Аз торикӣ то равшанӣ

№106 (3900) 30.08.2018

(Андешаҳо перомуни як навори телевизионӣ)

Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз пош­хӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ давраи мудҳиш ва зулмот-ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронид, ки бо тамоми бадбахтӣ дар саҳифаи таърихи миллат нақш баст. Барои мо ин давраи бесарусомонӣ, албатта, барои сохтмони ояндаи дурахшон дарси ибрат хоҳад буд. Метавон ин давраро давраи ҷаҳолат ва худхоҳии баъзе аз  афроди ҷоҳталаб номид. Афроди ба ном диндору тақводор (сарварону ҳаводорони ТТЭ ҲНИ) солҳои навадуми садаи гузашта аз фурсати муносиб истифода бурда, теъдоди муайяни мардум, аз ҷумла ҷавононро гумроҳ сохтанд. Бо роҳандозӣ кардани ҷанги шаҳрвандӣ наҳзатиҳо шумораи зиёди мардумро барои расидан ба ҳадафҳои нопок қурбон, кӯдакони зиёдро аз волидон ҷудову саргардон, дили ҳазорон модари озурдаву ҷигарсӯзро хуншор намуданд. Он солҳо қариб тамоми мардуми Тоҷикистон ба оянда бовар надошт ва ноумед буд.

Бояд зикр кард, ки ҳамон солҳо неруҳои тахрибкори дохиливу берунӣ баҳри ба даст овардани ҳукумат бо роҳи ҷиноят ва зӯроварӣ талошу кӯшиши зиёд намуданд. Далели возеҳи ин гуфтаҳо наворҳое мебошанд, ки он давраҳоро равшан ва дақиқ таҷассум мекунанд.

Чанде пеш як филми мустанаде таҳти унвони «Бозгашт аз ҷаҳаннам» дар шабакаҳои телевизионӣ ва иҷтимоӣ пахш гардид, ки воқеаҳои он айёмро инъикос менамояд. Он аз амалҳои ҷиноятӣ, террорис­тӣ-экстремистии сарварону сарпарастони Ҳизби наҳзати исломӣ ҳикоят мекунад. Он давра онҳо тавассути неруҳои зархариди хориҷӣ  ба сари мардуми тоҷик ҷабру ситам оварданд ва ба Ватан  хиёнат карданд.

Сарварону пайравони ТТЭ ҲНИ тавассути паҳн намудани таълимоти диниву мазҳабӣ, ки аз хориҷа таҳмил мегардид,  мехостанд дар кишвар давлати исломӣ созанд. Ғояҳои динӣ ва сиёсии ТТЭ ҲНИ он замон, бо сабаби набудани оромию фазои солими идеологӣ дар кишвар, реша давонда буданд. Чунин вазъият ба сар задани ҷанги дохилӣ мусоидат кард.

Бо мурури замон  собит гардид, ки ҳадафи ТТЭ ҲНИ аз байн бурдани низоми давлатдории миллӣ, бо зӯрӣ гирифтани ҳокимияти сиёсӣ ва барпо сохтани режими теократӣ буд. Масъулони наҳзатӣ солҳои ҷанги дохилӣ муқаддасоти кишварро зери пой намуданд. Айёмиддин Сатторов, ки дар навори мазкури телевизионӣ аз хиёнатҳои роҳбарону масъулони ТТЭ ҲНИ нақл намуд, тамоми ҷинояткории наҳзатиҳо ва вобастаи неруҳои хориҷӣ буданашонро исбот кард.

Айёмиддин Сатторов (бо лақаби Мавлавӣ Айёмиддин) ва ҳамроҳони ӯ, ки тайи солҳои зиёд узви фаъоли ТТЭ ҲНИ буданд, бо фаъолияти нопок бадбахтиҳои зиёдро ба сари мардуми кишвар овардаанд.  Ин нафар дар филм қайд намуд, ки маҳз бо супориш ва фармони роҳбарияти ТТЭ ҲНИ олимони варзидаву зиёиён ва намояндагони мақомоти давлатиро аз байн бурданд.

Хулоса, нооромӣ ва бесарусомониҳои  солҳои 90-уми асри гузашта иқтисодиёт, фарҳангу илми кишварро ба муддати тӯлонӣ аз рушд боздошт.

Ба гуфти  Айёмиддин Сатторов, сабабгори бадбахтиҳои кишвар наҳзатиён буданд, ки бо истифода аз кумакҳои моддӣ ва пуштибонии маблағгузорони хориҷӣ амал мекарданд. Наҳзатиҳо ба хотири манфиат аз ягон амали разилонаю ҷиноят худдорӣ наменамуданд.

Имрӯз низ роҳбарони ТТЭ ҲНИ берун аз Тоҷикистон, дар фазои ороми кишварҳои аврупоӣ бо пули хоҷагон зиндагӣ доранд ва ҳамватану ҳаммиллатонро бо роҳи таблиғоти ифротӣ ба амалҳои тахрибкорӣ равона мекунанд.

Навори мазкурро бовар дорам, аксарият, бахусус, ҷавонони худогоҳу худшиноси кишвар тамошо карданд ва умед дорем, ки онро ба таври  амиқу дақиқ  таҳлил менамоянд ва хулосаи зарурӣ мебароранд. Ҷавонон бояд аз амалҳои ташкилоти террористӣ ва харобиовар хубтар огоҳ бошанд ва дар мубориза бар зидди онҳо муттаҳид гарданд, дар атрофи сиёсати созандаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷамъ омада, барои ободии ватан кӯшиш кунанд.

Гулмоҳ Шозиёева, котиби илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АИ ҶТ