Аз деҳи хурд барои ҷаҳон…

№24 (4130) 22.02.2020

ГОИБ САФАРЗОДАДар миёни кӯҳсорон сахтҷонам зодаанд,

Дар раҳи кӯҳсор баҳри имтиҳонам зодаанд.

Волидайни бенишонам чун нишонам зодаанд,

Дар деҳи хурде барои як ҷаҳонам зодаанд.

Ин мисраъҳо аз қалами Ғоиб Сафарзода таровидаву таҷассумгари зиндагии кӯтоҳ, вале пур аз баракати ӯст. Дар яке аз рӯзҳои сарди фасли зимистон — 20 феврали соли 1940 дар деҳаи Муллоҷони деҳоти Охтараки ноҳияи Ховалинг тифле ба дунё омад. Азбаски пас аз сари падар таваллуд шуд, модараш Шарифгул Ғоибназар ном гузошт. Хост рӯҳи шавҳараш Сафарро зинда нигоҳ дорад.

Аҳли оилаи Сафари Абдуҳалим бо тақозои давр ба деҳаи Кадучии ноҳияи Восеъ омаданд. Ғоиб, ки то синфи 5 дар деҳаи Муллоҷон хонда буд, таҳсилро аз синфи 6 дар мактаби №6-и деҳаи Кадучии ноҳияи Восеъ давом дод. Баъди хатми мактаб донишҷӯи Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г Шевченко (алҳол Донишкадаи давлатии омӯзгории ба номи С. Айнӣ) шуд.

Ӯ ин ҷо ҳам илм ва ҳам дарси шеъру адаб омӯхт. Маҳфилҳои адабӣ дар донишгоҳ бо ташаббуси ӯ гузаронида мешуданд. Дар баробари шоирӣ ҳунари ровигӣ низ дошт. Баъди хатми ДДО ба ҳайси рӯзноманигор дар рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» («Ҷумҳурият») то вопасин лаҳзаи умр кор кард.

Қаламкаши боистеъдод ва сермаҳсул буд. Аз навиштаҳояш эҳтироми самимӣ ва дилсӯзӣ ба арзишҳои миллӣ эҳсос мешуд. Маҷмӯаҳои ашъораш «Корвони орзу», «Ошёни офтоб» ва мақолаву асарҳои публисистиаш мавзӯъҳои ватандӯстӣ, бузургдошти забони модарӣ, ҳақталошӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои маънавии миллат ва сидқу вафои инсониро дар бар мегиранд. Ӯ моро хеле ҷавон тарк гуфт. Дар синни 32- солагӣ риштаи умри ӯ ба таври фоҷиавӣ канда шуд.

Ман намегӯям, ки ӯ аз дори дунё рафтааст,

Ҷои ӯ дар дида буд, акнун ба дилҳо рафтааст.

Фаъолияти эҷодии Ғоиб Сафарзода 13 сол (1958-1972) идома ёфт. Вале ӯро дар назми солҳои 60-и асри бисти адабиёти тоҷик ба некӣ ном мебаранд. Дар «Энсиклопедияи Советии Тоҷик» чунин нигоштаанд: «Баробари ба арсаи адабиёт омадани як зумра шоирони ҷавон, аз қабили Мӯъмин Қаноат (соли тав. 1932), Убайд Раҷаб (соли тав. 1932), Қутбӣ Киром (соли тав. 1932), Лоиқ Шералӣ (соли тав. 1941), Ғоиб Сафарзода (соли тав. 1940 — 1972), Гулназар Келдӣ (соли тав. 1945) ва дигарон дар назм қувваҳои наве пайдо шуданд ва онҳо ба туфайли ҷустуҷӯи ҷавонӣ тавонистанд ба назм рӯҳи навоварӣ бахшанд».

Адабиётшиноси маъруфи тоҷик Муҳаммадҷон Шакурӣ ин истеъдоди шоирро пай бурда, дар «Сухан аз лирика ва мазмуни ҳаёти он» ном мақолааш навиштааст: «….. Аз дубайтиҳои зерин дар ин роҳ хеле пешрафт кардани ӯ намоён аст:

Гардид ҷудо зи кӯҳ, чун рафт?

Як пораи кӯҳ сарнагун рафт,

Чун дид шукӯҳи кӯҳ гум кард,

Фарёд зи синааш бурун рафт.

Ин дубайтӣ ва дигар ашъори солҳои охири Ғоиб Сафарзод шаҳодат медиҳад, ки истеъдоди ӯ хеле хуб тарбия ёфта истодааст».

Соли 1959 профессор Б. Насриддинов дар «Нахлҳои умедбахш» ном мақолааш дар рӯзномаи «Педагоги ҷавон» чунин изҳор карда буд: «Ғоиб Сафаров, ки нав қалам ба даст гирифтааст, аз қадамҳои аввалин истеъдоди хуб доштани худро исбот намуд. Яке аз хислатҳои хуби Ғоиб Сафаров дар он аст, ки аз пайи мавзӯъҳои умумӣ ва забонзада нарафта, лаҳзаҳои мушаххасро ҷустуҷӯ мекунад. Шеъри «Сурати устод», ки ба ҷашни устод Рӯдакӣ бахшида шудааст, далели ин гуфта аст. Дар ин шеър шоир тавонистааст, ки симои Сардафтари адабиёти классики тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро хеле хуб тасвир кунад.

Додарам гуфто: — ако, кист ин бигӯ?

Дар китобам суратеро дида ӯ,

Гуфтамаш; — ин Рӯдакии маътабар,

Шахси доно, хоксору номвар».

Ёдовар мешавем, ки маҷмӯаи аввалини ашъори шоир таҳти унвони «Корвони орзу» соли 1969 ба табъ расида буд. Он аз шеърҳое иборат мебошад, ки ба Ватан — Модар, дӯстиву рафоқат, ишқу муҳаббат, ҷавонӣ ва ғайра бахшида шудаанд.

Боқӣ Раҳимзода дар тавсияномааш ба Ғоиб Сафарзода навишта буд, ки ӯ бо шеърҳои баландазмунаш ҳамроҳи халқ ба пеш қадам мезанад. Сад афсӯс, ки марги бемаҳал ӯро аз миён бурд ва «Корвони орзуяш» дар нимароҳ бе сорбон монд. Вале ӯ бо ашъори марғуб зиндаву ҷовид аст.

Зиндаву ҷовид монд, ҳар кӣ накӯном зист,

К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.

М. КАРИМОВ, омӯзгори Литсейи махсуси маъюбони шаҳри Душанбе,

Ҷ. СОДИҚОВ, омӯзгори Коллеҷи тиббии ноҳияи Рашт