Ҷавонон — таҳкимбахши истиқлолият

№121 (3422) 09.09.2015

«Имрӯз боз моро ин андеша пеши рӯ меояд, ки маънии истиқлолияти воқеӣ чист ва дастоварди бузургтарини он аз чӣ иборат аст? Маънои истиқлолият барои мо ин аст, ки Тоҷикистон дар миёни кишварҳои озод ҷо гирифт ва аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид».

 Аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 12-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 1000-солагии зодрӯзи Носири Хусрав, шаҳри Душанбе, соли 2003

Чор сол муқаддам ба муносибати 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сардори давлат Эмомалӣ  Раҳмон чунин таъкид карда буданд: «…фалсафаи ҳаёт ин аст, ки ояндаи ҷомеа, идораи давлату миллат, ҳифз кардан ва афзун намудани музаффариятҳои истиқлолият ба дасти ҷавонон мегузарад. Ҳамин аст, ки дар ҷаҳони пуртазоди муосир мубориза барои мафкураи ҷавонон торафт пурзӯр мегардад. Зеро ҷавонони бетаҷрибаву ноогоҳро ҳама гуна қувваҳои ифротӣ метавонанд ба худ моил сохта, онҳоро барои амалӣ намудани ҳадафҳои ғаразноки сиёсии худ истифода баранд. Инро нобасомониҳои аввали солҳои навадуми асри гузашта дар кишвари мо бо ҳамаи пайомадҳои нохуш собит сохтанд».

Тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ваҳдат, худшиносии миллӣ ва ватандӯстӣ дар шароити имрӯза аҳамияти беш аз пеш касб менамояд. Ин аст, ки ҳамарӯза моҳияти ваҳдату якдилӣ, ватану ватандорӣ ва ифтихору худшиносии миллӣ аз ҷониби калонсолон ба ҷавонон ташвиқ мегардад.

Дар робита ба ин ба чанд тан аз ҷавонони фаъоли кишвар бо чунин суол муроҷиат кардем: Маънии истиқлолияти воқеӣ чист ва дастоварди бузургтарини он аз чӣ иборат аст?

Маҳкамбой Гулов — мудири бахши кор бо ҷавонони Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе:

- Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастоварди беназир барои халқи тоҷик мебошад, ки посу эҳтиром ва ҳифзу нигоҳдории он вазифаи ҳар як фарди кишвар, махсусан ҷавонон, аст.

Бо шарофати соҳибистиқлолӣ дар доираи татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон як қатор тадбирҳо мавриди амал қарор гирифтанд. Тоҷикистон яке аз аввалин давлатҳоест, ки пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» -ро қабул намуда, ба хотири дастгириву муттаҳидии ҷавонон сохтори салоҳиятдори соҳаи кор бо ҷавононро таъсис дод.

Дар ин замина чандин барномаҳо ба таври самарабахш рӯйи кор омаданд, ки муҳимтарини онҳо қабули барномаҳои дурнамои давлатӣ оид ба ҷавонон, таъсиси стипендия ва квотаҳои президентӣ барои ҷавонони ноҳияҳои дурдаст, грантҳо дар соҳаи ватандӯстӣ, Ҷоизаи ба номи Исмоили  Сомонӣ барои олимону муҳаққиқони ҷавон ва ғайра мебошад.

Илова ба ин, ба шарофати истиқлолият ва бо дарназардошти имкониятҳои мавҷуда, Давлату Ҳукумати Тоҷикистон тавонист, ки шароити заруриро барои омӯзишу таҳсили ҷавонон дар дохили кишвар  ва берун аз он фароҳам оварад.

Мо, ҷавонон, хушбахтем, ки дар  давраи соҳибистиқлолӣ умр ба сар мебарем  ва ифтихору шукр  менамоем, ки  шаҳди истиқлол имрӯз коми мову садҳо ҳамватанони моро ширин гардонидааст.

Маҳмудҷон Усмонов — унвонҷӯйи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон:

- Яке аз дастовардҳои бузурге, ки мардуми Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ ба он ноил гардид, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ буд. Бо кушодани роҳҳои дохиливу аҳамияти байналмилалидошта ва нақбҳо зиндагии аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ овард. Робита ва додугирифт бо давлатҳои хориҷа осон шуд. Мардуми Тоҷикистон имкон пайдо намуданд, ки озоду бехавф ба маркази ҷумҳурӣ биёянд ва ё аз марказ ба гӯшаҳои гуногуни кишвар раванд. Яъне, яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ буд, амалӣ шуд.

Обид Матхолов, муовини якуми директори Радиои Тоҷикистон:

- Муҳимтарин дастоварди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб кардани сохти демократии ҳокимият мебошад, зеро сохти демократии давлатдорӣ бархӯрди мусолиматомезро бо  ақидаҳои гуногун тақозо  менамояд, ки аҳли ҷомеа ба он ниёз дорад. Пас, роҳе, ки кишвари мо дар ҷомеасозӣ пеш гирифтааст, роҳи дурусти инкишофи  таърихист.

Дигар дастоварди муҳим дар солҳои Истиқлолият ба даст овардани эътимоди мардум ба ҳокимият ва қарин гаштани ҳокимият ба халқ мебошад. Халқе, ки як бор шаҳди озодии ҳақиқиро чашидааст, омодааст барои он ҷонбозӣ кунад. Фикр мекунам, ки халқи мо кайҳо ба ин маънӣ сарфаҳм рафтааст. Агарчанде имрӯз, хушбахтона, мавриди ҷонбозӣ набошад ҳам, мавриди ба ҷон ҳифз ва устувортар кардани арзишҳои ҷомеаи мутамаддину демократӣ ҳаст.

Таҳияи Х.ШАРИПОВ, «Садои мардум»