Рӯзгори ибратомӯз

Аз кори нек номи нек мемонад

№59 (4165) 16.05.2020

изображение_viber_2020-05-05_15-31-42Ҳоким Зайдов 21 январи соли 1925 дар деҳаи Сари Қамиши собиқ ноҳияи Оби Гарм таваллуд шуда, баъди хатми мактаби миёна дар ноҳияи зикршуда ҳамчун омӯзгор кор кардааст. Соли 1943 ба Армияи Сурх сафарбар  гардида, дар ҳайати хадамоти ҳарбикунонидашудаи десантӣ хизмат мекунад.

Ӯ дар бисёр муҳориба иштирок намуда, бар зидди фашистони гитлерӣ далерона ҷангидааст. Шуҷоатмандии ӯро ба инобат гирифта, борҳо бо медалу орден ва раҳматномаҳо сарфароз гардонидаанд. Зимни яке аз муҳорибаҳои шадид бар муқобили душман вай ярадор шуда, ба Ватан бармегардад ва пешаи омӯзгориро идома дода, баъдан, дар мансабҳои роҳбарикунандаи Шӯрои депутатҳои халқии Оби Гарм кор мекунад. Сипас, фаъолияти меҳнатии вай дар вазифаи мудири шуъбаи таъминоти иҷтимоии Кумитаи иҷроияи Шӯрои депутатҳои халқи ноҳияи Оби Гарм идома меёбад. Баъдан, дар вазифаҳои котиби Кумитаи иҷроияи Шӯрои депутатҳои халқи ноҳияи Оби Гарм ва тайи 20 сол раиси колхози ба номи Дзержинскийи ноҳияи Файзобод кор кардааст. Инчунин, ба ҳайси устои Раёсати сохтмони «Роғунгесстрой» ва аз соли 1983 дар вазифаи директори хоҷагии ёрирасони сохт­мони истгоҳи электрикии НБО «Роғун» бомуваффақият фаъолият дошт.

Ӯ аз зумраи он шахсиятҳое ба ҳисоб мерафт, ки номи накуяш то ҳол вирди забони мардум аст. Инсони оқилу хоксор, меҳрубон, ташкилотчӣ ва роҳбари кордон буд. Хизматаш дар рушди иқтисодиёти мамлакат ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми деҳот калон аст. Тавре ҳолдонҳо мегӯянд, котиби аввали Кумитаи ҳизбии собиқ ноҳияи Оби Гарм Наҷмиддин Абдуллоев ба азму иродаи қавии Ҳоким Зайдов боварӣ ҳосил намуда, ӯро сидқан даъват менамояд, ки вазифаи котиби комсомолии ноҳияро  ба дӯш гирад. Ҳокими ҷавон вазифаи пурмасъулиятро қабул намуда, бо масъулиятшиносӣ барои ҳамсолон намунаи ибрат мегардад. Дар ҳамон вақт ҳамчун ҷавони масъулиятнок деҳа ба деҳа пиёда гашта, ҷавонону аҳли ҷамоатчигиро барои меҳнати зарбдорона даъват менамояд.

Даврони роҳбариаш мардуми Оби Гарм дар мавсими тобистон аз нарасидани оби ошомиданию полезӣ танқисӣ мекашиданд. Пас аз баррасии зиёд ба хулоса меояд, ки барои рафъи ин мушкилӣ оби чашмасорони беҳуда ҷорибударо истифода барад. Бо ин мақсад барои дигар кардани маҷрои онҳо ҳашар эълон мекунад. Ҳамин тариқ, бо ташаббуси ӯ бо белу каланд канали обгузар кофта мешавад. Тавассути он деҳаҳои Майдон, Сафедорон, Деҳқонобод, Ҷавонӣ ва дигар мавзеи Оби Гарм шодоб мегарданд. Мардум бо таъмин гардидан бо об кишти сабзавот ва картошкаро ба роҳ мемонанд. Дар он вақт, ки техника намерасид, бо қувваи даст иҷро намудани ҳама гуна кор саҳлу осон набуд. Аммо мардум, ки ба ӯ бовар доштанд, аз душворӣ наҳаросида, аз пасаш мерафтанду ба мақсад ноил мегардиданд.

