Нимшӯхию нимҷиддӣ

Ҷанге, ки поён надорад ва сулҳе, ки имкони бастанаш нест

№33 (3513) 08.03.2016

originalМавзӯе, ки ба он бо дудилагӣ рӯ овардем, яке аз масъалаҳои ҳалталаб, вале аниқ ҳалнашавандаи  дирӯзу имрӯзу фардои ҷомеа буду ҳаст ва хоҳад монд.

Ин масъала «Моҷарои абадзиндаи келину хушдоман» ном дорад. Равоншиносон мегӯянд, ки ин моҷаро аз давраи бобои Одам оғоз гардидааст ва гумони ғолиб ин аст, ки ҳаргиз поён намеёбад. Аз дасти ташкилотҳои байналмилалии сулҳофар ҳам дар ин масъала коре намеояд.

Тақозо аз мақоми намояндагӣ ва қонунгузор

Ҳам хушдоманҳо ва ҳам келинҳо пайваста ва қатъӣ талаб мекунанд,  ки ба баъзе қонунҳои мавҷуда иловаҳои «зарурӣ» ворид карда шаванд. Чунончӣ, келинҳо талаб доранд, ки ба воситаи санадҳои  меъёрии ҳуқуқӣ хонаи хушдоман ба қатори нуқтаҳои доғ дохил ва вобаста ба ин ҳар соли зиндагиашон дар он се сол шумурда шавад.

Хушдоманҳо иддао мекунанд, ки номи келинҳо дар санадҳои дахлдор ба рӯйхати «амволи хусусигардида» ҷой дода шавад, зеро пул дода, харидани келинҳо  маънои «приватизатсия» кардани онҳоро дорад. Вале ба ин масъала рӯй овардан, ба ҷуз проблемаҳои нав, чизи дигаре дода наметавонад. Аз ин рӯ, шояд дар оянда қонунгузорон барои анҷоми ин амал ҷуръат накунанд.

Мушкили таърихшиносон дар тафсири ин муаммо

Таърихшиносон, махсусан ҷангноманависон, дар бораи тамоми ҷангҳои хурду бузурги олам асарҳои  сершумор навиштаанд, вале дар хусуси ҷанҷоли байни хушдоману келин саҳифае сиёҳ накардаанд.

Сабабҳои эҳтимолии ба ин кор даст назадани таърихшиносон шояд инҳо бошанд:

- тамоми ҷангу ҷидолҳо аввалу охир дошта, оқибат бо ғалабаи як тарафу шикасти ҷониби дигар анҷом мепазиранд ва ё тарафайн бефоида будани идомаи онро дарк  карда, сулҳ мебанданд. Вале аввалу охири ин ҷанг ва ғолибу мағлубро муайян кардан ғайриимкон аст;

- ҷангу даъвоҳоро вобаста ба вазъи баамаломада ба сарду гарм ҷудо мекунанд, аммо ҷанги мавриди назари моро ба ин ё он гурӯҳ шомил кардан мушкил аст;

- ин ё он ҷанг қаҳрамони мусбату манфӣ дорад ва дар заминаи корнамоиҳои қаҳрамонони мусбат корҳои тарбиявӣ анҷом дода мешаванд. Дар ин ҷанг бошад, «қаҳрамонон» — ро ба мусбату манфӣ ҷудо кардан ва «корнамоиҳояшон»-ро барои ташвиқу таблиғ истифода бурдан аз мантиқ берун аст.

Нуктаи ҷолиб аст, ки қаҳрамонони мо ҳарчанд  мефаҳманд, ки тай кардани зинаҳои пай дар пай барои ҳар як зан ногузир аст, яъне ҳар як хушдоман медонад, ки агар ӯ келин намебуд, хушдоман намешуд ва ҳар як келин медонад, ки ӯ рӯзе хушдоман ва пас аз он  хушдоманкалон мешавад, бо вуҷуди ин онҳо зиндагии худро  бе ҷанҷоли байниҳамдигарӣ пушти сар карда наметавонанд.

Ҳаёти мо — мардон ва умуман, аҳли ҷомеа, бо зиндагии хушдоману келин «занҷирбанд» аст. Бинобар ин, дуо мекунем, ки умри ҳамаи онҳо дароз бошад, бигузор  ҳар як келин хушдоман ва ҳар як хушдоман хушдоманкалон шавад.

Саттор УМАРОВ, «Садои мардум»