Арбоби ман

№134 -136 (3771-3773) 16.11.2017

НурмухаммадАрбоби ман баланд садо кард бар ҷаҳон,

Бояд набард кушт, ҳазар кард аз бало.

Кори заруртар набувад бар мухолифин,

Модар-Ватан нагиряду хандад, зиҳо, зиҳо.

Ҳам анҷуман бапо шуду ҳам оши оштӣ,

Пирон кушода даст бигуфтанд хуш дуо.

Марде бикушт қӯч, ки он ҳафтсола буд,

Қурбонияш қабул шавад, омад ин нидо.

Ҷангу набард дар ватани  Шоҳнома мурд,

Сулҳу салоҳ аз ҳама дар медиҳад садо.

Бурди бузург шуд амали Ваҳдати вуҷуд,

Ваҳдатсарой шуд Ватани ман аз ин саро.

Бурди бузургтар ҳама гуфтанд ин бувад,

Шуд хатм бесариву саре бӯса зад ливо.

Оне, ки буд Рустами майдони Данғара,

Не тоҷу тахт ҷуст, вале гашт подшо.

Аввал сухан бикард ба оҳанги ширадор,

Ҳамтои ӯ набуд, аҷаб нотиқи расо.

В-он гаҳ қасам бихӯрд, ки хидмат кунад ба халқ,

То сулҳи ҷовидона кунад бар Ватан ато.

 Нурмуҳаммад Ниёзӣ,

Шоири халқии Тоҷикистон