Апрел моҳи фарҳанг аст

№37 (3987) 04.04.2019

Моҳи нахустини баҳор моро падруд гуфта, моҳи нав бо ҳазлу шӯхӣ оғоз ёфт. Табиист, ки ҳама ханда ва ҳазлу шӯхиро дӯст медорем. Равоншиносон бар онанд, ки ҳатто хандаи зӯракӣ ба тану рӯҳи инсон солимиву роҳат мебахшад. Чаро маҳз рӯзи аввали моҳи апрелро Рӯзи ханда номидаанд, касе намедонад. Бархе пайдоиши ин идро ба Иди аблаҳони Рими қадим марбут медонанд, гарчанд он ид дар моҳи феврал қайд мегардид. Дигарон Ҳиндустони қадимро ватани Рӯзи ханда медонанд, ки дар ин кишвар Рӯзи ҳазлу шӯхӣ 31 март таҷлил мегашт. Танҳо ирландиҳо дар 1 апрел ҳазлу шӯхӣ мекардаанд, ки сабаби он фарорасии соли навашон буд. Дар кишвари мо ҳазлу шӯхӣ кардан дар 1 апрел, фиреб додани дӯстону наздикон дар замони шӯравӣ пайдо гардида, идома дорад.

Вале зиндагӣ танҳо хандаву бозӣ нест ва баъзе ҷашн­ҳо моро ҳушдор медиҳанд, ки нисбат ба саломатии худу атрофиён, зиндагии ҷонварон ва табиати атроф бетафовут набошем. Рӯзи байналмилалии паранда, ки дар оғози моҳи апрел қайд карда мешавад, далели ин гуфта аст.  Ҳадаф аз ин рӯз ҳифзи гуногунии олами парандагон ва теъдоди онҳост, ки аз соли 1894 қайд мегардад.

2 апрел ҷашни дигари марбут ба ҳифзи солимиву муҳити зист — Рӯзи байналмилалии донишҳои экологӣ таҷлил мегардад. 4 апрел бошад, бо ибтикори калламушпарварони амрикоӣ Рӯзи умумиҷаҳонии калламуш эълон гардидааст. Рӯзҳои Модар-Замин (22 апрел), ҳифзи ҷонварони лабораторӣ (24 апрел), пингвинҳо (25 апрел) алоқаманди солимӣ ва ҳифзи муҳити зистро идома медиҳанд. Рӯзи муҳимтарин бешубҳа, Рӯзи байналмилалии Модар-Замин (22 апрел) буда, дар Иҷлосияи 63-юми Маҷмааи умумии СММ эълон гардидааст. Рӯзи дигари барои ҳар инсон муҳим 8 апрел — Рӯзи умумиҷаҳонии саломатист, ки соли 1948 аз ҷониби Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ қабул гашт.

Имрӯзҳо, ки меҳру муҳаббати байни одамон дар тамоми сайёра коҳиш ёфта, ҷои онро бетафовутӣ, сангдилӣ ва ҳатто бераҳмӣ ишғол менамояд, бархе аз ҷашнҳои моҳи апрел талқин менамоянд, ки нисбат ба ҳамдигар, бахусус пайвандони хеш ғамхору меҳрубон бошем. Рӯзҳои бародарону хоҳарон (10 апрел) ва духтар (фарзанд дар назар аст) (25 апрел), аз ҳамин гуна ҷашнҳост.

Дар моҳи апрел чандин ҷашнҳои фарҳангӣ низ таҷлил мегарданд, ки муҳимтарини онҳо Рӯзи байналмилалии фарҳанг (15 апрел) аст. Дар забони санскрит  фарҳанг- «парастиши нур» аст. Ин ҷашн даъватест ҷониби нуру рӯшанӣ, донишҳо, зебоӣ, ташаккули шахсият. Рӯзи байналмилалии муҷассамаҳо ва ҷойҳои таърихӣ (18 апрел) ва шиори он: «Ватани таърихиамонро ҳифз менамоем» идомаи мантиқии ин раванд аст. Рӯзи байналмилалии китоби кӯдак (2 апрел), Рӯзҳои умумиҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллиф (23 апрел), эҷод ва фаъолияти инноватсионӣ (21 апрел) низ аз санаҳои муҳими моҳи апрел маҳсуб меёбанд. Дар ин моҳ, ҳамчунин, силсилаи рӯзҳои забон — финӣ (9 апрел), хитойӣ (20 апрел), англисиву испанӣ (23 апрел) ва  рӯзҳои умумиҷаҳонии рок-н-ролл (13 апрел), рақс (29 апрел), ҷаз (30 апрел) қайд мегарданд.

Хуллас, моҳи дуюми баҳор бо ханда оғоз ёфта, моро ҷониби илму маърифат, меҳру муҳаббат доштан ба ҳамдигар ҳидоят менамояд ва бо рақсу мусиқӣ ба анҷом мерасад.

Н.Низомӣ, «Садои мардум»