Ҷашни Рӯзи матбуот дар Театри ҷавонон

№32 (4138) 14.03.2020

DSC_8411Ёздаҳуми марти соли равон дар Театри давлатии ҷавонони Тоҷикис­тон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик баргузор гардид.

Нахуст мушовири бахши Ёрдамчии Президенти мамлакат оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода аҳли қаламро ба иди касбӣ табрик намуда, нақши онҳоро дар инъикоси дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол назаррас арзёбӣ кард.

Сипас, вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода рӯзноманигоронро ба муносибати 108-солагии матбуоти тоҷик табрик намуда, намояндагони воситаҳои ахбори оммаро бо мукофот, сипоснома ва ифтихорномаҳои Вазорати фарҳанг сарфароз гардонид. Аз ҷумла, собиқадорони матбуот Раҷаб Мардон, Гулчеҳра Фозилова, Сироншоҳи Диловар, Расул Шарифов ва Нур Табаров бо Ифтихорномаи Вазорати фарҳанг сарфароз ва гурӯҳи дигаре аз рӯзноманигорон бо нишонҳои сарисинагии Аълочии матбуот ва Аълочии фарҳанг қадр гардиданд.

DSC_8275Инчунин, сипосномаҳои Вазорати фарҳанг ба рӯзномаҳои «Садои мардум», «Ҷумҳурият», «Народная газета», «Минбари халқ» ва муассисаи нашриявии «Адиб» тақдим гардид.

Баъдан, раиси Иттифоқи журналис­тони Тоҷикистон Зинатулло Исмоилзода ба расонаҳо ва рӯзноманигорон туҳфаҳои таъсисдодаи Иттифоқи журналистонро супорид ва эълон кард, ки соли равон ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутиро дар се номинатсия се нафар баранда шуданд. Дар бахши матбуот Эҳсон Сафарзода, дар бахши телевизион Вера Исмоилова ва дар бахши радио Фазилат Иброҳимзода.

Ба Ҷоизаи ба номи Воҳид Асрорӣ донишҷӯёни факултети журналистикаи ДМТ Гулноза Қосимова, Бахтиёр Сафарализода, Далер Ибодуллозода, Меҳрубон Ҳасанов сарфароз гардиданд.

IMG_20200313_110300Зимни натиҷаҳои назарпурсӣ аз рӯи 11 номинатсия: Нашрияи сол — рӯзномаи «Ҷумҳурият», Оҷонси иттилоотии сол — «Авесто», Телевизиони сол — «Синамо», Радиои сол — «Ватан», маркази матбуотии сол — «Бонки миллии Тоҷикистон», Сармуҳаррири сол — Бахтиёр Ҳамдамов, Маҷаллаи сол — «Бонувони Тоҷикистон», коршиноси сол — Абдуллои Раҳнамо, рӯзномаи соҳавии сол — нашрияи «Омӯзгор», ношири сол — нашриёти Адиб, журналисти сол марҳум Валиҷон Баёнӣ дониста шуданд.

Ҳамчунин, бахшида ба Рӯзи матбуот ва ба истиқболи 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30 — солагии рӯзномаи «Садои мардум» аз ҷониби нашрияи Маҷлиси Олии мамлакат — «Садои мардум» дар ҳамкорӣ бо ҶСК «Корпоратсияи мусофирбар» (роҳбараш Сафаралӣ Гулов) ва ҶДММ «Русмостранс» (роҳбараш Фирдавс Наимов) ба ташкилоту идора ва кормандони матбуот 30 адад туҳфаи хотиравӣ супорида шуд. Аз ҷумла, КВД КТН «Шарқи озод», нашрияҳои «Ҷумҳурият», IMG_20200313_110221«Народная газета», «Халқ овози», маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон», АМИТ «Ховар», Матбааи «Аниса-95», «Почтаи тоҷик», Радиои «Имрӯз», ТВ «Тоҷикистон», ҳафтаномаҳои «Тоҷикистон», «Ҷавонони Тоҷикистон», «СССР», «Аsia-plus», «Минбари халқ», «Паёми Душанбе», «Мароми пойтахт», «Омӯзгор», Вазорати фарҳанг, Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, собиқадорони матбуот Гулчеҳра Фозилова, Раҷаб Мардон, факултети журналистикаи ДМТ, Ҳукумати ВМКБ, маҷаллаи «Маорифи Тоҷикистон», Радиои «Ватан», Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи М. Воҳидов соҳиби туҳфаҳои хотиравӣ гардиданд.

Ҷашни рӯзноманигоронро мутрибон ва сарояндагон бо созу суруд­ҳои дилангез боз ҳам дилнишину рангин карданд.

Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА, «Садои мардум».

Суратгир Неъматулло Алиев