносони машҳури тоҷик Шарофиддин Рустамов, Баҳриддин Камолиддинов, Раззоқ Ғаффоров, Ардашер Каримов ва чанде дигар дар асоси далелҳои илмӣ ва таърихӣ ҳукму андешаҳои онҳоро «ақидаҳои ботил» баҳогузорӣ карда буданд.

ИСЛОҲИ ҶИДДИИ ИМЛО

Мурод аз ислоҳ дар имло бехато навиштани калима аст, то ин ки ҷумла муносибати маъноӣ пайдо карда, забони гуфтор низ содаю суфта гардад. Имрӯз дар забони матбуот вожаҳое истифода мешаванд, ки шаффофияту нафосати забонро коҳиш медиҳанд, ҳарчанд ки барои тозагии забон кӯшиши зиёд ба харҷ дода мешавад. Масалан: нақс (манзур аз нақс-нуқсон аст) вожаест, ки лаҳни мавзуни савтӣ надорад. Ду ҳамсадои ҳампаҳлу дар охири калима душворталаффуз буда, сози савтиро халалдор кардаанд ва мавзунию гувороии суханро, ки сифати хоси забони тоҷикӣ аст, коҳиш додаанд.

Чаро мо «нуқсон» нею «нақс» гӯем. Ақаллан, «нуқс» гӯем, дурусту беҳтар мебуд. «Нақс» аслан ҷиҳати риояи вазн дар шеър истифода мешавад. Ё «мушкилӣ»-ро чаро  «мушкила» мегӯем, ҳол он ки азм ба содагию суфтагии забон дорем.

Пасванди «а» дар забони тоҷикӣ ду вазифа дорад. Аввалан, он пасванди маънисоз аст, на шаклсоз. Яъне, аз як калима калимаи дигар месозад: даст – даста, ақиқ – ақиқа, қалам – қалама, арз — арза, сад — сада, ҳафт-ҳафта.

Вазифаи дигари пасванди «а», ки аз забони арабӣ гузаштааст, хоси исм мебошад. Он асосан аз исми музаккар — исми мардона, исми муаннас — исми занона месозад: Фарзон – фарзона, шариф – шарифа, умед – умеда, хуршед –хуршеда, раҳим – раҳима. Сифат бошад, занонаю мардона надорад, яъне «а» сарбории бемавқеъ дар вожаи «мушкил» аст.

«Ҳазф» ҳарчанд дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» нест, бо зол навишта шуда, маънои канда гирифтан, бойгонӣ карданро (нест карданро) дорад. Дар «фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ»-и тозанашр, ки ба андешаи инҷониб, хеле шитобкорона таҳия ва чоп шудааст, «лампочка»-ро дохил кардаанду «ҳазф»-ро не, чунки «ҳазф» дар фонди луғавии забони тоҷикӣ то ҳол ҳазм нашуда, хеле камистеъмол ва нофаҳмо мебошад. Калимаҳои иқтибосие, ки ягон-ягон дар захираи луғавии забон маҳфузанд ва дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» нестанд, хуб мешуд аз муродифҳои онҳо истифода барем, зеро хонандаи ноогоҳ дар фаҳми мазмуни ҷумла баъзан оҷиз монда, ҳатто раҳгум мезанад. Як калима қодир аст матлабро ба муғлақбаёнӣ бурда, фикрро ба печидагӣ расонад. Агар мо истилоҳеро барои тақвияти матлаб истифода барем ва он дар фаҳмиши маънӣ душворӣ орад, ҳатман бо тире овардани шарҳи он зарур аст ва ин расми содабаёнист.

Мақолаҳоеро, ки тобиши илмӣ доранд, чунон бояд навишт, ки меъёрҳои забони адабӣ – дар мавқеъ дуруст навиштани «у»-ҳо, яъне вови маҷҳул ва вови маъруф, риояи дурусти имло, аломатҳои китобатӣ, бандубаст (конструксия)-и забонӣ, услуби навишт, муъҷазбаёнӣ риоя гардад, то маънӣ коҳиш наёбад, мақсад ба ҳадаф расида, манзур ҳосил гардад.

Гоҳҳо мебинем, ки як калимаи духӯра ё бемавқеъ хонандаро баҳри дарёфти маънӣ ба дуриҳо мебарад. Ҳарчанд ба фикр фурӯ равӣ, он ҳамон андоза дуртар парвоз мекунад. Ҷумла бошад, фикри том аст. Фикр дар қолаби ҷумла баён мешавад ва агар меъёрҳои ҷумла риоя нагардад, муносибати маъноӣ пайдо нахоҳад шуд.

 МО БА «Ӯ» ХЕЛЕ ЗИЁД НИЁЗ ДОРЕМ!

