Тақвим

Август — моҳи намояндагони касбу ҳунарҳои гуногун

№93 (4043) 01.08.2019

d4a38c8ed6088702b99a4e64dd00c953_LАвгуст дар бештари кишварҳои олам гармтарин моҳи  сол ва оғози мавсими ҷамъовариву ғунучини дастранҷи марди деҳқон маҳсуб ёфта, ҷашн ва рӯзҳои махсуси он хеле каманд. Ягона ҷашне, ки то андозае ба ин айём нисбат додан мумкин аст, Рӯзи байналмилалии мураббои тамашк (16 август) мебошад, ҳарчанд ки моҳи августро моҳи тамашк (малина) номидан душвор аст. Бо сабаби он ки дар ин моҳ ниёз ба нӯшокиҳои ташнагишикан зиёд аст, Рӯзи оби ҷав (пиво) эътироф шудани 5 август рамзӣ аст. Ҷаҳониён дар ин моҳ якчанд санаи муҳим, аз қабили Рӯзи умумиҷаҳонии кумакҳои башардӯстона (19 август), рӯзҳои байналмилалии халқҳои муқими ҷаҳон (9 август), ҷавонон (12 август), поси хотири қурбониёни терроризм (21 август), ҳаракат бар муқобили озмоишҳои ҳастаӣ (29 август) ва ашхоси ғайбзада (30 август)-ро қайд менамоянд. Барои касе пӯшида нест, ки ҳар яке аз ин рӯзҳо ба тақдири миллионҳо нафар марбут буда, қайд намудани онҳо муҳим ва муфид аст. Дар баробари санаҳои муҳим дар ин моҳ  рӯзҳои байналмилалии гурбаҳо (8 август) ва чапдастон (13 август) ҷашн гирифта мешавад.

Дар тақвими ҷаҳонӣ Рӯзи бостоншиносон (15 август) ва Рӯзи байналмилалии кӯҳнавардон (5 август) ҷойгоҳи баланд доранд.

Дар ҷумҳурӣ низ ин моҳ ҷашни зиёд таҷлил мегарданд: 10 август — Рӯзи варзишгарон, 17 август — Рӯзи кормандони Хадамоти ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ва кормандони роҳи оҳан ва 18 август- Рӯзи кормандони соҳаи тиб. Ҳамчунин, рӯзи якшанбеи дуюми моҳ Рӯзи кормандони соҳаи сохтмон, якшанбеи сеюм Рӯзи навоварон ва ихтироъкорон ва якшанбеи охир Рӯзи кормандони соҳаи истихроҷи ангишт таҷлил мегардад.

Н. Низомӣ,  «Садои мардум»