Зикри хайр

Аз раҳи кӯҳ омадӣ ба сухан

№25 (4131) 25.02.2020

DSC_0028Шоири бедор, пешгоми андешаҳои миллӣ, ҳақпарасту ҳақталош, ватанхоҳ, рӯзноманигори оташинсухан  тавсифе буд, ки раиси Иттифоқи нависандагони  Тоҷикистон Низом Қосим дар сухани ифтитоҳӣ зимни маҳфили илмӣ – адабӣ ба ифтихори 80-солагии шоири маъруфи тоҷик Ғоиб Сафарзода баён дошт.

Ӯ дастпарвари Институти педагогии шаҳри Душанбе буда, мақому мартабаи ин боргоҳи илму маърифатро бо Ғаффор Мирзо, Лоиқ Шералӣ ва Ҳабибулло Файзулло баландтар бардоштанд.

Мудири шуъбаи нақд ва адабиётшиносии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон  Муҳриддин Сабурӣ доир ба ҳаёт ва фаъолияти шоир маърӯза карда, минҷумла зикр намуд, ки худшиносию худогоҳии Ғоиб Сафарзод  модарзод аст.

Набояд рафт  андар сояи шахси дигар ҳаргиз,

Ки умре меравӣ охир, надида сояи худро.

Ғоиб Сафарзода шоири тавоно буд. Ба қавли Лоиқ, «Аз раҳи кӯҳ омадӣ ба сухан, Аз сухан рафтӣ боз бо раҳи кӯҳ»

- Марги нобаҳангоми Ғоиб Сафарзода на танҳо барои пайвандон, балки барои аҳли адаб фоҷиа буд, — гуфт Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самадов ва афзуд: — Андуҳи гаронеро мерос монд, ки то ҳол ашк дар рухсори пайвандон хушк нашудааст. Падараш домулло Сафарро бо дасисаву иғво бо айби китобдорӣ чун унсури ба сохти нав мухолиф хонданду бебозгашт бурданд. Ӯ баъди падар ба дунё омада, чун хотираи талх аз он фоҷиа  Ғоиб ном гирифт.

Дастпарвари мактаби деҳаи Кадучӣ (ноҳияи Восеъ) буду бо шоир Шоҳмузаффар Ёдгорӣ ҳамсинф. Хоксории Ғоибро  ба «хироҷи мамлакат» меарзад, — мегуфт Шоҳмузаффар. Ман бо Ғоибу  Шоҳмузаффар ҳангоми кор дар рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» (ҳоло «Ҷумҳурият») аз наздик  шинос  шудам. Онҳо ҷавононеро, ки ба касби рӯзноманигорӣ меҳр доштанд, ба матбуот ҷалб мекарданд.

Сардабири рӯзнома Шодӣ Саид (рӯҳаш шод бод) ба Ғоиб Сафарзода, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, Салимшо Ҳалимшо ва Асадулло Саъдулло бовар дошт ва интихоби рӯзноманигорони ояндаро ба дӯши онҳо вогузор карда буд.

Шоири халқии Тоҷикистон  Муҳаммад Ғоиб гуфт:

- Ғоиб Сафарзода хеле ҷавон рафт, вале андешааш фарохтар аз андешаи рӯз буд. Ӯро надидаам, шеърҳояшро аз рӯи ихлос  аз ёд мекардам. Тасвирҳояш тасаввурнопазир, дар ҳайратам, ки ӯ кай омӯхт, кай навишт, маъниҳои бикр аз куҷо дар зеҳнаш ташаккул ёфт. Ба маънои том шоири одаму табиат буд:

Дарахтон ҳам ба мисли одамонанд,

Фақат онҳо хамӯшу безабонанд, —

Ки аввал мисли ҳар инсон бимирад,

Сипас дар оташи сӯзон бимирад.

Маҳфил чеҳраи ҳунарманди адабро баҳои воқеӣ дода, дар охир, фарзанди шоир журналист Зуҳро Сафарзода аз он рӯзи пурғубори фалокат, ки ба сари қиблагоҳаш омад, ёдовар шуд.

А. МИРЗОЗОДА, «Садои мардум»