Арҷгузории бузургон

№134(3435) 09.10.2015

Ҳукумати кишвар барои арҷ гузоштан ба хидматҳои намояндагони барҷастаи адабу фарҳанги миллӣ тадбирҳои зиёдеро амалӣ мекунад. Таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ ва Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, ки ҳар сол 22 ва 30 сентябр муқаррар шудааст, аз он ҷумла мебошанд.

Дар ҳамоиши хотирмоне, ки чанде пеш бо ибтикори раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бахшида ба ҷашнҳои мазкур дар Хонаи адибони ба номи Мирзо Турсунзода баргузор гардид, адибону донишмандон, намояндагони сафоратҳои Ҷумҳурии Туркия ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, мухлисони сершумори осори устод Рӯдакӣ ва Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ширкат карданд. Муовини якуми раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа дар оғози ҳамоиш дар хусуси мақоми ин ду ситораи тобноки осмони илму адаби тоҷик суханронӣ намуд. Мудири шуъбаи назми Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Муҳаммадалии Аҷамӣ, ки кори ҳамоишро пеш бурд, хусусиятҳои ҷолиби осори устод Рӯдакӣ ва ҷойгоҳи баланди мероси Мавлоно Ҷалолиддини Балхиро шарҳу тавзеҳ дод. Шоирони халқии Тоҷикистон Муъмин қаноат, Гулрухсор, Гулназар, Камол Насрулло, сармуҳаррири маҷаллаи «Садои шарқ» Рустами Ваҳҳоб, мудири шуъбаи Иттифоқи нависандагон дар ВМКБ Лаълҷубаи Мирзоҳасан шеърҳои ба Рӯдакӣ ва Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ бахшидаашонро қироат карда, бузургии мероси онҳоро таъкид намуданд.

Намояндаи Ройзании  фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон М. Худоёр, шоиру муҳаққиқ Ҳасан Қарибӣ, мушовири Сафорати Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Каёнӣ низ дар ҳамоиш суханронӣ  карданд.

Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Давлатманд Холов бо таронаҳои  тозаи хеш аз ашъори Рӯдакӣ ва Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ табъи иштирокдорони маҳфилро болида гардонд.

Р. ҲАБИБОВ,

«Садои мардум»