«Ӯ», ба истилоҳ, вови маҷҳул, як воҳиди хурди таркибии луғавии забони адабии тоҷик аст, ки вазифаҳои бузургу гуногунро иҷро мекунад. Он як ҷузъи устувори воҳиди фарҳангӣ ва зодаи алифбои гузаштагон мебошад. Мо бояд ба алифбои гузашта муҳаббат дошта бошем, на нафрат. Баҳси «ӯ» таърихи даҳсолаҳо дорад. Солҳои 80-уми асри гузашта иддае аз забоншиносон ба «ӯ» дарафтиданд, вале муваффақ нашуданд, зеро он давраро «давраи тиллоӣ»-и забони тоҷикӣ метавон номид. Солҳои 80-уми асри XX илми забоншиносии тоҷик ба қуллаи ниҳоӣ расида буд. Барои олимони замон – Шарофиддин Рустамов, Додоҷон Тоҷиев, Ардашер Каримов, Раззоқ Ғаффоров, Мукаррама Қосимова, Саид Ҳалимов, Эргаш Шоев, Толиб Хаскашев ихроҷи ҳарфи «ӯ» аз алифбо фоҷиа буд.

- Бузургии ин забон дар мавзунию гӯшнавозӣ аз лаҳни савтиёташ аст, –мегуфт савтиётшиноси машҳур Толиб Хаскашев. Ҳарфи «ӯ» пайванди таърихӣ дошта, забони адабии имрӯзаро ба форсии миёнаю қадим мепайвандад.

Ардашер Каримов — олими паҳлавишинос мегуфт: «Калимаҳое, ки дар таркибашон овози «ӯ» ҳаст, аз қадим дар забон вуҷуд доранд ва ҳатто ин овоз – яъне, вови маҷҳул, дар шакли дифтонг – «ау» навишта мешуд».

Инкори ҳарфи «ӯ» як навъ тахаллуфи забонист, ки онро иштибоҳ гуфтан кам аст. Он як назари хунук ба забони адабии хаттии мост.

Агар ҳарфи «ӯ»-ро аз алифбо хориҷ кунем (мо ба ин ҳаққу ҳуқуқ надорем) ё тибқи вижагии овойи маҳали худ талаффуз кунем, ин ҳолати инҳирофӣ — печидагиро дар забони адабии гуфтугӯйӣ ва забони адабии хаттӣ ба вуҷуд меорад ва боиси тағйири маънои луғавии калима ва тарзи нодурусти талаффуз мегардад. Бе талаффузи дурусти овози «ӯ» чӣ тавр олим, нависанда, актёр, роҳбар бо забони дурусти адабӣ сухан мегӯяд? Агар намояндаи ҳар як маҳал онро тибқи вижагии овойи маҳали худ талаффуз кунад, мо забони адабиро ба забони кӯчагӣ ҳамсон мекунем. Он гоҳ пайомади ба маҳалҳо тақсимшавии забон пеш меояд. Мо бояд забони кӯчагиро ба забони адабии гуфтугӯӣ расонем, на баръакс.

Биёед, мулоҳиза кунем. Як олим бо овойи маҳали худ гап занаду мо гӯш кунем, ба ҳамон ҳолати машҳури «Хат ғалат, имло ғалат, иншо ғалат» дучор меоем. Ҳеҷ имкон надорем «ӯ»-ро ботилу бойгонӣ карда, меъёрҳои забони гуфтугӯии худро коҳиш диҳем. Мо бояд дар банди ҳукми ҳеҷ кас набошем. Чаро бо забони миллиамон ифтихор мекунему аз ҳифзи хати он канораҷӯӣ?!

Забон организми зинда аст ва канда гирифтани як узви фаъоли он кори организмро заиф мегардонад. Агар намояндаи ҳар як маҳал дар сохтори забон тағйиру иловае ворид кунад, дар забон анархия ба вуҷуд меояд. Забон мисли давлате ҳаст, ки сарҳади муайяни худро дорад.

Баҳс амри бахайр аст, вале мо бояд назофату фасоҳатро дар нутқ нигоҳ дорем. Забони мо таровати хоса дорад. Бубинед, як овозаш як фикри том, як ҷумла аст: Баҳор! О. Боз омадӣ! Биё!

 

«УҲДАДОРИҲО»-И ҲАРФИ «Ӯ» — ВОВИ МАҶҲУЛ

(ба калимаҳо маънои дигар бор накунед!)

Калимаҳое, ки дар таркибашон вови маҷҳул ҳаст, агар «ӯ»-ро бо вови маъруф ифода кунем, якбора ду хато содир мешавад: якум он ки онҳо ба ҳамсонҳо (омонимҳо) табдил меёбанд, дуюм ин ки калима тағйири маъно мекунад: гул-гӯл, хурд-хӯрд, мур-мӯр, куш- кӯш.

