Барои дарёфти Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ

Асари сазовори ҷоиза

№62 (4012) 30.05.2019

Чӣ хуш аст, ки адибон Ато Ҳамдам ва Леонид Чигрин ба қаҳрамонии Спитамени диловар ва зиндагиномаи ӯ, ки ба солҳои 329-328 то милод рост меояд, рӯ оварда, пас аз ҷустуҷӯ ва саъю талош романи «Спитамен»-ро («ЭР-граф», Душанбе, 2018) таълиф карданд.

Асар аз чор қисмат иборат буда, ҳар қисмати он- «Мушовири Искандари Мақдунӣ», «Спитамен», «Хиёнат» ва «Корномаҳои нави Спитамен»-ро метавон асари комили алоҳида номид, ки яке дигареро пурра мекунад ва хонанда аз воқиаю ҳодисоти он замони дур, аз бузургию шаҳомат ва истилогарию бедодгариҳои Искандари Мақдунӣ, ки шогирди Арастуи файласуф будааст, инчунин аз шуҷоату диловариҳои Спитамен, ки ҷавон бошад ҳам, чун пешво мардуми ҷафодидаи Суғду Бохтарро бар зидди аҷнабиҳои истилогар ба по хезонда, қӯшуни мусаллаҳ ва ботаҷриба ва гӯё шикастнопазири Искандари Мақдуниро борҳо шикаст дода, ҳатто пойтахти Суғдзамин- Мароқандро як муддат аз истилогарон озод мекунад.

Муаллифи пешгуфтор ба ин асар шодравон, академик Раҳим Масов менависад: «Ба ақидаи ман, муаллифони роман дар назди худ вазифаи муҳиме гузоштаанд: дар асоси муқоисаи қаҳрамонони роман — ҳам юнониён ва ҳам аҳолии таҳҷоии Суғд, тимсоли тафаккури онҳо, рафторашон дар вазъҳои гуногуни мураккаб, қаҳрамонӣ ва фидокории суғдиён дар ҳимояи ватани худ- ботил сохтани исрори бардурӯғ ва ғайриобъективии бисёр таҳқиқотчиён, ки гӯё нияти асосии Искандари Мақдунӣ ба забт ва мутеъ кардани халқҳои Шарқ равона нашуда, балки «маданиятноккунӣ»-и аҳолии «қафомонда»-и маҳаллӣ ё ба ибораи дигар, «ваҳшиён» будааст… Тибқи мазмуни романи Ато Ҳамдам ва Леонид Чигрин аҳамияти таърихии юришҳои вай (Искандари Мақдунӣ — М. Б.) ва тағйироти баъди онҳо баамаломадаро метавон фақат ба воқеаҳое чун ҳуҷуми муғул ё Инқилоби Кабири Октябр дар қисмати таърихии халқи тоҷик баробар кард».

Нависандагон барои хонандагон, каме бошад ҳам, аз зиндагинома ва ҳамсафону ҳамяроқони қаҳрамони ниёкон — Спитамен ҳикоя мекунанд. Масалан, танҳо номбар ё пайдо кардани номҳои онон худ як муаммои бузург аст, ки агар тахайюлӣ бошанд ҳам, хонанда ба онҳо бовар мекунад: Сатибарзан, Баро, Фрада, Артабаз, Ороба, Оксиарт, Парменион, Клейти Сиёҳ, Филота, Апама, Зара…

