Ҷашни истиқлоли ту

№109 - 110 (4215-4216) 09.09.2020

 Тоҷикистонам, муборак ҷашни истиқлоли ту,

Хурраму фархунда бод ҳар рӯзу ҳар як соли ту.

Ҳар саҳар аз кӯҳи Помир бо ҳазорон орзу,

Мебарояд офтоби бахт истиқболи ту.

Он қадар чархидаи бо чархи гардун аз азал,

То дурахшад ин замон меҳри тую иқболи ту.

Офтобе дорию боду ҳавои дилкаше,

Сарзамини файзбору ганҷи беамсоли ту.

Кулли халқи ту калону хурд меҳнатзодаанд,

Шодии  мо ҳаст умре чеҳраи хушҳоли ту.

Меситоем мо ҳама фардои рахшони туро,

Эй Ватан, пайғоми  ишқи миллати хушфоли ту.

Нозанини Шарқ, ғарқи бахту нусрат бинамат,

Баҳри фарзандони худ аз меҳр моломоли ту.

Мирзо РУСТАМЗОДА,

«Садои мардум»