Дар забони тоҷикӣ мо ҷонишини шахси сеюми танҳо – ӯ-ро бо алиф ва вов навишта мекунем. Яъне, ифодаи ҷонишини «ӯ» дар забони адабии ҳозираи тоҷик ҳам, чун забони форсии қадим, бо дифтонг — ау ифода меёбад, то ин ки муназзамии савтиёт гум нашавад.

Вазифаи дигари афзалноки ҳарфи «ӯ» дар навишти форсӣ мебошад. Мо дар даврони баҳрабардориҳои техникӣ қарор дорем. Барои баргардони матни кирилӣ ба форсӣ барномаи махсуси электронии тарҷумонҳои интернетӣ вуҷуд дорад. Дар он барои ҳар як ҳарф аломати шартии муайян насб мегардад. Аломати шартии «ӯ» -дар он ҷо вови маҷҳул аст. Агар «ӯ»-и дароз дар матни кирилӣ набошад, мушкилоти фаннӣ эҷод мешавад. Имрӯз мо адабиётамонро ба бародарони ҳамхуну ҳамҷавори хеш ба воситаи ҳамин хат муаррифӣ мекунем, зеро онҳо бо кирилӣ шинос нестанд. Агар дар навишти тоҷикӣ «ӯ»-и дароз бошад, баргардондан ба хатти арабиасос хеле осон аст.

Дар сурати хориҷ кардани ҳарфи «ӯ» аз алифбо, масалан, агар шоҳасари Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих»-ро ба хатти арабиасос барои Афғонистону Эрон пешкаш намоем, мушкилоти зиёд барои хатгардон пеш меояд, ҳол он ки ҳарфи «ӯ» дар фаъолияти хатгардонӣ ба хатти ниёгон як раҳнамо ва муҳаррики роҳат аст.

Мо, фаразан «ӯ»-ро аз алифбо хориҷ кардем. У-ҳо дар навишт яксон мешаванд. «Ӯ»-и дароз оҳиста –оҳиста моҳияти хаттӣ ва овозии худро гум мекунад. Кӣ қудрату тавони ҳифзу ёддошт кардани ин қадар калимаро дорад, ки кадомин бо вови маҷҳул навишта мешаваду кадомаш бо вови маъруф. Ҳол он ки дар забони классикӣ ду –«у»-не, балки се- «у» — вуҷуд дорад. У-и кӯтоҳи таърихӣ: шутур, хунук, «у»-и дарози таърихӣ яъне, вови маъруф: сурат, яҳуд, ҳур, хун, чун, сеюмӣ бошад, ҳамон вови маҷҳули баҳсхез. Аз се «у» яктояшро ихтисор кардем, ҳамин кам нест, ки боз думболагири «ӯ»-и дарозем. Рафту мо омӯзиши алифбои ниёгонро дар оянда тақвият бахшем, бидуни вови маҷҳул мо як ҷумлаи солим ҳам навишта наметавонем. Як омили асосии тадқиқот ва кашфи масдарҳои дубаҳра аз ҷониби паҳлавишиноси маъруф Ардашер Каримов, ки таркиби морфологии забони тоҷикиро равнақи тоза бахшид, маҳз ҳамин нақши маъниофари вови маҷҳул –дифтонги «ау» мебошад.

Паҳлуи дигари корбасти «ӯ» дар системаи фонетикии овозҳо аён мегардад. Он боиси тағйироту дигаргунии дастгоҳи таснифотии овозҳо шуда, баҳс иддаи дигари забоншиносонро ба бор меорад. Инкори ҳарфи «ӯ» пешниёзҳои зиёдеро ба вуҷуд меорад. Фаразан, мо имлоро тағйир медиҳем, вале меъёрҳои таснифоти овозӣ чӣ мешавад?

Боиси зикр аст, ки дар натиҷаи чор маротиба ворид намудани тағйиру иловаҳо «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» хеле қавӣ шуд. Дар имлои забони тоҷикӣ табдили ҳарфи «ӯ» ба ҳарфи «у»-и кӯтоҳ дар ҳиҷоҳои баста, пеш аз ҳарфҳои «ъ» ва «ҳ» қобили қабул гардид, вале «ӯ»-ҳои дарозе, ки дар навишт ифодаи хаттӣ доранд, масалан, калимаҳои «мӯъмин» ва «мӯнис» ҳеҷ имкон надорад, ки бо «у»-и кӯтоҳ навишта шаванд.

Далелҳои боэътимоди илмию таърихии забоншиносии тоҷик собит месозад, ки ҳарфи «ӯ» устувор буда, умри дарози «бобаракат» хоҳад дид.

 Абдухолиқи МИРЗОЗОДА, «Садои мардум»

P.S. «Забони тоҷикӣ дар қатори 70 забони устувори ҷаҳонӣ аз хатари нобудшавӣ эмин аст!