Спитамен ду бор хонадор шуда будааст. Баъди вафоти зани якумаш, ки аз ӯ Апама ном духтаре мемонад, вай ба Зара ном духтари зебои ҳокими Мароқанд Ороба дил бохта, издивоҷ мекунад, аммо дере нагузашта, на танҳо ӯ аз зани нав дилмонда мешавад, балки падарарӯс низ аз вай дилхунук мешавад. Падарарӯс ва духтараш умед доштанд, ки домод Спитамен, ки аз авлоди номварони Сиёвуш аст, ба онҳо қисме аз мероси ниёконаш — зару зевару тангаю тиллои зиёдеро ҳадя мекунад. Ва баъд ҳамин ҳокими ҷоҳу мансабпараст ва ба моли дунё ҳарис ва айёр буд, ки барои ба дом афтодани Спитамени ҷасур ва дар айни замон саркаш, ки бо дастаи на чандон бузурги худ ҳар замон ба лашкари аҷнабиён шабохун зада, талафоти зиёди ҷонию молӣ мерасонд, ба Искандари Мақдунӣ чун маслиҳат қиссаи ба дом афтондани паланг­ро тавассути бузаке нақл карда, сарлашкари хунхорро бағоят хурсанд мекунад. Ва Искандар ба ҷойи бузак духтараш Апамаро истифода мекунад ва боз бо маслиҳати ҳокими Мароқанд шоҳи юнонӣ Тиграни фарбеҳи тоҷири Мароқандро истифода мекунад ва ӯ вақти сафар ба Панҷакат, дар омади гап, ба Спитамен хабар медиҳад, ки сарбозони мақдунӣ духтараш Апамаро фалон вақт ба Балх мебаранд. Ва Спитамен чун падар, албатта, сабру тамкин ва таҳаммул аз даст дода, шояд ба дурӯғ будани овоза, ки шарикони дурандешаш баён карданд, сарфи назар карда, бо дастааш баҳри озод кардани ягона духтараш мешитобад. Дастаи исёнгарон, албатта, ба муҳосира меафтанд ва дар задухӯрди нобаробар, талафоти зиёд дода, Спитамен бо чанд нафар ҳамяроқонаш бо душворӣ фирор карда, ҷон ба саломат мебаранд.

Ҳама нақлу ҳикоят дар «Спитамен» судманду мароқангез ва албатта, хотирмон буда, бо забони шево баён ёфтаанд. Мусаллам аст, ки дар ҳама давру замон аҷнабиён, чӣ форсу чӣ юнонӣ, чӣ муғулу фашистони немис бо зӯроварӣ, қатли ом, талаву тороҷкунӣ ва ғораткунӣ ва ба хок яксон кардани шаҳру деҳот ба якдигар монанданд. Ва маъмулан бо дигар роҳ кишвару давлати дигарро забт кардан аз имкон берун аст. Ва Искандари Мақдунӣ, ки бо номи Искандари Зулқарнайн низ машҳур аст, дар оғози юриш ба Осиёи Марказӣ маҳз тавассути бераҳмию зулму куштори мардум ва харобиҳо қисми зиёди кишвари Шарқро истило карда тавонист.

Мақсади Искандар аз юриш ба Шарқ аввалан орзуи дерини падар — шоҳ Филиппи II-ро, ки мехост аз Ҳахоманишҳо қасос бигирад, амалӣ гардондан бошад, дуюм, аз неъмати фаровони Осиё лаззат бурдан ва сеюм, дар ҷаҳон кишвари муқтадир ташкил кардан буд. Ва шоҳи золими юнонӣ кишвари Суғди куҳанбунёдро қариб пурра забт карда, ногаҳон огоҳӣ меёбад, ки дар як маҳалле бранхидҳо он ҳамватанонаш, ки саду панҷоҳ сол муқаддам ба форсҳо фурӯхта шуда, ба мақдуниҳо хиёнат карда, билохир ба ин сӯй фирор карда буданд, осудаҳолона зиндагӣ мекунанд.

Искандари Мақдунӣ пеш аз ҳамла ба ин қасаба ба сарбозонаш хитоб мекунад: «Мо, юнониён, бардагиро таҳаммул намекунем, таҳқирро тоқат намеоварем, нангу бадномиро ҳаргиз намепазирем. Лекин барои он ки то ҳудуди охирини Суғд бирасем, мо бояд як лаккаи расвоиро аз сафҳаи таърихамон пок бикунем. Юнониён, дар паси ин кӯҳҳо бранхидҳо махфӣ шудаанд. Шумо ёд доред, онҳо Худоёни моро ба форсҳо таслим карда, аз пуштибонии осмонӣ маҳрумамон намуданд, чунин амал фаромӯш намешавад. Бранхидҳо бояд ба олами фанои Аид сафар намуда, дигар ҳаргиз бо ҳастии худ ин дунёи равшанро касиф накунанд. Ба пеш!».

Ва мақдуниҳо бранхидҳоро, ки ба истиқболашон бо кӯзаи шаробу нону намак ва гулдастаҳо баромада буданд, бераҳмона ба қатл мерасонанд. Танҳо Эгина ном хоҳари ҷасури сарвари қабилаи бранхидҳо Паллант тавонист, ки аз чанд сарбози хунхор қасос бигирад, ҳарчанд анҷоми амали ӯ низ таҳқиру марг буд.

Ҳамчун нависанда иқрор бояд кунам, ки ҳамқаламонам Ато Ҳамдам ва Леонид Чигрин дар таълифи роман заҳмати бағоят калон кашидаанд ва аз сарнавишти қаҳрамони миллии тоҷикон — Спитамен ва муборизаи ӯ ва ҳамсафонаш барои озодӣ ва комилҳуқуқӣ возеҳ ҳикоят карданд.

Асосгузору сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як суханронии худ барҳақ гуфтаанд: «Муборизаи озодихоҳонаи Спитамен бар зидди истилогарони мақдунӣ яке аз дурахшонтарин саҳифаҳои таърихи артишдорӣ ва лашкаркашии гузаштагони мо ба шумор меравад. Ҳатто Искандари шикастнопазир Спитаменро чун рақиби тавоно ва лашкаркаши зираку боҳунар эътироф намуда, афзалияти стратегия ва тактикаи ҷангии ӯро дар миёни лашкаркашонаш борҳо ситоиш кардааст».

Хушбахтона, чунонки аз роман бармеояд, муаллифон тактикаи ҷангии муваффақонаи Спитамени диловарро бар зидди қӯшуни тавонои юнониҳо боварибахш инъикос кардаанд. Искандари Мақдунӣ дар ҷо — ҷои асар борҳо ҷасорату азму иродаи қавӣ ва кордонии Спитаменро пай бурда, барои ҳар чӣ тезтар забт кардани Суғд мехоҳад, ки аз мардуми таҳҷоӣ ӯро ба худ наздик кунад (чунонки барои моил кардани таваҷҷуҳи суғдиён духтари ҳокими вилояти нави Мақдуния, ки Бохтару Суғд дар ҳайати он буд, Оксиарт — Рухшонаро ба занӣ гирифта буд) ва ҳатто вазифаҳои баландро пешниҳод менамояд, аммо Спитамен рад мекунад. Пас аз қатли қабилаи бранхидҳо ва ҳуҷуми лашкари юнониҳо ба Истаравшан  Спитамен рафтуомад ва умуман ҳама гуна муносибаташро аз Искандари Мақдунӣ канда, бо иттифоқчиёнаш дар фикри интиқом аз аҷнабиёни истилогар мешавад…

Камина доир ба мубориза ва саъю талошу диловариҳои Спитамен ва ҳамсафонаш метавонам чанд саҳифаи дигар иншо кунам, вале умед дорам, ки хонандаи арҷманд асарро пайдо карда, бо сужети шавқовари роман ошно мешавад.

Устоди зиндаёд Садриддин Айнӣ ҳанӯз дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ «Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик»-ро иншо карда, ҳамватанонро гӯшрас карда буданд, ки ватанро мисли Темурмалик муқаддас шуморанд ва барои зада пеш кардани истилогарони немис ҳувияти миллӣ дошта бошанд. Устоди шодравон Сотим Улуғзода бо асари безаволи «Восеъ» рӯҳи поки Восеъи қаҳрамон ва ҳамсафонашро зинда гардонда, кори беҳад бузургро анҷом доданд. Нависандагон Ато Ҳамдам ва Леонид Чиг­рин низ дар бораи қаҳрамони миллӣ — Спитамен асари мукаммали пурмуҳтаво таълиф карда, ба имрӯзиён ва ояндагон  аз зиндагиномаи гузаштагони сарбаланд ва муборизаи озодихоҳонаи онҳо ҳикоя карда, кори хайру азимеро ба ҷо оварданд. Аз ин сабаб, банда чун як хонанда, гумон мекунам, ки романи «Спитамен» ба Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ арзанда аст.

Маъруф Бобоҷон, нависанда, Корманди шоистаи Тоҷикистон