Проблема ва мулоҳиза

Ҳаёти солим аз ғизои солим бозмеояд

№113 (3750) 23.09.2017

Без имени-1 копияОбу ҳавои тоза ва ғизои солим омилҳои асосии тандурустии инсон ба шумор мераванд. Ғизое, ки истеъмол мекунем, ҷисми моро бо моддаҳои барои фаъолияти организм зарур таъмин менамояд. Ғизои носолим (нокифоя, на чандон ғанӣ) ба саломатии инсон таъсири манфӣ расонда, хатари гирифторӣ ба бемориҳо, қадпастӣ, заифшавии устухонҳо ва кундзеҳниро зиёд мекунад.

Собиқадори соҳаи тандурустии мамлакат, номзади илмҳои тиб, Корманди шоистаи Тоҷикистон Саидҷон Нодирӣ мегӯяд, ки норасоии микроэлементҳо дар бадан, аз қабили оҳан, йод, руҳ, кислотаи фолат ва витамини А оқибатҳои ногувор ба бор меорад. Алалхусус, занону кӯдакон ба витамину минералҳои зикршуда бештар ниёз доранд. Масалан, оҳан барои фаъолияти муътадили масуният (иммунитет)- и инсон зарур буда, ба ҳаракати муътадили оксиген ба тамоми организм мусоидат мекунад. Норасоии оҳан боиси камхунӣ мегардад. Камхунӣ дар ҳолати ҳомиладорӣ  эҳтимолияти фавти модару навзод ва бо вазни  кам таваллудшавии атфолро зиёд мегардонад.

- Аз рӯи маълумоти оморӣ, ҳар сол  дар ҷаҳон  бо сабаби камхунӣ 2,5 — 3,4 миллион нафар мефавтанд. Барои ҳифзи қувваи биноӣ ва фаъолияти дурусти сис­темаи муҳофизатии бадан  витамини А нақши муҳим мебозад. Дар кӯдаконе, ки норасоии ин  витамин эҳсос мешавад, хатари нобиношавӣ ва гирифторӣ ба бемориҳои сироятӣ, мисли диарея ( шикамрав) зиёд аст, — мегӯяд Саидҷон Нодирӣ.

Ба гуфти муовини директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ, номзади илмҳои тиб Обид­ҷон Аминов руҳ (синк) минералест, ки муқовимати ҷисмро бар зидди ҳар гуна сироятёбиҳо  афзуда, ба рушди устухон мусоидат мекунад. Ғанигардонии ғизо бо руҳ ва ё истеъмоли маҳсулоти дар таркибаш руҳдошта хавфи таваллуди бармаҳал (норасид), гирифторшавии кӯдакон ба шикамравӣ ва бемориҳои роҳи нафасро кам мекунад. Кислотаи фолат бошад, дар рӯзҳои аввали таваллуди тифл барои рушди мағзи сар, ҳароммағз ва косахонаи сар ниҳоят муҳим аст. Ғанигардонии маҳсулоти ғизоӣ, аз ҷумла орд, бо  кислотаи фолат ба кам кардани бемориҳои модарзодӣ ва паст намудани фавтнокӣ миёни навзодон мусоидат мекунад.

Кӯдаконе, ки дар ҷисми онҳо микроэлементҳои ғизоӣ намерасад, бештар гирифтори бемориҳо шуда, дар дарсҳо ба таври мунтазам иштирок карда наметавонанд. Эҳтимоли он ки чунин кӯдакон дар калонсолӣ дорои вазни зиёд гашта, ба бемориҳои дил ва диабети қанд гирифтор мешаванд, зиёдтар хоҳад буд. Бо мақсади пешгирии ин ҳолатҳо дар аксар кишварҳои ҷаҳон маҳсулоти асосии хӯроквориро бо микронутриентҳои зарурӣ ғанӣ мегардонанд.

Рафъи норасоии микроэлементҳои ғизоӣ яке аз сармоягузориҳои беҳтаринест, ки ҳар як кишвар  метавонад барои ояндаи худ амалӣ намояд. Ҳисоб карда шудааст, ки ҳар як доллари барои коҳиш додани камғизоии музмин (давомдор) сарфшуда ҳадди ақал 30 доллар ҷуброн меорад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қариб 24 дарсади занони синни қобили таваллуд ва 28 дарсади кӯдакони то панҷсола аз  камхунӣ азият мекашанд. Мувофиқи маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2014 паҳншавии  камхунӣ дар миёни занони ҳомила 44,8 фоиз ва дар миёни занони ғайриҳомила 24,2 фоизро ташкил дода буд. Камхунӣ ва норасоии оҳан сабаби асосии фавти модарон ва инкишофи сусти ақлонӣ дар миёни кӯдакони навзод мебошад. Оҳан бошад, дар таркиби гӯшти камравған, ҷигар, моҳӣ ва лӯбиёгиҳо мавҷуд аст.

- Шири сина беҳтарин манбаи оҳан барои кӯдакони то  шашмоҳа мебошад, — мегӯяд  духтур- неонотологи Беморхонаи марказии шаҳри Ҳисор Шаҳло Ниёзова.

- Барои ҳимоя намудани кӯдак аз бемориҳо ба вай дар шаш моҳи аввали ҳаёташ танҳо шири модарро бояд дод. Баъди шаш моҳи синамаконӣ ба кӯдак ба таври илова метавон ғизои аз оҳан ва витамини Д ғанишударо дод. Ҳамчунин, ҳамеша аз намаки йоднокшуда истифода бояд кард.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон стандарти давлатии йоднок кардани намак қабул шудааст, ки мувофиқи он ба 1 тонна намаки ошӣ 40 – 45 грамм йодати калий ҳамроҳ карда мешавад. Истеъмоли намаки йоднокшуда имкон медиҳад, ки мо худ ва кӯдаконамонро аз бемории ҷоғар ва дигар бемориҳои вобаста ба камйодӣ эмин дорем.

- Баъзеҳо гӯё ба хотири организмашонро бо йод таъмин намудан ба қанди сафед ё дигар маҳсулоти ғизоӣ йоди моеъ мечаконидаанд, ки ин амал ба саломатӣ зарар дорад,- мегӯяд Саидҷон Нодирӣ – Талаботи шабонарӯзии инсон ба йод ҳамагӣ 100- 200 микрограмм мебошад. Як микрограмм аз миллион як ҳиссаи граммро ташкил медиҳад. Дар тӯли ҳаёти худ одам ҳамагӣ 3 – 5 грамм йод истеъмол мекунад, ки ин баробари як қошуқча аст.

Сардори Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Раҳматуллоев мегӯяд, ки ба таркиби намак, нон, равған ва дигар хӯроквориҳо илова кардани намакҳои йод аз усулҳои босамари пешгирии бемориҳои вобаста ба норасоии йод ба шумор мераванд. Аз рӯи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, шахси солим дар як шабонарӯз тақрибан 6 грамм намак истеъмол мекунад. Бинобар ин, йодноккунии намак яке аз роҳҳои беҳтарини пешгирии бемории ҷоғар мебошад.

- Дар мамлакат моҳи декабри соли 2002 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба йоднокгардонии намак» қабул шудааст, — мегӯяд Шералӣ Раҳматуллоев ва меафзояд: — Ҳоло дар мамлакат 52,9 фоиз кӯдакони 6 — 59 — моҳа аз норасоии йод азият мекашанд. Бо мақсади пешгирӣ ва рафъи қадпастӣ, лоғарӣ, норасогии вазн ва фарбеҳии кӯдакон тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 январи соли 2015 «Консепсияи беҳтар намудани ғизои мактабӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ шудааст. Тоҷикистон аз соли 2013 аъзои Ташкилоти Ҳаракати глобалии васеъшавии ғизо «SUN» мебошад.

Мувофиқи маълумоти Барномаи озуқаи ҷаҳонии СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (WFP), ҳоло дар 2000 мактаби деҳоти 52 ноҳияи кишварамон зиёда аз 370000 ё 60 дарсади  мактаббачагони синфҳои ибтидоӣ бо хӯроки гарм таъминанд.

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулбаҳор Ашурова иброз дошт, ки бо  мақсади таҳияи Нақшаи миллии ғанигардонии орди гандумӣ моҳи майи соли 2015 гурӯҳи корӣ таъсис ёфт. Моҳи декабри соли 2016 бошад, бо мақсади таҳияи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда» нақша тартиб дода шуд. Яке аз иқдомҳои муҳим дар самти ҳифзи саломатии аҳолии мамлакат таҳияи «Нақшаи миллии амалҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории бо микронутриентҳо ғанигардонидашуда барои солҳои 2017- 2020» ба шумор меравад. Барои расидан ба ин ҳадаф истеҳсоли ватании микронутриентҳоро ба роҳ мондан зарур аст. Ҳамчунин, бо ғизои босифат дар 1000 рӯзи аввали ҳаёт аз маҳсулоти ватанӣ таъмин кардани кӯдакон яке аз вазифаҳои асосии сохторҳои марбута ба шумор меравад. Барои амалишавии ин мақсадҳо таҳияи Низомномаи мониторинги бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ ва сиҳатии аҳолӣ низ ҳатмист.

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум»