Ҷашни мулуки номдор

№13-14 (4275-4276) 02.02.2021

Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи ориёинажод ба шумор меравад, ки рӯзи 10-уми моҳи Баҳмани солшумории шамсӣ таҷлил мегардад. Мутобиқи солшумории мелодӣ, ин ҷашн ба поёни шаби 30-юм ва оғози рӯзи 31-уми январи солшумории мелодӣ рост меояд.

 Sada-2021-30Ин ҷашнро барои он Сада меноманд, ки аз шумораи сад гирифта, то омадани Наврӯз 50 шабу 50 рӯзро фаро мегирад. Ба қавли Абӯрайҳони Берунӣ, аҷдодони мо шабу рӯзро алоҳида ҳисоб мекарданд ва якҷоя то расидани Наврӯз 100 шабу рӯзро ташкил менамуд. Иди Сада дар поёни сардиҳои зимистон мужда аз баҳор меорад. Мардум, бахусус деҳқонон дар шаби Сада Худои гармию фурӯғи миноӣ — Меҳрро ёдоварӣ намуда, ба поси он гулханҳои бузург афрӯхта, хушҳолӣ менамуданд. Сада моҳиятан пирӯзии рӯшноиро бар торикӣ ифода намуда, бо оташафрӯзӣ аз омадани фасли баҳор мужда мерасонд.

Сарчашмаҳои таърихӣ ва бозёфтҳои бостоншиносӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки бузургдошти оташ ва оини меҳрпарастӣ дар байни гузаштагони тоҷикон ва дигар халқҳои форсизабон тақрибан даҳ-дувоздаҳ ҳазор сол пеш, дар сарзамини паҳновари «Аирйанам Ваеҷаҳ» («Фарохнои Ориёно») падид омадааст. Дертар ҷашнҳои мавсимии Шаби Ялдо ва Сада зимни мушоҳидаҳои бурҷҳои фалак, ҳаракати офтоб ва дигар ҷирмҳои кайҳонӣ роиҷ гардиданд.

Аз рӯйи ақидаи олимон, тақрибан ёздаҳ ҳазор сол пеш дар қисмати шимолии Осиё, яъне ватани аҷдодии қабилаҳои сершумори ориёӣ яхбандӣ ва сардӣ омада, зиндагии онҳоро душвор намуд. Рӯдҳои паҳновари Об ва Енисей ях баста, зимистон то даҳ моҳ тӯл кашид. Чарогоҳҳои сарсабз зери барф монданд, ҷангалзорҳои анбуҳ ва дарахтони ёбоӣ дигар ҳосил намедоданд ва талафоти чорво афзуд. Метавон тахмин зад, ки он вақт ориёиҳо аз паҳноҳои Сибир ва доманакӯҳҳои Урал кӯч баста, дар канораҳои баҳри Хазар ва Осиёи Миёна сокин гаштаанд.

Абулқосим Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» пайдоиши ҷашни Садаро ба подшоҳи дуюми пешдодиён Ҳушанг нисбат медиҳад. Мувофиқи гуфти ӯ, Ҳушанг ба мардум тарзи афрӯхтани оташро омӯзонид ва ҷашни Садаро бунёд гузошт. Ин ҳаводис чунин ба амал омад: Ҳушанг рӯзе ҳамроҳи ёронаш ба шикор рафт. Дар шикоргоҳ мори сиёҳи дарозеро дучор омад, ки ба онон ҳамла меовард. Ӯ санги калонеро бардошта, сӯи мор ҳаво дод ва он санг ба санги дигаре бархӯрда, шарора афканд. Аз шарора афкандани ду санг Ҳушанг ба ҳайрат монда, онро чун шуои фурӯғи яздонӣ пазируфт ва аз ҳамон рӯз бузургдошти оташро ба ҷо овард. Ин маросим ҷашни Сада номида шуд, ки онро халқҳои ориёинажод пос дошта, дар арафаи фаро расиданаш гулханҳо меафрӯхтанд. Баъди кашфи оташ Ҳушанг нахустин касе буд, ки ба истеҳсоли фулузот аз санг оғоз намуд ва онро гудохта, бар зидди аҳриманзодаҳо аслиҳа сохт.

Фирдавсӣ пазироии ҷашни Садаро аз ҷониби Ҳушанг чунин баён мефармояд:

Шаб омад, барафрӯхт оташ ба кӯҳ,

Ҳамон шоҳу дар гирди шоҳон гурӯҳ.

Яке ҷашн кард он шабу бода хӯрд,

Сада номи он ҷашни фархунда кард.

Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,

Басе бод чун ӯ дигар шаҳриёр.

Агар хуршед бо нури худ ва фурӯзонии ба зиндагии одамон гармӣ ворид карда бошад, пас оташу рӯшноӣ барои мунаввар сохтани қалби онҳо ва идомаи зиндагӣ асос гузошт. Ниёкони мо рӯй ба сӯйи оташ намуда, дастонро ба сӯйи Хуршед мебурданд ва барои беҳбудии рӯзгор аз оташу Хуршед мадад металабиданд. Ҳадаф аз ин ниёиш расидан ба Наврӯз буд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар навиштаҳояшон ишораи ҷолибе доранд, ки чунин аст: «Дар миёни қувваҳои сершумори бадӣ дар дашту ҷангалҳои Осиёи Марказӣ, ки ҷони инсонро дар азоб ва таҳлука меандохт, бахусус хушкӣ ва торикӣ бисёр зиёновар буданд. Онҳо дарёфта буданд, ки бар зидди неруҳои номбаршудаи бадӣ, озар ё оташ ва раъду барқ муассир буданд. Бар зидди торикӣ бошад, хуршед чун унсури тавоно муқаддас дониста мешуд. Аз ин рӯ, хуршед дар миёни нажоди қавмҳои зиёди олами бостон ситоиш ва парастиш шудааст».

Дар фарҳанги суннатии ниёкони мо муборизаи равшанӣ ва торикӣ нақши калидӣ дошта, ба ҷашни Сада низ алоқаманд мебошад.

Дар ин давра сармо гирифта, баъдан ҳаво тадриҷан гарм мешавад. Барои он ки ба киштукор зарар нарасад ва чорво аз сардӣ эмин монанд, оташро ҳамчун рамзи Ҳурмузд меафрӯхтанд.  Мардум хушҳолӣ карда, аз дашту саҳро ҳезум, бутта, хошок ҷамъ оварда, хирмани бузург месохтанд. Баробари расидани торикӣ он хирмани ҳезуму хасу хошокро оташ мезаданд, ки аз ин оташ ҳама ҷо фурӯзон мегашт ва дар гирди он рақсу бозию хушҳолӣ менамуданд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ иди Сада эҳё гардида, онро дар ҷумҳурӣ 30-юми январ ҷашн мегиранд.

Наҷбуддин Раҷабов,

муовини директори Институти чорводорӣ ва чарогоҳи АИ КТ,  номзади илмҳои кишоварзӣ,

Одилҷон Тоҳиров,

ходими калони илмии институт,

Фируз ШЕРАЛИЕВ,

номзади илмҳои биологӣ