Аз ёдҳо ба ёдҳо

№31 (3981) 21.03.2019

02246554Агар ҷашни наврӯзии дар пояи муҷассамаи устод Рӯдакӣ (воқеъ дар назди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур) барпокардаи сокинони шаҳри Душанберо ба инобат гирем, ба таҷлили расмии Иди Наврӯз дар Тоҷикистон 54 сол пур мешавад. Ёдовар мешавем, ки ин чорабинӣ 22 марти соли 1965 бо ташаббуси олимони рӯшанфикру ватандӯст, адибону рӯзноманигорони шуҷоъ барпо шуд.

Рӯйи мизи дарозе адабиёти гуногун ба намоиш гузошта шуда, дар он маҳфил банда — ҳамон вақт донишҷӯи соли дуюми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ҳозир будам. Аз ҷамъомадагон Муъмин Қаноат, Лоиқ, Бозор Собир, шоир ва рӯзноманигори ҷасур Ғоиб Сафарзода, журналистони варзида Мазҳабшо Муҳаббатшоҳ ва Абдулло Зокирро мешинохтам.

Наврӯзии ҳамонсола ба осонӣ муяссар нагардида буд, зеро сиёсати русикунонии хрушёвӣ ҷумҳуриҳои ИҶШС-ро фаро гирифта буд.

Аз рӯи мушоҳидаҳо гуфта метавонем, ки мардуми Файзобод дар он вақт низ ба шарафи фарорасии Наврӯз, маъракаҳои хурсандӣ барпо мекарданд. Фарқ дар он буд, ки номи Наврӯз кам зикр мешуду «Сари сол», «Иди баҳор» мегуфтанд.

Дар кӯдакӣ шоҳиди ҳол будам, ки дар канортари гӯристони  Чилчашма, дар теппаи миёни ду чашмаи сероб қатор дег мемонданд. Сари дегҳо асосан кампирони дастбакор, мӯйсафедони нуронӣ қарор дошта, ғизо аз оши палаву оши бурида, далдаю гандум иборат буд. Медидем, ки Маҳмадназари Шариф, ки бригадири колхоз буд, иштирокчиёни ҷанги Бузурги Ватанӣ Бақо Шариф ва Даҳмардаи Розиқ, мӯйсафеди нуронӣ Бобии Қурбон байни сафи нишастагон рафтуо карда, дастархонро пур мекарданд. Дар ҳар ҷойи хон қанди похсаю кулчаҳои танӯрӣ мегузоштанд. Ҳамон вақтҳо шахси нисбатан бениёзи қишлоқ Тағой (лақабаш «Тағои начайлук») дар доман қанди похса меовард.

Гӯштингирӣ, бандкашиву хурӯсҷанг мешуд. Як сӯ дойразанию ҳофизӣ барпо мегашту дар ҷониби дигар рақсу бозӣ. Ба ҳозирин бештар ҳофизии Хол Мумин хуш меомад.

Номбурда марди ҳунарманду шоиртабъ, ҳамон солҳо тахминан 47-50-сола, бо дойра, (бе баланд­гӯяк) ҳофизӣ мекард. «Шоир, маст шав – маст шав»-гуфтани Бобии Қурбон ҳанӯз дар гӯшҳоям садо медиҳанд. Ин суханҳо Хол Муминро рӯҳбаланд мекард ва садояш ба атроф паҳн мешуд.

Гӯштингирӣ аз кӯдакону наврасон оғоз мешуд. Даста — даста наврасон аз теппаҳои канори дарёи Элок — аз Шӯлашак, Дараи Дароз, аз боғҳои «Муллоибод»-у «Зулайхо» ва «Боғи Муллокамол» бо гулдастаҳои сиёҳгӯш ҳозир мешуданд. Аввалин гулҳоро ба модарон тақдим мекарданд. Онҳо гулҳоро ба дидаҳо молида, «Худо то соли дигар расонад» — гӯён сияҳгӯшро пушти гӯш мегузоштанд. Хеле дуртар аз анбуҳи одамон, дар канори хандақи гӯристони деҳа се-чор ҷуфт барзагов бо юғу испор маҳтал буданд. Онҳоро одамони дар деҳқонӣ муътабар — акаи Бобию Мулло Ибод аввалин шуда ба шудгор меандохтанду ҷамъбасти киштукорро ба ихтиёри ҷавонмардон медоданд.

Аз гӯштингирӣ ғолибияти Мулло Ибод, акаи Бобӣ, акаи Одил (рӯҳашон шод бод) дар ёдам мондааст.

Мавриди зикр аст, ки Чилчашма дар ҳамон замон низ аз деҳаҳои калонтарини Файзобод буду Наврӯз серодам таҷлил мегардид. Ба Наврӯзи Чилчашма аз деҳаҳои гирду атроф, аз Қарабулоқ, (Бӯстон)-у Ҳаймаҳмадӣ, аз Зардолуҳою Ҷалҷит (Солеҳон) гӯштингирҳо меомаданд.

Хеле афсӯс мехӯрам, ки номи кадбонуҳои ҷашни Наврӯзи Чилчашма дар ёдам намондааст, то зикр кунаму дар ин фасли зебо рӯҳашонро шод гардонам. Онҳо дар гӯристонҳои деҳа маскан гирифтанд ва баҳорони зиёд аст, ки рӯи марқадашон сабза медамад.

Ҷӯрабек МУЪМИН,  рӯзноманигор