Ҷашни Сада расми кибор аст

№11 (3961) 26.01.2019

СадаНаврӯз, Меҳргон ва Садаро гузаштагон «ҷашн­ҳои сегона» номидаанд. Таърихи онҳо то замони қадим рафта мерасад ва ҳар яке дар асоси воқеаи нотакрор пайдо гашта, хусусиятҳои фарқкунанда дорад.

Корманди шоистаи Тоҷикистон, адиб, муаллифи китоби «Идҳои ориёӣ» Султонмуроди Одина дар робита ба ҷашни Сада андешаҳояшро чунин иброз дошт: 

- Ҷашни Сада аз рӯи таърихи пайдоиш қадимтарин иди халқи тоҷик ба шумор меравад. Дар «Ғиёсул-ул-луғот» овардаанд: «Сада дар форсӣ номи ҷашне аз ҷашнҳои муғон, ки рӯзи даҳуми баҳман бошад». Ҳамон ҷо ишора мешавад, ки дар «Сироҷ» чунин навишта шудааст: «Сада даҳуми рӯзи баҳман, чун дар он рӯз адади фарзандони Одам, ки Каюмарс иборат аз он аст, ба адади сад расида».

Абӯрайҳони Берунӣ дар китобаш «Осорул-ул-боқия» нигош­тааст: «Сада – номи ҷашни рӯзи даҳуми баҳман аз ҳар соли шамсӣ…».

Дар китоби дигар ишора шудааст, ки азбаски аз даҳуми баҳман то Наврӯз панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз аст, ин рӯзро Сада ном ниҳоданд, зеро ба гуфти Берунӣ, форсиёни қадим шабу рӯзро алоҳида ҳисоб мекарданд.

Фирдавсӣ дар «Шоҳнома»-и худ асосгузори ин ҷашнро Ҳушанг меҳисобад. Баъзеҳо муътақиданд, ки Сада дар замони Каюмарсу Исфандиёру Фаридуну Ҷамшед ба вуҷуд омадааст.

Манучеҳрии Домғонӣ дар васфи Сада чунин менигорад:

Ҷашни Сада, амиро, расми кибор бошад,

Ойини Каюмарсу Исфандиёр бошад.

Ҳамчунин Унсурии Балхӣ мегӯяд:

Сада ҷашни мулуки номдор аст,

Зи Афридуну аз Ҷом ёдгор аст.

Ҳамин тавр, Сада рӯзи даҳуми моҳи баҳман ҷашн гирифта мешавад. Онро мутобиқан аз 29 январ то 3 феврали солшумории масеҳӣ донистаанд.

Қиссаи пайдоиши ҷашни Сада чунин ривоят дорад:

Подшоҳи даврони Пешдодиён – Ҳушанг рӯзи даҳуми моҳи баҳман (баробари 29 январи солшумории масеҳӣ) бо мақсади шикор ҳамроҳи сипоҳиён роҳи кӯҳеро пеш мегирад. Фасли зимистон бошад ҳам, рӯзи офтобӣ на танҳо равшанӣ, балки гармии фораме бар замину одамон мебахшид. Гиёҳу алафҳои нарми хушкгашта зери пойро навозиш мекарданд. Ногоҳ мори калони сиёҳеро мебинанд, ки гирди санги калон ҳалқа зада, шикамашро болои гиёҳҳои хушкидаи нарм гузошта мехобид. Офтоб нав ғуруб карда, гармии ҷонбахшаш ҳанӯз аз тани санг дур нагашта буд ва мор мехост ҳар чӣ бештар аз гармии санг ҳаловат бардорад. Шоҳ, ки марди қавиҳайкали паҳлавоне буд, санги калонеро бардошта морро нишон мегирад. Мор низ тани худро ноилоҷ аз гармии санг раҳо намуда, забони суп — сурху чашмони оташини ҳаросонашро ба ҳарифон намоиш дода, роҳи гурезро пеш мегирад. Санги ҳаволакардаи Ҳушанг ба мор нарасида, ба санги сипари мор бармехӯрад ва шуъла мепошад. Ҳушанг, ки дар нишонзанӣ ҳамто надошт, аз хато рафтани санг ва аз ҳама бештар аз забонаи алангаи сурху зарди ногаҳонӣ ҳайрон гашт. Ва ба назди хасу хошоки хокистаргашта, ки чун мори сиёҳи навакак аз он макон ғоибгашта рӯи заминро ранги сиёҳ рехта буд, рафт. Аввал нӯги гурзи чӯбини дасташро ба сиёҳӣ расонд, чанги сиёҳе бархост. Чун бо пояш палмосид, гармиро эҳсос намуд. Аз он ки моҳияти воқеаи рӯйдодаро то охир дарк карда натавонист, санги дигарро сӯи санглох андохт. Дар шомгоҳи тира боз оташаке шуъла зад, хасҳои хушки атрофи санглох аланга гирифтанд. Ҳушанг ин дафъа болои аланга чӯбе партофт. Чӯб сӯхт ва аланга баландтар забона зад.

Ҳамин тавр, бо ҳукми тасодуф ва алоқамандию таъсиррасонии ҷисмҳо, бо инояти Офаридгор оташ пайдо гашт.

Ҳушанг чанд рӯзро бо оташбозӣ гузаронид. Шабҳои торик бо ҳамроҳон ба ин кор машғул мешуд. Сангро бо санг зада, шарора пайдо карданро омӯхтанд, аз он чӣ гуна оташ гиронданро аз худ намуданд. Ҳушанг дарк намуд, ки оташ барояш кашф гардид ва ба  ин муносибат атрофиёнашро ҷамъ оварда, ҷашн орост ва номи онро Сада гузошт.

Ҳушанг шукри Яздонро ба ҷо оварда, ҳамон шаб оташи калоне афрӯхт ва ба атрофиён эълон кард, ки ин фурӯғи яздонист ва агар касе хирадманд аст, онро бояд парастад. Ба ин муносибат Фирдавсӣ чунин гуфтааст:

Зи Ҳушанг монд он Сада ёдгор,

Паси ӯ чунон кард ҳар шаҳриёр.

Сиёсати созанда ва фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки мардумро дар шинохти арзишҳои миллӣ ва арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги кишвар роҳнамоӣ месозад, ҳар як фарзанди бонангу номуси миллатро водор менамояд, ки дар эҳё намудани расму оинҳои мардумӣ ва ҷашну санаҳои таърихӣ кӯшиш намояд.

Шоҳиди он будем, ки тавассути сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат ҷашни Наврӯз дубора эҳё гардида, мақоми байналмилалиро соҳиб гашт. Сипас, ҷашн гирифтани идҳои Меҳргон ва Сада аз нав роиҷ гардиданд. Бо ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи рӯзҳои ид» санаи баргузории ҷашни Сада 30 январ муқаррар гардид.

Бояд онро чун иди таърихӣ ва миллӣ ҷашн гирем ва ба ягон дин, махсусан ба дини зардуштӣ, алоқаманд донистани он хатост. Муҳимтар аз ҳама, таҷлили иди Сада ҳеҷ гоҳ набояд хилофи дини мубини ислом дониста шавад, зеро он идест, ки аҷдодон ба шукрона аз пайдо гаштани оташ меоростанд.

Таҳияи Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»