Аз рубоиёт

№113 (3259) 30.09.2014

Овози туро табъи дили мо бодо,

Андар шабу рӯз шоду гӯё бодо.

Овози ту гар хаста шавад, хаста шавем,

Овози ту чун най шакарҳо бодо!

 

Эй дӯст, ба дӯстӣ қаринем туро,

Ҳар ҷо, ки қадам ниҳӣ, заминем туро.

Дар мазҳаби ошиқӣ раво кай бошад,

Олам ба ту бинему набинем туро?!

 

Ғам худ кӣ бувад, ки ёд орем ӯро?!

Дар дил чӣ, ки бар хок нигорем ӯро?!

Ғам бодом аст, лек бас бемағз аст,

Гар сар наниҳад мағз, барорем ӯро.

 

Аз бодаи лаъл ноб шуд гавҳари мо,

Омад ба фиғон зи дасти мо соғари мо.

Азбаски ҳамехӯрем май бар сари май,

Мо дар сари май шудему май дар сари мо.

 

Кӯтоҳ кунад замона ин дамдамаро,

В-аз ҳам бидарад гурги фано ин рамаро.

Андар сари ҳар касе ғурурест, валек

Силии аҷал қафо занад ин ҳамаро.

 

Ҷуз ишқ набуд ҳеҷ дамсоз маро,

Не аввалу не охиру оғоз маро.

Ҷон медиҳад аз даруна овоз маро,

К-эй коҳили роҳи ишқ, дарбоз маро.

 

Эй чархи фалак, зи макру бадсозиҳо,

Аз натъи дилам бибурдайӣ бозиҳо.

Рӯзе бинӣ маро ту бар хони фалак,

Созам чун моҳ косапардозиҳо.

 

Эй хоҷа, ба хоб гар набинӣ моро,

То соли дигар, дигар набинӣ моро.

Эй шаб, ҳар дам, ки ҷониби мо нигарӣ,

Бе рӯшании саҳар набинӣ моро.

 

Эй он-к наёфт моҳи шаб гарди туро,

Аз моҳи ту туҳфаҳост шабгарди туро.

Ҳарчанд ки сурхрӯст атрофи шафақ,

Шаҳмот ҳамешаванд рухи зарди туро.