Ғанимат донад ин фасли накӯро…

№30-31 (3176-3177) 28.03.2014

Баҳор фасли зиндашавии табиат, фарорасии айёми гармӣ, рӯиши сабзаву гулҳо, оғози корҳои кишоварзист. Дар он шабу рӯз баробар мешавад ва мардум онро аз замонҳои қадим Наврӯз гуфтаанд. Фасли баҳор бо тамоми зебоӣ, латофату назокаташ ба ҷисму рӯҳи ҳар мавҷуди  зинда қуввату илҳоми тоза мебахшад. Шояд ба ин хотир бошад, ки аксари одамон фасли баҳорро фасли дӯстдоштаи худ мехонанд ва беҳуда онро арӯси сол нагуфтаанд, зеро ин фасл бо тамоми зебоиву таровати хеш ба арӯсе шабоҳат дорад, ки бо ҳусну ҷамол ва либосҳои ба баркардааш, диққати атрофиёнро ба худ ҷалб менамояд.

Ҳар як фасли сол бо аломату хусусиятҳои худ аз дигар фаслҳо фарқ мекунад. Фасли баҳор низ дорои нишонаву хусусиятҳоест, ки муҳимтарини он рафтани айёми сардӣ ва омадани рӯзҳои гармӣ мебошад. Чуноне  Саъдии Шерозӣ дар китоби худ «Гулистон» баён доштааст: «…берун рафтам дар фасли рабеъе (баҳоре), ки савлати бард (шиддати сармо) орамида буд ва овони давлати вард (гул) расида».

Инчунин баҳор мавсими бедории замин, дамидани гулу сабза ва киштукори баҳорӣ мебошад. Марди деҳқон бо дили гарму орзуҳои ширин ба корҳои баҳорӣ машғул гашта, ба самара ва натиҷаи он умеди зиёд мебандад:

Баҳор омад, ки он деҳқони корӣ,

Камар бандад паи кишти баҳорӣ.

Ғанимат донад ин фасли накӯро,

Кашад аз баҳри роҳат ранҷу хорӣ.

Дар ҷашнҳои баҳорие, ки миёни мардум баргузор мешавад, духтари зебову барное, ки дар тан либоси баҳорӣ ба бар кардаву бар сар кӯлоҳи баҳорӣ гузоштааст, ба майдон баромада, худро ҳамчун Баҳор-арӯси сол, муаррифӣ менамояд. Ӯ аз истиқболу пазироии одамон изҳори хушнудӣ карда, мардумро табрику таҳният мегӯяд ва барои ҳама соли неку бобарор, баҳори пурфайзу бобаракат таманно менамояд. Сипас, Бобои деҳқонро ба майдон даъват менамояд. Бобои деҳқон бошад, дар оғоз даст ба дуо бардошта, аз даргоҳи Худо барои ҳамагон саломатию тандурустӣ, ободию осудаҳолӣ, барору кушоиш ва соли неку пурфайзро талаб намуда, донаҳои гандумро ба замин мепошад.

Гарчанде дар баъзе манотиқи ҷумҳурӣ ба эътибори гуногун будани иқлим оғози кишт пештар (дар фасли тирамоҳ) ё баъдтар оғоз меёбад, лекин давраи аввали фаъолияти замин (хок) аз ҳамин айём  сар мешавад. Чунки дар фасли зимистон замин аз фаъолияти рӯиши худ муваққатан бозмонда, ба қавле: «ба хоби зимистона мераваду дам мегирад» ва чун офтоб ба бурҷи Ҳамал мерасад ва шабу рӯз бо ҳам баробар мешаванд, яъне баҳор меояд, аз хоби худ бедор гашта, ҳосилхезу боровар мешавад.

Бархе аз бузургон айёми шахшавию дамгирии заминро дар фасли зимистон даврони бордоршавии он гуфтаанд. Гӯё дар ин муддат замин бо Моҳ ё Муштарӣ обистан мегашта бошад ва фурсати бороварии он аз фасли баҳор бо рӯидани сабзаву гулҳо оғоз мегардаду чанд муддат идома меёбад. Айёми баҳор, пеш аз ҳама, барои марди деҳқон фурсати муҳиму муносибест, ки қимати онро бояд дарёбад, зеро дар урфият гуфтаанд: «Як рӯзи баҳор, пур кунад анбор». Сарояндаи таронаи халқии баҳорӣ аз омадани баҳори хуҷастапай, ки дорои ҳазорон бӯйи хушу накҳати гулҳо, айёми гулу шукуфа ва оғози мавсими кор на танҳо барои одамон, балки барои ҷумла ҷондорон аст, мужда дода, шунавандаро ба таъхир накардан дар кори баҳорӣ огоҳ месозад:

Мужда, ки омад баҳор,

Сабзаву гул бешумор.