Ҳар боре ки дар ҷамъомадҳои идона чун сухан аз комёбиҳои Ҳоким Зайдов мерафт, ӯ ҳама дастовардро самараи меҳнати суботкоронаи  ҳамдиёрони боҳиматаш арзёбӣ мекард. Дар як мусоҳиба бо нависанда Раҷабалӣ Аҳмад низ қайд намудааст, ки «мардуми баору номус дорем, ба ҳар коре даст зананд, албатта, онро бо сарбаландӣ анҷом медиҳанд».

Дар зиндагиву фаъолияти зиндаёд Ҳоким Зайдов хусусиятҳои инсонпарварона, бахусус, ободкориву меҳанпарварӣ меҳвар буд. Сарҷамъкунии мардумро дӯст медошт ва меҳнати содиқонаю софдилонаро ҳатман қадр мекард. Ин буд, ки бо ташаббуси ӯ дар таҳҷои ҳозираи шаҳри Роғун дар масоҳати 110 гектар замин боғ бунёд шуд, ки дар он дарахтони себ, нок, олуболу, гелос ва ғайра парвариш мегардид. Байни қатори дарахтони мевадиҳанда кишти картошкаю сабзавотро ба роҳ монда, ҳар сол аз он 30-40 ҳазор тонна картошка, беш аз 1500 тонна гандум ва 80 ҳазор тонна мева рӯёнида, ба давлат супорида мешуд.

Ҳоким Зайдов дар авҷи корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» саҳми арзанда гузоштааст. Аз гузоштани санги аввали сохтмони шаҳр, ки 27 сентябри соли 1976 сурат гирифт, хурсандии ӯ ва пайвандонаш ҳадду канор надошт.  Ҳамроҳи фарзандону бародарон ба сохтмончиён кумак мерасониданд. Барои бо маҳсулоти тару тоза таъмин намудани онҳо хоҷагии ёрирасонро ташкил дод. Роҳбарони шаҳр ва сохтмон кӯшишу ғайрати ӯро дида, дар мавзеи Ғашён барояш 160 гектар замин ҷудо намуданд.  Илова бар ин, дар деҳаи Деҳқонобод  роҳи мошингард сохта,  40 гектар заминро барои парвариши сабзавот ва дар деҳаи Каҷбед 35 гектарро барои бунёди боғ ба ихтиёраш доданд.

Ҳарчанд ҳоло Ҳоким Зайдов дар қайди ҳаёт нест, вале мардум аз меваи боғҳои бунёдкардааш ком ширин менамоянд, аз оби ҷӯю каналҳояш истифода мебаранд ва дар роҳу пулҳои сохтааш гаштугузор мекунанд.

Дар урфият касеро, ки фарзанди хуб ба камол расонида, боғ бунёд карда, хонаи барҳаво сохтааст, инсони хушбахт меҳисобанд. Фарзандони Ҳоким Зайдов — Исматулло, Неъматулло, Ҳадятулло ва Иноятулло дар байни мардум обрӯю эътибори зиёд доранд. Писари калониаш Нусратулло Зайдов дар соҳаҳои маориф, фарҳанг ва тандурустӣ бенуқсон фаъолият намуда, дар рушди онҳо саҳми арзанда гузошта, аз мансаби давлатӣ муваффақона бо обрӯю эътибори хоса ба нафақа баромад ва чанде пеш аз дунё даргузашт.

Хислатҳои падари бузургвор бештар дар кору пайкори Исматулло Ҳокимзода ба хубӣ эҳсос мешавад. Ӯ фаъолияти меҳнатиро аз соҳаи хоҷагии кишлоқ оғоз карда, то корманди ҳизбӣ, роҳбари ташкилоти сохтмонӣ, раиси ноҳияҳои Файзобод, Шаҳринав ва шаҳри Роғун сабзид. Сипас, аз вазифаи сардори Раёсати рушди инфрасохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нафақа баромад. Неъматулло, Ҳадятулло ва Иноятулло дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» фаъолият намуда, дар ободии диёр саҳми арзанда мегузоранд.

Умуман, рӯзгори ибратомӯзи Ҳоким Зайдов ба ситоиши аз ин ҳам бештар арзанда буда, фаъолияти меҳнатиашро ҷавонони саодатманди диёр меарзад дар зиндагӣ истифода намоянд.

Муминшо ХУРРАМЗОДА, унвонҷӯи Академияи идоракунии давлатии  назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон