ҳикояи воқеӣ

Аз некон боғ…

№113 (3750) 23.09.2017

Дастамро самимона фишурд. Панҷаҳояш ҳанӯз боқувват буданд.

- Амаки Сайҷон, овозаи корҳои боиси хайратро шунидаму ба зиёрат омадам.

- Воҳима мекунанд мардум, — дасти маро сар надода гуфт ӯ, — кори кироие  накардаам. Ҳамон кореро анҷом додам, ки одамони дигар низ аз уҳдааш мебароянд.

- Рост мегӯӣ, амак, аммо на ҳар кас метавонад барои дигарон ҷонашро азоб диҳад.

Ҳоҷӣ Сайҷон табассуме карду гуфт:

- Як пиёла чой мегирем аз назди дари хона баргаштан хосияти хуб надорад.

Дунболи вай ба меҳмонхона даромадам. Маро болои кӯрпача гузаронду даст ба дуо бардошт.

- Парвардигоро, ҷамъияти моро парешон магардон. Мамлакатамонро обод, хонаҳомонро пур аз сурур ва фарзандонамонро тавфиқ ато намо.  Ба хонадони ҷамии мардуми дунё файзу баракат, бахту саодатро бирез. Омин!

Набераи Ҳоҷӣ — ҷавони навхати чусту чолок дар даст дастархон ба меҳмонхона даромад.

Пирамард оҳиста сулфид ва нони нав аз танӯр кандаро аз болои дастархон бардошт.

- Маззааш дигар аст, шояд аз он сабаб, ки барои ба даст овардани он хеле меҳнат кардаем,-  шӯхиомез илова намуда,  як бурдаи калони онро пеши ман гузошт.

- Падарам мулло Иброҳим хунёгар буд. Аҳли илму адаб дар даврони подшоҳӣ ҳам бақадр буданд. Дар бисёр маъракаи деҳаҳои дуру наздик иштирок мекард. Савод, ки дошт беҳтарин суруд­ҳоро аз ёд мекард. Аз ин касб дастмузде меёфт, аммо деҳқонӣ ҳам мекард. Гандум мекишту ҷав, наску нахӯд… Баъдтар колхозҳо ташкил ёфтанд ва ӯ узви колхоз шуд.

Амаки Сайҷон суханашро лаҳзае  қатъ карда, пиёлаи чойро тарафам дароз намуд.

- Падарам як дӯсти наздикашро оварду осиёби обӣ сохт, -аз нав садо баланд намуд ӯ.- Осиёбро дар ҷойи пештарааш аз нав бунёд кард. Пеш аз инқилоб ҳам бобоёни мо соҳиби осиёб будаанд.  Рӯзе, ки осиёбро ба истифода доданд, хурсандиаш ҳадду канор надошт. — Акнун савоби бештар насибам мегардад, таъкид мекард раҳматӣ. — Ба мардуми камбизоат бе пул орд кунем, ҳай кори хуб мешавад…

Осиёби мо солҳои ҷанги Гирмон ҳам ба мардум  хизмат кард. Падарам то оғози ҷанг додараш Исмоилро ба осиёб вобаста карда буд.  Амакам Исмоил марди боинсофу ҳалолкор буд. Баъд ба ҷанг рафт, падарам ба мардум хизмат кард. Он солҳо зиндагии мардум сахт буд. Падарам борҳо таъкид мекард, ки одам дар зиндагӣ бояд дили касеро озор надиҳад, гуруснаро нон диҳаду ташнаро об.

Солҳои ҷанги Гирмон падарам хеле озурда буд. Ба ҷойи чанд кас кор мекард. Пеши назарам якбора пир шуд. Дигар хушгӯйӣ намекард. Барои мо қиссаву ривоят намегуфт. Фақат он лаҳза, ки дигарҳо сар ба болин монда, фурсате ғанаб мекарданд, сетори садафкориашро ба даст мегирифт. Дар ҳамон ҳуҷрае, ки солҳои пешин шабҳангом то дамидани субҳ китоб мехонд, бо алам ба торҳои сетор нохун мезад.   Дар ин айём сетори раҳматии падарам мегирист. Якҷоя ғами худро сабук мекарданд.

Илоҳо, ғосибонро сарнагун кун,

Дили момояшонро пур зи хун кун.

Дуои ин дили пурдард бишнав,

Халоиқро зи чоҳи ғам бурун кун…

Ман сарамро ба кӯрпа печонда, ба шевани падари бузургвор гӯш мекардаму ашк мерехтам. Дар ҳамон ҳолат хобам мебурд…

Амаки Сайҷон таги чашм ба чеҳраи ман менигарад. Шояд донистан мехоҳад, ки ман аз шунидани қиссаҳои ӯ хаста шуда бошам ё на? Ба пиёлаи холишуда чой мерезад.

- Дар заминҷунбӣ хешу таборро аз даст додем, — оҳи ба дард дар лаб сукут­ро халалдор мекунад Ҳоҷӣ.

Пирамард даст ба гиребон мебараду сукут меварзад. Дар ҷабинаш чинҳои зиёдеро мушоҳида мекунам. Лабони ғафсаш пир-пир мепаранд. Бо дасти ларзон пиёлаи хунукшудаи чойро мебардораду бо як дам менӯшад. Дигар ӯ ба тарафи ман наменигарад. Нигоҳаш ба нуктаи номаълум дӯхта шудааст.

- Ҳоит то заминларза як шаҳри зебо буд. Номаш ба худаш муносиб. Калонсолони мо маънии «ҳоит»-ро ҳисор, ҳота мегуфтанд. Яъне боғе, ки атрофашро ҳисор мегиранд. Ҷое, ки кӯҳи баланд воқеъ аст, маркази шаҳр буд. Пирони рӯзгордида қисса мекарданд, ки ду ҳазор сол пеш онро Дижрошт меномиданд ва маркази як давлати қадима будааст. Соли заминларза шаҳри Ҳоит аз ҳашт маҳалла ва як деҳа иборат буд. Мардуми мо маҳалларо «ҳадд» мегуфтанд, чунонки дар шаҳрҳои калон гузар мехонданд.  Ҳадди Қозӣ буду ҳадди Қарчин, ҳадди Оббора, ҳадди Файз, ҳадди Оби сабз, ҳадди Ялдимичун, ҳадди Қирғизон, ҳадди Сари ҷӯй ва деҳаи Сақов. Деҳаи наве, ки бо номи Ҳоит баъди заминларза  обод шуд, ҳамон деҳаи Сақов аст.  Касе, ки ободиҳои шаҳри Ҳоитро ёд дорад, то рӯзи марг дилаш месӯзад барои он. Дар Ҳоит миллатҳои гуногун зиндагӣ мекарданд. Бозори калон дошт. Тоҷирон аз кишварҳои дуру наздик меомаданд. Аз Қошғар, аз Ҳиндустону Афғонистон…  Қалъаи Ҳоит ҳам аз замонҳои қадим мерос монда буд. Баъди инқилоб идораҳои давлатиро андаруни ҳамин қалъа ҷой карданд. Ҳамон сол дар Ҳоит набудам. Соли чилу ҳафт ҳаждаҳро пур кардаму ба хизмати Ватан даъват карданд. Аз Ҳоит 12 нафар будем. Чор нафар аз Қалъаи лаби об.  Мо қатори дигар аскарбачаҳо, ки аз гӯшаҳои гуногуни кишвари паҳновар ҷамъ шуда буданд, дар Ростови лаби Дон хизмат мекардем. Овозаи заминҷунбии Ҳоитро ҳамон ҷо шунидем. Ба номи фармондеҳи қисм ариза навишта, хоҳиш кардем, ки ба мо рухсатӣ диҳанд, розӣ нашуд.  Баъди машварат ба номи Сталин нома навиштем. Ба номаи мо ҷавоб наомад, аммо як рӯз моро ба назди фармондеҳ даъват карданд ва гуфтанд, ки бо нав­бат ба шумо рухсатӣ медиҳем. Аввал Барот рухсатӣ гирифт. Ӯро ба зодгоҳ гусел кардем. Як моҳ пас баргашт. Вай хабар овард, ки Ҳоит тамоман нобуд шудааст. — Беҳуда овора нашавед, — гуфт ӯ. Тамоми мардум таги хок мондаанд. Дидори хешу таборро дар қиёмат мебинем. Мирзоҳодии нӯшорӣ ҷавони донишманде буд ва шеър ҳам мегуфт. Нақлҳои Баротро гӯш карда, шеъри калон навишт. Ҳоло чанд байташро ёд дорам:

Оби Ҳоит кабутай,

Панҷоҳ ҳазор нобутай,

Боқиш дар зовутай,

Зилзила шуд дар Ҳоит…

Мо аскарбачаҳои дур аз Ватан ҳамин байтҳоро мехондему ба ёди хешу табор ашк мерехтем. Ба ғаму дарди мо касе шарик набуд.

Баъди адои хизмат ба Тоҷикистон баргаштем. Дар Сталинобод хабар ёфтем, ки мардуми зиндамондаи Ҳоитро ба водии Вахш кӯчондаанд. Ҳамхизматҳоям ба Вахш роҳ пеш гирифтанд, вале ман мехостам як бор ба Ҳоит равам ва сари хоки азизонам фотеҳа хонам.

- Ҳоити чӣ!….- аз дуриҳо мешунавам садои пирамардро. – На шаҳри ободро пайдо кардаму на деҳаҳои сарсабзу хуррамро. Се водии зебои тумани Ҳоит таги хок монда. Ҷойи шаҳри қадима кӯҳи бузурге қомат афрохтаву бо шукӯҳу шаҳомоти даҳшатзояш дар дилҳо тухми тарсу воҳима мекишт.

Аз ҳавлии мо на ном буду на нишон. Ду апаам бо фарзандону шавҳарҳояшон таги хок монда буданд. Падари аламзадаам ҳамроҳи мардум нарафта буд. Дар як гӯшаи дашти Сақов кулбае бунёд карда, танҳо мезист. Амакам Исмоил ҳамроҳи додари хурдиаш Исроил қатори дигарҳо ба Вахш рафта буд.  Ҳамин деҳқонӣ буду падарам ҳамроҳи бародаронаш аз дами бало раҳид. Онҳо соати заминларза дар доманаи кӯҳи пушти Ҳоит гандум медаравидаанд.

Ман фоҷиаро бо чашми сар надидам, аммо падари бузургворам соатҳо қиссаи заминларзаро мегуфт. Мегуфт, ки мардум дар байни сел даступо зада, фарёд мекарданд, имдод мехостанд, вале касе қудрати наҷоти онҳоро надошт.

Пирамард аз нав сар ба домони тафаккур фурӯ мебарад. Ман сукути ӯро халалдор намекунам, балки барои тасаллияш ҳарфе ёфта наметавонам. Ва рӯзгори баъдиаш пеши рӯям ҷилвагар мегардад. Аз нақли дигарҳо медонам, ки Ҳоҷӣ Сайҷон ҳамроҳи падар дар Ҳоит монд. Хона сохт ва ҳамин  ҷо оиладор шуд. Баъдҳо дар шуъбаи алоқа ба кор  даромад ва аз ҳамон ташкилот ба нафақа баромад. Умрашро дар Ҳоит гузаронд. Пайи эҳёи дубораи он қатори чанд тани дигар фидокорона меҳнат кард.  Фарзандонаш дар ҳамин деҳа ба воя расиданд. Онҳо дар мактабҳои калон таҳсил карда, соҳибмаълумот шуданд ва барои ободии Ҳоит заҳмат кашиданд.

- Замони ҷанги бемаънии бародаркуш авлоди мо мусибати дигарро чашид. Соли 1993 хонаву дарам ба хок яксон шуд. Аз хурд то калон 12 нафар ҳалок шуданд. Шукр, ки сулҳу салоҳ шуд. Тоҷикҳо хатояшонро фаҳмиданд. Донистанд, ки бо найранги бегонагон бародар хуни бародарашро резонд. Худо умри Роҳбари давлатамонро дароз кунад. Пеши роҳи фаношавии миллатро гирифт. Худованд дубора болои мамлакатамон чунин балоҳоро наорад…

Ҳамроҳи вай ба боғаш меравам. Дарахтони себу нок, зардолую шафтолу, гелос, олуболу бо ҳусну малоҳати хеш як гӯшаи деҳаро ҳусни тоза мебахшанд. Амаки Сайҷон бо муҳаббат танаи дарахтонро сила мекунад.

- Ниҳолҳои себро аз дараи Шавр овардам, — ба ман рӯй меорад Ҳоҷӣ. — Кунҷи дараи Шавр деҳаи Шавр ҷой гирифтааст ва аз маркази Ҳоит бисту се километр дур  аст. Ҳанӯз роҳи мошингард надорад. Ин деҳа зодгоҳи падари ҳунарманди овозадор Зафар Нозим аст. Ба асп савор шуда рафтам. Ду шаб ҳамон ҷо мондам. Ниҳолҳои навбаромадагиро интихоб намуда, як сол баъд пайванд кардам. Бубин, ягонтояш касал надорад. Ба иқлими диёри мо мутобиқ шудаанд.

Пирамард ҷониби Дараи Ҳавз роҳ мегирад. Ман ӯро дунболагирӣ мекунам. Дар доманаи кӯҳ худро хаста ҳис мекунам, аммо дар симои вай хастагӣ нест. Маълум аст, ки пирамард рӯзе чанд бор ба ин баландӣ баромада, осиёбро хабар мегираду баъд ба хона бармегардад. Хеле роҳ мепаймоем.

- Селкандаро дидӣ? — ба тарафи болои дара бо дасташ ишора мекунад амаки Сайҷон. — Кӯҳи азими болои Ҳоит аз ҳамон ҷо омадааст. Аз болои дара ба тарафи Ҳоит рӯди шӯху зулол ҷорист. Ман лаби рӯд лаҳзае қарор гирифта, бо оби сард дасту рӯямро мешӯям ва панҷаҳоямро коса карда, об менӯшам.

- Обро ин тавр наменӯшанд, -табассум дар лаб мегӯяд амаки Сайҷон. – Хам шав, бачам. Лабро ба лаби об расону баъд кайфияташро бин.

Ман ба фармудаи вай амал мекунам. Рӯйи сабзаҳои лаби рӯд дароз мекашам ва оби зулолу ширин ба лабам мерасад. Пайкарам роҳатеро эҳсос мекунад.

- Ана, ба осиёби мо ҳам расидем, — маро аз олами андешаҳо мераҳонад амаки Сайҷон. — Касе онро ба кор андохтааст. Акнун мардум ёд гирифтаанд, маътали ман намешаванд. Худашон меоянду гандумашонро орд карда, мебаранд.

Дар як соҳили рӯд бинои хурдакаке сохтаанд. Даруни осиёб медароем. Санг мечархад ва гандуми  аз дул ба нояш ғалтидаро таги шикам кашида, молиш медиҳад ва ба хамбаи осиёб орди сафед мерезад.

Пирамард ҷорӯбро аз кунҷаке гирифта, орди ба роҳрав рехтаро мерӯбад. Гӯшае боэҳтиёт ҷамъ карда, мегирад ва ба оби рӯд мепартояд.

- Ҳамин корашон ба ман хуш намеояд, — мешунавам садои ӯро. – Орд мӯъҷиза аст, онро таги по партофтан гуноҳ аст. Осиёб пир дорад, агар беҳурматӣ кунӣ, туро мезанад. Аз ҳамин орд нон мекунанд, агар орд зери по монад, куфри неъмат мешавад. Ҳайф, ки ҳама ин ҳақиқатро дарк карда наметавонанд.

… Чанд моҳ пеш гуфтанд, ки Ҳоҷӣ Сайҷон аз олам гузашт. Пирамарди нуроние оёте чанд қироат кард ва ба арвоҳаш дуруд фиристод.

- Худо хонаи охираташро пурнур кунад, — гуфт марди пир. — Раҳматӣ, одами  бонангу ор буд, дасти кушод дошт. Бо номи нек аз дунё рафт.

Имрӯз ҳам мардум аз боғаш мева мехӯранду дар осиёбаш гандум орд мекунанд ва ба арвоҳаш дуруд мефиристанд…

 Диловари МИРЗО