Оби фаровон ба боғ,

Гашта равон дар канор.

Ғунчаву парвона шуд,

 Зинда ба бӯи баҳор…

Фасли баҳор ҳамчун айёми ниҳолшинонӣ,  гирифтану тоза сохтани шохаву навдаҳои зиёдатии дарахтон ва нарм кардани бехи онҳо маҳсуб меёбад. Дар робита ба масъалаи ниҳолшинонӣ, чуноне дар ривояти Имом Бухорӣ ва Муслим омадааст, Пайғамбари Ислом Муҳаммад (с) чунин фармудаанд: «Ҳар шахсе, ки ниҳолеро шинонад ё зироатеро кишт кунад ва аз он ниҳол ё зироат  инсоне ё парандае  ё ҳайвоне нафъ бардорад, он барояш садақа аст».

Яке аз хусусияти фасли баҳор ин аст, ки қариб ҳама гуна растаниҳо, гулҳову дарахтҳо, бо боди хуши баҳорӣ  ё ба сабаби бархӯрди шохаву баргҳо бо якдигар ва ё ба василаи ҳашаротҳо, гардолуд гашта, бордор мешаванд. Мавриди зикр аст, ки дар ин фасл саҳми ҳашаротҳо, хусусан занбӯри асал, дар гардолудсозию бороварсозии гулу гиёҳон бениҳоят зиёд аст.

Дар васфи табиат ва фаслҳои он, хусусан фасли зебои баҳор ва Наврӯз, шоирону адибон бисёр суханҳо гуфтаву шеърҳо эҷод кардаанд. Аз ҷумла Ҳофизи Шерозӣ яке аз ғазалҳои худро бо омадани насими боди наврӯзӣ аз ҷониби кӯйи ёр оғоз карда, гуфтааст:

Зи кӯи ёр меояд насими боди наврӯзӣ,

Аз ин бод ар мадад хоҳӣ, чароғи дил барафрузӣ

Ба саҳро рав, ки аз доманғубори ғам бияфшонӣ,

Ба гулзор ой, к-аз булбул ғазал гуфтан биёмузӣ.

Гуфтан бамаврид аст, ки тафсири ашъори Ҳофиз ба он маъное, ки худи шоир ифода кардаву дар назар доштааст, ба ҳар касе муяссар намегардад. Зеро аксари гуфтаҳои ӯ рамзӣ буда, дорои маънои ҳам аслӣ ва ҳам маҷозиянд. Бо вуҷуди ин, дар ашъори ӯ вожаҳои баҳор, наврӯз, боди баҳорӣ, насими баҳорӣ, гул, булбул васеъ истифода шудааст.

Саъдии Шерозӣ дар ибтидои асари арзишманди худ «Гулистон», ҳангоме ки зоти Худоро ситоиш кардааст, дар васфи баҳор чунин мегӯяд:

«Фароши боди саборо гуфта то фарши зумуррадин бигустуронад  ва дояи абри баҳориро фармуда, то баноти (духтарони) наботро (гиёҳонро) дар маҳди (гаҳвораи) замин бипарваронад ва дарахтонро ба хилъати наврӯзӣ қабои сабзварақ дар бар гирифта ва атфоли (тифлҳои) шохро ба қудуми мавсими рабеъ (баҳор) кӯлоҳи шукуфа  бар сар ниҳода…».

Сайидои Насафӣ, бо вуҷуди пириву қомати хамгаштааш, аз омадани фасли зебои баҳор фараҳманд гашта, сайри бӯстону гулистон ва наззора кардани бунафшаву райҳонро ғанимат мешуморад:

Омад баҳору сайри гулистон ғанимат аст,

Базми висоли ғунчаи хандон ғанимат аст.

Бо қомати хамида равам сӯи бӯстон,

Наззораи бунафшаву райҳон ғанимат аст.

Фасли баҳор бо ҳама зебоиҳояш ба қалбу рӯҳи одамон таассуроти худро мегузорад. Одамон аз омадани ин фасли сол шоду хуррам гашта, аз рафтанаш изҳори таассуф менамоянд. Месазад ҳар сокини ин кишварро, то аз баҳори зебову дилкаши ин диёр бо тамоми хушиву назокатҳояш баҳравар гашта, ҷиҳати ободию пешравии он камари ҳиммат банданд.

Дӯстон, рӯзи баҳор аст, муборак бошад,

Шодии хешу табор аст, муборак бошад.

Сироҷиддин ПИРОВ, аспиранти Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон