«Қавитарин санад ғурури миллии ман аст!»

№109 - 110 (4215-4216) 09.09.2020

rudaki_1«Шеър мусиқии рӯҳҳои бузург аст». Ин сухани Ломартин ҳақиқати бебаҳсест, ки ҷойгоҳ ва мақоми шеърро инъикос менамояд. Шеъри муосири тоҷик низ ифодагари рӯҳи бузурги ҳастии миллат аст. Хоҳ ошиқона бошад, хоҳ сиёсӣ ва ё иҷтимоӣ, рӯҳияи истиқлолхоҳию озодипарас­тии мардумро ифода месозад.

Рӯҳи истиқлолхоҳии шеър дар ашъори ватанпарастонаи шоирон таҷассум меёбад. Мафҳуми Ватан ва истиқлол дар ашъори онҳо бо ҳам ба таври ҷудоинопазир пайванд мехӯрад. Вақте сухан аз Ватан меравад, атри истиқлол фазои шеърро муаттар мегардонад. Вақте шоир истиқлол мегӯяд, садои Ватан ба гӯши ҷонҳо мерасад.

Шоҳмузаффар Ёдгорӣ аз зумраи шоиронест, ки тору пуди шеърашро эҳсоси ватанхоҳиву ормонҳои миллӣ фаро гирифтааст. Шеъри ӯ аз дунёи инсоне сухан мегӯяд, ки содаву беғаш аст ва аз оғози зиндагӣ меҳри Ватанро дар вуҷуд мепарварад. Онро ба ӯ падари қаҳрамонаш талқин мекунад, падаре, ки барои сарзамин ҷонбозӣ кардааст ва мехоҳад фарзандаш мисли ӯ ватандор бошад: 

Ҳамин аст орзуи ман,

Ту фахри Тоҷикистон шав.

Ту баъди ман ба ин кишвар

Нигаҳбон шав, нигаҳбон шав.

Нигаҳбонӣ кардани Ватан яъне нигоҳ доштани истиқлоли он, муқадасоти он ва арзишҳои маънивию моддӣ ҳастанд, ки ҳувияти миллатро ифода менамоянд. Шоҳмузаффар Ёдгорӣ дар шеъри «Роҳ» чунин савганди вафодорӣ мехӯрад: 

Барои халқ хоҳам зист,

Тамоми умр ҳамчун ҷонфидои халқ хоҳам зист,

Ба ҷуз оғӯши кишвар ошёнам нест,

Ба ҷуз ишқи Ватан дар сина  ишқи ҷовидонам нест.

Барои Аскар Ҳаким Ватане, ки Шоҳмузаффар Ёдгорӣ баробари ҷон дӯст медорад, замини сабзи боварҳост. Дар китоб ва шеъре бо ҳамин исм шоир аз сарзамин сухан мегӯяд, ки аз хоки он ҳарфи осмон меояд. Ҳамон хоке, ки шоир ва миллати ӯ рӯи он по мегузоранд барои дигарон ба монанди Каҳкашон аст. Яъне, Ватани шоир сарзамини илму шеъру ирфон ва ҷойгоҳи баландест, ки дигарон орзуи доштанашро мекунанд. Шоир бо баёни андеша истиқлоли комил доштанро, ки натиҷаи худшиносиву дилогоҳии ӯст ва бо чашмони ҷаҳонбин аз равзанаи зодбум ба олам нигаристанро ба намоиш мегузорад.

Аскар Ҳаким дар ҷаҳоне зиндагӣ мекунад, ки дар ҳар нигоҳаш кӯҳро мебинад ва ин ҳақиқат барояш ошкор мешавад, ки ҷаҳони ӯ уфуқхат нест, балки шоқулист. Сарҳади он, ки Ватани шоир аст, ба савойи ҳафт гардун мерасад. Аз ҳамин ҷост, ки шоир чашми ҷаҳонбин дорад ва ғурури ӯ дар шакли худогоҳӣ аз  хок то ба афлок қомат мекашад. Вай таъкид месозад: 

Хоки моро аз азал андозаи тангу фарохӣ нест,

Хоки моро то абад тафсиру андоза баландоист.

Ана, ҳамин тафсиру андозаи баландоии қомати Ватан дар истиқлоли ӯ таҷассум меёбад, ки шоир ин рӯҳи бузургро шинохтаву бе зикри ном ифода намудааст.

Муҳаммад Ғоиб шоири дардошнои Ватан аст. Оҳанги нарми шеъри ӯ гармии хос дорад. Вай бе Ватан худро тасаввур карда наметавонад. Қуввату мадори ӯ аз хоки Ватан аст. Тоҷикистон ӯро шоири машҳур кардаву ба вай қадру манзалат бахшидааст. Бе Ватан инсон хор мегардад, рӯҳаш пажмурда мешавад. 

Бе ту бечораи бечора шавам,

Бе ту овораи овора шавам.

Бе ту дилрешу ҷигарпора шавам,

Бе ту ман хор шавам, хора шавам. 

Аз ҳама дил канаму аз ту вале дил наканам

Тоҷикистон, ватанам, эй ватанам, эй ватанам!

Шоир дар симои Ватан қудрат ва тавоноиро мебинад, ки ӯро ҳифз мекунад. Он қудрат ва тавоноӣ рӯҳи истиқлол аст. Рӯҳе, ки дар шеъри шоир зиндагӣ мекунад ва бо номи Ватан тафсир мешавад.

Низом Қосим бо парвози баланди сухан ба ҳар шайъе ҷон мебахшад ва рӯҳи бешикасти ҳикмати Ватанро меситояд. Фалсафаи шеъри ӯ аз ману ту фаротар меравад ва дар мо хулоса мешавад. Шоир нигоҳи ибратбин дорад. Барои ӯ Наврӯз бузургтарин рамзи истиқлоли Ватан аст. Аз ҳамон рӯзе, ки тоҷик Наврӯзро шинохт ба худ расид, дидаи ҷаҳонбини хешро боз намуд. Рӯҳи истиқлоли Ватанро дар Наврӯз дидан маънои ба камол расиданро дорад: 

Наврӯзи мо садсолаҳо буд рамзи Истиқлоли мо,

Сарсабзии мо, бахти мо, гулхандаи иқболи мо,

Наврӯз моро менамуд озод аз ҳар бандагӣ,

Пайваста меовард бор озодагӣпояндагӣ.

Шоир дар шеъри «Чашма» аз чашмае сухан дар миён меорад, ки аз дили кӯҳ тавлид мешавад ва «бо тарона, бо тараннум, бо шукӯҳ» ҷорӣ мегардад. Он дар тасвири шоир чашмаи дили Ватан аст, чашмаи поку мусаффо, дорои ғурури кӯҳсорон. Низом Қосим зебову ибратбахш шеърро хулоса мекунад: 

Чашмаи дилпоку ҷӯшони Ватан,

Шуд яке рӯҳи хурӯшони Ватан.

Сӯи мавҷи нуру нор овард рӯ,

Дар кафи халқи Ватан шуд обрӯ.

Маҳмадалии Аҷамӣ талқин менамояд, ки ба ҳурмати хоки Ватан мисли хуршед бояд зиндагӣ кард. Ҳамон гунае, ки хуршед пардаи зулматро медарад ва аз дили шаб қомати таманнояшро берун меорад, ҳар инсоне бояд пардаҳои ғафлатро барандозад ва бо диле огоҳ зиндагӣ кунаду ҳақиқати зодбумро бишносад. Ӯ таъкид месозад: 

Агар хоҳем чун миллат шукуфтанро,

Забони хуни мо бояд шавад бедор.

Забони хуни мо бояд шавад хуршед,

Ки хуни мурда миллатро наояд кор.

Рӯҳи Ватан, ҳамон рӯҳи бедори истиқлоли ӯ дар хуни мо нуҳуфта аст. Забони хуни мо забони рӯҳи шукуфтанҳову рустанҳост. Шоир таъкид мекунад, ки барои ба мурод расидан бояд талош кард, мубориза бурд, саддҳоро шикаст. Агар хоҳем, ки ба хуршед бирасем, зиндагии офтобӣ дошта бошем, бояд хонаи хуршедро пайдо кунем. Яъне бедор будан, маърифат омӯхтан рӯҳи миллиро устувор мегардонад. 

Расидан нест осон бар мурод охир,

Басе деворҳо бояд, ки бишкастан.

Бубояд хонаи хуршедро дарёфт,

Агар хоҳем бо хуршед пайвастан.

Озар Салим бо харобаи ёдгориҳои Тахти сангии Қубод, Шаҳри Тӯс, Кӯшки Зол иртибот гирифта, садои дили таърихи миллатро мешунавад. Онҳо бо забони безабонӣ аз ҳастӣ худ дарак медиҳанд, ба шоир мегӯянд, ки «ин диёр меҳани Таҳамтан аст». Дар шеъри «Диёри Рустам»-и Озар рӯҳи миллӣ хеле қавист, ки дар ғурури бегазанди миллӣ хулоса мешавад: 

Далели дигаре чӣ мекунӣ суроғ?

Барои ман, ки шоирам,

Қавитарин санад ғурури миллии ман аст!

Ҳамин тавр, дар ашъори шоирони муосир эҳсоси баланди ватанхоҳӣ, ифтихор аз арзишҳои милливу инсонӣ ҷанбаи устувор дорад. Даврони соҳибистиқлолӣ шоиронро бештар ба самти ватансароӣ ҳидоят намуд. Рӯҳи истиқлол фазои шеърро фаро гирифт.

ВОРИС, «Садои мардум»